Перейти к содержимому

Саратон аз вуҷуди Ҳамза ба куллӣ нест шудааст

Шӯҳрати Раҳматулло, фаъоли сиёсӣ ва фарҳангӣ, дар ёддоште таҳти унвони “Садои мову шумо боъиси наҷоти ин тифл гашт” дар Фейсбук навишт: “Хушбахтона рӯзе пеш алорағми хулосаи Вазорати тандурустӣ (-и Тоҷикисон), ки ӯро маҳкум ба марг карда буданд, табибони урупоӣ ташхис додаанд, ки саратон аз вуҷуди Ҳамза ба куллӣ нест шудааст ва ӯ метавонад ба ҳаёти солими худ бозгардад.”

Матни комили ин ёддошт ба шарҳи зерин аст:

“Саъйу талошҳои модараш барои табобат ёфтани Ҳамзаи Тиллозода дар хориҷ аз кишвар бенатиҷа монданд ва беморияш баъд аз ҷарроҳии табибони ватанӣ, беш аз пеш хуруҷ кардан гирифт. То ин ки акси беморияш расонаи шуду ҳамагон шоҳиди дарди ҷонгудози ин тифл гаштанд. Он акс ҷомеъаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро такон дод. Бо диданаш дили инсонҳо реш гашт ва ҳатто золимонашро раҳм омад.

Алоқамандии мардум, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва расонаҳои дохилву хориҷӣ ба ин мавзӯъ, мақомоти дахлдорро водор кард то ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунанд.

Рӯзи 27 июли 2018 муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ба Ҳамза Тиллозода, набераи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, дигар дар ҳеҷ ҷое кӯмак карда наметавонанд, зеро ӯ гирифтори бемории саратони дараҷаи чорум аст: “Дар ин марҳилаи бемории саратон аломатҳои зуҳури беморӣ сабук карда мешаванд. Нисбати Ҳамза ягон методи муолиҷаи пурра вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, зарур нест, ки ӯ ба хориҷа фиристода шавад.”

Баъд аз сару садоҳо дар муддати кӯтоҳ ҳуҷҷатҳои мусодирашудаи ин тифл ва модараш бозпас гардонда шуд. Ҳамза бо модараш ба шаҳри Истанбули Туркия сафар карданд ва дар онҷо табобаташ шурӯъ шуд. Баъд аз ташхисҳои зиёд табибон ба натиҷа расиданд, ки сиҳат ёфтани ин кӯдаки бемор имконпазир аст. Пас аз се марҳилаи кимиёдармонӣ ӯро муваффақона ҷарроҳӣ карда, аз ин дард раҳояш карданд.

Ҳамза бо модару хоҳаронаш ба Урупо сафар карда, онҷо табобат гирифтанро идома дод. Хушбахтона рӯзе пеш алорағми хулосаи Вазорати тандурустӣ, ки ӯро маҳкум ба марг карда буданд, табибони урупоӣ ташхис додаанд, ки саратон аз вуҷуди Ҳамза ба куллӣ нест шудааст ва ӯ метавонад ба ҳаёти солими худ бозгардад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: