Перейти к содержимому

Мусоҳиба бо фарде, ки Файзинисо Воҳидова пеш аз вафот бо ӯ сӯҳбат кард

Илҳомҷон Ёқубов, ки муаллима Файзинисо Воҳидова пеш аз вафот бо ӯ аз тариқи “Имо” сӯҳбат кардаанд, бо баёни ин ки “изҳори назари пурра ва мудаллали муаллима (дар сайти “Паём” дар мавзӯи қонун дар бораи манъи вуруди хоҳарон ба идораҳо) боис шуд, ки чанд рӯз пайи ҳам аз мақомоти амниятӣ ба беморхона ба наздашон омада фишор оваранд, ки матлаби мунташиршуда дар ин сайтро бигиранд” тасреҳ кард: “Агарчи ин фишорҳо ба маҳзи нашри он мақола оғоз шудааст, вале он кас танҳо рӯзи 23-юми декабр аз масъулини “Паём” ва ҳам аз ман ба хотири ба оромона муолиҷа гирифтан ва халал ворид накардан дар табобат, хостанд, ки навиштаашон ҳазф карда шавад. Гуфтанд, ки оғози ҳафтаи меомада маро ба манзил ҷавоб медиҳанд. Охирин ҳарфашон ин буд, ки: “онҳо таҳдид карданд, ки агар ин назар аз “Паём” бардошта нашавад, ин бегоҳ мо бо “шеф” меоем ва бо дигар тарз гап хоҳем зад”. Ман ҳам ин хоҳишашонро ба масъулини сайт, ки дӯстонам ҳастанд, расонидам ва ҳамон рӯз баёния ё назари муаллима аз сайт пок карда шуд.”

Машрӯҳи мусоҳибаи Кимиёи саодат бо Илҳомҷон Ёқубов:

— Шумо танҳо нафаре ҳастед, ки пеш аз вафот бо худобиёмурз муаллима Файзинисо Воҳидова сӯҳбат кардаед. Метавонед бигӯед, ки дар чӣ хусус сӯҳбат кардед ва муаллима чиҳо гуфтанд?

Илҳомҷон Ёқубов: Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон. Иҷоза бидиҳед, дар аввали сӯҳбат ва посух ба пурсишатон марги бемаҳаллу ҷонгудози муаллима Файзинисо Воҳидоваро ба аҳли хонавода, дӯстону шогирдон ва муҳиббон таслият арз кунам.

Ба дурустӣ, ки муаллима шаҳид шуд. Тазйиқ, фишор, таҳдид, муҳити хафақон ва беҳуқуқӣ, тану ҷони муаллимаро азият медод; касе, ки ҳамеша дар канори мазлумони мӯҳтоҷ ба кӯмак дар додгоҳҳо буд. Муаллима як шахсияти матинирода, ҷасуру шуҷоъ, устувор, ба азму ирода, мутмаин ба худ, ва болотар аз ин ҳама, як мубориз бо тамоми ҳастӣ буданд. Мубориз бар зидди режими ҳокимияти золим, мубориз бар зидди беадолатиҳо, мубориз бар зидди ноҳаққиҳои фаровон, ки ҳар сари қадам бо онҳо рӯбарӯ мешуд ва дастбагиребон буд. Фикр мекунам, то рӯзи қиёмат дар ёдҳо ва дар синаҳо ва қалбҳои мардуми тоҷик ҳамчун қаҳрамонзан, ҳамчун як ҳомӣ ва ҳамчун як пуштупаноҳ боқӣ хоҳад монд. Деворе баланду боло ва мустаҳкаму муҳкам, дардошно ва паноҳгоҳу дилсӯз буд барои мардум. Пештар гуфтам ӯ шаҳид шуд. Ва дурусташ ин ки ҷоми шаҳодатро ба ӯ нӯшонданд.

Дар ҳар ҳолат, шаҳодати муаллима талафоти бузург, зойеъаи бузург ва ғами бузург ба мардуми Тоҷикистон, бавижа ба озодихоҳон, ба мухолифони ин режими заҳҳокӣ ва шайтонсифат аст.

Фикр намекунам танҳо нафаре бошам, ки Файзиннисо Воҳидова танҳо бо ман пеш аз вафоташон дар тамос бошанд. Аммо воқеият ин аст, ки ман аз ҳамон рӯзе, ки дар бистари бемористон хуфтанд, бо эшон дар алоқа ва тамос будам, чун рӯзеро ёд надорам, ки ҳатман бо он кас сӯҳбат накарда бошам. Ва як рӯз пеш аз рӯзи мавлудашон ҳам беш аз як соат бо ҳам сӯҳбат доштем, шояд тақдир буд. Ҳамон рӯз хеле аз ноадолатиҳои ҳукумат, беҳуқуқии инсон дар кишвар ва ба хусус, ки ҳамон шабу рӯз мақомоти Тоҷикистон тасмим ба қабули қонуни манъи вуруди занҳои сатрпӯш ба биноҳои давлативу ғайридавлатиро эълом карда буд, сӯҳбат ва дарди дили худ мекарданд.

Чанд рӯз пештар аз вафоташон, муаллима дар сайти иттилоотии “Паём” аз таноқузу зиддиятҳои ин тасмим ва ин қонун бо қонунҳои ҷории кишвар ва паёмадҳои манфии он, назари худро пешкаши мардум карда, шадидан норозигии худро изҳор дошта буданд.

Изҳори назари пурра ва мудаллали муаллима боис шуд, ки чанд рӯз пайи ҳам аз мақомоти амниятӣ ба беморхона ба наздашон омада фишор оваранд, ки матлаби мунташиршуда дар ин сайтро бигиранд. Агарчи ин фишорҳо ба маҳзи нашри он мақола оғоз шудааст, вале он кас танҳо рӯзи 23-юми декабр аз масъулини “Паём” ва ҳам аз ман ба хотири ба оромона муолиҷа гирифтан ва халал ворид накардан дар табобат, хостанд, ки навиштаашон ҳазф карда шавад. Гуфтанд, ки оғози ҳафтаи меомада маро ба манзил ҷавоб медиҳанд. Охирин ҳарфашон ин буд, ки: “онҳо таҳдид карданд, ки агар ин назар аз “Паём” бардошта нашавад, ин бегоҳ мо бо “шеф” меоем ва бо дигар тарз гап хоҳем зад”. Ман ҳам ин хоҳишашонро ба масъулини сайт, ки дӯстонам ҳастанд, расонидам ва ҳамон рӯз баёния ё назари муаллима аз сайт пок карда шуд.

Баъди вафоти муаллима, маълум шуд, ки дар таҳти фишору таҳдиди мақомоти амниятӣ қарор гирифтани худ дар бемористонро на танҳо ба ман, ҳатто ба чанд созмонҳои ҳукуқӣ ва чанде аз рӯзноманигорон низ гуфтаанд. Рӯзи 24-уми декабр зодрӯзашон, ки буд ман ба таври катбӣ табрик кардам ва як ҷавоби кӯтоҳ низ гирифтам, ва пас аз он рӯзҳои боқимонда то 2-юми январ, агарчи ҳар рӯз барояшон менавиштам, ҷавобе намеомад ва хеле нигарон будам. То он рӯзе, ки яке аз дӯстонам хабар расонд, ки муаллима вазъи вазнин доранд ва дар ҳолати кома гирифтор ҳастанд.

Дирӯз бо яке аз наздиконашон сӯҳбат доштам. Гуфт, ки ду рӯз пештар аз маргашон ба ҳуш меоянд, вале баъди чанд соат боз аз ҳуш мераванд ва бо ҳамин аз олам чашм мепӯшанд.

— Тибқи он чи ду се рӯз пеш дар расонаҳо хондем, як пизишк дар Хуҷанд гуфтааст, ки муаллима бар асари бемории ҷигар аз дунё рафтаанд. Оё муаллима пештар аз дарди ҷигар шикоят мекарданд?

Илҳомҷон Ёқубов: Инҷо як нуктаро мехоҳам зикр ва таъкид намоям. Чаро мақомоти амният ба худ иҷоза медиҳад, ки як шахси беморро таҳти фишор бигирад ва дар кати беморӣ бозҷуйӣ кунад?! Ва чаро мудирияти беморхона низ иҷозат додааст, ки кормандони мақомоти кудратӣ вориди беморхона шаванд ва як беморро бозпурсӣ кунанд?

Ин саволҳо ҷавоб мехоҳад, ва ин ҳам дар ҳолест, ки худи ин рафтор як қонуншикании маҳз ва як ҷиноят аст, ки беморро дар беморхона таҳти тарсу фишор қарор дода “тергав” мекунанд?! Магар наметавон сабр кард, то ин ки сиҳҳат шавад?! Воҳидова, ки террорист набуд?! Магар барои изҳори назар бояд таҳти фишор қарор бигирӣ ва он ҳам дар ҳоле, ки дар бемористон бистарӣ аст?! Оё он амниятиҳо ҳоло азоби виҷдон мекашида бошанд?! Инҷо ба чанде аз паҳлӯҳои зиндагии муаллима, ки худ мустақим огоҳӣ дорам, бояд рӯшанӣ биандозам:

Аввал ин ки муаллима дар чанд соли ахир умдатан дар Аврупо ва ба хусус дар Маскав муолиҷа мегирифтанд ва хеле аз дӯстонашон ҳам аз ин огоҳанд. То ҷое медонам, соли 2016 -моҳи июл, бо мусоидати як созмони байналмиллаӣ дар кишвари Чехия муолиҷа гирифтанд ва ман низ ҳамроҳашон чанд рӯз ҳамроҳ будам ва онҷо дар хусуси маризии ҷигар ҳарфе набуд.

Дуввум, соли 2018 ҳоло як соли пурра ҳам нашудааст, бо кӯмаки як созмони ҳуқуқӣ дар шаҳри Маскав дар як клиника беш аз 1 моҳ муолиҷа гирифтанд ва пояшон, ки дардманд буд, ҷарроҳӣ карданд.

Севвум, дар ҳамон охирин рӯзе, ки ман ва дигар дӯстон сӯҳбат доштанд, ҳама иттифоқан мегӯянд, ки кӯтоҳ сӯҳбат накардаанд, ҳам шӯхӣ мекарданду ҳам хуб сӯҳбат доштанд ва ҳатто яке аз наздиконашон гуфт, ки ҳамон рӯз беш аз ду соат тариқи телефон сӯҳбат кардааст.

Оё мешавад, ки як нафари мариз, боз ҳам бо қавли духтури хуҷандӣ “як баста” касалӣ дошта роҳат ва чанд соат бо чанд нафар гап занад? Албатта не! Албатта, мо медонем, ки як лаҳза иттифоқе меафтад, ҳар воқеъа шуданӣ аст ва касе инро инкор намекунад. Вале дар масъалаи вафоти ногаҳонии муаллима — нафаре, ки бо сармохӯрдагӣ бистарӣ шудааст ва он ҳам дар ҳоле, ки тансиҳатӣ ёфтаву фардо аз бемористон рухсат мешуд, дар як шаб чӣ гуна мубталои “сирроз печен” мешавад?

Инҷост, ки шубҳа ва гумонҳоро ба бор овард ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ – афроди огоҳ ва беғараз, ба марги мармузи муаллима шадидан эътироз карданд. Ин мавҷи эътирозот ҳукуматро водор кард, ки тавассути радиои “Озодӣ” — минбари дурӯғросткунаки худ аз қавли табибон ба онҳо посух гӯяд.

Тавзеҳи табибон низ ин шубҳа ва гумонҳоро коҳиш надод, балки бештар кард. Хуб, агар хунрезӣ дар пайи бемории кӯҳнаи ҷигар буд, чаро соҳибдард, барои даво ва дармон бемористон нарафт ва чаро ин бемориро табибони Аврупо ва низ Маскав ба ҳангоми ташхисҳои мукаррар ошкор накарданд?!

Аз дигар тараф, агар ки хунрезӣ шуд, чаро табибон ҷилави онро гирифта натавонистанд? Агар аз ҷигар ранҷ бурда буд, чаро табобати онро суроғ накард?! Саволҳову пурсишҳо, норӯшаниҳо дар ин маврид хеле зиёд аст. Зарур аст, ки аввал бояд худи мақомоти Тоҷикистон санҷиш гузаронад ва чӣ гуна ба кома афтидан ва иллати воқеии марги пурасрори муаллима Воҳидоваро ба ҷомеа шарҳу тавзеҳ бидиҳад, дар ғайри ин сурат, шубҳаҳо боқӣ хоҳад монд ва баъид нест, ки миллати тоҷик ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам рӯзе аз ҳукумат ин талабро бикунанд.

— Ташаккур, саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: