Перейти к содержимому

Як ҳизби ҷадиди сиёсии дигар дар Ӯзбекистон фаъол шуд

Пас аз интиқодоти Шавкат Мирзиёев дар декабри 2017, саранҷом “Ҳизби экологии Ӯзбекистон” тавонист бо бархӯрдорӣ аз 15 курсӣ дар порлумони ин кишвар зоҳир шавад.

Ба гузориши Ca-news, “Ҳизби экологии Ӯзбекистон” ҳизби ҷадиде аст, ки дар порлумони ин кишвар эъломи мавҷудият кард. Ҳамоиши “Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон” рӯзи гузашта (8 январ) дар Тошканд баргузор шуд.

То кунун танҳо 4 ҳизби сиёсии фаъол дар Ӯзбекистон ҳузур доштанд, ки иборатанд аз: Ҳизби халқӣ-демукрот, Ҳизби сусиёл-демукроти “Адолат”, Ҳизби демукротики “Миллий тикланиш” (Эҳёи миллӣ) ва Ҳизби либерол-демукротики Ӯзбекистон (Ҷунбиши ширкатҳои тиҷорӣ ва бизнес).

Ҳизби ҷадиди Ӯзбекистон аз “Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон” сар баровардааст. Ин ҳизб дар ҳоли ҳозир аз 15 курсӣ дар порлумони Ӯзбекистон бархӯрдор аст.

Пеш аз ин, дар 22 декабри 2017, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон, интиқодотеро дар хусуси тахсиси саҳмияи вежае дар порлумони ин кишвар ба “Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон” унвон карда буд. Мирзиёев дар ин замина гуфта буд: “Фикр мекунам замони он расида, то шароити баробаре барои ҳузури тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва раҳо кардани ҳузури фаъоли “Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон” дар порлумон фароҳам омадааст.”

“Ҷунбиши экологии Ӯзбекистон” ба унвони як ҷараёни сиёсӣ бо аҳдофи зистмуҳитӣ дар 2 августи соли 2008 таъсис шуда ва дар 20 сентябри ҳамон сол дар Вазорати додгустарии (адлияи) ин кишвар ба унвони як ҷунбиши сиёсӣ ба сабт расида буд. Риёсати ин ҳизб дар ҳоли ҳозир бар ӯҳдаи Бӯрӣ Алихонов аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: