Перейти к содержимому

Даргузашти ҳунарманде, ки “Тахти Ҷамшед”-ро ба Оржонтин бурд

Ҳасани Ҳоҷинурӣ, муҷассамасоз ва холиқи сарсутуни “Тахти Ҷамшед” дар шаҳри Буинус-Ойреси Оржонтин, дар синни 92-солагӣ дар Теҳрон аз дунё рафт.

Ба гузориши хабаргузории Исно, Дорюши Ҳоҷинурӣ, писари ин ҳунарманд, бо таъйиди ин хабар, гуфт: “Падарам асри рӯзи гузашта (панҷшанбе, 11 январ) бар асари куҳулати син аз дунё рафт. Ӯ аз мушкили риявӣ ранҷ мебурд.”

Бар асоси ин гузориш, дар бештари осори Ҳасани Ҳоҷинурӣ, Эрони бостон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст ва ӯ ҷойгоҳи вежае дар заминаи муҷассамасозии шаҳрӣ дорад. Аз ин ҳунарманд дар соли 2013 таҷлил шуда буд.

Ҷаводи Муҷобӣ, наққош ва пажӯҳишгар, аз Ҳасани Ҳоҷинурӣ ба унвони яке аз ҳунармандоне, ки мазоҳири таърихии Эрон мисли бозсозии сутуни “Тахти Ҷамшед”-ро пеши рӯйи мардум мегузорад ёд кард ва гуфт: “Ҳоҷинурӣ яке аз касоне аст, ки ҳаққи ӯ шинохта нашуд.”

Ин ҳунарманд, созандаи муҷассамае ба иртифои 12 метр барои кишвари Оржонтин буд, ки дар муддати ду сол дар маҳалли “Тахти Ҷамшед”-и Эрон сохта буд.

Ҳасани Ҳоҷинурӣ зодаи 1927 дар Ҷавоҳирдашти Эрон аст ва аввалин омӯзаҳои ҳунариашро назди устод Раҳимзодаи Аржанг ёд гирифт ва дар соли 1945 коргоҳи шахсиашро доир кард ва баъдҳо ба унвони мударриси наққошӣ ва муҷассамасозӣ дар Идораи кулли ҳунарҳои зебо машғул ба хидмат шуд.

Ин ҳунарманд дар соли 1958 бо сохти мокети муҷассамаи Ардашери Бобакон, мақоми аввали мусобиқаи пайкарасозиро гирифт ва мокетҳое аз осори бостонии Эрон ба суфориши музейи Эрони бостон сохт.

Ҳоҷинурӣ дар соли 1990 нишони дараҷаи яки ҳунарро аз Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ дарёфт кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: