Перейти к содержимому

Даромади Гурҷистон аз гардишгарӣ ба беш аз 3 милёрд дулор расид

Момуко Бохтодзе, нахуствазири Гурҷистон гуфт: “Дар соли 2018, 8 милюну 679 ҳазор мусофири хориҷӣ аз Гурҷистон дидор карда ва даромади ин кишвар аз маҳалли гардишгарӣ ба беш аз 3 милёрд дулор расид.”

Бохтодзе афзуд: “Теъдоди мусофирони хориҷӣ, ки дар соли 2018 ба Гурҷистон сафар кардаанд, дар муқоиса бо як соли қабл 9.8 дарсад афзоиш ёфтааст.”

Вай изҳор дошт: “Шумори мусофирони хориҷӣ, ки бо ҳадафи гардишгарӣ ба Гурҷистон сафар кардаанд, 4 милюну 700 ҳазор нафар буда, ки 16.9 дар сад дар муқоиса бо як соли қабл аст.”

Бино ба омори расмӣ, дар 11 моҳи соли 2018, даромади Гурҷистон аз гардишгарии хориҷӣ наздик ба 3 милёрд дулор буда, ки 485 милюн дулор бештар аз соли қабл аст.

Саҳми гардишгарӣ дар кулли тавлиди нохолиси дохилии Гурҷистон дар соли 2018, 7.6 дар сад буд.

Бино ба гузориши Numbeo, Гурҷистон дар соли 2018 аз назари саҳми гардишгарӣ дар тавлиди нохолиси дохилӣ, дар миёни 125 кишвар дар радаи панҷум қарор мегирад.

Ҳамчунин бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии гардишгарӣ, Гурҷистон аз назари рушди сареъи гардишгарӣ дар рутбаи чаҳоруми ҷаҳонӣ ва дар Урупо дар радаи дуввум қарор мегирад.

Идораи миллии гардишгарии Гурҷистон, теъдоди гардишгарони хориҷиро, ки дар соли 2017 ба ин кишвар сафар карданд, 7 милюну 555 ҳазор нафар ва даромади ҳосил аз онро ду милёрду 700 милюн дулор эълом кард.

Гурҷистон бо масоҳати 69.7 ҳазор километри мураббаъ ва бо 3 милюну 718 ҳазор нафар ҷамъият, яке аз се кишвари минтақаи Қафқози ҷанубӣ аст.

Ҷозибаҳои табиӣ, ҷангалҳо ва манотиқи кӯҳистонии сарсбз ва қарор гирифтани бахше аз ин кишвар дар савоҳили баҳри Сиёҳ, шароити хубе барои тавсиъаи гардишгарӣ фароҳам кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: