Перейти к содержимому

Тромп: “Шӯравӣ ҳақ дошт дар Афғонистон бошад”

Раисиҷумҳури Омрико бо баёни ин ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бояд бо теруристҳо дар ин кишвар мубориза кунанд, гуфт, набояд дар ҷанг миёни Толибон ва ДОЪИШ дахолат кард.

Ҳамзамон бо интишори гузоришҳое мабнӣ бар эҳтимоли хуруҷи бахши қобили таваҷҷӯҳе аз низомиёни омрикоӣ аз Афғонистон, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, субҳи имрӯз мантиқи ҳузури Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистонро зери суол бурд ва гуфт, кишварҳои ҳамҷивори Афғонистон бояд бо теруристҳо дар ин кишвар мубориза кунанд.

Вай, ки дар Кохи сафед дар ҷамъи аъзои кобинааш сӯҳбат мекард, ибтидо ба он чи аз назари ӯ “далели фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ” буда, пардохт: “Мо дорем бо Толибон ва гурӯҳҳои мутаъаддиди дигаре сӯҳбат мекунем. Аммо масъала ин аст, ки Ҳинд онҷост, Русия онҷост, Русия замоне Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд. Афғонистон онҳоро ба Русия табдил кард. Чаро ки ҷангидан дар Афғонистон онҳоро варшикаста кард.”

Тромп афзуд: “Нигоҳ, ки мекунед, мебинед кишварҳои дигар ҳам ҳастанд. Покистон онҷост. Онҳо ҳастанд, ки бояд биҷанганд. Русия аст, ки бояд биҷангад. Далели ин ки Русия (дар даврони Шӯравӣ) дар Афғонистон буд, ин буд, ки теруристҳо мехостанд (аз онҷо) ба Русия бираванд. Онҳо ҳақ доштанд, ки онҷо бошанд. Аммо масъала ин аст, ки он мубориза, душвор буд ва онҳо амалан варшикаста шуданд ва дубора табдил шуданд ба Русия, ба ҷойи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ. Хеле аз бахшҳое, ки алъон дар мавридашон мехонед, алъон дигар бахше аз Русия нестанд, далелаш ҳам Афғонистон буд.”

Раисиҷумҳури Омрико сипас ин суолро матраҳ кард, ки чаро акнун кишварҳое монанди Русия, Ҳинд ва Покистон дар Афғонистон ҳузури низомӣ надоранд? Ӯ гуфт: “Аммо чаро алъон Русия дар Афғонистон нест? Чаро Ҳинд онҷо нест? Чаро Покистон онҷо нест? Мо чаро онҷо ҳастем? Аз 6000 мойл дуртар. Албатта муҳим нест, мо мехоҳем ба дигарон, ба дигар миллатҳо кӯмак кунем. Онҷо теруристҳо ҳузур доранд, ағлаб Толибон, аммо ДОЪИШ ҳам ҳаст.”

Вай сипас бо тамасхур ба мантиқи фармондеҳони низомии омрикоӣ, гуфт, Вошинтун набояд дар ҷанг миёни Толибон ва ДОЪИШ мудохила кунад. Ӯ гуфт: “Ҳоло як мисоле бароятон мезанам. Толибон, ки душмани мост, ДОЪИШ ҳам, ки душмани мост. Минтақае ҳаст, ки ман 4,5 ҳафта пеш ба женералҳоямон нишон додам, ки дар он Толибон ҳаст, ДОЪИШ ҳам онҷост ва доранд бо ҳам меҷанганд. Ба онҳо гуфтам, чаро намегузоред бо ҳам биҷанганд? Мо чаро ин васат дахолат мекунем? Гуфтам, хуб бигузоред бо ҳам биҷанганд, ҳар дуи онҳо душмани мо ҳастанд. Бигузоред бо ҳам биҷанганд.”

Тромп, бо тағйири садо ва лаҳнаш, ибтидо сӯҳбатҳои фармондеҳони омрикоиро тақлид кард ва сипас гуфт: “Онҳо (низомиёни омрикоӣ) мераванд ва маҷбур мешаванд, ки бо ҳар дуи онҳо биҷанганд. Ин хандадортарин чизе аст, ки то ҳоло дидаам. Чӣ касе медонад, ба назарам, эҳтимолан ман женероли хубе мешудам. Медонед, инҳо (ДОЪИШ ва Толибон) душмани ҳам ҳастанд ва доранд бо ҳам меҷанганд. Мо ворид мешавем ва маҷбур ба ҷанг (бо онҳо) мешавем. Дорем чӣ кор мекунем?

Гуфтанист, ду ҳафта пеш расонаҳои омрикоӣ гузориш доданд, ки Тромп қасд дорад ниме аз 14000 низомии омрикоии мустақар дар Афғонистонро аз ин кишвар хориҷ кунад. Маъмурияти низомии Омрико дар Афғонистон аз соли 2001 ва ба баҳонаи мубориза бо Толибон оғоз шуд. Бо гузашти беш аз 17 сол аз он замон, Толибон акнун бахшҳои бузурге аз сарзаминҳои Афғонистонро таҳти контрол дорад ва Вошинтун бо сарф чанд сад милёрд дулор дар ин кишвар, ҳанӯз натавониста ба аҳдофи аз пеш таъйиншудаи худ даст ёбад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: