Перейти к содержимому

Чаро КШНГЗТ хостори иҷрои таҳқиқ дар бораи марги Файзиниссо Воҳидова шудааст?

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ), дар баёнияе, ки имрӯз дар хусуси даргузашти Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъ ва фаъоли иҷтимоии тоҷик мунташир кардааст, хостори иҷрои “таҳқиқи комил” дар бораи марги “мармузи” Воҳидова шудааст.

Дар баёнияи ин кумита, ки дар пойгоҳи иттилоърасонии худ мунташир карда омадааст: “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) зимни арзи таслият ба бастагон ва наздикони Бону Файзиниссо Воҳидова ва низ ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҷиҳати даргузашти нобаҳангоми ин Бону, аз ҳукумат тақозо менамояд, ки дар мавриди марги мармузи ин Бонуи шуҷоъ як таҳқиқи комил ба амал оварад. Зеро ба гуфтаи наздикони вай, бемории ӯ ба ҳадде набудааст, ки ба марг анҷомад. Умед меравад, ин таҳқиқ ҳарчи зудтар ба иҷро дарояд.”

Лозим ба ёдварист, бомдоди рӯзи гузашта (соати 2 шаб) Файзиниссо Воҳидова дар бемористони шаҳри Хуҷанд даргузашт. Таҳмина Раҳимова, яке аз наздикони ӯ, дар гуфтугӯ бо Родию Озодӣ, бо баёни ин ки Файзиннисо Воҳидова аз бемории “пневмония” ранҷ мебурд, гуфтааст: “Бо пои худашон ба бемористон рафта буданд, вале дар онҷо якбора ҳолашон бад шуд. Ба шӯъбаи эҳё гузарониданд. 10 рӯз дар он ҷо буданд ва ҳамин шаб ҷон доданд.”

Пойгоҳи Кимиёи саодат дар ин хусус гуфтугӯе бо Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ) анҷом дод, ки ба шарҳи зерин аст:

— Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар баёнияе, ки имрӯз мунташир кард, бо “мармуз” хондани марги Файзиннисо Воҳидова, хостори иҷрои таҳқиқ дар хусуси марги ӯ шудааст. Метавонед, иллати ин дархостро баён бифармоед?

Абдусаттор Бобоев: Аввалан, даргузашти Бонуи озодихоҳу адолатпешаро ба ҳамагон таслият арз мекунам, аз даргоҳи Худои Маннон барояш ҷаннатулфирдавсро хоҳонам ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил. Сониян, дар посух ба суоли шумо гуфтаниам, ки мо пайваста бо Бону дар тамос будем, ҳеч гоҳ аз саломатӣ шикоят надоштанд. Албатта инро ҳама медонем, ки рӯзе набуд, ки Бону аз тарафи фейкҳои амниятӣ мавриди таҳқиру таҳдид қарор нагирад, ҳатто боре гуфта буданд, ки таҳдиди аз байн бурдани ҷисмониро ҳам мекардаанд, вале бо табассум ба ман ҷавоб доданд, ки ман одат кардаам ба ин таҳдидҳо ва табиати роҳи муборизаро чунин қаламдод мекарданд.

Ва чӣ хеле, ки Илҳомҷон Ёқубов ҳамин имрӯз дар ёддошташ овардааст, Бону ҳеҷ гоҳ аз саломатӣ шикоят надоштанд ва порсол дар Урупо ҳам аз сар то нохуни по аз муойинаи тиббӣ гузашта буданд ва озмоишҳо нишон доданд, ки Бонуро ҳеч бемории хафнок таҳдид намекунад.

Яке ду рӯз пеш аз даргузашти Бону, якбора алоқаи телефониашон қатъ шуд, баъдан Илҳомҷон Ёқубов бо ман дар тамос шуд ва гуфт, ки мегӯянд, ҳоли Муаллима хуб нест ва дар ҳолати кумо қарор дорад, ва ин буд, ки дирӯз ин хабари шум эълон шуд.

Инро ҳам таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки чунин маргҳои мармуз дар Тоҷикистон бори аввал нест, даҳҳо мисол метавонам бигӯям, ки шахсиятҳои сиёсӣ ба ҳамин тариқ аз байн бурда шуданд. Вақте ки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бемор шуданд ва ба кишвари Олмон барои муолиҷа рафтанд, озмоишгоҳи олмонӣ тасдиқ кард, ки эшон масмум шудаанд. Ёдам ҳаст, ки соли 2004 вақте, ки устод Нурӣ барои табобат ба Эрон рафта буд ва банда барои иёдати эшон рафтам ва бо табибе, ки масъули мушаххас кардани бемории устод буд сӯҳат кардам, ба мо гуфт, ки ин шахс масмум шудааст.

Ҳатто қӯмондонҳои Фронти халқӣ дар мавриди Қурбон Чолов ва Сӯҳроб Қосимов низ ин шикоятро доштанд ва мӯътақид буданд, ки режими кунунӣ онҳоро аз тариқи масмум кардан аз байн бурдааст. Чунин мисолҳо зиёданд.

Бинобар ин, ҳеч эҳтимоле намеравад, ки Бону Файзиннисо бо марги табиӣ аз байн рафта бошанд. Ба ҳамин хотир, кумитаи мо аз мақомоти кишвар тақозо кардааст, ки як таҳқиқе дар ин замина анҷом диҳад, албатта бо ҳузури мутахассисони хориҷӣ, ва натиҷаашро ба миллати шарифи кишвар ироа намояд.

— Боре гуфта будед, ки Муаллима узви кумитаи шумост, оё мешавад дар ин хусус бештар тавзеҳ бидиҳед?

Абдусаттор Бобоев: Бале, вақте кумитаи мо фаъолиятро оғоз кард, ман ба Бону Файзиннисо сӯҳбат кардам ва он кас аз фаъолияти кумита истиқбол карданд ва ман пешниҳод кардам, ки узви кумита будани шумо ҳатмист, мо ба шахсиятҳои амсоли шумо ниёз дорем. Ростӣ, ман ҳеч бовар надоштам, ки Бону дархости манро мепазиранд, зеро дар дохили кишвар буданд. Вале бе ягон дудилагӣ пазируфтанд ва иброз доштанд, ки ман ҳамчун вакили дифоъ ҳамеша дар хидмати мардум будам ва ҳастам, ин пешниҳоди шуморо вазифаи худ медонам ва аз касе тарсе надорам. Ва ба ҳамин тариқ, ба узвияти кумита ворид шуданд. Албатта мо номи аксари аъзои кумитаи худро, ба хусус касоне, ки дар дохил ҳастанд, ошкор намекунем ва номи ин Бону ҳам дар кумита пинҳон монд, ҳатто баъзе аъзоёни кумита ҳам аз ин воқеият огоҳ набуданд. Мо аз машварату роҳнамоиҳои ҳуқуқии Бону бисёр истифода мекардем.

— Ташаккур!

Абдусаттор Бобоев: Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: