Перейти к содержимому

Дунё, дар каломи Имом Алӣ

Имом Алӣ (а) дар хутбаи 63 Наҳҷул-балоға мефармоянд:

أَلاَ إِنَّ الدُّنْیَا دَارٌ لاَیُسْلَمُ مِنْهَا إِلاَّ فِیهَا، وَلاَیُنْجَى بِشَىْءٍ کَانَ لَهَا، ابْتُلِىَ النَّاسُ بِهَا فِتْنَةً، فَمَا أَخَذُوهُ مِنْهَا لَهَا أُخْرِجُوا مِنْهُ وَحُوسِبُوا عَلَیْهِ، وَمَا أَخَذُوهُ مِنْهَا لِغَیْرِهَا قَدِمُوا عَلَیْهِ وَأَقَامُوا فِیهِ، فَإِنَّهَا عِنْدَ ذَوِی الْعُقُولِ کَفَیْءِ الظِّلِّ، بَیْنَا تَرَاهُ سَابِغاً حَتَّى قَلَصَ، وَزَائِداً حَتَّى نَقَصَ

* * *

Шарҳу тавзеҳ:

(1)

أَلَا إِنَّ الدُّنْيَا دَارٌ لَا يُسْلَمُ مِنْهَا إِلَّا فِيهَا

Бидонед, дунё саройе аст, ки аз он солим натавон монд, ҷуз дар худаш…”

Далели он равшан аст; зеро муҳимтарин асбоби саломат, касби фазоили ахлоқӣ ва арзишҳои маънавӣ ва итоату ибодати парвардигор аст ва ҳеч як аз ин умурро наметавон дар ҷаҳони дигар яъне дар охират ба даст овард; танҳо дар ин дунёст, ки инсон фурсати пардохтан ба ин умурро дорад, бинобар ин, ҳамон гуна, ки Имом Алӣ дар ин ҷумлаи кӯтоҳ фармуда: “бояд саломатро дар худи дунё ҷустуҷӯ кард.”

(2)

وَلاَیُنْجَى بِشَىْءٍ کَانَ لَهَا

Ва бо умуре, ки махсуси дунёст, аз он наҷот натавон ёфт…”

Ишора ба ин аст, ки: агар ангезаи инсон ва ҳадафи ниҳоии ӯ дар ҳаракоту саканоту аъмолаш, дунё бошад ва ҳатто ибодоти худро низ ба қасди дунё анҷом диҳад ва ҷанбаи риёкорӣ дошта бошад, ба яқин сабаби наҷот нахоҳад буд, балки аз асбоби қатъии ҳалокати ӯст.

(3)

ابْتُلِىَ النَّاسُ بِهَا فِتْنَةً

Инсонҳо ба василаи дунё озмоиш мешаванд...”

Чаро ки дунё пур аз неъматҳову мушкилоту масоиб аст; неъматҳо ба як гуна василаи озмоиш аст, ва мусибатҳо ба гунаи дигар: ин ки оё инсонҳо ба ҳангоми шумули неъмат туғён мекунанд ё ба ёди Худо ҳастанд ва шукри неъматро бо забону амал анҷом медиҳанд? Оё дар ҳангоми мусибатҳо маъюсу ноумед мешаванд ва ё сабру шикебоӣ пеша мекунанд? Муҳим ин ҷост, ки инсон дар тамоми умри худ, ҳар шабу рӯз бо навъе аз ин озмунҳо рӯ ба рӯст ва ин як қонуни ҷовидон аз оғози хилқати Одам то поёни ҷаҳон хоҳад буд. Қуръони Карим мефармояд:

أَحَسِبَ النَّاسُ أَنْ یُتْرَکُوا أَنْ یَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لاَیُفْتَنُونَ * وَلَقَدْ فَتَنَّا الَّذِینَ مِنْ قَبْلِهِمْ فَلَیَعْلَمَنَّ اللّهُ الَّذِینَ صَدَقُوا وَلَیَعْلَمَنَّ الْکَاذِبِینَ

Оё мардум гумон карданд, ки ҳамин ки бигӯянд имон овардем, ба ҳоли худ раҳо мешаванд ва озмоиш нахоҳанд шуд?! Мо касонеро, ки пеш аз онон буданд озмудем. Худованд ононро, ки рост мегӯянд медонад ва ҳам ононро, ки дурӯғ мегӯянд медонад.” (Сураи Анкабут, ояти 2-3)

(4)

فَمَا أَخَذُوهُ مِنْهَا لَهَا أُخْرِجُوا مِنْهُ وَحُوسِبُوا عَلَیْهِ، وَمَا أَخَذُوهُ مِنْهَا لِغَیْرِهَا قَدِمُوا عَلَیْهِ وَأَقَامُوا فِیهِ

Он чи аз дунёро ба хотири дунё ба даст оваранд, аз он ҷудо мешаванд ва ҳисоби онро бояд пасбидиҳанд, ва он чиро, ки аз дунё барои ғайри он ба даст оваранд, ба он хоҳанд расид ва дар он хоҳанд монд…»

Ин, ишора ба ду дидгоҳ аст: дидгоҳи абзорӣ ба ҷаҳон, ва дидгоҳи ҳадафӣ ба он. Яъне, агар имконоти ин ҷаҳон — молҳову сарватҳо ва мақомҳову неъматҳо — василае барои расидан ба саодати ҷовидон ва зиндагии шоистаи саройи охират бошад, чизе аз он беҳтар нест. Аммо агар худаш ҳадаф бошад яъне молу сарват ва мақому мансаб худашон ҳадаф гарданд ва ҳамонанди буте гарданд, ки инсон дар баробари онҳо саҷда кунад, чизе аз он бадтар нест.

Дидгоҳи нахуст, инсонҳоро ба покӣ ва тақво ва озодагӣ ва иззат фаро мехонад, ва дидгоҳи дуввум, ба ҳирсу озу зулму бедодгарӣ ва зиллат.

Дидгоҳи аввал, неъматҳои фонии дунёро мубаддал ба неъматҳои боқии охират мекунад, ва дидгоҳи дуввум сабаби заволи неъматҳо ва боқӣ мондани масъулиятҳои онҳост.

Аз инҷо равшан мешавад, ки чаро дунё дар бисёре аз оятҳо ва ривоятҳо мадҳ шуда, аммо дар бахши дигаре аз оёту ривоёт, накӯҳиш шуда. Мумкин аст ноогоҳон дар ибтидои назар онҳоро мутазодд бибинанд, дар ҳоле, ки ҳар як, дар ҷойи худ саҳеҳ ва дар воқеъ мукаммили якдигаранд; яке ишора ба дунёи абзорӣ дорад ва дигаре ба дунёи ҳадафӣ.

(5)

فَإِنَّهَا عِنْدَ ذَوِی الْعُقُولِ کَفَیْءِ الظِّلِّ، بَیْنَا تَرَاهُ سَابِغاً حَتَّى قَلَصَ، وَزَائِداً حَتَّى نَقَصَ

Чаро ки дунё дар назари хирадмандон, ҳамчун сояи баъд аз завол аст. Дар ҳоле ки онро густурда мебинӣ, ногаҳон ҷамъ мешавад, ва дар ҳоле, ки фузунӣ меёбад (бо фаро расидани шаб) нуқсон мепазирад.”

Дар инҷо парда аз рӯи ҳақиқати дунё бармедорад ва онро ба сояе ташбеҳ мекунад, ки ҳанӯз инсон дар он наёромида, аз канори ӯ мегузард.

“Зилл” гоҳ ба маънои ҳар гуна сояе омадааст хоҳ сояҳои ашё қабл аз заволи зуҳр ё баъд аз завол, ва гоҳ ба сояе гуфта мешавад, ки қабл аз зуҳр аст ва офтоб тадриҷан онро аз миён мебарад, вале “файъ” ба маънои сояи баъд аз завол аст (чун дар мафҳуми ин вожа, руҷӯъу бозгашт нуҳуфта шудааст) ва ҳар қадр хуршед ба уфуқи мағриб наздиктар мешавад, ин сояҳо густурдатар мегардад ва бо ғуруби хуршед ҳамагӣ маҳву нобуд мешавад ва зулмат ҳама ҷоро фаро мегирад.

Гӯӣ ҳазрати Алӣ (а) аз ин таъбир ишора ба ин нуктаи латиф дорад, ки дунёпарастон рӯз ба рӯз амволу имконоти бештареро ҷамъу ҷур мекунанд ва ҳар қадр ба поёни умрашон наздиктар мешаванд, ин имконот фузунӣ мегирад, вале бо ғуруби офтоби умр, ҳама чиз маҳву нобуд мегардад ва зулмати марг ба тамоми имконоти онҳо хотима медиҳад.

Бо зикри нуктаи дигар, тавзеҳи ин хутбаро поён медиҳем, ва он ин ки: Имом Алӣ (а) дар хутбаҳояш ба такрор нисбат ба паёмадҳои суи дилбастагӣ ба дунё ҳушдор медиҳад ва мардумро аз фиреби дунё барҳазар медорад ва нопойдории онро бо мисолҳои гуногун бармало месозад. Ин, ба хотири он аст, ки аввалан: ҳамеша ишқ ба дунё ва зарқу барқи он, сарчашмаи гуноҳон буда ва ҳаст, ва як пешвои огоҳ бояд пайравони худро аз ин хатар барҳазар дорад.

Дигар ин ки: дар даврони хилофати Имом Алӣ (а) ба хотири футуҳоти исломӣ, амволу ғаноими фаровоне сарозери шаҳрҳое ҳамчун Макка ва Мадина ва Куфа шуда буд ва гурӯҳе барои тасоҳуби онҳо бо ҳам мусобиқа медоданд, ва ҳамин амр сарчашмаи ихтилофот ва даргириҳо ва инҳироф аз асли “соддазисти исломӣ” буд ва сабаб мешуд, ки мардум ба таҷаммулпарастӣ рӯй оваранд ва ба нозу неъмат одат кунанд ва дар баробари душман замингир шаванд; ба ҳамин далел Имом Алӣ (а) аз ҳар фурсате барои бедор сохтани мардум баҳра мегирифт, илова бар он ки зиндагонии худи ӯ низ сармашқи равшане бар ин амр буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: