Перейти к содержимому

Тозатарин хабарҳо дар бораи 2 тими интихоботии таъсиргузор дар Афғонистон

Манобеи хабарӣ аз рақобати шадид байни Ашраф Ғанӣ ва Ҳаниф Атмар, номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон барои ташкили тимҳои интихоботӣ барои пирӯзӣ дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурии ин кишвар хабар медиҳанд.

Бо наздик шудани интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон, рақобатҳо бар сари ташкили тимҳои интихоботӣ байни номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури кунунӣ ва Ҳаниф Атмар, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон, ки аз номзадҳои матраҳи интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар ҳастанд, дар таркиби тимҳои интихоботӣ бо якдигар рақобат мекунанд.

Зоҳиран ҳар ду номзади эҳтимолӣ барои пирӯзӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии пеши рӯи Афғонистон даст ба домони ҷараёни опозисиюн шуда ва шуморе аз чеҳраҳои мунтақиди ҳукумати ваҳдати миллиро дар таркиби тими интихоботии худ ҷой додааст.

Таркиби эҳтимолии тими интихоботии Ашраф Ғанӣ

Як манбаъ ба Spogmai Radio гуфта, ки Ашраф Ғанӣ дар назар дорад то дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, курсии риёсати иҷроӣ дар давлати Афғонистонро ҳифз карда ва шумори муовинони риёсати ҷумҳуриро низ ба 3 нафар афзоиш диҳад.

Ин тарҳест, ки пеш аз ин “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” барои пирӯзӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар назар гирифта буд.

Гумоназаниҳое вуҷуд доранд, ки Ашраф Ғанӣ курсии риёсати иҷроиро ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, курсии муовини аввали риёсати ҷумҳуриро ба Салоҳуддин Раббонӣ ва курсии муовинати дуввуми риёсати ҷумҳуриро ба Сарвар Дониш пешниҳод кардааст.

Ҳамчунин барои курсии муовинати севвуми риёсати ҷумҳурии Афғонистон низ дар назар дорад, то яке аз ақвоми ӯзбаки ин кишварро интихоб кунад, аммо то кунун номзади мушаххасеро барои ин курсӣ пайдо накардааст.

Як манбаъ тасреҳ кард, ки Ашраф Ғанӣ аз женерол Дӯстум хоста, то шахси мавриди назарашро барои курсии муовинати севвуми риёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад, аммо раҳбари Ҳизби Ҷунбиши миллӣ-исломӣ хостори муовинати аввали риёсати ҷумҳурӣ дар таркиби тими интихоботии Ашраф Ғанӣ шудааст.

Женерол Дӯстум, раҳбари Ҳизби Ҷунбиши миллӣ-исломии Афғонистон пеш аз ин низ гуфта буд, ки танҳо аз тими интихоботие ҳимоят хоҳад кард, ки курсии муовинати аввали риёсати ҷумҳуриро ба ақвоми ӯзбак ихтисос диҳад.

То кунун афроди ёдшуда тарҳи пешниҳодии Ашраф Ғанӣ барои таркиби тими муштараки интихоботиро қабул накардаанд ва ин мавзӯъ низ аз сӯи манобеи расмӣ таъйид нашудааст.

* * *

Таркиби эҳтимолии тими интихоботии Ҳаниф Атмар

Манобеи хабарӣ тасреҳ карданд, ки Ҳаниф Атмар низ дар ҳоли ройзанӣ бо шуморе аз аҳзоби опозисиюни ҳукумати ваҳдати миллӣ аст ва дар назар дорад, то шуморе аз аъзои “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон”-ро дар тими интихоботии худ ҷой диҳад.

Гумоназаниҳое вуҷуд дорад, ки Ҳаниф Атмар низ тарҳи мушобеҳ бо тарҳи Ашраф Ғаниро дар таркиби тими интихоботии худ барои пирӯзӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар назар гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки Ҳаниф Атмар низ дар сурати пирӯзӣ, курсии риёсати иҷроиро дар давлати Афғонистон ҳифз карда ва Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломиро барои ин курсӣ дар назар гирифтааст.

Вай курсии муовинати аввали риёсати ҷумҳуриро ба Юнус Қонунӣ, узви аршади Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ, курсии муовинати дуввумро ба Муҳаммади Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби Ваҳдати мардум ва курсии муовинати севвумро низ ба Шокир Коргар, сиёсатмадори ӯзбактабори ин кишвар пешниҳод кардааст.

Ҳаниф Атмар, мушовири собиқи амнияти миллии Афғонистон, ки пеш аз ин аз муттаҳидони дараҷаи яки Ашраф Ғанӣ буд, ҳоло ба рақиби қобили таваҷҷӯҳе дар интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар дар баробари Ашраф Ғанӣ табдил шудааст.

* * *

Имтиёздиҳии зудҳангом

Ашраф Ғанӣ барои пирӯзӣ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон аз ҳамакнун тарфанди имтиёздиҳиро низ дар пеш гирифта ва шуморе аз чеҳраҳои мунтақидро дар мақомҳои муҳимми давлатӣ гумоштааст.

Бо вуҷуди ин ки замони начандон тӯлонӣ барои интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон боқӣ мондааст, аммо Ашраф Ғанӣ дар моҳҳои ахир Амруллоҳ Солеҳ, аз чеҳраҳои барҷастаи тоҷикро ба унвони вазири кишвар, Асадуллоҳ Холидро ба унвони вазири дифоъ ва Умар Довудзайро ба унвони раиси дабирхонаи Шӯрои олии сулҳи Афғонистон таъйин кардааст.

Гумонаҳое вуҷуд доранд, ки Ашраф Ғанӣ бо гумоштани афроди ёдшуда талош мекунад, то эътимоди ақвоми тоҷик ва ҳимояти Шӯрои олии сулҳи Афғонистонро барои интихоботи риёсати ҷумҳурӣ касб кунад.

Ин дар ҳолест, ки “Эътилофи бузурги миллии Афғонистон” низ пеш аз ин эълом карда буд, ки номзади воҳидеро барои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар муаррифӣ хоҳад кард.

Аммо ин ҷараёни сиёсии бузург то кунун тими мушаххасеро барои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар муаррифӣ накардааст.

Дар ҳоле, ки манобеи хабарӣ аз ташдиди рақобатҳо байни Ашраф Ғанӣ ва Ҳаниф Атмар бар сари таркиби тимҳои интихоботӣ хабар медиҳанд, аммо ҳар дуи онҳо то кунун дар раванди сабти номи номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар ширкат накардаанд.

Латиф Пидром, раҳбари Ҳизби Кунграи Миллии Афғонистон, Раҳматулло Набил, раиси собиқи амнияти миллии Афғонистон, Муҳаммад Ҳаким Турсун, Шайдо Муҳамад Абдолӣ, сафири собиқи Афғонистон дар Ҳинд, Аҳмад Валӣ Масъуд, раҳбари ҷараёни “Вифоқи Миллӣ”, аз номзадҳои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар маҳсуб мешаванд.

Бо ин ҳол, Ашраф Ғанӣ ва Ҳаниф Атмар аз номзадҳои матраҳ дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон маҳсуб мешаванд, аммо бо наздик шудани интихоботи риёсати ҷумҳурӣ, эҳтимоли сафороиҳои ҷадиди интихоботӣ низ афзоиш хоҳад ёфт.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: