Перейти к содержимому

Силии дардноки Моҳотир Муҳаммад ба ҳуккоми арабӣ

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири Молезӣ (Малайзия), рӯзи ҷумъа, як силии муҳкаму дардноке ба ҳуккоми арабӣ, ки ба дунболи оддисозии равобити сиёсии худ бо режими “Исроил” ҳастанд зад; замоне, ки мувофиқати кишвараш ба додани раводид (визо) ба варзишкорони исроилӣ барои вуруд ба Молезӣ ҷиҳати мушорикат дар рақобатҳои ҷаҳонии шиноро рад кард; мусобиқае, ки қарор аст Молезӣ дар моҳи июли оянда онро мизбонӣ кунад.

Оқои Моҳотир дар мавзеъи худ ҷиддӣ буд ва ҳаргиз таслими фишорҳои “Исроил” ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нашудааст. Ӯ гуфт: “Мо вуруди исроилиҳо ба кишварамонро қабул намекунем. Агар Кумитаи байналмилалӣ мехоҳад ҳаққи мизбониро аз мо бигирад, пас ин корро бикунад.”

Ин мавзеъи шарофатмандона ва усулии марде, ки Молезиро дар саффи қудратҳои иқтисодии ҷаҳон қарор додааст, дар замоне эълом шуд, ки кишварҳои арабӣ дарҳо ва панҷараҳои худро рӯи масъулон ва тимҳои варзишии исроилӣ барои вуруд ба кишварҳояшон боз мекунанд ва суруди “Исроил”-ро пахш ва парчами ин режими ишғолгарро насб мекунанд.

Оқои Моҳотир, Молезиро ба ҷойгоҳи воқеӣ расонд; барои ин ки ӯ ба адолати инсонӣ имон дорад, ба арзишҳои исломӣ пойбанд аст ва ҳаргиз бар сари онҳо чоназанӣ намекунад. Ӯ, дар ҳоле, ки дар авҷи қудрат буд, ҳукуматдориро тарк кард ва танҳо дар замоне, ки фасод бар он ҳоким шуд ва ҷонишинаш ба абзоре дар дастони бархе ҳуккоми фосиди араб бадал шуд, бори дигар бозгашт, ки ин бозгашти ӯ ба иродаи густурдаи мардумӣ ва аз тариқи сандуқҳои раъй анҷом шуд, на аз тариқи кудетои низомӣ ё ҳатто инқилоби хиёбонӣ.

Кишварҳои арабӣ, ки аз дарвозаи бозиҳои байналмилалӣ, бо “Исроил” оддисозӣ мекунанд, тамоюлашон бар пойбандӣ ба қонунҳои Кумитаҳои олимпӣ, исрор бар эҷоди тамоюз миёни варзиш ва сиёсат, ва идғом дар ҷомеаи байналмилалиро баҳона мекунанд; дар ҳоле, ки тамоми инҳо баҳонаҳое козиб барои хуруҷ аз ормонҳои арабӣ ва исломӣ аст.

Барои дарки ин мавзеъи шарофатмандонаи Молезӣ ва нахуствазири он, хотираеро ба нақл аз яке аз сафирони асбақи Фаластин дар Куоло-Лумпур ривоят мекунем: як мусофири тиҳидасти фаластинӣ, ки аз Молезӣ ба унвони яке аз истгоҳҳои сафараш боздид кард, хост бо Моҳотир, нахуствазир, дидор кунад, то ба ӯ “сипаре” ба унвони ҳадия бидиҳад дар муқобили интизори дарёфти “ҳадияи” молӣ аз Моҳотирро дошт, ва замоне, ки нахуствазир аз тариқи яке аз мушовиронаш аз хостаи ин марди фаластинӣ огоҳ шуд, ба ӯ аз ҳисоби хусусии худ маблағеро ҳадия кард; чаро, ки дар будҷаи давлати Молезӣ банде вуҷуд надорад, ки ӯ битавонад ҳадоёи молӣ бидиҳад.

Оқои Моҳотир Муҳаммад, як фарҳехтаи бузурги ҷаҳонӣ, дарсҳои шаффофият, ватанпарастӣ, демукросӣ ва тамаддуни исломиро омӯзиш медиҳад, дар ҳоле, ки мутаассифона бисёре аз ҳуккоми араб, дар ин килоси дарс аз ҳамон дақиқаи нахуст рад мешаванд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: