Перейти к содержимому

Маросими мазҳабӣ ва қазоватҳои мо

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дида мешавад, гоҳе баъзе аз мо, ба хусус касоне, ки худро пойбанди дин медонанд, тасвире (филм ё аксе) аз мусалмонони сӯфӣ – ки машғули адои маросими махсуси худ дар баробари пирашон ва ё дар боргоҳи яке аз бузургони сӯфия ҳастанд — дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба иштирок мегузорад ва ҳар чи аз лаъну нафрин, ки ба забонаш омад нисори онҳо мекунад. Ва ё тасвире аз маросими пайравони адёни дигар мисли масеҳиён ё будоиён ё ҳиндуҳо – он ҷо, ки масалан дар ҳоли курниш баробари гове ё санге ҳастанд – ба иштирок мегузорад ва шурӯъ мекунад ба фуҳшу дашном ва ин ки бибинед, дини инон чӣ қадр дини бепоя асту ботил!

Аммо пурсиши асосӣ ин аст, ки оё метавон ойину маросими ибодӣ — ҳарчи бошад — ро меъёри “қазоват ва доварӣ” дар бораи ҳаққу бутлони дину мазҳаб ва ё ҷараёни хоссе қарор дод ва масалан гуфт, чун пайравони ин ҷараён дар баробари пири худ инчунин аъмолеро анҷом медиҳанд, пас, ин ҷараён як ҷараёни ботил аст ва инон ҳамагӣ мунҳарифанд?! Ва ё чун ҳиндуҳо дар баробари гов курниш мекунанд, пас, ойинашон аз асосу реша ботил аст?! Ва ё масеҳиён чун ғусли таъмид мекунанд ё якшанбеҳо маросими аҷибу ғарибе дар калисоҳои худ анҷом медиҳанд, пас, масеҳият ботил аст ва масеҳиён мунҳариф?!

Биёед, достонеро, ки воқеӣ аст бароятон нақл бикунам: дар як китоб (алъон ёдам нест чӣ китобе буд) аз як ориф нақл мекунад, ки мегӯяд: соле, ки ба сарзамини муқаддас (Макка) барои анҷоми фаризаи ҳаҷ шарафёб шудам, пас аз адои маносик, дар корвонсаройе дар берун аз Макка бо тоҷире рӯ ба рӯ шудам, ки аз аҳли китоб (масеҳӣ ё яҳудӣ) буд.

Он тоҷир ба ман гуфт: агар ту аз донишмандони ин тоифа (мусалмонон) ҳастӣ, пас бигӯ бибинам, ин чӣ аъмоли “аҳмақонае” аст, ки шумо дар ин рӯзҳо анҷом медиҳед?! Дар атрофи хонае мегардед, он ҳам ҳафт бор на ҳашт ё нӯҳ ва ё даҳ бор, ва ба сӯйи як санги бутмонанд сангреза партоб мекунед, ва мӯйи сари худро метарошед, ва гӯсфанд ё уштуре сар мебуред… Ман ин аъмолро бо хирад созгор намеёбам. Яъне, ин аъмоле, ки шумо, мусалмонон ба унвони маросими ибодӣ анҷом медиҳед, оқилона ва мантиқӣ намебинам.

Ориф мегӯяд, ба ӯ гуфтам: медонӣ, мушкил дар ин миён куҷост? Ту аз берун ва бо зеҳнияте хосс, ба ин аъмол нигоҳ мекунӣ, ки бароят “аҳмақона” ҷилва мекунанд. Қазовати ту, на бар асоси ҳукми хирад, балки бар пояи ин аст, ки ин аъмол пеши ту номаънусанд. Бинобар ин, ҷавоби ман ба ту дар ин мавзӯъ, ҳамон аст, ки ту дар посух ба пурсиши ман аз чароии маросими мазҳабии худат изҳор хоҳӣ дошт. Агар аз ту бипурсам, чаро фалон амалро — ки шояд барои ман “аҳмақона” намоён шавад — ба унвони маросими мазҳабӣ барпо медорӣ? Ҷавоби ту чист? Оё ҷавобат ғайр аз ин аст, ки Худое, ки ба ӯ имон дорӣ, дар китобаш анҷоми он маросимро бароят дастур фармуда?

* * *

Ҳоло чанд нуктаро дар ин мавзӯъ ёдовар бишавам:

1) Нуктаи аввал ин ки: агар мо, мусалмонон ойини масеҳият ё ойини ҳинду ё бутпарастиро ойинҳое ботил медонем, на бад-ин хотир аст, ки чун масеҳиён ғусли таъмид ё ъишои раббонӣ доранд ва ҳиндуҳо говро муқаддас мешуморанд ва ё бутпарастон дар баробари сангу чӯбу кулӯх курниш мекунанд, на, балки ба ин далел, ки чун ақоидашон ақоиди нодуруст аст. Масалан, масеҳиён барои ҳазрати Исо (а) мақоми худоӣ (улуҳият) қоиланд ё ҳиндуҳо ва бутпарастон шаъне аз шуъуни Худоро барои буту гов қоиланд. Мо якчунин ақоидеро ақоиди нодуруст мешуморем ва ба ҳамин хотир динашонро дине ботил медонем, на ин ки чун онҳо говро тақдис мекунанд, ботиланд. (Лутфан таъаммул шавад!)

Бинобар ин, меъёри қазоват ва доварӣ дар бораи як кешу дин, ки оё ҳақ аст ё ботил, ин боварҳо ва эътиқодоти ӯст, на аъмол ва маросими ибодиаш.

* * *

2) Нуктаи дигар он ки: агар дар назари яке аз мо маросими ибодиамон “хирадписанд” ва маросими дигарон “аҳмақона” намоён мешавад, ин, на бар пояи ҳукми хирад аст, балки бар асоси унсе аст, ки ба маросими динии худ пайдо кардаем ва ба онҳо хӯ гирифтаем; дар ҳоле, ки маросими мазҳабӣ дар назди ҳар тоифае — чӣ мусалмонон ва чӣ ғайри онҳо — мубтанӣ бар дастуроти динии онҳост, ки манобеашон (Қуръону суннат дар назди мусалмонон, Тавроту Талмуд назди яҳуд ва ғайра…) ба анҷоми онҳо фармон дода. Ва аз сӯе ҳам, такрори анҷоми он аъмол аз сӯи пайравонаш, мӯҷиб мегардад, то ба тадриҷ дар назари онҳо “хирадписанд”, ва ғайри он “аҳмақона” ҷилва бикунад.

Инсон, вақте амалеро пайваста ва ба сурати мудовим анҷом диҳад, ба тадриҷ ба он амал хӯ пайдо мекунад ва ба ҳадде барояш маънус мегардад, ки фикр мекунад “хирадписанд” аст. Вагарна, аъмол ва маросими динӣ, аз як назар, тавҷеҳи ақлонӣ надоранд ҷуз ин ки гуфта бишавад, ки китобамон ё паёмбарамон ба анҷоми он дастур дода. Албатта, намегӯям холӣ аз ҳикмат ва фалсафа ҳастанд, на, намехоҳам инро бигӯям. Зеро ҳар гуна маросими мазҳабӣ аз назари ҳар дине (ислом, масеҳият, ҳинду ва ғайра…) фалсафае доранд. Масалан, агар мо, мусалмонон дар ҳангоми ҳаҷ аъмоли бахсусеро анҷом медиҳем (мисли аз Сафо то Марва давидан, гӯсфанд ё уштур қурбонӣ кардан ва ғайра…) ҳамаи инҳо фалсафа доранд. Инки масалан аз Сафо то Марва медавем, ин амал намоде аз давиданҳое аст, ки ҳазрати Ҳоҷар барои пайдо кардани об анҷом додааст, ё сар буридани гӯсфанд ишора ба қурбонии ҳазрати Иброҳим (а) дорад ва ғайра. Ҳатто ҳиндувон, ки говро тақдис мекунанд, ин амали онҳо пеши худашон фалсафа дорад.

Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки фалсафа доштани як маросими мазҳабӣ, ғайр аз ин аст, ки аз назари ақлӣ хирадписанд ё нобихрадона тавсиф шавад. Бале, ақоиду афкори динӣ (усули дин) то модоме, ки хирадписанд набошанд, яъне аз такягоҳи ақлӣ бархӯрдор набошанд, қобили қабул нестанд; на барои гаравандагонаш ва на барои ғайри онҳо. Аммо маросими мазҳабӣ ва ба хусус чигунагӣ ва кайфияти анҷоми онҳо, таъаббудӣ ҳастанд, ба ин маъно, ки ин манбаъи дин аст, ки мегӯяд, ин амал бояд чунину чунон анҷом бишавад, на ақл ё чизе дигар, то хирадписанд ё нобихрадона тавсиф шаванд.

Тавзеҳ ин ки: фарз кунед як нафар мӯътақид ба дини хоссе (масалан ойини ҳинду) вақте аз назари фикрӣ мутақоъид шавад, ки динаш дини ҳаққе будааст ва усули он ойин (яъне ақоиди он) мантиқӣ (албатта ин як фарз аст), дар ин сурат, ӯ дигар дар баробари дастуроти амалии он дин таслими маҳз мешавад ва дигар чуну чаро намекунад (ва аз қазо, чунин мавзеъгирие дуруст ҳам ҳаст); зеро чун он динро дине ҳақ медонад, аз ин рӯ, аъмоле, ки паёмбараш мегӯяд бикун, бе чуну чаро анҷомаш медиҳад, зеро он аъмолро барои саодати худ дахил мешуморад, чӣ ақли ӯ даркашон бикунад, чӣ накунад.

* * *

3) Ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар боло арз шуд, мегӯем: қазоватҳо ва довариҳои мо дар бораи як дин ё як ҷараёни хосси исломӣ бо нигоҳ ба маросими мазҳабиаш, ҳаргиз дуруст нест. Бале, агар бигӯем, фалон дин наметавонад дини дурусте бошад ба ин далел, ки усули эътиқодоташ хирадписанд нестанд ва барои ин муддао бурҳони ақлӣ барпо намоем, ин мавзеъ мавзеъи дурусте аз сӯи мост, аммо ин ки бигӯем, ин дин дини ботил аст чун пайравонаш масалан дар баробари гов ё бут курниш мекунанд, ин дуруст нест. Зеро дар ин сатҳ, яъне дар сатҳи аъмолу маросими мазҳабӣ, мо, мусалмонон бо онҳо фарқе надорем. Яъне, дар доварӣ ва қазоват, агар танҳо маросиму маносики диниро – сарфи назар аз ақоиду боварҳо — меъёр қарор бидиҳем, дар ин сурат, мо бо онҳо фарқе нахоҳем дошт. Агар мо ба онҳо бигӯем, чаро дар баробари санг курниш мекунед, мегӯянд, чаро шумо дар гирди Каъба, ки он ҳам билохира санг аст, тавоф мекунед ва муқаддасаш мешуморед. Ва агар тавҷеҳ намоем ва бигӯем, мо, ки Каъбаро тавоф мекунем ва муқаддасаш мешуморем, чун ин хона хонаи Худост, Худо худаш фармуда маросими ҳаҷҷи мо чунину чунон бошад, ӯ ҳам мегӯяд, ман ҳам, ки говро тақдис мекунам ё дар баробари буте курниш мекунам, на ба ин хотир аст, ки онро Худо бидонам, балки чун кешам мегӯяд, дар баробари санг ё гов курниш кунам.

* * *

4) Бинобар ин, қазоват ва доварӣ ва бадтар аз он, тамасхури мо аз масалан сӯфия, ки дар баробари пиру муршиди худ ҳаракоте анҷом медиҳанд — ки ба назари мову шумо, аҷибу ғариб менумоянд — аслан дуруст нест. Инсон, барои ин ки бифаҳмад барои чӣ аз як мурид якчунин ҳаракоте сар мезанад, барои фаҳму ҳазми ин, бояд сӯфӣ бошад. Аз ин рӯ, вақте дар он водиҳо нестем, шоиста ин аст, ки сукут намоем. Намегӯям, сиҳҳа бигузорем, ҳаргиз, балки тамоми ҳарфам ин аст, ки зуд қазоват накунем, масхараашон накунем. Ҳоло як мисол мезанам, ки ба назарам, бо ин мисол, манзурамро беҳтар хоҳед фаҳмид.

Ва он ин ки: барои мо, мусалмонон — ҳамаи мусалмонон бидуни истисно чи шиъа ё суннӣ, чӣ сӯфӣ ё салафӣ ва ё ҳанафӣ ва ғайра – вуҷуди мубораки паёмбари азимушшаън яъне ҳазрати Хатимартибат Муҳаммади Мустафо (с) аз қадосати хоссе бархӯрдор аст, ва ҳар чи аз ашё ҳам, ки мутаъаллиқ бо он вуҷуди муқаддас аст, мо эътиқод дорем, ки бароямон мояи баракат аст, мояи шифост. Ин як асли мусаллам аст пеши мо, мусалмонон. Масалан, оби даҳони он ҳазрат (с) бароямон мояи баракат аст, як тори мӯйи он ҳазрат (с) бароямон мояи баракат аст, либосаш мояи баракат аст ва ғайра. Бинобар ин аст, ки саҳоба ҳатто ба оби даҳони мубораки он ҳазрат табаррук меҷустанд.

Ҳол, агар меъёри доварӣ ва қазоват дар бораи як дин ё мазҳаб, аъмоли зоҳирӣ ва маросиму маносики ибодии пайравони он бошад, дар ин сурат, вақте як бегона яъне як ғайримусалмон – ки аслан эътиқоде ба нубуввати ҳазрати Хатмимартибат (с) надорад – бибинад, ки мо ба оби даҳони вуҷуди нозанини паёмбарамон (с) табаррук меҷӯем, қазовати ӯ дар бораи дини мо чӣ хоҳад буд?!

Мо ривоятҳои фаровоне дорем, ки саҳоба ба ҳар он чи ба вуҷуди нозанини ҳазрати паёмбар (с) таъаллуқ дошт, табаррук меҷустанд ва аҳёнан мояи шифои онҳо мешуд. Ҳол ду се намуна бароятон биёварам:

1) Бухорӣ дар Саҳеҳи худ аз Урва овардааст:

وَمَا تَنَخَّمَ النَّبِىُّ — صلى الله عليه وسلم — نُخَامَةً إِلاَّ وَقَعَتْ فِى كَفِّ رَجُلٍ مِنْهُمْ فَدَلَكَ بِهَا وَجْهَهُ وَجِلْدَهُ

Паёмбар (с) оби биниашро берун намеандохт, магар он ки дар кафи яке аз саҳоба воқеъ мешуд ва он гоҳ он саҳобӣ онро ба рӯй ва пӯсташ мемолид.” (Саҳеҳи Бухорӣ, 1/423, Ашшомила)

Оби бинии як инсон, ба худии худ, ҳеч қадосате надорад, ки ҳеч, балки ишмиъзизовар аст, вале чун аз они Паёмбар (с) ва мутаъаллиқ ба он вуҷуди нозанин аст, қадосат дорад ва мояи баракат аст.

2) Муслим дар Саҳеҳи худ аз Анас нақл мекунад:

عَنْ أَنَسِ بْنِ مَالِكٍ أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ أَتَى مِنًى فَأَتَى الْجَمْرَةَ فَرَمَاهَا ثُمَّ أَتَى مَنْزِلَهُ بِمِنًى وَنَحَرَ ثُمَّ قَالَ لِلْحَلَّاقِ خُذْ وَأَشَارَ إِلَى جَانِبِهِ الْأَيْمَنِ ثُمَّ الْأَيْسَرِ ثُمَّ جَعَلَ يُعْطِيهِ النَّاسَ

(Ҳангоми ҳаҷ) Паёмбари Худо (с) ба Мино омад ва рамйи Ҷамара анҷом дод, сипас ба қароргоҳи худ дар Мино ташриф овард ва қурбонӣ кард, сипас ба ҳаллоқ (сартарош) фармуд, бигир – ва ишора ба тарафи росту чапи худ кард – сипас мӯйи мубораки хешро ба мардум тақсим мекард.” (Саҳеҳи Муслим, 6/443, Ашомила)

3) Дар Усудул-ғоба дар тарҷумаи Холид ибни Валид (р) омадааст: “Холид таъсире шигарф дар набардҳои Форсу Рум дошт. Ӯ буд, ки Димишқро фатҳ кард. Дар кулоҳе, ки дар ин набардҳо дар сар дошт, тиккае аз мӯйи мубораки ҳазрати Расули Акрам (с) буд ва ба василаи он аз Худо кӯмак мехост ва ба баракати ҳамин тикка мӯй буд, ки пайваста пирӯзӣ насибаш буд.” (Усудул-ғоба, тарҷумаи ҳоли Холид ибни Валид)

Аз ин намунаҳо дар китобҳои ривоӣ зиёд дорем, ки ҳоло маҷоли зикри так-таки онҳо нест.

Хулоса, аз қазоват ва доварӣ бар мабнои маросими динӣ бояд парҳез кард ва бояд донист, ин ақоиду боварҳои як дин аст, ки меъёри қазоват дар бораи он қарор мегирад.

Мо, мусалмонон, агар мӯътақидем, ки дини ҳақ ин танҳо дини мост, на ба хотири ин аст, ки ҳаҷ дорем, закот дорем, рӯза дорем ва намози ҷумъа дорем ва намози ид дорем ва ғайра, балки ба ин далел, ки дини мо дини тавҳид аст.

Тавҳид, яъне “яктогаройӣ, яктобинӣ, яктопарастӣ.” Тавҳид яъне ин ки: фақат Худоро офаридгор ва холиқ медонем, фақат Худоро коргардон ва гардонандаи умури ҳастӣ медонем, фақат Худоро кӯмаккунанда ва ёрирасон медонем, ва фақат Худоро сазовори парастишу ибодат медонем ва танҳо дар баробари Худо сар ба саҷда мениҳем.

Саломат бошед

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: