Перейти к содержимому

Табриаи аъзои Ихвонулмуслимин дар додгоҳ

Додгоҳи ҷиноии Алҷизаи Миср Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ҷамоати Ихвонулмуслимин ва теъдоде дигар аз аъзои ин гурӯҳро дар парвандаи ҳаводиси “Масҷидул-истиқома” табриа (сафед) кард.

Додгоҳи Алҷиза рӯзи панҷшанбе (дирӯз, 10.01.2019) ҳукми табриаи Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ҷамоати Ихвонулмуслимин ва теъдоде аз аъзои барҷаста ин гурӯҳ дар парвандаи маъруф ба ҳаводиси “Масҷидул-истиқома”-ро содир кард.

Ин нахустин ҳукми табриаи ҷамъии теъдоде аз аъзои Ихвонулмуслимин аз соли 2013 то кунун аст.

Тибқи гузориши шабакаи Алҷазира, додгоҳи Алҷиза ҳамчунин ҳукми табриаи Муҳаммад Албилтоҷӣ, Усом Алъурён, Босим Авда, вазири собиқи рифоҳ, Сафват Ҳиҷозӣ ва чаҳор нафари дигарро содир кард.

Абдулмунъим Абдулмақсуд, раиси ҳайъати дифоъ аз Бадеъ ва аъзои Ихвонулмуслимин, дар ин бора гуфт, ки ин нахустин ҳукми табриаи ҷамъии аъзои Ихвонулмуслимин аз соли 2013 аст.

Додситонии Миср ба аъзои Ихвон иттиҳоми қатли 9 нафар ва иқдом ба қатли 21 нафари дигар, узвият дар як гурӯҳи ғайриқонунӣ, ворид овардани хасорат ба амволи умумӣ ва маркази пулис ва дар ихтиёр доштани силоҳ ва муҳиммот ва иғтишош дар майдони Алҷиза воқеъ дар ғарби Қоҳираро ворид карда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: