Перейти к содержимому

30 мулоҳиза перомуни иртидод ва муртадд дар фиқҳи исломӣ

Ба қалами Муҳаммад Мухтор Шанқитӣ

Дуктур Муҳаммад Мухтор Шанқитӣ, муритониёитабор ва муқими Дуҳаи Қатар. Ӯ мутахссис дар риштаи фиқҳ ва усули исломӣ аст. Дуктурои адёнро аз Донишгоҳи Текзоси Омрико гирифта ва ҳамакнун устоди таърихи адёни Донишгоҳи пажӯҳишҳои исломии Дуҳа ва раиси депортумони ҳуқуқу ахлоқи Қатар аст. Осори мутаъаддиде дорад ва умдаи осори вай перомуни бозхонии интиқодии таърих, фиқҳ ва андешаи сиёсии исломӣ аст.

1) Аз бузургтарин усули исломӣ, ки мусалмонон дар тӯли таърих дар мавриди он кӯтоҳӣ варзидаанд, асли “Ло икроҳа фиддин” яъне мамнӯъ будани икроҳу иҷбор дар дин аст. Ин асли муҳим муқаррар медорад, ки: дин аз они Худованд буда ва модоме, ки инсон дар ин паҳнаи гетӣ мезияд, пайваста боби бозгашт ба сӯи Худованд боз ва густаронида шудааст.

2) Ояти “Ло икроҳа фиддин” ба сиғаи накира дар сиёқи нафю наҳй ворид шуда, ки аз ҷумлаи оммтарини сиғаҳо дар забон ва адабиёти арабӣ аст. Ба баёне дигар, яъне густараи шумулияти он шомили ҳамаи ҳолот аст – яъне чӣ ҳолати аввалро, ки касе бихоҳад вориди дин бишавад ва чӣ ҳолати баъдии онро, ки масалан касе бихоҳад аз он хориҷ шавад.

3) Дар шигифтам аз касоне, ки (бар мо хӯрда мегиранд ва) мегӯянд: шумо, ки мухолифи ҳукми фиқҳии иртидод ва муртадд дар фиқҳи исломӣ ҳастед, бо ривояти “Ман баддала динаҳу фақтулуҳу” чӣ мекунед?! Ҳол он ки: санади ин ривоят мушкил ва далолати маъноии он низ басе мубҳам аст. Аммо ҳамин хӯрдагирон аз худашон намепурсанд, ки бо ояти муҳками қуръонии “Ло икроҳа фиддин” чӣ мекунанд?!

4) Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳам аз назари уқало ва ҳам уламо, насси қатъии Қуръони Карим бар матни заннии хабари оҳод муқаддам буда ва тарҷеҳи он (яъне тарҷеҳи насси қатъӣ бар матни заннӣ) ҳангоми таъоруз воҷиб аст, ва чӣ таъорузе бузургтар аз ҳукме, ки марг ё зиндагиро дар пай дошта бошад!

5) Тафкик (ва ҷудоӣ) қоил шудан миёни ин ду ҳолат: 1) осонгирӣ дар ибтидо (яъне ин ки бигӯем: дар дин ҳеч иҷборе нест) ва 2) қатл дар интиҳо (яъне ин ки бигӯем: ҳар касе мусалмон аст вақте хост хориҷ шавад ӯро бояд кушт), як такаллуф ва як таноқуз аст. Ва чунонки пештар низ гузашт, ояти мазкур (“Ло икроҳа фиддин”) накира дар сиёқи нафю наҳй аст, ки оммтарини сиға дар забони арабӣ аст (ва ҳамаи ҳолотро дарбар мегирад, чӣ ҳолати ибдоиро, ки касе вориди дин мешавад ва чӣ ҳолати поён бахшидан ба онро).

6) Ҳар инсони мусалмон ва соҳиби хираду дироят бояд бо худ биандешад, ки кадомин бароянд беҳтар ва некӯтар аст: ситондани ҷони инсоне бо ривояте оҳод, ё эҳёи ҷони инсоне бо тамассук ба ояте қуръонӣ?! Ва хато ва иштибоҳ дар кадом як пазируфтанитар аст: куштани инсоне бегуноҳ ё табриаи фарде мустаҳиққи қатл?!

7) Қадри масаллам он ки: қатли муртадд, аз ҷумлаи боварҳои нодурусти фиқҳӣ дар таърихи фиқҳи исломӣ аст, ки ба мӯҷиби он, насси қуръонӣ ба ҳошия ронда шуда ва динро ба масобаи абзоре дар хидмати давлату қудрат гардондааст, дар ҳоле, ки акси ин қазия боистааст.

8) Дар робита бо касе, ки ошкоро иртидоди хешро эълом медорад, воҷиб бар мо ин аст, ки ошкоро ӯро ба кеши исломӣ фаро хонем ва ба ҳеч ваҷҳ раво нест ҷони вайро биситонем, чаро ки Худованд мефармояд: “Ло икроҳа фиддин”.

9) Агар он чи ки дар аҳди саҳоба дар масъалаи куштани саркашон (ва монеъони закот) рух дод, ҳадде шаръӣ буд, иҷрои он бидуни додхоҳӣ саҳеҳ набуд, ва қадри мусаллам он ки ҳеч гуна додхоҳӣ дар аҳди паёмбар (с) ва саҳоба дар масъалаи иртидод ҳодис нашудааст.

10) Агар иртидод як масъалаи фикрии маҳз — на таҳриз алайҳи ислом ва сабук шумурдани он – бошад, ҳеч муҷозоте надорад ва дар сурати фарохонии соҳиби он мардумро ба сӯи андешаҳояш, боистааст ба мувоҷеҳаи фикрӣ бо вай пардохт ва ҳатто агар густараи иртидод сироят ёбад ва ба таҳриз алайҳи ислом ва сабук шумурдани он мунҷар гардад, дар чунин ҳолате низ ба ҷойи куштан, муҷозоташ таъзирӣ аст мисли ҳабс ва монанди он.

11) Тафкик (ва ҷудоӣ қоил шудан) байни куфри маврусӣ ва куфри иртидодӣ, ба ин маъност, ки мо мусалмон мутаваллид шуданро ҷурм биангорем (зеро касе, ки зотан ғайримусалмон зода шуда, муҳокима намешавад) ва исломро юғе бар гардани мардум қарор диҳем, дар ҳоле ки ислом барои озодсозии мардум омадааст.

12) Дар шигифтам аз мантиқи фақеҳоне, ки бовараманд ба икроҳи мусалмонон ва озодии ғайри мусалмонон дар боварҳои эътиқодӣ ҳастанд! Ҳамин масъала аз бузургтарини таноқузҳо дар андешаи касоне аст, ки қоил ба тафкик миёни икроҳи аввалия ва истимрори тадайюн ҳастанд.

13) Ҷангҳои халифаи аввали мусалмонон Абӯбакри Сиддиқ вокунише алайҳи тамарруду саркашии мусаллаҳонаи гурӯҳе алайҳи машрӯияти қудрат ва манъи ҳаққи фуқаро дар додани закот буд ва ба ҳеч ваҷҳ ба маънои икроҳи мардумон ва маҷбур сохтани онон ба пазириши дубораи ислом набуд. Бисёре аз «муртаддон» дар асри Абӯбакри Сиддиқ ба ҳеч ваҷҳ мункири ислом набуданд, балки аз итоати давлати марказии Мадина ва пардохти закот ба он сарбоз зада буданд.

14) Ҳарчанд ки иртидод аз ҷумлаи бузургтарини гуноҳон дар ислом аст, зеро ки он вайронгари бунёди дин аст, аммо бо ин ҳама низ ислом муҷозот ва кайфари инҷаҳонӣ барои он муқаррар надоштааст, зеро ки бароянди икроҳ бар имон чизе ҷуз нифоқ нахоҳад буд.

15) Дар ривояти саҳеҳ ворид шудааст, ки Умар ибни Хаттоб (р) ҳукм ба адами қатли муртадди мутамаррид (саркаш) пас аз истило бар вайро дода, ки марбут ба моҷарои гурӯҳе аз Банӣ Бакр ибни Воил аст.

16) Умар ибни Хаттоб (р) дар бораи гурӯҳи Банӣ Бакр ибни Воил гуфт: “Агар ман онҳоро бидуни ҷанг дастгир мекардам, бароям дӯстдоштанитар аз тамоми дороиҳои рӯи замин буд… Ман ҳамон дареро, ки аз он хориҷ шуданд ба онҳо арза мекардам…

17) Нифоқ, тамоман мисдоқи шарр аст ва аз куфри сареҳи орӣ аз нифоқ бадтар аст… ва тадайюни ғайри озодона ба манзилаи бардагӣ барои инсон ва на бандагӣ барои Худованд аст.

18) Саврӣ ва Нахаъӣ, ду тан аз бузургон ва саромадони тобеъинанд, ки мункири ҳукми иртидод буда ва қоил ба дархости тавба аз шахси муртадд то дами марг ҳастанд, ва ин яъне мувоҷеҳаи фикр бо фикр ва на чизе беш аз он.

19) Фатвои машҳур дар фиқҳи ҳанафӣ ин аст, ки зани муртадд кушта намешавад, зеро ки зан дар ҷомеаҳои қадимӣ аз ҷумлаи пайкорҷӯён набудааст. Ва ҳамин ба маънои тафкике дуруст миёни тамарруди низомӣ ва масъалаи фикрӣ дар масъалаи иртидод аст, ки бисёре аз фақеҳони дигари мазоҳиби фиқҳи исломӣ аз дарки он оҷиз будаанд.

20) Қадри мусаллам он ки: бино ба ахбор ва ривоёти саҳеҳ, Умар ибни Хаттоб (р) бовар ба зиндонӣ кардани шахси муртадд доштааст. Ва ҳамин амр худ нишонгари он аст, ки масъалаи иртидод аз нигоҳи вай, ҳадд набуда ва балки ҳукме таъзирӣ аст, ки бино ба иҷтиҳод ва маслиҳат метавонад тағйирпазир бошад.

21) Тавбаи муртадд таҳти фишору шиканҷа, ки ҷумҳури фақеҳон қоил ба онанд, дидгоҳе аст, ки ҳеч мабнои шаръӣ аз Қуръону суннат надорад. Балки воҷиб, даъвати шахси муртадд ҳамчун дигар ғайри мусалмонон бар пояи ҳикмат ва мавъизаи ҳасана ва ба дур аз ҳар гуна фишору иҷбору икроҳ аст.

22) Иртидод бар ду гуна аст: фикрӣ ва низомӣ. Барои гунаи нахусти он дар фиқҳи ҷиноӣ ва ҷазоии исломӣ ҳеҷ гуна муҷозот ва кайфаре муқаррар нашудааст, ва гунаи дуввуми он низ ҳолате аст, ки қудрати машрӯъ ва одилона бо абзорҳои низомӣ ва сиёсӣ ва ғайри онҳо ба мувоҷеҳа бо он мепардозад.

23) Иллати куштан дар иртидоди низомӣ ба хотири тафриқаафканӣ ва эҷоди чанддастагӣ дар миёни суфуфи мусалмонон аст, ва он муҷозоте барои ҷурме аст, ки дар қадим муқорин буда бо тағйири дин, на муҷозоти сирфи тағйири дин.

24) Муҷозоти иртидод аз дин, муҷозоте ухравӣ ва дар ҳавзаи қудрати Худованд аст ва ба маротиб басе сахттар аз муҷозоти инҷаҳонӣ аст, ва қадри мусаллам он ки: иртидод ҳеч гуна муҷозоти инҷаҳонӣ надорад.

25) Таъбири “ридда” (иртидод) дар аҳди Паёмбар (с), корбурде бисёр густурда дошта ва дар маъноҳои гуногуне ба кор гирифта шудааст ва ба ҳеч ваҷҳ наметавон онро муқайяд ба маънои иртидод аз эътиқод донист, чунонки дар китобҳои фиқҳи исломӣ чунин кардаанд. Ба унвони намуна, дар ривоят омадааст:

اما سلمة فقد ارتدّ عن هجرته

26) Ҷангу пайкор бо муртадди муҳориб на ҷанг бо муртадди ғайри муҳориб ва куштани ӯ; ин, тафкики бисёр муҳимме аст, ки Ибни Ҳазм онро аз қавли гурӯҳе аз аҳли илм овардааст.

27) Ибни Ҳазм мегӯяд:

لا يصح أصلا عن أبي بكر أنه ظفر بمرتد عن الإسلام غير ممتنع باستتابة فتاب فتركه، أو لم يتب فقتله، هذا ما لا يجدونه المحلى

Ин сухан, ки Абӯбакр бо муртаддон аз ислом ҷангид ва чун бар онон зафар ёфт, гуфт ё тавба кунанд, то наҷот ёбанд, вагарна кушта хоҳанд шуд, чунин чизе бепоя ва асос аст.” (Алмуҳалло)

28) Ин сухан, ки икроҳ маҳдуд ба икроҳ дар вуруд ба дин дар ибтидо буда ва икроҳ ба руҷӯъ ва бозгашт аз дин хориҷ аз густараи наҳйи ворида дар ояти “Ло икроҳа фиддин” аст, як такаллуфи бепояву асос беш нест.

29) Мунофиқе, ки нифоқаш ошкор аст ба маротиб беҳтар ва камзарартар аз мунофиқе аст, ки нифоқашро мастуру пинҳон медорад. Аз ин рӯ, эй мӯъминон, густараи нифоқро бо икроҳ дар дин тавсиъа набахшем!

30) Ҷони сухан ин ки: ҳеч гуна икроҳе на дар пазириши аввалия ва на дар истимрори масири тадайюн ва дар поён додан ба он вуҷуд надошта ва ҳеч гуна муҷозоти инҷаҳонӣ барои шахси муртадд, дар кеши исломӣ вуҷуд надорад. Ба муҳкамоти динӣ чанг ёзед ва дастовезҳои бепояву асосро раҳо созед!

Essirage

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: