Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (351)

Таҳдид кардани Нӯҳ алайҳиссалом мар қавмро, ки бо ман мапечед, ки ман рӯй пӯшам, бо Худой мепечед дар миёни ин ба ҳақиқат, эй махзулон! (2)

* * *

Ҳар ки ӯ дар пеши ин шери ниҳон

Беадаб чун гург бигшояд даҳон,

Ҳамчу гург он шер бардарронадаш,

“Фантақамно минҳуму” бархонадаш.

Ҳар кас, ки дар ҳузури ин шери ниҳон монанди гург беадабона даҳон бигушояд (ва аз худбинӣ ва иноният ва “маниву туӣ” ҳарф бизанад ва изҳори вуҷуди мавҳум кунад), монанди он гург ба дасти шер дарида мешавад ва мафҳуму ҳақиқати ояти:

فَانْتَقَمْنَا مِنْهُمْ

— ро барояш мехонад. Яъне мисдоқи ин ояти шарифа воқеъ мегардад.

Нукта: Ишора аст ба ояти шарифаи 136 сураи Аъроф, ки мефармояд:

فَانْتَقَمْنَا مِنْهُمْ فَأَغْرَقْنَاهُمْ فِي الْيَمِّ بِأَنَّهُمْ كَذَّبُوا بِآيَاتِنَا وَكَانُوا عَنْهَا غَافِلِينَ

Пас, аз онҳо интиқом гирифтем ва ба дарё ғарқашон кардем, барои он ки оятҳои моро такзиб карда ва аз он ғофил монда буданд.”

Захм ёбад ҳамчу гург аз дасти шер,

Пеши шер аблаҳ бувад, к-ӯ шуд далер.

Он гурги беадаб аз дасти шер захм мехӯрад. Ҳар ки дар маҳзари шер бебокӣ нишон диҳад, нодону аҳмақ аст.

Кошкӣ он захм бар ҷисм омадӣ,

То будӣ, к-имону дил солим будӣ.

Эй кош он осеб бар ҷисм ворид мешуд ва имону дил аз он масун мемонд!

Нукта: Нороҳатиҳо ва дардҳои ҷисмонӣ зудгузар асту нопойдор, лекин дардҳои руҳӣ ва ботинӣ амиқ асту муассир, эй басо касон, ки ранҷи танро мехаранд, то руҳ солиму сархуш бошад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.908)

Қувватам бишкаст, чун инҷо расид,

Чун тавонам кард ин сирро падид?

Ба инҷо, ки расидам, нерӯям аз ҳам гусехт, яъне калом, ки ба инҷо расид, тавоноиям поён ёфт, пас бо ин ҳол, чӣ гуна метавонам ин розро намоён созам? Яъне наметавонам.

Ҳамчу он рӯбаҳ ками ишкам кунед,

Пеши ӯ рӯбоҳбозӣ кам кунед.

Дар хӯрдан монанди он рӯбоҳ бошед ва ин қадр шикамро оканда аз ғизо накунед, яъне ин қадр танпарвар мабошед ва нисбат ба Ҳақ Таъоло саркашӣ макунед, ва дар назди ӯ рӯбоҳбозӣ накунед, яъне ҳилаву найранг ба кор нагиред.

Ками ишкам кардан: шикамро ночиз шумурдан, киноя аз кам хӯрдан. Рӯбоҳбозӣ: ҳилагарӣ кардан.

Ҷумла мову ман ба пеши ӯ ниҳед,

Мулк мулки ӯст, мулк ӯро диҳед.

“Мо”-ву “ман”-ро ба таври комил аз худ ҷудо кунед ва ҳамаро дар моликияти ӯ қарор диҳед. Мулк дар воқеъ мулки ӯст, мулкро ба ӯ бидиҳед.

Нукта: Ин байт ва ҳафт байти баъдӣ дар тавсифи Худованд аст, лекин бархе аз шореҳон онро ба инсони комил рабт додаанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.909)

Чун фақир ойед андар роҳи рост,

Шеру сайди шер, худ они шумост.

Эй одамиён! Агар бо фақру тиҳидастӣ ба роҳи рост даройед ва аз занҷири “ман”-у “мо” раҳо шавед, ҳам шеру ҳам сайди шер аз они шумо хоҳад шуд.

Нукта: Агар ҳастии маҷозӣ ва нисбии худро фидои ҳастии ҳақиқӣ кунед, ба бақои пойдор мерасед. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.909)

З-он ки ӯ пок асту Субҳон васфи ӯст,

Бениёз аст ӯ зи нағзу мағзу пӯст.

Зеро Худованди Мутъаол аз ҳар гуна нақс пок аст, ва Субҳон тавсифи ӯст. Худованд аз ҳама чиз бениёз аст, чӣ аз нағз ва чӣ аз мағз ва чӣ аз пӯст.

Нағз: Хуб, некӯ, латиф, бадеъ.

Ҳар шикору ҳар каромоте, ки ҳаст,

Аз барои бандагони он шаҳ аст.

Ҳамаи каромоту сайдҳо барои истифодаи бандагони он шоҳи ҳақиқат аст.

Нест шаҳро тамъ, баҳри халқ сохт

Ин ҳама давлат, хунук он к-ӯ шинохт.

Шоҳи ҳақиқат ба ин чизҳо тамаъе надорад, ин ҳама давлат тамоман аз они мардум аст. Ва некбахтӣ аз они касе аст, ки ба ин маъно бирасад ва онро бишносад.

Хунук: хушо, некбахтӣ.

Он ки давлат офариду ду саро,

Мулки давлатҳо чӣ кор ояд варо?

Он Худованде, ки ду ҷаҳонро офарид ва ҳамаи фармонравоиҳоро падид овард, давлату фармонравоии дунявӣ ба чӣ кори ӯ меояд?

Пеши Субҳон бас нигаҳ доред дил,

То нагардед аз гумони бад хаҷил.

Дар маҳзари ҳазрати Субҳон қалбҳои худро хуб мувозибат кунед, то гумони бад бар зеҳнатон гузар накунад ва шармгин нашавед.

Нукта: Хавотири шайтонӣ ва нафсониро бар дили худ мусаллат масозед. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.910)

К-ӯ бибинад сирру фикру ҷустуҷӯ,

Ҳамчу андар шири холис тори мӯ.

Зеро ҳазрати Субҳон ҳамаи розҳо ва андешаҳо ва канкошҳо ва такопӯҳои бандагонашро мебинад; дуруст монанди ин аст, ки тори мӯйе дар миёни шири софу холис дохил шавад ва мусалламан бар бинанда пӯшида намемонад.

Он ки ӯ бенақш содасина шуд,

Нақшҳои ғайбро ойина шуд.

Касе, ки дарунаш аз мосиваллоҳ ва нуқуши ғайри худоӣ тиҳӣ шавад ва замираш аз афкору хаёлоти фосида соф гардад, чунин сина ва замире монанди ойина софу шаффоф аст ва асрору ҳақоиқи олами ғайб дар он мунъакис мешавад.

Сирри моро бегумон муқин шавад,

З-он ки мӯъмин ойинай мӯъмин бувад.

Он касе, ки синааш аз ғубори васваса пок аст, асрору афкори ниҳонии моро бе ҳеч тардиде мепазирад ва ба он иқон дорад, зеро мӯъмин ойинаи мӯъмин аст.

Муқин: яқиндоранда, бар яқин.

Нукта: Ишорат аст ба ин ҳадис:

المؤمن مرآة المؤمن

Мӯъмин ойинаи мӯъмин аст.”

Чун занад ӯ фақри моро бар миҳакк,

Пас яқинро боздонад ӯ зи шакк.

Агар инсони комил даъвои фақри моро бар маҳакки ҳақиқат бизанад, ошкоро яқинро аз шак бозмешиносад.

Миҳакк: санге, ки тило ва ё нуқраро бад-он мемоланд ва аёри онҳоро озмоиш мекунанд. Дар форсӣ ба он санги зар ҳам мегӯянд.

Чун шавад ҷонаш миҳакки нақдҳо,

Пас бибинад қалброву қалбро.

Вақте ки ҷони инсони комил нақди вуҷуди мо инсонҳоро ба маҳакки озмоиш дароварад, маълум мешавад, ки кадом қалб поку босафост ва кадом қалб тақаллубӣ яъне тираву мункадир.

Нукта: Мисроъи дуввум бар асоси нусхаҳои мӯътабар нақл шуд. Аммо дар бархе аз нусхаҳо ба сурати “Пас бибинад нақдрову қалбро” омадааст, ки дар мафҳуму мақсуд тафовуте бо забти аввал надорад, магар ин ки ба сурати истиъорӣ омадааст. Зеро вақте “қалб” муқобили “нақд” меояд, манзур зару сими тақаллубӣ аст. Хулосаи матлаб ин ки: орифони комил меъёру мизони дилҳои одамиён ҳастанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.911)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: