Перейти к содержимому

Илоҳии Қумшаӣ

Ба баҳонаи зодрӯзи ҳаким Ҳусайн Илоҳии Қумшаӣ

Ҳусайн Муҳйиддин Илоҳии Қумшаӣ (зодаи 14 дейи 1318 шамсӣ = 4 январи 1940 милодӣ), ориф, файласуф, ҳаким, мутакаллим, адиб, Мавлавишинос, шоир, наққош, мутарҷим, нависанда ва муфассири Қуръон аст ва дар наққошӣ ва хаттотӣ низ осоре дорад.

Ӯ фарзанди устод Маҳдии Илоҳии Қумшаӣ, орифи шаҳири эронӣ аст. Таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва донишгоҳиро дар худи Эрон то дараҷаи дуктурӣ ба поён бурд ва низ таҳсилоти динӣ (калом, риҷол, усул, улуми нақлӣ, адабиёти араб, фиқҳ) ва фалсафаро назди падар ва устодони дигар дунбол кард.

Қумшаӣ, пас аз поёни таҳсилоти донишгоҳӣ, ба кори тадрис дар Донишгоҳи Теҳрон ва соири марокизи омӯзиши олӣ дар дохил ва баъдҳо хориҷи Эрон, ва дар канори он, ба таълифу тарҷума дар заминаи ирфон ва адабиёт ва зебоишиносӣ машғул шуд. Вай муддате риёсати Китобхонаи миллии Эронро ӯҳдадор буд.

* * *

Ҳадафи омӯзишии Илоҳии Қумшаӣ

Илоҳии Қумшаӣ, ҳадафи худро “ошно кардани инсонҳо, ба хусус ҷавонон ва навҷавонон, бо “лаззатҳои мутаъолӣ”, ки аз зебоӣ, доноӣ ва некӯӣ сарчашма мегиранд” медонад. Вай ин лаззатҳоро “моидаҳои осмонӣ ва ғизои руҳ” медонад ва мӯътақид аст, ки ҳамаи ҷангҳо ва фасодҳо дар олам, дар асари беэътиноӣ ба ин моидаҳои осмонӣ аст. Лаззатҳои моддӣ, аз онҷо, ки дорои анвоъи маҳдудият аст, ҳамеша мавриди низоъу кашмакаш ва дастмояи ҷангҳо ва истисморҳо ва истеъморҳо будааст; лаззатҳое, ки ниҳоятан ба хӯру хобу хашму шаҳват бозмегардад.

Назарияи “лаззатҳои мутаъолӣ”-и Қумшаӣ мекӯшад, ки сатҳи лаззатҳои мардумонро аз фуруд ба фароз оварад ва он “қаламрави заррини адабиёт, ҳунар ва ахлоқ” аст. Аз назари ӯ, онҷо биҳишт аст ва касеро бо касе пайкор нест: “Агар ҳамаи мардумон чун Киеркегорд (Kierkegaard) ошиқи Мутсорт (Mozart) шаванд, боке нест ва дуэле нахоҳад буд. Инҷо фалак бепоён ва номаҳдуд аст ва ҳама метавонанд ҳар он чи наздашон маҳбуб аст, бо дигарон тақсим кунанд.” Ҳамвор кардани роҳи расидан ба ин лаззатҳо, аз тариқи адабиёти арзандаи килосик, ҳадафе аст, ки Илоҳии Қумшаӣ дунбол мекунад ва дар осори вай мунъакис гардидааст.

* * *

Осор

Илоҳии Қумшаӣ дорои таълифот ва тарҷумаҳои мутаъаддиде аст. Маҷмӯае аз суханрониҳои ӯ, ки ба забонҳои форсӣ ва англисӣ дар созмонҳо ва донишгоҳҳои дохилу хориҷи Эрон эрод шуда, ба сурати наворҳои савтӣ ва тасвирӣ дар заминаҳои мутанаввеъи ирфон, адабиёт ва ҳунар арза шудааст. Ҷозибаи каломаш бисёр зиёд буда ва бар рӯи тайфи васеъе аз мухотабони дохилу хориҷи Эрон дорои асаргузории амиқе будааст.

Феҳристи осори мактуби ӯ:

1) Гузидаи “Фиҳи мо фиҳи”;

2) Гузидаи “Мантиқуттайр”;

3) Шарҳи Гулшани рози Шайх Маҳмуди Шабистарӣ;

4) Тарҷумаи гузидаи суханони Шекспир;

5) Муқаддима ва тасҳеҳи девони Ҳофиз;

6) Паёмбар (тарҷумаи асари Ҷуброн Халил Ҷубро);

7) Кимиё (маҷмӯаи мақолот, тарҷумаҳо ва муқаддимаҳо) – 10 ҷилд;

8) 365 рӯз бо Саъдӣ;

9) Ёди ёри меҳрубон (ситоишу ниёиш дар адаби порсӣ);

10) Рубоиёти Ҳаким Умари Хайём;

11) Муноҷоти манзуми ҳазрати Алӣ (а);

12) Тарҷума ва тафсири Қуръони Карим;

13) Дуои Кумайл;

14) Ганҷи раҳмат;

15) Моидаҳои фарҳангӣ;

16) 365 рӯз бо адабиёти англисӣ;

17) 365 рӯз бо Мавлоно;

18) Он хирадманди дигар (тарҷумаи асари Henry Jackson van Dyke);

19) Талаб;

20) 365 рӯз бо Қуръон;

21) Зиракиҳои Мулло Насруддин…

ва ғайра.

Осори савтӣ ва тасвирии ҳаким Илоҳии Қумшаӣ

Намунае аз осори наққошии ҳаким Илоҳии Қумшаӣ:

 

Вебгоҳи ҳаким Илоҳии Қумшаӣ

Яке аз суханрониҳои ҳаким Илоҳии Қумшаӣ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: