Перейти к содержимому

Либерман: “Аз Ҳамос шикаст хӯрдем!”

Вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ эътироф кард, ки ин режим дар баробари ҷунбиши муқовимати Фаластин (Ҳамос) шикаст хӯрдааст.

Рӯзномаи исроилии Maariv ба нақл аз Овигдур Либерман — вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ, навишт, ки ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар рӯёрӯии ахираш бо артиши режими саҳюнистӣ пирӯз шуд ва муваффақиятҳои зиёде касб кард.

Вазири ҷанги собиқи режими саҳюнистӣ афзуд: “Мо дар тақобул бо Ҳамос шикаст хӯрдем, кобина ва Натонёҳу ба хостаҳои онҳо тан дод.”

Либерман, ки раиси ҳизби “Исроил — хонаи мост” мебошад, бо эътироф ба ин ки сиёсати Телавив дар баробари Ҳамос шикаст хӯрдааст, гуфт: “Ҳамос муваффақиятҳои худро меситояд ва дар муқобил, он чи насиби артиш ва сиёсатҳои Исроил шуда, шикасти бузург аст.”

Либерман, ба тақобули ахири ҷунбиши Ҳамос бо артиши режими саҳюнистӣ, ки мунҷар ба тавофуқи оташбас шуд, ишора кард ва гуфт: “Партоби беш аз 500 рокет ва мушак аз Ғазза ба манотиқ ва шаҳракҳои (саҳюнистнишини) атрофи Ғазза, шикасти низомии бузург барои кобинаи вазирон ва шахси Натонёҳу буд.”

Гуфтанист, тақобули ахири Ҳамос бо артиши режими саҳюнистӣ мунҷар ба баста шудани тавофуқи оташбас байни Ғазза ва Телавив шуд ва вазири ҷанги собиқи ин режими дар эътироз ба мувофиқати Натонёҳу, аз симати худ истеъфо кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: