Перейти к содержимому

Ноғазале дар пардаи бегоҳ

Марсияи Сиёвуши Ҷунайдӣ ба хотири даргузашти Файзиннисо Воҳидова

Нагӯ, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост!

Нагӯ куҷо ин ҷост. Ё ки нокуҷо ин ҷост.

Агарчи бар ҳамагон ошкор будаву ҳаст

Ки хоки Мейҳани ту хостгоҳи ҳар чи Худост,

Ва зодгоҳи ҳар чи Паямбар,

Нагӯ, ки Мейҳани ту зодгоҳи поки Аҳурост

Ҳазор Аҳриман имрӯз дар камини ману туст,

Ҳазор қотили ҳар чи аз Ишқу Меҳру Муҳаббат,

Ҳазор қотили ҳар чи зи Отифа, зи Маваддат

Камар бибаста ва бар қасди дил шикастани мост,

Ҳазор золими дажхиму сад ҳазор сарбури ҷаллод

Миён бубуста ва бар азми сар буридани мост,

Нагӯ Куҷо ин ҷост. Ё ки Нокуҷо ин ҷост.

Ту чашми хеш бипӯшу нигоҳи хеш ниҳон кун

Нигоҳи хеш ниҳон кун зи чашми ҳар касу нокас

Нарав бар ин раҳи ноошно, биё вопас,

Миёни тӯдаи мардум сарат баланд макун,

Мувозиби сари худ бошу фикри хонаи худ

Ба фикри ҷӯҷаякон бошу обу донаи худ,

Бирав ба лонаи худ, эй уқобзан, бирав ба лонаи худ!

Ба худ ситам макун, эй ҷон, ба худ газанд макун!

Ба пеши пой нигаҳ кун

Бубин, ки роҳ туро ошност?! Ошно ин ҷост?!

Китобхонаи оламро

Варақ-варақ ба бод бидеҳ!

Китобхонаи олам ҷавобгӯйи ту нест

Тамоми ин ҳама Мейҳан бигу-магӯйи ту буд

Тамоми ин ҳама Мейҳан бигу-магӯйи ту нест.

Шаҳодати ту қабули Худой бод, Хоҳари ҳама зебо,

Шаҳодати ту қабули Худой бод, Хоҳари ҳама хубам!

Ва ин ғазал, на ғазал, ноғазал ба ёду ғами туст

Ва ин саҳар, на саҳар, ин паёми рафтани туст,

Ва ин суол зи ҳар зарра зарраи баданам,

Ва ин суол зи ҳар ҳамватан ва ҳар наҳамватанам

Ту, эй фариштаи маҳзун, ту, эй фариштаи хуб

Куҷо рафтӣ?!

Куҷо рафтӣ?!

Куҷо рафтӣ?!

Ту эй фаришта, ту Инсон

Пеши он Худо рафтӣ!

Маро баҳона бидеҳ, эй азизи дил баҳона бидеҳ

Баҳонае, ки бигирям баройи Модари худ!

Баҳонае, ки бигирям, баройи Ҳохари худ

Баҳонае, ки бигирям барои Додари худ.

Баройи он ҳама шаҳидҳои Ватан

Иҷоза деҳ, ки бигирям, аё Модар

Ба рӯйи пардаи Бегоҳ

Баройи Мейҳани худ.

Шаҳодат ар талабӣ

Дашти Карбало ин ҷост!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: