Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (34)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нерӯи муҳаррики таърих чист? (1)

Дар охири ҷаласаи гузашта матлаберо тарҳ кардем ва зуд ҳам аз он гузаштем. Вале тақозо доштем, ки дӯстон бештар дар атрофаш баҳс кунанд, чун худам ба ин баҳс алоқамандам ва дар воқеъ метавонам арз кунам, ки барои худам ин як муаммое аст; аз тарафе мебинам, ки ин матлаб дар дунёи имрӯз, ба истилоҳ хеле мӯд шуда, ва аз тарафи дигар, ҳар чӣ фикр мекунам чизи қонеъкунандае дар ин мавзӯъ пайдо намекунам. Ҳол чӣ гуна аст? Оё матлаб аз асос хеле сусту беасос аст ё чизе дар кор аст, ки мо огоҳ нестем?

Он матлаб роҷеъ ба ин буд, ки арз кардем, яке аз далоили касоне, ки мегӯянд ҳеч қонуне наметавонад абадӣ ва ҷовидон бошад ва замон ҷабран онро тағйир медиҳад, назарияи ҷабри таърихӣ дар таъбири бахусус морксистҳост, ки мӯътақиданд ҳамаи таъсисоти иҷтимоӣ — аъам аз фарҳангӣ, қазоӣ, динӣ, ахлоқӣ, моддӣ, маънавӣ, ҳама чиз — ҳукми рӯбиноеро бар дӯши равобити иқтисодии афроди башар ва чигунагии тавлиду тавзеъи сарват дорад; асосу реша онҷост; ҳар гуна тағйире, ки дар онҷо пайдо бишавад — ки ҷабран тағйир пайдо мешавад ва ба як ҳол намемонад ва тағйири шакл медиҳад, ҳамчунон ки то кунун додааст ва давраҳои мухталиф пайдо шуда — хоҳ нохоҳ ҳар шаъни дигар аз шуъуни иҷтимоъ ҷабран ва заруратан тағйир мекунад.

Агар ин матлаб дуруст бошад, мо бояд қабул кунем, ки ҳеч қонуне дар ҷаҳон наметавонад ҷовидон бимонад, чун худи қонун, ҷилвае аз ҷилваҳои равобити иқтисодӣ аст. Вақте, ки зербинои қонун иваз шуд, худаш аслан наметавонад барои ҳамеша боқӣ бимонад.

Бидуни шак, инсон як мавҷуди иҷтимоӣ аст. Маънои ин ки инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст, мусаллам сирфи ин нест, ки инсонҳо бояд бо якдигар дар як макон — масалан дар шаҳр ё деҳ — зиндагӣ кунанд ва зиндагиҳояшон наметавонад мисли баъзе аз ҳайвоноти саҳро, ки инфиродӣ зиндагӣ мекунанд (монанди шеру паланг) ба таври мунфарид бошад; сирфи ин нест, ки фақат бо ҳам галавор зиндагӣ мекунанд, балки зиндагии афроди башар бар асоси як силсила равобит аст ва дар воқеъ як навъ таркиб миёни афрод сурат мегирад, ва ин таркибест мунҳасир ба навъи худ. Ин гуна таркиб, хориҷ аз ҷаҳони инсон вуҷуд надорад.

Масалан, як вақт мо ба теъдоде дарахт нигоҳ мекунем, ки дар боғе ба зиндагии худашон идома медиҳанд. Ҳар дарахте, аз дарахти дигар сад дар сад ҷудост. Сарнавишти ҳеч дарахте ба сарнавишти дарахти дигар бастагӣ надорад ва ҳеч дарахте мукаммили дарахти дигар нест. Яъне агар даҳто дарахти себ дар як боғ ҳаст, ин дарахти себ худаш ҳаст ва замине, ки дар он реша давонида ва ҳавову обе, ки аз он истифода мекунад. Ҳаддиаксар ин аст, ки он дарахтҳо рӯяш соя меандозанд, ки масъалаи муҳимме нест. Яъне як дарахт бо вуҷуди дарахтҳои дигар дар боғ, ҳамон миқдор имкони рушд дорад, ки ҳеч дарахте набошад. Агар тамоми дарахтҳои ин боғро қатъ кунанд, ба ин дарахт садмае намехӯрад ва балки каме ҳам озодтар мешавад, ва агар милюнҳо дарахти дигар ҳам инҷо вуҷуд дошта бошад, ин дарахт дар зиндагии худаш ниёзе ба ҳамкорӣ ва таркиб шудан бо он дарахтҳои дигар надорад.

Ин як ҷур зиндагӣ аст, ки дар айни ин ки иҷтимоӣ аст (яъне дар якҷо ҷамъ шудаанд), ҳеч гуна иҷтимое нест. Оё зиндагии афроди инсон мисли зиндагии дарахтҳое аст, ки дар як боғанд? Қатъан ин ҷур нест.

Навъи дигаре аз иҷтимоъ вуҷуд дорад, ки дар нуқтаи муқобили ин навъ иҷтимоъ аст, мисли таркибҳои моддӣ, унсурҳое, ки дар якҷо ҷамъ мешаванд ва табиат ё дасти инсон аз онҳо як мураккаб ба вуҷуд меоварад, монанди об, ки аз ду унсури гоз таркиб шудааст. Дар инҷо баръакс ва дуруст дар нуқтаи муқобили дарахтҳо, шахсияти аҷзоъ аслан боқӣ нест; аҷзоъ дар ин кулл маҳв шудаанд. Он чи ки алъон вуҷуд дорад, об аст бо хоссияти худаш. Он оксижен ё ҳидружен, он гозҳо бо хоссияти худашон вуҷуд надоранд. Ҳамин қадр ҳаст, ки илм мешиносад, ки ин об аз ин ду ҷузъ ба вуҷуд омада, вале ҳисобе, ки алъон дар кор нест, рӯи аносури ташкилдиҳанда аст, ҳисоб фақат рӯи кулл асту бас.

* * *

Таркиби ҷомеаи инсонӣ чӣ гуна таркибе аст?

Ҷомеаи инсонӣ чӣ тавр? Оё ҷомеаи инсонӣ инчунин аст? Яъне афрод он қадр бо якдигар таркиб шудаанд, ки ҳеч асолате надоранд ва асолат моли кулл аст? Ин ҷур нест. Ҷомеаи инсонӣ на мисли дарахтҳо ё гӯсфандҳое аст, ки дар якҷо ҷамъанд, ки асолат сад дар сад моли афрод ва аҷзоъ аст, ва на мисли як мураккаби табиӣ ё шимиёӣ аст, ки асолат сад дар сад моли кулл аст. Афроди инсон, ҳам маҳв дар кулл ва тобеъи кулл ҳастанд, ва ҳам аз навъе истиқлол дар муқобили кулл бархӯрдор ва баҳраманданд. Аз ин рӯ ин “ҷузъ” метавонад “кулл”-и худашро тағйир диҳад. Инсон қодир аст муҳити худашро тағйир бидиҳад, дар айни ин ки таҳти таъсир ва маҳкуми муҳити худаш аст. Инсон, ҳам таҳти таъсир ва сохтаи муҳити худаш аст ва ранги муҳити худашро дорад, ва ҳам аз навъе озодӣ ва ихтиёр ва истиқлол дар муқобили муҳити худаш бархӯрдор аст ва ҳатто қудрати тағйир додани онро дорад.

Ин ки нерӯи гардонандаи таърих — ва ба қавли оқоён, зербинои таърих — чист, ба ин ду шаъни инсон марбут аст: яке ин ки ҳар инсонеро аз назари сиришти инсонияш бояд дар назар бигирем, ки ғароизи ҳоким бар вуҷуди инсон, он ғароизи аслӣ, ки инсон қатъи назар аз ҳар тарбияту одате, ки дорад, чист? Ва дигар ин ки нақши фарди инсон дар ҷомеаро бояд лиҳоз кунем.

Дар инсон ғаризаи идомаи ҳаёт, ғаризаи рафъи гуруснагӣ ва ишқ ва тамоюл ба маводди хӯрокӣ ва лаззатбахш аз ин ҷиҳат, ҳаст. Бидуни шак, ғаризаи асиле ҳам ҳаст. Ғаризаи ҷинсӣ дар инсон ҳаст, ғаризаи асиле аст. Ғаризаи бартариталабӣ дар инсон ҳаст, ғаризаи асиле аст. Ҳатто ғаризаи ҳунар ва зебоӣ дар инсон ҳаст ва ғаризаи асиле аст. Яъне инсон зебоиро ба хотири худи зебоӣ мехоҳад, на ба хотири чизи дигар. Дар инсон ғаризаи ҳақиқатҷӯӣ ва илмхоҳӣ ҳаст. Илм, танҳо ба хотири ин ки ба инсон қудрат медиҳад ва мушкилотро ҳал мекунад матлуб нест, балки худи илм матлубияти зотӣ дорад, яъне ин ки инсон бидонад воқеият чист, ҳақиқат чист — ҳарчанд ҳақиқате бошад марбут ба он тарафи каҳкашонҳо ва кучактарин иртиботе ба зиндагиаш надошта бошад — боз худи “донистан” барои инсон матлубият дорад.

Агар мо ин матлабро, ки зербинои ҳар чизе иқтисод аст, бихоҳем бар ин ҷиҳат мубтанӣ кунем, ки “ягона ғаризаи асили инсон, ғаризаи иқтисодӣ аст ва соири ғароиз асил нестанд”, ҳарфи бисёр беасосе аст. Уламои имрӯз ва ҳатто материалистҳои имрӯз ҳам инро қабул намекунанд. Таърих ҳам инро намепазирад. Мушоҳидоти айнӣ дар бораи инсонҳо ҳам инро намепазирад, ки инсон ҳама чизро ба хотири манофеи иқтисодӣ мехоҳад. Зиндагии хонаводагӣ ва тамоюли мард ба интихоби ҳамсар ва тамоюли зан ба интихоби ҳамсар, фақат ва фақат бар асоси таъмини манофеи иқтисодӣ аст?! Чунин чизе нест. Таърих ва ҷараёнҳои таърихӣ инро нишон намедиҳад.

Вале мумкин аст касе бигӯяд, назарияи “асолати иқтисод дар таърих” мубтанӣ бар назарияи “ваҳдати ғариза дар инсон” нест, то ягона ғаризаи асили инсон ғаризаи иқтисодӣ бошад, балки мубтанӣ бар асли дигаре аст, ки мегӯяд: миёни ғаризаи иқтисодии инсон ва соири ғароиз як тафовути асил ҳаст, ки то андозае ҳам ҳарфи дурусте аст. Дуруст аст, ки инсон, бартариталабу ҷоҳталаб офарида шуда ва ғаризаи қудрат асил аст; дуруст аст, ки омили ҷинсӣ дар инсон як омили асил аст ва ҳамин тавр соири омилҳо, аммо фарқ ин аст, ки хостаҳои иқтисодии инсон шарти идомаи ҳаёт аст, яъне бидуни онҳо зиндагӣ имкон надорад, вале соири хостаҳо бо ин ки асолат дорад (яъне инсон онҳоро ба унвони муқаддимаи хостаҳои иқтисодӣ намехоҳад), дар дараҷаи дуввум аст. Яъне инсон фикр мекунад бояд зинда бимонад, то баъд битавонад ишқашро таъмин кунад, то баъд битавонад тафаннуну зебоии худашро таъмин кунад, то баъд битавонад дунболи илм биравад. Асос ин аст, ки одам зинда бимонад. Бидуни рафъи ниёзҳои иқтисодӣ, аслан инсон зинда намемонад. Ба қавли Мавлавӣ, “Одамӣ аввал асири нон буд”. Аввал бояд шикам сер бошад, баъд инсон дунболи имонаш меравад. Ин ки мегӯянд: шиками гурусна имон надорад, як ҳарфе аст, яъне аввал бояд шикам сер бишавад, то баъд инсон битавонад дунболи ғаризаи имон биравад. Бигӯед, имон, худаш ғариза аст. Ғариза бошад, вале асос ин аст, ки аввал бояд шикам сер бишавад. Ҷоҳу қудрату мақом ва ҳамаи инҳо баъд аз ин аст, ки шикам сер бошад. Одам вақте, ки шикамаш гурусна аст, ҷоҳ мехоҳад барои чӣ? Мақом мехоҳад барои чӣ? Бартарӣ яъне чӣ? Аввал шикамаш бояд сер шавад. Ҳатто омили ҷинсӣ ҳам ҳамин тавр аст. Инсон баъд аз серии шикам ба дунболи ин авотиф меравад. Агар шикам гурусна бошад, мумкин аст як касе то охири умраш ҳам ҳамсар интихоб накунад, чун дар дараҷаи аввал бояд дунболи нон биравад.

Мегуфтанд, ҷавоне ошиқ шуда буд. Зиндагиашро падараш таъмин мекард ва ҳанӯз гарму сарди дунёро начашида буд. Падарашро медид, ки роҷеъ ба ин масоил хеле бетафовут аст. Фикр мекард, ки ақли падараш намерасад ва аслан падараш дарк надорад. Мегуфт: чаро падарам ишқро намефаҳмад, ошиқиро намефаҳмад! Рӯзе падарашро ба маломат кашид ва аз олами ишқи худаш чизе бо ӯ дар миён гузошт. Гуфт:

Ҷони падар! Ту ҷилваи хубон надидаӣ,

Рӯи чу моҳу зулфи парешон надидаӣ.

Наншастаӣ ба гӯшае аз дарди ошиқӣ,

Он дам зи дар расидани ҷонон надидаӣ.

Хаёл мекард падараш ин чизҳоро намефаҳмад ва надида. Падараш гуфт:

Ҷони писар! Ту суфраи бенон надидаӣ,

Ҷанги аёлу гиряи тифлон надидаӣ.

Наншастаӣ ба гӯшае аз дарди қарзхор,

Онгаҳ зи дар расидани меҳмон надидаӣ.

Агар инҳоро бибинӣ, ошиқиро фаромӯш мекунӣ.

Гуруснагӣ масъалае аст, ки агар пайдо шуд, одам ҳама чизро фаромӯш мекунад; ишқро, имонро, илмро, ҳунару зебоиро фаромӯш мекунад. Пас, инсон дар дараҷаи аввал нигоҳаш ба масоили иқтисодӣ аст. Онҷо, ки ақрабаи масоили марбут ба шикам тағйир кард, хоҳ нохоҳ — чун ин шарти аввалии ҳаёт аст — ҳама чиз бояд аз он пайравӣ кунад. Пайғамбар ҳам, ки фармуд:

من لا معاش له، لا معاد له

Маънояш ин аст, ки агар маъош набошад, маъод наметавонад вуҷуд дошта бошад.

Пас, мумкин аст касе бигӯяд ин масъала иртиботе ба ин матлаб надорад, ки мо бихоҳем аз назари равоншиносӣ собит кунем, ки ягона ғаризаи асили ҳоким бар башар, ғаризаи иқтисодӣ аст ва соири ғароиз асолат надорад, то шумо бигӯед, ки равоншиносӣ ин матлабро такзиб мекунад ва барои инсон ғароизи дигар ҳам қоил аст. Хайр! Аз ин ҷиҳат намегӯям, балки аз ин назари хосс мегӯям, ки дар миёни таъсисоти иҷтимоӣ, таъсисоти иқтисодӣ ва таъсисоти дигар вуҷуд дорад, аммо башар ҳамеша ин ҷур мебинад, ки агар таъсисоти иқтисодӣ набошад, зиндагӣ нест, вале агар онҳо набошанд, мешавад зиндагӣ кард, гарчи агар бошанд хеле хуб ва лозим аст. Ин аст, ки инҳо, ки тағйир мекунад, ҳама чиз тағйир мекунад.

Мумкин аст касе ин ҳарфро ба ин шакл баён кунад. Албатта, худи морксистҳо ин ҷур намегӯянд. Морксистҳо воқеан мӯътақиданд, ки соири таъсисот, туфайлӣ аст ва дар воқеъ инъикосе ва ҷилвае ва ба як маъно муқаддимае аст бар таъсисоти иқтисодӣ, на ин ки барои худашон истиқлол доранд, вале барои башар ин муҳимтар аст. Хайр! Ҳар гуна истиқлолеро нафй мекунанд.

Ҳатто агар ин ҷур ҳам бихоҳем бигӯем, боз матлаб дуруст нест, чун маънояш ин аст, ки ҳар вақт амри башар доир бошад миёни гуруснагӣ ва ҳар як аз инҳо, омили гуруснагӣ тақаддум дорад. Бисёр хуб, вале магар ҷараёни таърих ҳамеша дар гарави ин ҷур қазияҳо буда? Магар ҳамеша башар сари печи гуруснагӣ, ки мерасида таърихро иваз карда? Ин ҷур нест.

Аслан маънои ин ҳарф ин аст, ки вақте инсон сер бошад, ғароизи дигари инсон фаъолият мекунад, пас дар он вақт чархгардонандаи таърих, онҳо ҳам ҳастанд ва онҳо ҳам дар гардиши таърих саҳми басазое доранд.

Ба илова, мо то ин ҳадд қабул надорем, ки ҳукумати ғаризаи иқтисодӣ бар ҳамаи афроди башар аз тамоми ғароизи дигар қавитар бошад. Инсон дар таърих фидокорӣ мекунад, чӣ фидокориҳое, ки мунҷар ба додани ҷони худаш бошад ва чӣ фидокориҳое, ки мабнӣ бар навъе сахтгирӣ бошад мисли додани фарзанду молу сарват ба хотири ақида ё асабият. Дар бораи онҷо, ки таърихро асабият ба гардиш меоварад чӣ мегӯед?

* * *

Назари Ибни Халдун

Ибни Халдун, ки поягузори ҷомеашиносӣ маҳсуб мешавад, аз касоне аст, ки рӯи асабият хеле такя кардааст ва шояд асолатро барои асабият (яъне ҳамбастгиҳои руҳӣ ва нажодӣ ва амсоли инҳо) медонад.

Инсон гоҳе ба хотири таъассубе, ки дар заминаи нажод ва ватан ва хун ва ақидааш дорад, худро фидо мекунад. Инки дигар мофавқи гуруснагӣ аст. Гуруснагӣ то он вақт ҳоким бар инсон аст, ки инсон шарти аввалаш ин бошад, ки бихоҳад ба ҳар шакл, ки ҳаст зинда бимонад; бигӯяд ҳол, ки мехоҳам зинда бимонам, бидуни нон, ки намешавад, пас асл нон аст. Вале таърихи башар ин ҷур нест. Таърихи башар — лоақал ниме аз он — мегӯяд: аввал ман оқо бошам, озод бошам, истиқлол дошта бошам, шараф дошта бошам, баъд зиндагӣ кунам; ман зиндагие, ки дар он озодӣ ва истиқлол ва шарофат набошад, зиндагие, ки дар он ақида ва имонам дарҳам кӯбида шавад, намехоҳам. Ин ҳамеша дар башар буда, имрӯз ҳам ҳаст.

Замоне, ки лашкари Муовия обро бар сипоҳи Алӣ (а) баста буд, Амирулмӯъминин асҳобашро бо ин ҷумлаҳо чунон ба ҳаяҷон овард, ки дар андак муддате лашкари Муовияро аз шариъаи Фурот дур ронданд. Бибинед чӣ гуна ҳисси шарофат башарро таҳйиҷ кард:

ألا وإنّ معاوية قاد لمة من الغواة

Муовия иддаеро ҷамъ карда… Ва хулоса фармуд: инҳо шариъаро гирифтаанд, ки ташна бимонед ва аз ин роҳ шуморо мустаъсал кунанд:

رووا السيوف من الدماء ترووا من الماء

Мехоҳед сероб бишавед? Шамшерҳои худатонро аз хуни ин нокасон сероб кунед,

فالموت في حياتكم مقهورين والحياة في موتكم قاهرين

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 51) (Яъне) зиндагиву мурдагӣ ин нест, ки одам нафас бикашад ё накашад. Одам бимираду пирӯз, зинда аст; бимонаду маҳкум, мурда аст.

Ин як ғайрате аст дар башар, як ҳиссе аст дар башар. Шеъре ҳам аз Фирдавсӣ дар ин замина аст, мегӯяд:

Тани мурдаву гиряи дӯстон,

Беҳ аз зиндаву таънаи душманон.

Маро ор ояд аз ин зиндагӣ,

Ки солор бошам, кунам бандагӣ.

Воқеан чунин ҳиссе ҳамеша дар башар будааст. Ҳамеша башар ҳама чизро бо миқёси шикаму сериву гуруснагӣ ва масоили иқтисодӣ ва умури қобили мубодила, муқоиса намекардааст.

Мушкони Табасии маъруф — ки авоили умри мо мезиста ва марди хеле фозиле будааст — шеъре аз Унсуриро, ки хеле маъруф ва олӣ аст тазмин кардааст, мегӯяд:

Умр азиз аст, сарфи ғам натавон кард,

Оре, бар хештан ситам натавон кард.

Сайфу қалам гарчи ҳар ду коргушоянд,

Он чи кунад сайф, бо қалам натавон кард.

Байте аз Унсурӣ биёрам к-аз ӯ,

Хубтару нағзтар рақам натавон кард.

“Донишу озодагиву дину мурувват,

Ин ҳамаро бандаи дирам натавон кард”.

Воқеан ҳастанд афроде — алъон ҳам ҳастанд баччаҳое, ки мо бо чашми худамон мебинем — ки ин гуна ҳастанд. Дар зиндагии ҳамаи мо лоақал чизаке аз ин қазия ҳаст, яъне ҳар касе дар худаш эҳсос мекунад, ки по рӯи миқдори зиёде аз манофеи моддии зиндагӣ мегузорад ва аз он мегузарад; аз мақомҳо ва постҳояш, аз ҳуқуқҳои газоф, вилоҳо ва танаъумҳои бузург мегузарад, чун бо шарофаташ ҷур дарнамеояд, бо озодӣ ва истиқлолаш ҷур дарнамеояд.

Бинобар ин, аввалан матлаб ин ҷур нест, ки ҳамеша пои гуруснагӣ дар миён бошад ва ҳар ҷо, ки гуруснагӣ омад, соири омилҳо канор биравад. Ҳама ҷо, ки пои гуруснагӣ дар миён нест. Башар ағлаб корҳоро аз рӯи серӣ мекунад.

Сониян, ҳатто агар пои гуруснагӣ ҳам дар миён биёяд, матлаб аз ин қабил нест, ки ҳар ҷо гуруснагӣ омада имон меравад дунболи кораш, ишқу ҳунару ахлоқ меравад дунболи кораш. Ин муболиға аст. Ин аст, ки таърихро ба ин соддагӣ намешавад тавҷеҳ кард.

Оқоён мегӯянд, нерӯи муҳаррики таърих танҳо омилҳои иқтисодӣ аст. Хайр! Ин ҷур нест. Нерӯҳое ҳаст, ки таърихро ба ҳаракат дармеоварад ва мо ҳеч наметавонем бигӯем тамоми ин нерӯҳо аз як манбаъ ва аз як марказ нерӯ мунбаъис мешавад, мисли соате, ки фанар дорад ва вақте, ки кук мекунем, ин фанарро дар ҳоли фишор қарор медиҳем, баъд тадриҷан, ки боз мешавад, ҳамон қувваи иртиҷои фанар аст, ки фишор меоварад ва ҳамаи чархҳо ва хорҳо ва ҳама чизро ҳаракат медиҳад, ё мисли корхонае, ки як мутур дорад ва ҳамаи чархҳоро ҳамон мутур ба ҳаракат дармеоварад.

Ҷомеаи башариро намешавад ин ҷур тавҷеҳ кард, ки як мутур дорад ва он ҳам омили иқтисодӣ аст. Мутур дорад, вале ҳар як аз ғароизи башар дар ҷои худаш як мутур аст. Ин тазоддҳо, кашмакашҳо ва адами якнавохтиҳо ҳам аз ҳамин ҷо пайдо мешавад, ки як мутур дар кор нест. Аслан агар иҷтимои башар мошини якмутура буд — он тавр, ки ин оқоён мегӯянд — ин ҳама кашмакашу тазодд дар ҷомеаи башарӣ рух намедод. Кашмакашҳо ва тазоддҳо, ки рух медиҳад, як иллати асосиаш ин аст, ки ғароизи башар бо якдигар дар ҳоли ҷанганд.

Ин оқоён мегӯянд, фақат ғаризаи иқтисодӣ вуҷуд дорад, ки танозӯъи табақотӣ ба вуҷуд меоварад, ва танозӯъе нест ҷуз танозӯъи табақотӣ, ки решааш табақот аст ва решаи табақот ҳам моликият аст.

Ин тавр нест. Тазоддҳое ғайр аз тазодди табақотӣ ва ғайр аз тазодде, ки решаи иқтисодӣ дорад, дар ҷомеа вуҷуд дорад, ва ин тазоддҳо маншаи як силсила ихтилофу кашмакаш дар ҷомеаи башарӣ аст.

Ин аст, ки мо ҳар чӣ фикр мекунем, ҳанӯз натавонистаем ин матлабро дуруст тавҷеҳ кунем, ва асосан барои сиҳҳати ин назар чӣ шоҳиде аз таърих метавон овард? Агар аҳёнан дар ҷоҳои муайяне омили иқтисодӣ (ҳол, гуруснагӣ ё ҳирс) омили аслӣ буда, агар порае аз ҳаводиси таърихӣ ва ҷараёнҳои иҷтимоӣ мавлуди гуруснагӣ ё ҳирс бошад, мусаллам қисмати бештараш мавлуди чизҳои дигар аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: