Перейти к содержимому

Ӯ аз дасти ҳамаи мову шумо роҳат шуд

Рафтани бону Файзинисо Воҳидова, ҳарчанд барои бозмондагон ва аз ҷумла мову шумо, бисёр гарон аст ва мояи ҳузну андӯҳ, аммо бовар кунед ӯ худаш роҳат шуд; аз дасти ҳамаи мову шумо ва аз дасти ин ҷомеаи “суммун букм” (кару лол) роҳат шуд.

Фикр мекунам, ӯ мехост ҳарчи зудтар ин муҳитро бо ин ҳукумату мақомоти беъурзааш; бо ин одамҳои бетафовуташ; бо ин одамҳои тарсу ва “маслиҳатандеш”-аш; бо ин одамҳое, ки вақте ӯ зинда буд ва барои барпоии адлу дод камар баста буд, танҳояш гузоштанд аммо вақте аз дунё рафт, пушти сари ҳам аз барояш таслият мегӯянд, тарк кунад.

Барои як инсони бедордил ва огоҳ ва бобасират, вақте дар муҳите қарор гирифта бошад, ки ӯро нафаҳманд, танҳояш гузоранд, ҳамроҳияш накунанд, кӯмакаш накунанд, дасташро нагиранд ва ҳаддиақал ба забон ёриаш накунанд, барои ӯ, набудан дар чунин муҳит ва дар васати чунин ҷомеа ва инсонҳои одамсурати рӯбаҳсират, беҳтар аз буданаш аст.

Фикр мекунам, ӯ дуо мекарда, ки: Худоё! Ҳарчи зудтар ҷонамро ситон, то аз дасти ин ҳама бетафовутҳо роҳат шавам; одамҳое, ки зулму ситамро мебинанд аммо сокит менишинанд, шоҳиди беадолатиҳо ҳастанд аммо тарҷеҳ медиҳанд чизе нагӯянд, то ба ҷони ширинашон осебе нарасад. Одамҳое, ки мебинанд, кишварашон дар ҳоли нобуд шудан аст ва ҷомеаашон ба хотири беъурзагии “пешвояш” ва белиёқатии мақомоташ, дар ҳоли фурӯ пошидан аст, аммо чун ҷонашон ширин аст, сукуту хомӯширо бар фарёд кашидан тарҷеҳ медиҳанд.

* * *

Асосан, аз Одам то ба Хотам ва то рӯзи вопасин, инсон ҳамин будааст. Инсон, ки Худованд дар фитраташ гароиш ба адолатхоҳиро ниҳода ва аз ин рӯ адолатхоҳонро дӯст дорад, аммо чун дар матни зиндагӣ, мебинад, ки амал ба муқтазои адолат ва дар канори адолатхоҳон будан, барояш бисёр сахт аст ва паёмадҳои ногуворе ба армуғон меоварад ва ӯро аз бисёр чизҳо маҳрум месозад, аз ин рӯ, тарҷеҳ медиҳад, бетафовут бошад, барои худаш дарди сар дуруст накунад.

Дуруст ба ҳамин ҷиҳат аст, ки адолатхоҳон, фақат пас аз мурданашон аз онҳо ёд мешавад ва барояшон ҳайкалу пайкара месозанд ва дар бораи онҳо китобҳо менависанд ва шеърҳо месароянд ва ба фарзандони худ достони қаҳрамониҳои адолатхоҳонро қисса мекунанд. Аммо вақте ӯ зинда аст ва дар миёнашон ҳузур дорад ва ниёз ба кӯмак ва дастгирӣ дорад, ӯро танҳо мегузоранд ва балки аз ӯ мутанаффиранд, чаро? Чун ки мехоҳад мардум ӯро ҳамроҳӣ кунанд ва то пойи ҷон дар канораш биҷанганд, ва ин, барои мардум гарон аст.

Ҳазрати Алӣ, ки ҳама дӯсташ доранд ва дӯсту душман аз ӯ ба унвони инсоне шуҷоъ, одил, ботақво ва парҳезгор, вораста ва хулоса ба унвони як инсони комил ба тамоми маънои калима ёд мекунанд, вақте зинда буд, фикр мекунед, мардум адолати ӯро таҳаммул мекарданд?! Адолат, ба забон ширин аст, вале дар амал ва воқеият, бисёр талх.

Нақл аст дар он шабе, ки ҳазрати Алӣ ҷоми шаҳодат нӯшид, яъне шаби 19 моҳи мубораки Рамазон, ба писараш фармуд:

ملكتني عيني وأنا جالس، فسنح لي رسول اللّه صلّى اللّه عليه وآله وسلّم فقلت: يا رسول اللّه، ماذا لقيت من أمّتك من الأود واللّددفقال: ادع عليهم. فقلت: أبدلني اللّه بهم خيرا منهم، وأبدلهم بي شرّا لهم منّي

Писарҷон! Якдафъа дар олами руъё Пайғамбар дар баробарам зоҳир ва муҷассам шуд. То Пайғамбарро дидам, арз кардам: эй Расули Худо! Ман аз даст ин уммати ту чӣ хуни диле хӯрдам!..” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 68) Воқеан инсон вақте мусибатҳои он ҳазратро мебинад, ҳайрат мекунад. Як кӯҳ ҳам тоқат надорад ин миқдор мусибатро таҳаммул кунад. Дарди дили худро бо кӣ бигӯяд? Ҳол, ки Пайғамбарро дар олами руъё мебинад, мегӯяд:

ماذا لقيت من أمّتك من الأود واللّدد

Чӣ қадр ин уммат хун ба дили ман карданд! Чӣ кунам бо инҳо?

Баъд ба Имом Ҳасан фармуд:

Писарҷон! Ҷаддат ба ман дастуре дод, гуфт: Алӣ ба инҳо нафрин кун. Ман ҳам дар олами руъё нафрин кардам; нафринам ин буд:

أبدلني اللّه بهم خيرا منهم، وأبدلهم بي شرّا لهم منّي

“Худо ҳарчи зудтар марги маро бирасонад ва бар сари инҳо ҳамон касеро мусаллат кунад, ки шоистаи ӯ ҳастанд.”

* * *

Руҳу равонат шод Муаллима Файзинисо Воҳидова!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: