Перейти к содержимому

Анҷоми таҳқиқот дар Иттиҳодияи Урупо дар бораи “нақши Қуръон дар тавсиъаи фикрии қорраи Урупо”

Шӯрои таҳқиқоти Иттиҳодия Урупо, 10 милюн евро барои анҷоми таҳқиқоти донишгоҳӣ дар бораи нуфуз ва нақши Қуръони Маҷид дар тавсиъаи фикрӣ ва мазҳабии Урупо ихтисос дод.

Ба гузориши Il Giornale, Шӯрои таҳқиқоти Иттиҳодияи Урупо бар ин ақида аст, ки “Қуръон нақши муҳимме дар тавсиъаи фикрӣ ва мазҳабии Урупо ифо кардааст.” Иттиҳодияи Урупо 10 милюн евро барои анҷоми як таҳқиқоти донишгоҳӣ дар бораи Қуръон ихтисос додааст. Як тарҳ барои таъйини нақше, ки Қуръон дар андешаи масеҳиёни даврони қуруни вусто ва мудерн, яҳудиён, андешамандони озод ва мулҳидон доштааст.

Бар пояи ин гузориш, ҳадаф аз ин таҳқиқоти илмӣ, баррасӣ ва мутолеаи нуфузе аст, ки тафаккури (ҳазрати) Муҳаммад (с) ва пайравони ӯ дар фарҳанги ғарбӣ доштааст.

Шӯрои олии таҳқиқоти илмии Испониё (CSIC), як кӯмаки молӣ ба миқдори 10 милюн евро аз сӯи Шӯрои таҳқиқоти Урупо дарёфт кард. Бахше аз ин кӯмак, ҳудуди 2.5 милюн евро ба Донишгоҳи шарқшиносии Нопул ихтисос ёфтааст. Вазифаи ин тарҳ, ки 6 сол ба тӯл хоҳад анҷомид, баррасӣ ва мутолеаи тарҷумаи Қуръон ба лотин ва забонҳои урупоӣ аст.

Мерседес Горсий Оренол (Mercedes Garcia Arenal), муҳаққиқи Шӯрои олии таҳқиқоти илмии Испониё изҳор дошт: “Назари мо ин аст, ки Қуръон нақши муҳимме дар тавсиъаи фикрӣ ва мазҳабии Урупо ифо кардааст. Барои ҳамин, мехоҳем истифодаи фарҳангӣ ва мазҳабиро, ки аз Қуръони тарҷумашуда ва мунташиршуда дар Урупо аз замони қуруни вусто то асри равшангарӣ шудааст, мавриди мутолеа қарор бидиҳем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: