Перейти к содержимому

Теҳрон мизбони музокироти сулҳи Толибон

Гузорише дар Telegraph

Дар остонаи хуруҷи эҳтимолии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз Афғонистон, Эрон талошҳои ошкору ҳамоҳангшуда барои пешбурди сулҳ дар кишвари ҳамсояи худ оғоз кардааст. Гурӯҳи Толибон гуфта, ки дар ҷаласаи ахири худ бо Эрон, дар бораи “шароити пас аз ишғол”-и Афғонистон гуфтугӯ кардааст.

Толибон ин масъаларо пас аз он баён кард, ки Эрон душанбеи гузашта сафари намояндагони ин гурӯҳро ба Теҳрон барои даври дуввуми гуфтугӯҳо таъйид карда буд. Ин музокирот бо ҳадафи поён додан ба даргириҳои 17-солаи Афғонистон сурат мегирад. Ҷангҷӯёни Толибон дар баёнияе, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ мунташир ва ба дасти хабарнигорон расид, гуфтанд, ки ҳайъати намояндагони онҳо дар бораи “шароити пас аз ишғол ва бозгардондани сулҳу амният дар Афғонистон ва минтақа” музокира кардаанд.

Ин баёния нишондиҳандаи итминони фазояндаи ҷангҷӯёни Толибон ба хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон аст. Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, моҳи гузашта ба расонаҳо гуфт, ки тасмим дорад шумори нерӯҳои низомии мустақар дар хориҷ аз Омрикоро коҳиш диҳад. Пештар ҳам гузоришҳое дар бораи музокирот байни Эрон ва Толибон мунташир шуда буд, аммо Теҳрон умдатан ин гузоришҳоро инкор мекард.

Аммо талошҳои Теҳрон барои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон, муҳофизакорон дар Вошингтунро нигарон мекунад, чаро ки онҳо нигарон ҳастанд, ки барномаи Тромп барои хориҷ кардани нерӯҳои низомӣ аз Сурия ва Афғонистон, мавқеиятеро барои эъмоли нуфуз дар минтақа барои Эрон фароҳам меоварад.

Толибон дар моҳи декабр ва пеш аз музокира бо Эрон, ҳамчунин дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо намояндагони Иёлоти Муттаҳида, Покистон ва Арабистони Саудӣ музокира карда буд. Ин музокирот бахше аз талошҳои диплумотик барои поён додан ба ҷанги Афғонистон ба шумор меравад.

Аммо Толибон то кунун ҳозир ба дидор бо намояндаи давлати Афғонистон нашудааст. Ин гурӯҳ рӯзи шанбеи гузашта эълом кард, ки дар нишасти баъдӣ, ки интизор меравад тайи моҳҳои оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор шавад, боз ҳам намояндагони ин гурӯҳ бо “намояндагони давлати Кобул” мулоқот нахоҳанд кард.

Тибқи эъломи Вазорати умури хориҷаи Эрон, қарор аст Аббос Ироқчӣ, муовини ин вазоратхона, тайи ду ҳафтаи оянда ба Афғонистон сафар кунад. Аммо ҷузъиёти бештаре дар бораи ин сафар эълом нашудааст.

Эрон ва Афғонистон, ки наздик ба 1000 километр марзи муштарак доранд, дар солҳои ахир равобити печидае бо якдигар доштаанд. Теҳрон барои муддате тӯлонӣ аз ҳамкешони мазҳабии худ дар Афғонистон яъне шиъаёни ҳазора ҳимоят кардааст, ки дар даҳаи 1990 таҳти озору шиканҷаи шадиди ҳукумати Толибон қарор гирифтанд.

Аммо ахиран бархе манобеи ғарбӣ ва афғонистонӣ муддаӣ шудаанд, ки Эрон дар солҳои ахир равобите бо Толибон барқарор карда, ки ҳадаф аз он, берун рондани нерӯҳои омрикоӣ аз Афғонистон будааст.

Telegraph

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: