Перейти к содержимому

Рӯзномаҳо мурдаанд?

(Сахтиҳои рӯзноманигорӣ дар асри диҷитол аз забони Олен Русбриҷер, сардабири собиқи Guardian)

Ба қалами Дэвид Убертӣ (David Uberti)

Дэвид Убертӣ (David Uberti)

Морк Зукербург дар моҳи майи 2018 хитоб ба гурӯҳе аз сардабирон ва коркунони ҳавзаи расона чунин гуфт: “Фикр мекунам ахбор барои ҷомеа ва демукросӣ аҳаммияти фавқулодае дорад.” Guardian ва рӯзномаи хоҳархондааш, Observer, ду моҳ пеш аз он гузориш дода буданд, ки як муассисаи таҳқиқотӣ ба номи Cambridge Analytica, ки бо Дунолд Тромп ҳамкорӣ мекарда, аз Фейсбук баҳрабардорӣ кардааст. Ин расвоӣ, бо костиҳо ва нақсҳои мутаъаддиди Фейсбук (дар назорат бар ҷанбаҳои мухталифи шабакаи худ) ошкоро ҳамросто буд. Зукербург пас аз он ки дар Кунграи Омрико ҳозир шуд то тавзеҳ бидиҳад, ки ин расвоӣ чӣ гуна иттифоқ афтода, дар Полу-Олту ҷаласае бо рӯзноманигорон баргузор кард, то нишон бидиҳад, ки гӯё ба он гуна аз рӯзноманигорӣ, ки аз ин расвоӣ парда бардошта бовар дорад. Бо ин ҳол, Зукербург ҳеч ишорае накард, ки Фейсбук чӣ гуна метавонад аз ин навъ рӯзноманигорӣ ҳимоят кунад.

Як даҳа ҷанҷолу ҳаёҳу боис шуда матбуоте, ки дигар монанди гузашта қудратманд нестанд, дар баробари ҳамалоти сиёсӣ осебпазир бошанд, ба сӯи созишкориҳои ахлоқӣ савқ дода шаванд, ва беш аз пеш, аз шаклҳои ҷадиди расонаҳои диҷитол ақиб бимонанд. Гузоришҳои амиқе, ки шавоҳиду иттилооташон бо диққат баррасӣ мешаванд, акнун бо тӯъмаҳои клик, шӯхиҳои интернетӣ, руботҳо, нависандагони фавқимутаассиб (hyper-partisan writers) ва ахбори ҷаълӣ, дар муборизаанд; ахбори нодурусте, ки ба манзури таъсиргузорӣ бар дидгоҳи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавлиду мунташир мешаванд. Аз муддатҳо пеш, нашриёт бар санъати таблиғот такя доштаанд, ва акнун бо султаи рӯзафзуни Facebook, Google ва Amazon бар ин санъат, ахбору матбуоти маҳаллӣ рӯ ба нобудӣ мераванд. Тавлидкунандагони ахбори саросарӣ ҳам, аз як сӯ бо чолиши созмондиҳии дубораи касбу корашон даргиранд, ва аз сӯи дигар бо ин масъала, ки оё шеваи рӯзноманигории худро бо ҷаҳони расонаҳои ҷадид созгор кунанд ё на; ҷаҳоне, ки дар он, ахбори саросарӣ дигар қоъида нест ва истисно маҳсуб мешавад. Чигунагии хидмат ба манофеи умумӣ ҳам, масъалаи дигаре аст, ки мубҳам мондааст.

Олен Русбриҷер (Alan Rusbridger) дар китоби тозааш бо унвони “Хабари фаврӣ: бозсозии рӯзноманигорӣ ва далоили аҳаммияти он дар ҳоли ҳозир” (Breaking News: The Remaking of Journalism and Why it Matters Now), ин таҳаввулотро ба унвони як бӯҳрон барои либерол-демукросӣ қарор медиҳад. Дастрасӣ ба иттилооти мувассақ, яке аз вежагиҳои калидии ҷомеаҳои боз аст ва қарор буд интернет ин вежагиро демукротиктар кунад. Аммо воқеият ин аст, ки акнун дар гирдобе аз иттилоот фурӯ рафтаем, ки кайфияти собите надоранд ва аз манобеи номӯътабар сарчашма мегиранд. Сардаргумии ҳосил аз чунин вазъияте, ин хатарро падид оварда, ки шеваи фаҳмамон аз ҷаҳон вожгун шавад ва касонеро қудратманд созад, ки аз ошуфтагӣ ва ҳарҷу марҷ тағзия мекунанд. Русбриҷер менависад: “Барои нахустин бор дар таърихи мудерн, дар баробари ин масъала истодаем, ки ҷомеаҳо чӣ гуна метавонанд бидуни такя ба ахбор — дастикам ба он маъное, ки қаблан аз ахбор бардошт мешуд — ба ҳаёти худ идома бидиҳанд?!

Русбриҷер аз хатарҳои кор ба хубӣ огоҳ аст: дар давроне, ки рӯзномаи Guardian бо талоше тавонфарсо аз як рӯзномаи мутавассити бритониёӣ ба як расонаи байналмилалӣ барои хабаррасонии пешрав табдил шуд, Русбриҷер сардабири Guardian буд. Guardian-и Русбриҷер барои дарки имконот ва маҳдудиятҳои рӯзноманигорӣ дар ҷаҳони кунунӣ, муфид аст. Русбриҷер шоҳид будааст, ки расонаҳои диҷитол аз як сӯ тавонистаанд садоҳои ҷадидро озод кунанд, аммо аз сӯи дигар муделҳои тиҷории собиқро нобуд сохтаанд; муделҳое, ки пуштибони фароянди гирдоварии хабар будаанд. Он чи ҳанӯз равшан нест ин масъала аст, ки чӣ теъдод аз ниҳодҳои хабарӣ аз қабили Guardian метавонанд давом биёваранд? Ва ин ки чӣ муддат вазифаи иҷтимоии ин ниҳодҳо дар тазодд бо манофеи тиҷориашон қарор хоҳад гирифт?

Даврони кории Русбриҷер, ки аз соли 1976 дар Cambridge Evening News оғоз шуд, бо саргузашти санъати расона наздикии танготанге дорад. 40 сол пеш, он рӯзнома аз навъе ҳокимият бар тавзеъи он чи ки акнун “муҳтаво” номида мешавад, бархӯрдор буд. Сафаҳоти махсуси таблиғот, ки дастабандиҳое дошт, барои шуғлҳо ва худрав ва ҳар чизи дигаре, ки имрӯза дар вебсайти Craigslist пайдо мешавад, нусхаи чопии рӯзномаро захимтар мекард ва ин нусхаҳо бо қимати нисбатан поин ба хонандагон фурӯхта мешуд ва бештари даромади ширкатҳои расонаӣ аз тариқи таблиғот ба даст меомад.

Дар дили он абзори пулсозӣ, рӯзноманигорон ахбору иттилоотро ба мухотабон мунтақил мекарданд. Русбриҷер тавзеҳ медиҳад: “Фароянди нашру интишор мутаъаллиқ ба мо буд, на ба мухотабон.” Пешниҳодҳо ва интиқодҳои хонандагон умдатан дар сутуни шунидаҳо ва сафҳаи “Нома ба сардабир” хулоса мешуд ва хабаргузориҳо, дар интихоби ин ки чӣ чизе арзиши таваҷҷӯҳи ҳамагониро дорад, қудрате беҳамто доштанд. Русбриҷер менависад: “Бештари ахбор… аз пеш мушаххас буданд, ба ин маъно, ки сардабири ҳар утоқи хабарӣ дафтаре бо қатъи А4 рӯйи мизи кори худ дошт, ки дар он, таърихи баргузории ҷаласаи баъдии шӯрои намояндагон ва мудирони беҳдошт ва оташнишонӣ ва омбулонс ва обрасонӣ ва хадамоти рифоҳиро сабт мекард.”

Суду даромади боло, ҳазинаи теъдоди зиёде аз гузоришгару дабирро таъмин мекард. Навиштаҳое, ки ин рӯзноманигорон тавлид мекарданд, гоҳе харҷи зиёде бармедошт ва дар ағлаби онҳо манофеи соҳибони қудрат дар назар гирифта мешуд. Ҳангоме, ки филми “Ҳамаи мардони раисиҷумҳур” таҳқиқоти рӯзномаи Washington Post дар бораи расвоии Вотергейт (Watergate)-ро ба унвони қуллаи рӯзноманигории таҳқиқӣ ба тасвир кашид, Русбриҷер гузоришгари тозакор буд. Русбриҷер хаёл намекард, ки рӯзноманигорӣ монанди он чи дар он филм нишон дода шуда буд, фаъолияте қаҳрамонона бошад. Аммо дар ӯ боварии амиқ ба “равиши таҷрибитар, такрорпазиртар ва таъомулитар барои ҳаракат ба сӯи ҳақиқат” эҷод шуд. Рӯзномаи шаҳри Кембриҷ, ки Русбриҷер барои он кор мекард, мақомҳои расмӣ ва ҳатто ононеро, ки мумкин буд робит ё манбае муфид барои гузоришҳои дигар бошанд, ба диққат зери назар дошт. Русбриҷер дидгоҳҳои безарофати яке аз мураббиёни рӯзноманигории он замонро дар бораи ин робита ба хотир меоварад: “Бояд ҳар аз гоҳе як бор зарбаи муштӣ равонаи сураташон кунед, то ба шумо эҳтиром бигузоранд, чун дар дарозмуддат ниёзи онҳо ба мо бештар аст, то ниёзи мо ба онҳо.”

Густариши ахбори телевизиюнӣ нависандагони пуркори рӯзномаҳоро таҳти фишор гузошт, то матну таҳлилҳои бештаре тавлид кунанд ва хабарҳои марбут ба сабки зиндагиро бештар пӯшиш бидиҳанд, ва тавлиди чунин навиштаҳоеро дар феҳристи матолиби рӯзона ҷо бидиҳанд. Аммо ҳастаи аслии касбу кори таблиғот, ки харҷи ин нависандагонро таъмин мекард, ҳамчунон тануманд ва устувор боқӣ монд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, суди ҳосил аз таблиғот ширкатҳои занҷираиро васваса кард, то саҳоми моликони мустақилро бихаранд ва рафта-рафта ғулҳои расонаии имрӯзӣ шакл бигиранд, ки саҳомашон ба шакли умумӣ хариду фурӯш мешавад; маҷмӯаҳое аз қабили Gannett, Tribune Publishing, McClatchy ва News Corp, ки охирӣ мутаъаллиқ ба Руперт Мердок буд. Ин дигаргунӣ боис шуд тасмимгириҳои роҳбурдӣ ва сарнавиштсоз, аз ихтиёри фаъолони маҳаллӣ хориҷ шавад. Ҳадафи мудирони маҳаллии ин ширкатҳо он буд, ки даромадҳои фаслиро ба ҳаддиаксар бирасонанд. Гоҳе ҳам бо он ки суд ҳанӯз боло буд, бахше аз коркунонро барканор мекарданд. Кӯтаҳбинӣ арзишҳои гузаштаро дар утоқҳои хабар аз байн бурд ва дар ҳамин ҳол расонаҳои суннатӣ мӯҳтотона по ба даврони инқилоби диҷитол гузоштанд.

Дар ҳоле, ки интернет таблиғоти чопиро ба суръат мансух мекард, даромади бисёре аз нашриёт бо коҳиши шадид рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин шароите, ширкатҳои модар кӯр-кӯрона ба фароянди костан аз ҳазинаҳо идома доданд ва гоҳе даст ба ихроҷҳои дастаҷамъӣ заданд. Пас аз соли 2007 даҳҳо ҳазор рӯзноманигор дар Омрико шуғли худро аз даст доданд ва теъдоди ихроҷшудагон ба қадре афзоиш ёфт, ки саранҷом шумориши онҳо мутаваққиф шуд. Тайи ин муддат, ахбор ва иттилооти таъйиднашудае, ки дар интернет ва ба вежа шабакаҳои иҷтимоӣ интишор меёфт, бештару бештар мешуд. Насле аз рӯзноманигорон дар ҳоли аз байн рафтан буданд, он ҳам дуруст замоне, ки мардум беш аз пеш ниёзмандашон буданд.

Русбриҷер руъёе барои рӯзноманигории диҷитол дар сар мепарваронд, ки аз фишорҳо ва маҳдудиятҳои ношӣ аз барномаҳои мудириятии ширкатҳои бузург дур бошад. Дар соли 1995, ки Русбриҷер ба унвони сардабири Guardian муаррифӣ шуд, муддатҳо буд, ки ширкати Scott Trust молики ин рӯзнома ба шумор меомад. Scott Trust як созмони ҳимоятӣ буд, ки аз тарафи моликони қаблии Guardian эҷод шуда буд, то аз тариқи сармоягузорӣ дар ҳавзаҳои дигар, пуштибони рӯзноманигории пурҳазина ва пешрави Guardian бошад. Байни солҳои 2007 то 2014, Scott Trust саҳомашро дар як муҷаллаи бисёр пурдаромад ба номи Auto Trader (махсуси худрав) фурӯхт, то дар таъмини ҳазинаи Guardian мушорикат кунад, ки рақами он ба як милёрд дулор мерасид.

Guardian бо инчунин вазъият ба истиқболи ҷаҳони диҷитол рафт. Дар ҳоле, ки бисёре аз рақибони дохилӣ ва хориҷӣ нашриёти коғазии худро бо бемайлӣ ба вебсайтҳои исто табдил мекарданд, Guardian мекӯшид аз пойгоҳаш дар миёни хонандагон ба унвони як манбаъ баҳра бигирад ва ҳангоми ироаи ахбору гузориш дар қолабҳои ҷадид (диҷитол) аз ин манбаъ истифода кунад. Ҳамаи инҳо дар шароите буд, ки Guardian ба тавлиду интишори гузоришҳои таҳқиқӣ идома медод. Дар ин давра буд, ки хонандагони хабаргузориҳо тавонистанд аз тариқи бахши дидгоҳҳо, қисмати табодули паём, ва веблог даст ба интишори иттилоот бизананд. Русбриҷер менависад: “200 сол буд, ки рӯзноманигорон матлаб менавиштанд ва дар ихтиёри хонандагон мегузоштанд. Аммо акнун сару каллаи хонандагоне пайдо шуда буд, ки зинда ва воқеӣ буданд ва гоҳе ҳазорон нафарашон, дар баробари он чи ба онон мегуфтед, фавран вокуниш нишон медоданд.”

Русбриҷер мехост ба кӯмаки чизе, ки “рӯзноманигории боз” меномид, ин падидаро маҳор кунад. Манзури ӯ аз “рӯзноманигории боз” навъе аз хабарнигорие аст, ки дар он, мухотабон фаъолона ташвиқ ба мушорикат мешаванд, дар фароянди он ба шаффофият аҳаммият дода мешавад ва хонандагон, ба кӯмаки иттилооти ҳосил аз манобеъи берунӣ, барӯз мемонанд. Фалсафаи “рӯзноманигории боз” ба вежа барои либеролҳои омрикоӣ ҷаззоб буд; касоне, ки эҳсос мекарданд матбуот дар моҷарои 11 сентябр фиреб дода шудаанд. Дар натиҷа теъдоди хонандагони ҷаҳонии Guardian рӯ ба афзоиш гузошт ва аз ин назар тавонист ба рақибе барои New York Times ва Washington Post табдил шавад. Дар оғоз ин ҳаҷм аз мухотабони диҷитол судовар набуд, вале Русбриҷер ва дигарон бар ин бовар буданд, ки боз ҳам мисли гузашта, сару каллаи таблиғотдиҳандагон пайдо хоҳад шуд.

Таъкид бар ин ки теъдоди мухотабон ба ҳаддиаксар бирасад, ангезае шуд барои он ки хабаргузориҳо ба дунболи пӯшиши мавзӯъҳое бираванд, ки ҷаззобияти ҳарчи бештаре дошта бошад. Тасаввур бар ин буд, ки хабаррасонӣ дар бораи сиёсати кишвар ё Ҳоливуд метавонад бештар аз гузоришҳои марбут ба мудирияти шаҳр ё фарҳанги бумӣ мухотаб ҷазб кунад. Стортопҳои диҷитол монанди BuzzFeed перомуни ин андеша шакл гирифтанд, ки тавлиди муҳтавои ҳамагир барои тавзеъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ҳазинаҳои рӯзноманигории ҷиддиро таъмин кунад, то маҳсули ин навъ рӯзноманигорӣ барои хонандагон ҳамчунон ройгон бимонад. Рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои мутаъаддиде аз ин омӯза пайравӣ карданд ва ба дунболи кликҳои зудгузаре афтоданд, ки маъмулан мӯҷиб мешуд фаъолияти аслиашон рангу бӯи рақиқтаре пайдо кунад.

Guardian аз соли 1996 дар ин фикр буд, ки дастрасии ройгони хонандагони диҷитол ба муҳтаворо маҳдуд кунад, аммо Русбриҷер муддатҳо бо ин идея мухолифат кард. Ӯ менависад: “Фикр мекардем, ки пеш аз ақибнишинӣ, ба сӯи шеваҳои пардохтмеҳвари қарни нуздаҳумӣ (шеваҳое, ки гарчи бехатар ба назар мерасанд, аммо шояд акнун барои ҳама муфид набошанд), бояд ба дунболи он бошем, ки бидонем беҳтарин равиши рӯзноманигорӣ дар қарни 21 чист.” Маҳдудияти дастрасӣ (ба муҳтавои вебсайт), зоҳиран метавонад боис шавад дастрасӣ ба ахбор ва гузоришҳои бокайфият ба теъдоди каме аз нухбагон маҳдуд шавад ва дар натиҷа рӯзноманигорӣ, ки бояд дар ростои манофеи ҳамагон бошад, маҳдуд бимонад. Русбриҷер менависад: “Агар касбу корҳои қадимӣ мехостанд пеш аз дастрасӣ ба муштарӣ ба дунболи касби даромад бошанд, он вақт ҳамвора бозанда буданд. Идея ва андешаи аслӣ ҳамин буд.”

Ҳуҷуми Guardian ба Омрико, ки бо роҳандозии Guardian US дар соли 2011 ба авҷ расид, бо сарфаҷӯиҳои дардоваре, ки дар дигар қисматҳои санъати расона ҷараён дошт, дар тазодде ҳассосиятбарангез буд. Guardian яке аз панҷ хуруҷии хабари саросарӣ буд, ки дар соли 2010 бо WikiLeaks ҳамроҳ шуд, то паёмҳои радабандишудаеро мунташир кунад, ки пушти пардаи тираву тори равобити байналмилалро дар маърази дид мегузошт. Чанд сол баъд Эдворд Сноуден, паймонкори ҷавони Ожонси амнияти миллии Омрико, ба Guardian муроҷеа кард, то аснодеро дар ихтиёри ин расона бигузорад, ки дастгоҳи назорати саросарии ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро расво мекард. Гузориши ҳамин моҷаро буд, ки боис шуд дар соли 2014 Guardian ва Washington Post барандаи ҷоизаи Пулитзер (Pulitzer Prize) шаванд.

Аз нигоҳи Русбриҷер, ифшогарии Сноуден “нишон медиҳад, ки чаро қудрат ва истиқлоли созмонии матбуот то ин ҳад зарурӣ аст.” (Таҳия ва интишори) чунин гузоришҳое бидуни дифоъияҳои ҳуқуқии пурҳазина ва замонатҳои дарунсозмонии дигар дар баробари дахолатҳои ҳукуматӣ номумкин хоҳанд буд. Ва низ ин гузоришҳо ба рӯзноманигороне бо зеҳни таҳлилӣ ниёз доранд, ки битавонанд ташхис бидиҳанд кадом иттилоот дар доираи манофеи умуми мардум қарор мегирад, ба вежа ин ки ба назар мерасад он “мардум”, ки мухотаби хуруҷиҳои хабар қарор мегиранд, дар интернет бештару бештар ба ҷазираҳои кучаку ҷудоафтода тақсим шудаанд.

Агарчи рӯзноманигории Guardian борҳо ва борҳо мӯҳри таъйид хӯрдааст, аммо ҳазинаҳои ин расона солона ба даҳҳо милюн дулор пули нақд мерасад. Ва дар ҳоле, ки ин рӯзнома бар афзоиши даромади ҳосил аз таблиғот барои пӯшиши ҳазинаҳояш такя карда, бисёре аз ширкатҳо акнун тарҷеҳ медиҳанд, ки мустақиман дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ кунанд; фазое, ки метавонанд дар он таблиғоташонро ба шакли ҳадафманд дар маърази диди харидорон қарор бидиҳанд.

Олен Русбриҷер (Alan Rusbridger)

Русбриҷер ошуфтагиҳои молии охирин рӯзҳои сардабириашро ба дур аз воқеъбинӣ тавсиф мекунад: “Дар поёни моҳи майи 2015 (аз сардабирии Guardian) канорагирӣ кардам ва дар он замон ҳайъати мудирони тиҷорӣ аз вазъияти ширкат ризоят доштанд.” Аммо зиёни анбоштаи Guardian ба андозае зиёд буд, ки мудирони тиҷорӣ бахши муҳимме аз кӯмакҳазинаҳои ин расонаро ҳазф карданд ва аз ҷонишини Русбриҷер, Котрин Войнер (Katharine Viner) хостанд, ки ҳазинаҳоро то ҳудуди 20 дар сад коҳиш диҳад. Коҳиши шадиди теъдоди коркунони дафтари навпойи Guardian дар Омрико ҳам бахше аз ҳамин барномаи коҳиши ҳазинаҳо буд.

Guardian баъзе аз хонандагонашро розӣ карда буд, ки (барои дастрасӣ ба муҳтавои он) маблағе пардохт кунанд, бидуни он ки ин матолибро аз дастраси бақияи хонандагон хориҷ кунад, то ба ин тартиб ба ормони рӯзноманигорӣ боз вафодор бимонад. Ноябр буд, ки Котрин Войнер эълом кард, тайи се соли гузашта, як милюн нафар дар сар то сари ҷаҳон довталабона аз Guardian ҳимоят кардаанд. Гузориши соли молии гузашта, ки дар моҳи июн ба поён расид, нишон медиҳад беш аз ниме аз ин ҳимояткунандагон ба таври муназзам ин корро анҷом медиҳанд ва ҳомиёни Guardian дар Омрико ба 70 ҳазор нафар мерасад. Акнун кӯмакҳазинаҳои молӣ тасбит шудааст, даромад ба оромӣ рӯ ба афзоиш аст, ва Войнер умедвор аст, то баҳори оянда ҳазинаҳо ва даромадҳои Guardian сарбасар шавад. Аммо бақои Guardian, ки метавонад дар оянда парчамдори ахбори пешрав бошад, вобаста ба ин аст, ки баландпарвозиҳои ҷаҳонӣ мутаъодилтар шавад. Он ҳам дуруст дар лаҳзае, ки ҳамзамон бо навасонҳои либерол-демукросӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, шояд маъмурияти Guardian беш аз ҳамеша ҳассос ва фаврӣ бошад.

Дар ҷоҳои дигар, ҳаракат ба сӯи ҷаҳоне бо ахбори камтар ҳамчунон идома дорад. Бисёре аз нашриёти диҷитол барои дида шудани сафаҳоташон ба Facebook, Google ва дигар ғулҳо вобастаанд, ҳатто агар ин нашрияҳо гузоришҳое мунташир кунанд мабнӣ бар ин ки густариши ахбори ҷаълӣ ҳосили кори ҳамин ширкатҳост. Дар шароите, ки калиди вуруд ба дунёи видеои онлойн дар ихтиёри ҳамагон аст, барномаҳои хабарии шабакаҳои кобелӣ ва саросарӣ низ эҳтимолан ҳамроҳ бо афзоиши синни мухотабони кунуниашон бо сарнавишти мушобеҳ мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Теъдоде аз нашриёти омрикоӣ роҳи хуруҷ аз ин бузургроҳро дар пеш гирифтаанд ва дастрасӣ ба муҳтавои худро бо пардохти ҳазина имконпазир сохтаанд; номи New York Times, Washington Post ва чанд бренди дигар, ки мӯътабаранд ва конуни таваҷҷӯҳ, дар миёни ин нашриёт дида мешавад. Ба эҳтимоли зиёд, нашриёте, ки дар миёнаҳои ин тайф ҷо доранд (монанди рӯзномаҳои маҳаллӣ ва хабаргузориҳои дигаре, ки мушорикатҳои муҳимме доштаанд) ҳамчунон камрангтару камрангтар хоҳанд шуд.

Дар миёни расонаҳои англисизабон, ва аз лиҳози моликият ва маъмурият ва улгуи фаъолият, Guardian мунҳасир ба фард аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин масоил, ҷойи шигифтӣ нест, ки китоби “Хабари фаврӣ…” бештар мушкилотро шарҳ медиҳад, то ин ки бихоҳад барои рӯёрӯӣ бо ин мушкилот нусха бипечад. Русбриҷер дар поён дастони худро боло мегирад ва бори масъулияти наҷоти рӯзноманигориро ба дӯши ғулҳо (шабакаҳои иҷтимоӣ) меандозад. Русбриҷер менависад: “Акнун пурсиш ин аст, ки дар асри ширкатҳои мофавқи ҷаҳонӣ, рӯзноманигорӣ чӣ гуна метавонад давом биёварад? Дар асре, ки баъзе ширкатҳо ва ниҳодҳои муоф аз молиёт ва береша, бештар аз модарамон дар бораи мо иттилоот доранд. Оё ин ширкатҳо рӯзноманигорон ва хабаргузориҳои ҳирфаӣ, мустақил ва мунтақидро аз байн хоҳанд бурд ё аз онон ҳимоят хоҳанд кард? Рӯзноманигорон ва хабаргузориҳое, ки хадамоти умумиро бар ӯҳда доранд, ки заруритар аз ҳамеша аст.”

Барои посух ба ин суол лозим аст Фейсбук ва дигар ғулҳо аз як сӯ бипазиранд, ки тасмимгириҳое монанди тасмимгириҳои сардабирони расонаҳо бар ӯҳда доранд ва аз сӯи дигар пазирои шакле аз масъулияти иҷтимоӣ бошанд. Ин ширкатҳо метавонанд он чиро, ки аз рӯзноманигорӣ боқӣ монда ба соддагӣ аз байн бибаранд. Дар чунин ҷаҳоне, ҷомеае бо дарҳои баста шояд беҳтар аз ин бошад, ки аслан ҷомеае вуҷуд надошта бошад.

NEW REPUBLIC

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: