Перейти к содержимому

Рози ин ки китобҳои осмонӣ ба исботи вуҷуди Худо напардохта чист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯза, ғолибан аз се китоб ба унвони китобҳои осмонӣ ном мебаранд: Қуръони Карим, Инҷил ва Таврот. Оё медонед, дар ҳеч як аз ин се китоб (ҳарчанд Инҷил ва Таврот аз назари мо, мусалмонон таҳрифшуда аст), ба сурати мустақим ба исботи вуҷуди офаридгор пардохта нашудааст, гарчи метавон гуфт, ба сурати ғайримустақим пардохта шуда. Балки ба ҳамин миқдор иктифо шуда, ки эй мардум! Ба Худо имон оваред!

Ва ин дар ҳоле аст, ки имон ба офаридгор, аввалан, бастагӣ ба ин дорад, ки вуҷуди офаридгор барои касе, ки бихоҳад ба ӯ имон биёварад, исбот шавад.

Сирри ин матлаб дар чист?

Сирраш дар ин аст, ки вуҷуди офаридгор дар ин китобҳо мусаллам ангошта шуда, яъне аз назари китобҳои осмонӣ, вуҷуди офаридгор ба ҳадде равшану ошкор будааст, ки асосан ниёз ба исбот надорад, ва ба фармудаи Қуръони Карим:

قَالَتْ رُسُلُهُمْ أَفِي اللَّهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالأرْضِ

Паёмбаронашон гуфтанд: магар дар бораи Худо – падидоварандаи осмонҳо ва замин шакку тардиде ҳаст?!..” (Сураи Иброҳим, ояти 10)

* * *

Воқеият ҳам ҷуз ин нест. Яъне, ҳеч касе дар дунё вуҷуд надорад, ки воқеан битавонад вуҷуди офаридгорро инкор кунад. Шояд ба забон инкор кунад ва бигӯяд, Худо нест, аммо дар воқеъ наметавонад. Зеро, он чи ӯ ба унвони Худо инкор мекунад ва мегӯяд “нест”, воқеан нест. Яъне, он мавҷуде, ки ба унвони Худо дар зеҳни ӯ нақш баста, воқеан вуҷуд надорад ва аз ин рӯ ҳақ дорад бигӯяд, ӯ нест. Аммо агар битавонад ҳақиқати вуҷуди Худоро тасаввур намояд, мебинад, ки вуҷуди офаридгор инкорнопазир аст. (Албатта, на зот ва моҳияти ӯро, ки ин кор барои башар маҳол аст.)

Пас, мушкил – тамоми мушкил — дар тасаввури мо аз вуҷуди Худо будааст, ки аз аввал бояд дуруст ва мутобиқ бо воқеъ бошад.

Мурод аз Худо дар забони Қуръони Карим “зоте аст комил ва дорандаи камолоти вуҷудӣ”:

 لَهُ الْأَسْمَاءُ الْحُسْنَى

 “Ӯ дорандаи сифоти некӯст…” (Сураи Ҳашр, ояти 24) “Асмо ул-ҳусно” иборати дигаре аст аз ҳамон “камолоти вуҷудӣ”, яъне ӯ “вуҷуд ва ҳастии маҳз” аст; ҳастие, ки адам ва нестӣ дар он роҳ надорад, яъне наметавон гуфт, ӯро кӣ офарида, зеро дар ин сурат ӯ офаридашуда хоҳад буд на офаридгор, ва офаридашуда ҳам мавҷуде аст, ки аввал набуда ва сипас “буд” шуда, дар ҳоле, ки зоти офаридгор зоте аст, ки адам дар ӯ аслан роҳ надорад. Ҳастии маҳз ба ҳамин маъност.

Он касе, ки ба забон Худоро инкор мекунад, ӯ аз аввал тасаввураш аз Худо нодуруст буда; ӯ вуҷуди Худоро ба вуҷуди соири мавҷудот – ки аввал набуданд сипас “буд” шуданд – қиёс карда ва он гоҳ пеши худ гуфта, агар қарор аст Худо бошад, пас ӯро кӣ офарида? Аз аввал тасаввураш нодуруст буда.

Мушкили бисёреҳо аз аввал ҳамин буда. Худоро, ки инкор мекарданд, дар воқеъ мавҷудеро инкор мекарданд, ки сохта ва пардохтаи зеҳни кучаки худашон будааст. Дар ривоят аст, ки Имом Содиқ (а) мефармояд:

كلّما ميّزتموه بأوهامكم في أدقّ معانيه مخلوق مصنوع مثلكم مردود إليكم، و لعلّ النمل الصغار تتوهّم أنّ للّه سبحانه زبانتين‏، فانّ ذلك كمالها، و تتوهّم أنّ عدمهما نقصان لمن لا يتّصف بهما، و كذا حال العقلاء فيما يصفون اللَّه سبحانه و تعالى به

Ҳар чизе, ки шумо дар зеҳни худ бипарваред, агарчи хеле дақиқ бошад, боз махлуқ ва сохтаи зеҳни шумост ва ба сӯи худатон бозгашт дорад ва ҳамонанди худатон аст. Шояд мӯрчагони кучак ҳам гумон кунанд, ки Худованд ду шохак дорад; зеро барои мӯрча шохак камол аст ва надоштани шохакро айб медонад; ва ҳамчунин аст ҳоли касоне, ки Худованди Мутаъолро васф мекунанд ва онҳо низ Худовандро бо худ муқоиса мекунанд.” (Минҳоҷул-бароъа фи шарҳи Наҳҷил-балоға, ҷ.17, с.264)

* * *

Ҳол, касоне, ки мункири офаридгор ҳастанд, ағлаб мӯътақиданд, ки ҷаҳон аз аввал буда ва ҳаст ва хоҳад буд, на ин ки набуда сипас пайдо шуда, то навбат ба ин бирасад, ки бигӯем, ҷаҳонро кӣ падид оварда!

Ин афрод, дар ҳоле, ки мункири офаридгор ҳастанд, нохудогоҳ ба “кулли ҷаҳон” сифати “худоӣ” додаанд, яъне сифати азалият ва абадиятро. Дар воқеъ, ин афрод, так-таки мавҷудоти ҷаҳонро мавҷудоти мутағайиру мутаҳаввил медонанд (яъне “шуданҳо” медонанд), аммо дар айни ҳол, аз “кулли ҷаҳон” сифати тағйиру таҳаввулро салб ва барояш навъе сифати “субут” қоиланд. Ин яъне, мӯътақид шудан ба зоте, ки собит ва азалӣ ва абадӣ аст. Ин яъне мӯътақид ба офаридгор будан; бо ин фарқ, ки номашро “Худо” намедонанд, балки “кулли ҷаҳон” меноманд.

Ва дар ин сурат, фарқи инҳо бо Худобоварон танҳо дар ин аст, ки Худобоварон ин зоти абадӣ ва азалиро зоте огоҳ ва дорандаи камолоти вуҷудӣ, ки ҳамаи мавҷудот ба ӯ такя доранд (қайюм) медонанд, аммо инон, барои ӯ (яъне барои ин мавҷуди азалӣ ва абадӣ) ба ҷуз ду сифати азалият ва абадият, дигар ҳеч сифате қоил нестанд. Фарқ танҳо дар ҳамин асту бас.

Дар ин сурат, ҷанҷоли Худобоварон бо мункирони Худо дар сари ин мавзӯъ, ки оё Худо ҳаст ё нест, фақат як ҷанҷоли лафзӣ хоҳад шуд, на беш аз ин.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: