Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (352)

Нишондани подшоҳон сӯфиёни орифро пеши рӯйи хеш, то чашмашон бад-эшон равшан шавад

* * *

Мавлоно дар ин фасл, ба яке аз русуми Салоҷиқаи Рум (Осиёи Сағир, Туркияи имрӯз) ишорат дорад. Шоҳони салҷуқии Рум ба ҳусни тадбиру мулотифату бархӯрди муридона бо урафо ва сӯфия машҳур будаанд. Аз он ҷумла Алоуддин Кайқубод (11-умин подшоҳ аз салҷуқиёни Рум) ва вазири фозилу донишманднавозаш Муъинуддин Парвона, чунин расме доштаанд. Дар давраи онон, Қуния паноҳгоҳи сӯфиёни муҳоҷир ва ё фирорӣ буд. Наҷмуддини Розӣ (соҳиби “Мирсодул-ъибод”), Шаҳобуддини Суҳравардӣ, Садруддини Қунавӣ, хонадони Мавлоно ва дигарон, мавриди эҳтирому эъзози онон будаанд. Никелсун дар таъвили ин фасл гӯяд: “Манзур аз шоҳ руҳ аст, ва манзур аз паҳлавонон қувои нафсонӣ, ва манзур аз мушриф ва аҳли қалам ақл, ва манзур аз сӯфиён қалби мунаввари авлиё.” (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, ҷ.1, с.432)

Подшоҳонро чунон одат бувад,

Ин шунида бошӣ, ар ёдат бувад:

Дасти чапшон паҳлавонон истанд,

З-он ки дил паҳлӯйи чап бошад ба банд.

Агар ин матлабро шунида ва ба ёд дошта бошӣ, шоҳони пешин равишу суннате доштаанд, бад-ин гуна: бар дасти чапи шоҳони бостон паҳлавонон меистоданд, зеро ки қалби санавбарӣ дар самти чапи қафаси сина қарор гирифтааст.

Мушрифу аҳли қалам бар дасти рост,

З-он ки илми хатту сабт он дастрост.

Девонон ва нависандагон дар самти рости шоҳ ҷой мегирифтанд, зеро ки навиштанро бо дасти рост анҷом медиҳанд.

Мушриф: раиси девон, касе, ки аз сӯи шоҳ барои муроқибати кори дигарон гуморда шавад.

Сӯфиёнро пеши рӯ мавзеъ диҳанд,

К-ойинай ҷонанду з-ойина беҳанд.

Сӯфиёни софиро низ пеши рӯ ва муқобили худ ҷой медоданд, зеро ки сӯфиён ойинаи ҷони одамиён ҳастанд ва ҳар он чи аз дили одамиён гузарад, дар ойинаи вуҷуди онон нишон дода шавад.

Сина сайқалҳо зада дар зикру фикр,

То пазирад ойинай дил нақши бикр.

Зеро онон бо азкори раббонӣ ва афкори ҳаққонӣ синаро сайқал задаанд, ва ба ҷиҳати ҳамин сайқалу сафост, ки нақшҳои бикрро дар худ нишон медиҳад.

Ҳар кӣ ӯ аз сулби фитрат хуб зод,

Ойина дар пеши ӯ бояд ниҳод.

Ҳар кас, ки бо фитрати пок хуб зода шуд, бояд ойинаро пеши рӯйи ӯ гузошт, то ҳусни хешро тамошо кунад.

Ошиқи ойина бошад рӯйи хуб,

Сайқали ҷон омаду “тақвал-қулуб”.

Рӯйи зебо ошиқи ойина аст, ва он ойина мӯҷиби сайқали руҳу тақвои қалб мегардад.

Нукта: Ҳамин тавр, агар касе нексиришту зебохӯй бошад, ойинаи вуҷуди орифонро пеши рӯйи худ мениҳад, то зебоиҳои худро дар вуҷуди онон тамошо кунад ва хисоли неки худро дар сифоти волои онон бибинад. Мисроъи дуввум ишорат аст ба ояти 32 сураи Ҳаҷ:

وَمَنْ يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ

Ва ҳар ки шаъоири дини Худоро мӯҳтарам дорад, ҳамоно ин сифати дилҳои парҳезгор аст.”

Ҳикояти баъдӣ дар табйини ҳамин мавзӯъ омадааст. Афроди покдил аз рӯбарӯ шудан бо авлиёуллоҳ ва мавозини ҳаққу ҳаққоният на танҳо биме ба худ роҳ намедиҳанд, балки хушнуд низ мешаванд, зеро даруни зебои худро бо ойинаи вуҷуди онон беҳтар мушоҳида мекунанд, вале баддилон аз мавозини ҳаққу ҳаққоният мераманд. Зеро хуш надоранд, ки аҳволи ботинӣ ва макнуноти ниҳонашон аён шавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ. Ҷ.1, с.913)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: