Перейти к содержимому

Арабистон ба зудӣ сафорати худ дар Димишқро бозгушоӣ мекунад

Як расонаи англисӣ навишт, ки Арабистон севвумин кишваре хоҳад буд, ки сафорати худ дар Димишқро бозгушоӣ мекунад.

Ба гузориши Sandy Telegraph, Арабистон, ки бузургтарин ҳукумати мухолифи Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар минтақа буд, пас аз Баҳрайн ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ севвумин кишваре хоҳад буд, ки сафорати худро дар Димишқ бозгушоӣ мекунад.

Ин расона афзуд: “Ҷанги ҳаштсолаи Сурия ба кӯмаки нерӯҳои Русия ба поёни худ наздик шудааст ва бозгушоии сафорати Арабистон дар Димишқ ба маънои оғози давраи ҷадиде аз машрӯияти Башшор Асад аст.”

Дар ҳамин росто, як диплумоти англисӣ дар Бейрут ба Sandy Telegraph гуфт: “Мақоми баъдиам мумкин аст дар Димишқ бошад ва мӯътақидам, ки зарфи як сол сафоратамон (сафорати Англис) дар Сурияро муҷаддадан боз хоҳем кард.”

Ҷерми Ҳонт, вазири хориҷаи Англис низ пештар эътироф карда буд, ки Башшор Асад бо вуҷуди талошҳо барои барканориаш дар қудрат боқӣ хоҳад монд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: