Перейти к содержимому

Вазири собиқи исроилии муттаҳам ба ҷосусӣ барои Эрон, ба 11 сол ҳабс маҳкум шуд

Вазири пешини энержии режими саҳюнистӣ, ки пеш аз ин муттаҳам ба ҷосусӣ барои Эрон шуда буд, аз сӯи додгоҳ ба 11 сол ҳабс маҳкум шуд.

Ба гузориши i24news, Гонен Сегев, вазири пешини энержии режими саҳюнистӣ, ки пеш аз ин муттаҳам ба ҷосусӣ барои Эрон шуда буд, аз сӯи додгоҳ ба 11 сол ҳабс маҳкум шуд.

Дар ҷаласаи додгоҳ, Созмони амнияти дохилии режими саҳюнистӣ “Шобок” Сегеви 62-соларо ба барқарории тамосҳои ғайриқонунӣ бо авомили Эрон, ифшои иттилооти маҳрамона дар бораи зерсохтҳои низомӣ ва ғайринизомии режими саҳюнистӣ ва ҷосусӣ муттаҳам карда буд.

Манобеи расонаии саҳюнистӣ низ гузориш доданд, ҷузъиёти парвандаи Гонен Сегев нишон медиҳад, ки вай замоне ки ба унвони пизишк дар Ниҷерия фаъолият мекарда бо авомили мухталифи эронӣ иртибот доштааст.

Пеш аз ин, рӯзномаи Haaretz навишта буд, ки агар иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи вазири пешини энержии Исроил сиҳҳат дошта бошад, истихдоми ӯ ба унвони ҷосус ва омили иттилоотӣ, як пирӯзӣ барои Эрон аст.

Рӯзномаи Jerusalem Post низ навишта буд, ки ҷазби вазири пешини энержии Исроил тавассути Эронро наметавон нодида гирифт, зеро ӯ метавониста илова бар ироаи иттилооти ҳаётӣ, мақомоти дигарро барои табдил шудан ба ҷосус, ба Эрон муаррифӣ кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: