Перейти к содержимому

Опозисиюни Афғонистон аз чӣ номзаде дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ҳимоят мекунад?

Бо вуҷуди ин ки аҳзоби мухолифи давлати Афғонистон қарор буд номзади воҳидеро барои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар муаррифӣ кунанд, аммо ба тавофуқ нарасидаанд ва ба ҳимоят аз чандин номзад тасмим гирифтаанд.

Бо оғози раванди сабти номи номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон, бори дигар саффороиҳои сиёсӣ дар ин кишвар шакли тозае ба худ гирифтааст.

Пеш аз ин, аҳзоби мухолиф бо эҷоди “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” эълом карда буданд, ки барои пирӯзӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ номзади воҳидеро муаррифӣ хоҳанд кард.

Аммо пас аз чандин моҳ ройзанӣ зоҳиран аъзои “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” барои муаррифии номзади воҳид дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ба тавофуқ нарасидаанд ва қарор аст аз чандин номзад ба сурати ҳамзамон ҳимоят кунанд.

“Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” аз чандин ҳизби бузургу кучак ташкил шудааст, ки дар раъси он аҳзоби Ҷамъият, Ҷунбиш ва Ваҳдати мардуми Афғонистон қарор доранд.

Фазлурраҳмон Урё, сухангӯи “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” ба Родию Озодӣ гуфт: “Ин эътилоф дар назар дорад, то аз тамоми гузинаҳои мавҷуд истифода кунад.”

Вай афзуд: “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон ба зудӣ номзади худро барои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ муаррифӣ хоҳад кард, аммо дар канори он аз соири номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ низ ҳимоят хоҳад кард.”

Як манбаъ тасреҳ кард: “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” Раҳматулло Набил, раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон ва Шайдо Муҳаммад Абдолӣ, сафири Афғонистон дар Ҳиндро ба унвони номзадҳои мавриди назарашон муаррифӣ хоҳанд кард.”

Вай афзуд: “Ин эътилоф дар назар дорад, то аз Муҳаммад Ҳаниф Атмар, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон низ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ҳимоят кунад.”

Ин манбаъ хотирнишон кард, ки мумкин аст “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” ба ҷуз афроди ёдшуда аз як номзади дигар низ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ҳимоят кунад.

Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ, Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби Ваҳдати мардум, женерол Дӯстум, раҳбари Ҳизби Ҷунбиши миллӣ, аз бунёнгузорони “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” маҳсуб мешаванд.

Ин дар ҳоле аст, ки аъзои раҳбарии “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” пеш аз ин ба сурати ҷудогона бо номзадҳои мухталифе дар бораи интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар ройзанӣ кардаанд.

Женерол Дӯстум ҳафтаи гузашта дар дидор бо бузургони ақвоми ӯзбак эълом кард, танҳо шарти вай барои ҳимоят аз номзади интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, эътои курсии муовинати аввали риёсати ҷумҳурӣ ба ақвоми ӯзбак аст.

Вай таъкид карда буд, ҳар номзаде, ки курсии муовинати аввали риёсати ҷумҳуриро ба ақвоми ӯзбак ихтисос диҳад, мавриди ҳимояти вай қарор хоҳад гирифт.

Гузоришҳое низ мунташир шуда буд, ки Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби Ваҳдати мардуми Афғонистон низ ба ситоди интихоботии Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ пайвастааст, аммо ин мавзӯъ аз сӯи Муҳаққиқ такзиб шуд.

Аббос Огоҳ, сухангӯи Ҳизби Ваҳдати мардуми Афғонистон эълом кард, ки шуморе номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ бо Муҳаққиқ, раҳбари ин ҳизб, дар бораи интихобот ройзанӣ карданд.

Вай афзуд: “Бештари ройзаниҳо бо Ҳаниф Атмар, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон ва аз номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ сурат гирифтааст, аммо Ҳизби Ваҳдати мардуми Афғонистон то кунун тасмими ниҳоии худро нагирифтааст.

Сухангӯи Ҳизби Ваҳдати мардуми Афғонистон тасреҳ кард, ки агар чанд рӯз ҳавсала кунед, мушаххас хоҳад шуд, ки Муҳаққиқ аз чӣ номзаде дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ҳимоят хоҳад кард.

* * *

Адами ҳамоҳангии “Эътилофи бузурги миллӣ”

Зоҳиран тарҳи Шӯрои “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” барои эҷоди 3 муовинат дар риёсати ҷумҳурӣ, 3 муовинат дар риёсати иҷроии давлат ва эҷоди мақоми нахуствазирӣ барои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, чандон муваффақиятомез набудааст.

Ройзаниҳои ҷудогонаи раҳбарони “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” бо номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар нишон медиҳад, ки аҳзоби опозисиюн барои муаррифии номзади воҳид ба тафоҳум нарасидааст.

Ба назар мерасад, ки ихтилофи назари аъзои “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” бар сари муаррифии номзади воҳид барои интихоботи риёсат ва ройзании ҷудогонаи раҳбарони он бо номзадҳои интихоботӣ, ин эътилофро низ бо фурӯпошӣ рӯ ба рӯ хоҳад кард.

Қарор аст интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар тобистони соли ҷорӣ баргузор шавад.

Латиф Пидром, раҳбари Ҳизби Кунграи миллии Афғонистон, Раҳматулло Набил, раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон, Муҳаммад Ҳаким Турсун, Шайдо Муҳаммад Абдолӣ, сафири собиқи Афғонистон дар Ҳинд, Аҳмад Валӣ Масъуд, раҳбари Ҷараёни Вифоқи Миллӣ, Ҳаниф Атмар, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон, Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Афғонистон, аз номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар маҳсуб мешаванд.

Раванди сабти номи номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон қарор аст барои 12 рӯз идома ёбад ва имрӯз севвумин рӯз аз оғози ин раванд аст, бинобар ин интизор меравад саффороиҳои ҷадиде то поёни ин раванд сурат бигирад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: