Перейти к содержимому

Оё Натонёҳу ба Арабистон меравад?

Ба қалами Корен Элиут Ҳоус (Karen Elliott House) дар Wall Street Journal

Корен Элиут Ҳоус (Karen Elliott House), рӯзноманигор ва сардабири собиқи рӯзномаи Wall Street Journal

Сафари Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил ба Риёз, набояд мардумро ғофилгиру таъаҷҷубзада кунад; зеро давлати Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, тайи ду соли ахир тамоми талоши худро ба кор гирифта то Арабистон ва Исроил ҳамкории аланӣ бо якдигар дошта бошанд.

Сафари Натонёҳу ба Арабистон шуданӣ аст; зеро Бен Салмон ошиқи моҷароҷӯӣ ва риск аст ва дӯст дорад парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди арабистониро, ки 2 октябр дар консулгарии ин кишвар дар Истонбул кушта шуд бибандад.

Ба назар мерасад, сафари Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико ба Ховари Миёна тайи ҳафтаи ҷорӣ, барои поён додан ба “достоне” бошад, ки қаҳрамони он валиаҳди Арабистон аст.

Шоёни зикр аст, ки мудирони омрикоӣ низ дар минтақа ҳузур доранд; Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Омрико, рӯзи шанбе ба Исроил рафт ва Помпео ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар ибтидои сафари давраии худ вориди Аммон, пойтахти Ӯрдун хоҳад шуд. Вай дар ин сафари давраӣ ба ҳашт кишвари арабӣ меравад ва қасд дорад пеш аз сафари худ дар аввалҳои ҳафтаи оянда ба Риёз, дар Қоҳира суханронӣ кунад. Помпео дар ин сафари худ таъкид хоҳад кард, ки Омрико равобиташ бо минтақаро мутаваққиф накарда ва аз Ховари Миёна ғофил нест, балки ба раҳбарии талошҳо алайҳи Эрон идома медиҳад.

Дар қалби ин талошҳо, Исроил ва Арабистон ду ҳампаймони мавриди эътимоди Омрико қарор доранд, ки ҳарос аз Эрон, нуқтаи муштараки ҳар дуи онҳост. Арабистон ва Исроил равобити ғайрирасмии худро ҳифз кардаанд ва бо якдигар дар ростои манофеъи худ ҳамкориҳои амниятӣ доранд. Чаро ин равобитро фош намекунем?

Дар воқеъ дидори Натонёҳу ва Бен Салмон, метавонад нуқтаи атфи талошҳои давлати Тромп дар мунзавӣ ва маҳор кардани Эрон бошад. Бетафовутии кишварҳои арабӣ нисбат ба интиқоли сафорати Омрико аз Телавив ба Қудс ҳам ин итминони хотирро ба валиаҳди Саудӣ дода, ки дар замони муносиб иртиботи худ бо Исроилро аланӣ кунад.

Дар сатҳи сиёсӣ, ифшогарӣ дар бораи равобити Арабистон ва Исроил, ба ҳар се раҳбар яъне Тромп, Натонёҳу ва Бен Салмон хидмат хоҳад кард ва мӯҷиби инҳирофи афкори умумӣ ва расонаҳо аз мушкилоте хоҳад буд, ки гиребони онҳоро гирифтааст. Тромп аз душвории вазъияте, ки ба далели таътилии ниҳодҳои федероли Омрико ва тасмими ғофилгиркунандаи худ дар бораи хуруҷ аз Сурия бо он рӯ ба рӯст, то ҳудуде раҳоӣ хоҳад ёфт. Натонёҳу низ, ки бо мушкилоти сиёсӣ дар дохил ва интихоботи порлумонӣ муқобила мекунад, чунин сафаре дастоварди хубе барои ӯ ба ҳамроҳ хоҳад дошт, ҳамонанди сафаре, ки Анвар Содот, раисиҷумҳури пешини Миср, ба Исроил (сарзаминҳои ишғолӣ) дар соли 1977 дошт. Дидори валиаҳди саудӣ бо Натонёҳу мумкин аст истиқболи байналмилалиро барои Бен Салмон, ки пас аз қатли Хошуқҷӣ комилан мунзавӣ шуда, ба дунбол дошта бошад.

Бо вуҷуде, ки ин дидор манофеъе барои Тромп ва Натонёҳу ба дунбол хоҳад дошт, аммо ҳомили хатарҳое барои валиаҳди ҷавони Арабистон аст; зеро ҳамкории ошкори ӯ бо Исроил пеш аз ҳаллу фасли масъалаи Қудс, бидуни шакк мухолифати маҳофили динии Арабистонро дар пай хоҳад дошт. Аммо ин мухолифатҳо ба далели сиёсати саркӯбгаронае, ки Бен Салмон алайҳи мухолифон ва уламои динӣ иттихоз карда, камранг хоҳад шуд. Бинобар ин, ин сафар бо вуҷуди доштани паёмадҳои хатарнок, натоиҷи мусбате дар пай хоҳад дошт.

Ҷоред Кушнер, домод ва мушовири аршади Тромп, тайи ду соли ахир барои муттаҳид кардани Арабистон ва Исроил бо ҳадафи ҳимоят аз тарҳи мавсум ба “Муомилаи қарн” ва барқарории равобити ҷомеъи диплумотик талош кардааст.

Равшан нест, ки кишварҳои минтақа омодаи пазириши ин тарҳ ҳастанд ё на, аммо он чи ки возеҳ аст ин аст, ки онҳо омодаи париш аз рӯйи масъалаи Фаластин ва ҳамкорӣ бо Омрико барои ба зону даровардани Эрон ҳастанд; кишваре, ки дар Яман, Сурия, Ироқ ва Лубнон нақши таъйинкунандае дорад ва омиле барои ҳамкории дуҷонибаи Саудӣ ва Исроил шудааст.

Валиаҳди ҷавон дар изҳороти худ ишора карда, ки барқарории равобит бо Исроил дар ояндаи наздик хоҳад буд. Ӯ дар моҳи апрел дар ҷараёни сафараш ба Омрико гуфта буд: “Яҳудҳо ҳақ доранд дар сарзамини худ дар сулҳ зиндагӣ кунанд.” Вай дар ростои тавҷеҳи иртиботи кишвараш бо Исроил, гуфт, ки Паёмбари Худо (с) бо як зани яҳудӣ издивоҷ кард.

Дидори алании валиаҳд ва нахуствазири Исроил монанди сафари Анвар Содот ва Ричорд Никсун, раисиҷумҳури асбақи Омрико ба Чин дар соли 1972 ва низ нишасти Тромп бо раҳбари Куреи шимолӣ аст, ғайримумкин буд, аммо воқеияти ҷадид, мантиқи маҳолотро аз байн мебарад, зеро Тромп ошиқи намоишҳои ҷаззоб аст ва тасаввураш ин аст, ки ин дром (дидори Натонёҳу ва Бен Салмон)-ро аз сафҳаи телевизиюн расад мекунад ё ин ки барои мушорикат дар он ба Риёз парвоз мекунад.

Wall Street Journal

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: