Перейти к содержимому

Аъзои тими терури Хошуқҷӣ чанд бор хостанд даст ба худкушӣ бизананд

Як расонаи арабӣ фош кард, ҳамаи касоне, ки дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ даст доштанд (ба ҷуз Саъуд Алқаҳтонӣ) дар ҳоли ҳозир дар сохтмони мутаъаллиқ ба дастгоҳи амнияти Арабистон дар масири шаҳри Даммом боздошт ҳастанд ва чанд бор хостанд даст ба худкушӣ бизананд.

Рӯзномаи Алқудс ал-арабӣ бо истинод ба гуфтаҳои як фаъоли маъруфи арабистонӣ ба номи “Муҷтаҳид” навишт, аъзои тими терури Хошуқҷӣ ҳамагӣ дар сохтмоне ҳастанд, ки шакли он аз берун шабеҳ ба як муҷтамаъи маскунии кучак аст, аз ин сохтмон ба шиддат ҳиросат мешавад ва 18 пизишк аз бемористони маркази амниятӣ ба онҷо рафту омад доранд.

Бар асоси гузориши ин рӯзнома, “Муҷтаҳид” дар идома гуфт: “Аҳмад Алъасирӣ ва Моҳир Алмутриб низ дар миёни онҳо ҳастанд ва танҳо Алқаҳтонӣ қурбонӣ нашудааст.”

Вай афзуд: “Онҳо пеш аз ин дар зиндони таҳқиқот воқеъ дар Донишкадаи амнияти миллии “Ноиф” ҳабс буданд, аммо ба далели ҷанҷоли бузурге, ки бапо карданд ва иқдом барои худкушӣ заданд, онҳо ба сохтмони дигаре мунтақил шуданд, ки дар он, зиндонии дигаре ба ҷуз онҳо ва корманди дигаре, ки барои расидагӣ ба кори ин зиндониҳо ҳузур доранд, вуҷуд надорад.

Рӯзномаи мазкур дар идома навишт, вазъияти руҳии онҳо бисёр бад аст ва аз ҳар роҳе аз ҷумла кӯбидани сар ба девор, қасди худкушӣ доранд, ҳамаи онҳо фарёд мезананд: “Мо ин ҳама хидмат ва фидокориро барои Бен Салмон анҷом додем ва ӯ бо мо чунин мекунад?” Ба ҳамин далел низ онҳо ба ҷойе мунтақил шуданд, ки монеъ аз худкушии онҳо шуда ва таҳти назорат ва расидагии комили пизишкӣ бошанд.

Тибқи баёнияе, ки хабаргузории расмии Арабистон аз додситонии кулли ин кишвар мунташир кард, додгоҳи кайфарии Риёз аввалин ҷаласаи муҳокимаи 11 муттаҳами парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори кушташуда дар Истонбулро бо ҳузури вакилони мудофеъи онҳо рӯзи панҷшнба баргузор кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: