Перейти к содержимому

Ардуғон дидор бо Болтонро напазируфт

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ҳозир ба дидор бо Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Кохи сафед нашудааст.

Ба гузориши рӯзномаи туркияии Daily Sabah, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ҳозир ба дидор бо Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Кохи сафед нашудааст.

Ба навиштаи ин рӯзнома, Болтон омода мешавад, ки хоки Туркияро тарк кунад.

Ҷон Болтон шаби гузашта ба Туркия сафар кард, то бо мақомоти туркияӣ дар хусуси вазъияти манотиқи шимолии Сурия пас аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз ин кишвар гуфтугӯ кунад.

Болтон дирӯз дар сарзаминҳои ишғолӣ (Исроил) буд ва таъкид карда буд, ки бо Туркия дар хусуси вазъияти курдҳои таҳти ҳимояти Омрико пас аз ин хуруҷ сӯҳбат хоҳад кард. Шибҳинизомиёни курд мавсум ба “Нерӯҳои демукротики Сурия” аз ҳимояти Вошингтун бархӯрдоранд.

Ардуғон имрӯз дар суханоне таъкид кард, ки изҳороти рӯзи гузаштаи Болтон дар хусуси амалиёти низомии Туркия дар Сурия қобили пазириш нест.

Туркия қасд дорад дар пайи хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз шимоли Сурия, амалиётеро дар шарқи Фурот оғоз кунад. Давлати Сурия ҳузури Туркия дар хоки худро ғайриқонунӣ ва хилофи қавонини байналмилалӣ медонад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: