Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (35)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нерӯи муҳаррики таърих чист? (2)

Назари Ҷорҷӣ Зайдон

Ҷорҷӣ Зайдон, ки ҳам муаррих аст ва ҳам румоннавис, аз касоне аст, ки қабл аз ин ки назарияи Фрейд пайдо шавад, тарзи тафаккураш ин аст, ки дар ҳар ҳодисаи муҳимми таърихӣ, пойи як занро ба миён меоварад, яъне як омили ҷинсиро ба миён меоварад ва гоҳе ин омилро омили аслӣ муаррифӣ мекунад. Мусаллам, ин назар муболиға аст, вале дар ағлаб ҳаводиси таърихӣ собит кардаанд, ки пойи якчунин омиле дар кор будааст.

* * *

Ду намунаи таърихӣ

Оқои дуктур Соҳибуззамонӣ китобе навиштааст ба номи “Дебочае бар раҳбарӣ”, ки албатта интиқодҳое махсусан дар қисматҳои аввал дорад, вале китобест, ки дар мавзӯи худаш бисёр хуб аст, махсусан дар масоили марбут ба ислом ва Эрон, ки дар охирҳои кори китоби “Хадамоти мутақобили ислом ва Эрон” ин китоб ба дастам расид ва мутолеа кардам ва дар қисматҳои ахири китоби “Хадамоти мутақобил…” тавонистам аз он истифода кунам.

Таъбире дар ин китоб дорад; мегӯяд: баъзеҳо дучори газофагӯӣ ва бемории таксабаббинӣ ҳастанд, яъне ҳамеша таваҷҷӯҳашон ба як сабаб аст, дар сурате, ки иҷтимоъро бо як иллатулилали иҷтимоӣ наметавон шинохт. Баъд, эшон ҳамин омили ҷинсиро тарҳ мекунад; мегӯяд, дар бисёре аз ҳаводиси таърихӣ, ин омил таъсир доштааст, аз ҷумла дар фатҳи Эрон ба дасти аъроб.

Мақсудаш ин аст, ки ду ҷараёни таърихӣ дар дохили Эрон пеш омад, ки сад дар сад ҷанбаи ҷинсӣ дошт ва ҳамонҳо таъсири фаровоне дар инҳитоти Эрон ва шикасти эрониҳо дошт. Яке, ҳамон достони маъруфи Хусрави Парвиз ва Нӯъмон ибни Мунзир аст, ки мо қаблан дар “Носихут-таворих” ва ғайра хонда будем.

Ҳукумате арабӣ дар Ҳира, ки марказаш наздики Куфаи феълӣ буд, дар қисмате аз Ироқи феълӣ, ки муҷовир бо Эрони қадим буд вуҷуд дошт. Албатта, Мадоин, ки алъон ҷузъи Ироқ аст, он вақт ҷузъи Эрон буд. Вале ин қисматҳои Наҷафу Карбало ва як қисматҳои дигар, мамлакати кучаке буд ба номи “Ҳира”. Мамлакате буд арабӣ ва таҳтулҳимояи Эрон ва дар воқеъ сипаре буд, ки эрониҳо дуруст карда буданд барои ин ки ба ин васила бо аъроби бодиянишин мубориза кунанд. Мегуфтанд, оҳанро бо оҳан бояд ҷавоб дод. Онҳо ба як маъно, марздори Эрон аз ноҳияи аъроби бадавӣ буданд.

Ихтилофе байни Нӯъмон ибни Мунзир ва зоҳиран писарамуяш Зайд ибни Удай рух медиҳад ва шояд зулме, иҷҳофе ба Зайд ибни Удай мешавад. Зайд ба дарбори Хусрави Парвиз меояд ва муддатҳо онҷо мултаҷӣ мешавад, вале натиҷа намегирад, то ин ки ҷараёне пеш меояд.

Дар “Носихут-таворих” менависад, ки ҷадди Нӯъмон (Мунзир Моуссамо) як пешкаше барои Анӯшервон фиристод, ва он як канизи бисёр зебо буд. Дар номае авсофу зебоиҳои ин канизро тақрибан дар як варақ ташреҳ кард, ки худи ин шоҳкоре аст аз қалам. Одам таъаҷҷуб мекунад, ки чӣ тавр метавонистанд ин ҷур тавсиф кунанд: чашмаш чунин, абрӯяш чунин, қадаш чунин, хулқаш чунин, хӯяш чунин ва ғайра… Каниз шояд ин ҷур набуд, вале Мунзир чунон ӯро ба унвони як зан ва маъшуқаи идеол тавсиф кард, ки вақте ба дарбор расид, Анӯшервон гуфт: инро нигаҳ доред ва баъд рӯи ин мудел биравед атрофи мамлакатро бигардед; ҳар касро пайдо кардед, ки ин ҷур буд, барои мо биёваред.

Ҳар сол инро намуна ва мудел мегирифтанд ва ба ҳамаи волиҳо ва ҳукком дар ҳама ҷойи Эрон бахшнома карданд, ки ҳар духтареро бо ин сифат пайдо кардед, бо ҳар шароите ва дар ҳар ҷо, ки буд, назди Анӯшервон бифиристед. Ин нома дар хазонаи Эрон монд.

Рӯзе Хусрави Парвиз ба Зайд ибни Удай гуфт: оё ту духтаре бо ин авсоф, ки Мунзир тавсиф карда суроғ дорӣ? (Ҳоло се ҳазор зан дар ҳарамаш буд, боз дунболи зани дигаре мегашт). Зайд фурсатро муғтанам шумурд; гуфт: бале, суроғ дорам. Гуфт: кӣ? Гуфт: духтари Нӯъмон.

Нақша кашид, бо худ гуфт, вақте ман инро бигӯям, Хусрав аз ӯ хоҳад хост. Нӯъмон ҳам қатъан духтарашро намефиристад, яке ба ин далел, ки арабҳо аз қадим духтар ба аҷам намедоданд, ва дигар ин ки бо худаш фикр кард, ки Хусрав инро ба тамаъи он духтари идеол мехоҳад, агар Нӯъмон духтарашро бифиристад, вақте бибинад, ки он ҷур нест, ҳатман хоҳад гуфт як каси дигарро фиристодаӣ.

Нӯъмон дар ҷавоби Хусрав номае фиристод ва дар он ҷумлае навишт, ки муфодаш ин буд: подшоҳ, бо говчашмони эронӣ, ки дар ихтиёр дорад, дигар ниёзе ба ин сиёҳони арабӣ надорад, яъне инҳо қобил нестанд. Номаро худи Зайд тарҷума кард. Дар инҷо тақаллуб кард; гуфт: Нӯъмон навишта: он модаговони эронӣ дигар шоҳро кофӣ нест, ки духтарҳои зебои арабро мехоҳад? Шоҳ гуфт: ҳамла кунед! Дастури ҳамла доданд, ки чаҳор ҳазор нафар бираванд ва чунину чунон бикунанд.

Нӯъмони бечора вақте, ки қазияро фаҳмид, барои ин ки матлабро ҳал ва рафъи суитафоҳум кунад, худаш омад, вале ҷаноби Парвиз он қадр асабонӣ буд, ки маҷоли дифоъ ба ӯ надод; гуфт: ӯро биандозед зери пойи фил. Ӯро зери пойи фил андохтанд ва куштанд.

Нӯъмон чун аз қабл ин хатарро эҳсос мекард, зану баччаву касони худашро ба қабилаи Банӣ Шайбон — ки қабилаи қавие буд — супурд ва дар ҳимояти онҳо қарор дод; аз ин ҳисси арабӣ, ки мустаҷирро паноҳ медиҳанд, истифода кард.

Парвиз ба ин қаноат накард, ки худи Нӯъмонро кушт; дастур дод бираванд ва тамоми амволу сарваташро биёваранд, зану баччаашро ҳам ба асорат биёваранд, махсусан он духтари идеолро ҳам биёваранд.

Вале он духтар дар қабилаи Банӣ Шайбон буд. Қабилаи Банӣ Шайбон гуфтанд: ҳаргиз касеро, ки дар паноҳу ҷивори мост, таслим намекунем. Аз ин рӯ миёни эрониҳо ва аъроб ҷанги маъруфи “Зиқор” даргирифт. Ин ҷанг дар ҳамин Ироқ сурат гирифтааст. Барои аввалин бор аъроб шикасти фоҳише ба эрониҳо доданд. Ҳаргиз дар таърих собиқа надошт, ки эрониҳо аз аъроб шикаст бихӯранд. Аъроб худашонро кучактар аз ин медонистанд, ки бо эрониҳо биҷанганд. Вақте, ки шикаст доданд, фаҳмиданд, ки мешавад бо инҳо ҷангид ва шикасташон дод.

Навиштаанд, як омили асосӣ, ки сабаб шуд аъроб баъд аз он ки мусалмон шуданд ба Эрон ҳамла кунанд ва аз ҳамла ба Эрон бим надошта бошанд, ҷанги Зиқор буд ва ин ҷангро як омили ҷинсӣ эҷод карда буд. Агар ин ҷанг рух намедод, ба ақидаи ин муаррихин, аъроб ин ҷуръатро ба худ намедоданд, ки ба Эрон ҳамла кунанд.

Ҷараёни дигар, моҷарои маъруфи Озармидухт аст. Озармидухт яке аз ду духтари Хусрави Парвиз аст, ки подшоҳи Эрон шуд ва бисёр зебо буд. Падари Рустами Фаррухзод аз ӯ хостгорӣ кард.

Инҷо таърих ду ҷур мегӯяд, яъне маҷҳул аст. Баъзе мегӯянд, Озармидухт гуфт, ки ман зани ту намешавам, вале агар маҳрамона биёӣ, ҳозирам, ки ошиқу маъшуқи якдигар бошем. Аммо баъзе мегӯянд, аслан ба ӯ бархӯрд; махсусан Фаррухзодро овард, то ба домаш биандозад.

Озармидухт оҷудони махсусе (афсари махсусе) дошт, ки вақте Фаррухзод дар нимашаб омад, мутаваҷҷеҳ шуд ва ӯро кушт. Баъзе мегӯянд, рӯи ҳасодат ин корро кард ва гуфт: агар бино бошад малика дар ихтиёри касе бошад, чаро дар ихтиёри худам, ки оҷудонаш ҳастам набошад? Ту аз Хуросон роҳ афтодаӣ омадаӣ инҷо?! Баъзеҳо, ки хостаанд ин корро тавҷеҳ кунанд, гуфтаанд, на, ба амри худи малика кушт. Вақте, ки кушта шуд, малика барои ин ки аз худаш дифоъ карда бошад, ки ӯ қасди суъ ба ман дошт ва фардо нагӯянд, ки ӯ ошиқашро беҷиҳат кушта, дастур дод, ки ҷанозаи ӯро дами дарвоза ба дор карданд, барои ин ки ба мардум бигӯянд, ин қасди суъ дошт, ки кушта шуд, ва мардум нагӯянд, ки бо ҳамдигар қарори маҳрамонае доштанд.

Рустами Фаррухзод аз Хуросон ба қасди ҳамла ба дарбори соcонӣ ва куштани сардоре, ки падарашро кушта буд ҳаракат кард. Дар ҳамин гирудорҳо буд, ки ҳамлаи аъроби мусалмон шурӯъ шуд. Тоза, Рустами Фаррухзоди падаркуштае, ки падаркуштагиаш ҳам ба воситаи як омили ҷинсӣ буда, маъмур шуд биравад аз ин салтанат дифоъ кунад.

Худи инҳо навиштаанд, ки аввал омад ба Мадоин ва иддаи зиёдеро кушт, баъд ба ҷанги аъроб рафт, ва навиштаанд, агар лашкари Мадоин бо ҳамин Рустам, ки аз Хуросон ҳаракат карда буд ҳамфикру ҳамақида буд ва бо ҳамдигар ба ҷанги аъроб мерафтанд, шояд ҷилави аъробро мегирифтанд, вале як ҷараёни ишқӣ сабаб шуд, ки боз эрониҳо аз назари нерӯи низомӣ заъифтар бишаванд.

Мо назири ин қазияҳоро дар таърих зиёд метавонем пайдо кунем. Вақте, ки мо қоил ба ин мавзӯъ нашудем, ки “ҳама чизро омили иқтисодӣ мечархонад ва шакли иқтисодии иҷтимоъ, ки тағйир бикунад, ҳама чиз тағйир мекунад”, ин мушкил, ки ин гуна қазияҳоро чӣ гуна метавон тавҷеҳ кард аз миён меравад.

Ва ҳамин тавр аст вақте, ки мо барои ақида ва имон асолат қоил шудем, яъне гуфтем башар дар айни ҳол як мавҷуди ақидаӣ ва як мавҷуди идеяӣ аст ва ба хотири ақидаву имонаш дар ҳамаи шуъуни иҷтимоии худ тасарруф мекунад, по рӯйи ҷоҳ мегузорад, по рӯйи молу сарват мегузорад, ки Қуръон нақл мекунад:

وَيُؤْثِرُونَ عَلَى أَنْفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ

(Сураи Ҳашр, ояти 9)

Бинобар ин намешавад ба ин истидлол қонеъ шуд, ки чун зербинои иҷтимоъ равобити иқтисодӣ аст ва равобити иқтисодӣ ҷабран мутағайир аст ва ҷабран ҳама чиз бояд тағйир кунад, пас ҳама чиз ҳатман тағйир мекунад.

* * *

Сухани Алӣ Алвердӣ

Масъалаи муҳимтар ин аст, ки иддае аз нависандагони араб ва махсусан дуктур Алӣ Алвердӣ, дар китобҳояш — зоҳиран бештар дар китоби “Маҳзалатул-ъақлил-башарӣ” — исрори фаровон доранд, ки аз назари мантиқи ислому Қуръон, зербинои иҷтимоъ, иқтисод асту бас. Ӯ ба порае аз оятҳои Қуръон ҳам истидлол мекунад, ки Қуръон мегӯяд ҳар ҷо тағйироте дар ҷомеае пайдо шуд, решаашро бояд дар равобити иқтисодии афроди башар нисбат ба якдигар ҷустуҷӯ кард.

Иншоаллоҳ мо дар ҷаласае он оятҳоеро, ки ӯ зикр карда, меоварем, то бибинем оё ин истинботе, ки инҳо аз ислом кардаанд дуруст аст ё на, якҷониба чанд то оятро гирифтаанд ва оятҳои дигарро мавриди ғафлат қарор додаанд. Ва бибинем, ки ба таври куллӣ ислом дар гардиши таърих барои чӣ омилҳое асолат қоил аст?

(Ишкол ба оқои Мутаҳҳарӣ:) — Моркс мегӯяд: зербинои як ҷомеа, иқтисоди он ҷомеа аст ва тамоми мазоҳири иҷтимоъ аз қабили фарҳанг, ҳунар, мазҳаб, сунан, шаклу қонунҳои ҳукумат, рӯбинои он ҳастанд. Мақсуди ӯ аз иқтисод, пулу хӯрдану пӯшидан нест.

(Оқои Мутаҳҳарӣ:) Ҳар чи ки қобили мубодила бошад.

(Ишколкунанда:) – Хайр. Мегӯяд: “манофеи моддии инсон муҳаррики инсон аст.” Манофеъ, мунҳасир ба хӯрдану пӯшидан нест. Ҷалби лазоизи шаҳавонӣ, таъмини манофеи худхоҳӣ ва бартариталабӣ ҳам ҷузъи манофеи моддӣ аст, ва кулли манофеи моддӣ матраҳ аст.

(Оқои Мутаҳҳарӣ:) Инки эшон тавҷеҳ мекунанд, ки онҳо гуфтаанд “манофеи моддӣ”; на, ин як тавҷеҳе аст, ки шумо доред мекунед.

Ду масъала аст: як вақт ҳаст, ки онҳо мисли ҳамаи моддигароёни олам мегӯянд асолат бо моддиёт аст, ва як вақт ҳаст, ки чунин нест. Аслан мушаххиси мактаби Моркс дар миёни соири моддигароёни ҷаҳон, ҳамин аст. Медонем, ки дар бораи инсон, ки оё инсон мавҷудест маънавӣ ё моддӣ, ё ҳам маънавӣ ва ҳам моддӣ, як идда, ки моддӣ ҳастанд инсонро мавҷуде моддӣ медонанд ва барои маънавиёти инсон асолате қоил нестанд. Ин ашхос мегӯянд, он чи ки хостаи аслӣ ва ҳадафи инсон аст ва инсон ба дунболи онҳо меравад, моддиёти зиндагӣ аст, ки онҷо моддиёт бармегардад ба баданиёт; ҳар чи, ки сабаби лаззате аз лаззоти бадан бишавад. Ба ин маъно, ғаризаи ҷинсӣ ҳам як ғаризаи моддӣ аст.

Вале мушаххиси мактаби Моркс ин нест, ки таърихро моддӣ медонад, балки ин аст, ки тасреҳ мекунад ба “иқтисод” яъне хостаҳое, ки қобили мубодила аст. Чизҳоеро зербино қарор медиҳад, ки дар қаламрави моликият ва дороии шахс қарор мегирад, он чи ки дар қаламрави моликият қарор мегирад ва он чи ки дорои арзиши иқтисодӣ аст. Мушаххиси мактаби Моркс ин ҷиҳат аст, на фақат моддӣ будани таърих. Моддӣ будани таърихро ғайр аз Моркс, дигарон ҳам гуфта буданд.

Агар шумо аз гуфтаҳои худи Моркс чизе овардед, ки нишон бидиҳад мақсуди ӯ аз материализми таърихӣ фақат иқтисод нест, сухани шумо қобили қабул аст. Ман арз кардам “иқтисод”, кай гуфтам танҳо хӯроку пӯшок? Мақсудам ин аст: он чи ки мавзӯи моликият ва дороӣ воқеъ мешавад. Зану фарзанд аз масоиле аст, ки ҷузъи дороӣ қарор намегирад. Масоиле ҷузъи дороӣ аст, ки матлубияташон барои башар матлубияти навъӣ бошад, яъне инсон “мисли” ин чизро мехоҳад на “шахси” онро. Чӣ тавр? Фарз кунед, ки инсон як ангуштари тило мехоҳад ва хеле дӯст дорад, ки онро доро бошад, вале ҳеч вақт ишқи одамӣ ба шахси ин ангуштар таъаллуқ намегирад. Агар як ангуштари дигаре сад дар сад мисли ин пайдо бишавад, барояш тафовут намекунад, ки ин якеро дошта бошад ё он якеро. Ва агар ангуштари беҳтар аз ин пайдо бишавад, қатъан инро медиҳад ва онро мегирад. Ё порча ва либос ва худраве, ки мехоҳад, ишқе, ки инсон ба инҳо дорад, ба навъашон аст, на ба шахсашон ва дар воқеъ ба фоида ва асарашон аст.

Қаҳран ҳамаи афроди башар дар инҳо баробар хоҳанд буд ва инҳост, ки қобили мубодила хоҳад буд: ман ин ангуштарро медиҳам ба ангуштари дигаре мисли ин ё ба чизи дигаре, ки арзиши муъодили ин дошта бошад ва баъд битавонам бо он, яке дигар таҳия кунам.

Аммо ҳеч вақт одамӣ баччаи худашро рӯи ин ҳисоб дӯст надорад, яъне инсон фақат ҳамон шахси баччаи худашро дӯст дорад, ҳеч чизе ҷонишини ӯ намешавад. Агар бираванд баччаи дигареро биёваранд, ки хеле аз баччаи ӯ боҳуштар ва бонамактар ҳам бошад ва бигӯянд: ин баччаро бигир, баччаи худатро ба мо бидеҳ, мегӯяд: ман баччаи худамро мехоҳам. Ин асб ё худрав нест, ки вақте беҳтарашро оварданд, иваз кунад.

Дар мавзӯи ишқ ҳам ҳамин тавр аст. Инсон ҳамеша як ғаризаи куллӣ нисбат ба ҳамсар дорад. Марде, ки дар ҷустуҷӯи зан аст, ошиқи “куллӣ” аст, ва ҳамин тавр зане, ки дар ҷустуҷӯи шавҳар аст. Мо худамон ҳамеша дар боби ишқ ба ин ҳарф механдем, ки бигӯянд касе ошиқи куллии табиӣ аст, зеро одам наметавонад ошиқи куллии табиӣ бошад. Инсон метавонад толиби куллии табиии мол бошад, толиби куллии табиии худрав бошад, вале наметавонад ошиқи куллии табиии зан бошад. Достони он ғуломе мешавад, ки арбобаш дид хеле нороҳат аст ва муддатест, ки рӯз ба рӯз лоғартар ва рангаш зардтар мешавад. Ба ӯ гуфтанд: оқо, ба дарди ин бирас! Гуфт: чӣ шуда? Гуфтанд: ошиқ шуда. Ӯро хост, гуфт: қазия чист? Шурӯъ кард ба гиря кардан. Гуфт: дардатро бигӯ. Ҳей гиря мекард. Охираш гуфт: ошиқ шудаам. Гуфт: ошиқи кӣ? Гуфт: ҳар ки шумо маслиҳат бидонед.

Инсон наметавонад ошиқи касе бошад, ки дигаре маслиҳат бидонад. Аслан, ишқ ба “шахс” таъаллуқ мегирад, яъне ҳукми як пайванди моддиро дорад, ки бояд шахсаш мавҷуд бошад ва миёни ин шахс ва он шахс пайванд барқарор бишавад. Ба ҳамин далел аст, ки на зан ҷузъи дороии мард аст ва на мард ҷузъи дороии зан; пайванди шахсӣ аст. Як мард ҳозир нест ҳамаи занҳои дунёро ба ӯ бидиҳанд бо зани худаш мубодила кунад; ва он зан ҳам агар ҳамаи шавҳарҳои дунёро биёваранд ва ба ӯ бигӯянд ҳар кадомро мехоҳӣ интихоб кун, шавҳари худатро бидеҳ; ҳозир нест мубодила кунад. Яъне як алоқаи шахсӣ миёни ин зан ва ин мард барқарор мешавад ҳамин тавр, ки миёни падару фарзанд алоқаи шахсӣ эҷод мешавад. Ҳеҷ кас падарашро бо падарҳои дигар мардум мубодила намекунад, баччаашро ҳам бо баччаҳои дигар мубодила намекунад. Ва чун инҳо ҷанбаи шахсӣ ва фардӣ дорад, ҷузъи масоили иқтисодӣ қарор намегирад. Яъне бо соири ашё муовиза намешавад. Пас, ғалат аст агар мо бигӯем, ки зан ҷузъи масоили иқтисодӣ аст.

Агар бигӯед Моркс нагуфтааст “масоили иқтисодӣ”, мегӯем ӯ тамоми гуфтаҳояш пур аст аз “иқтисод”, намегӯяд “моддиёт”. Ва агар мегӯед зану шавҳар ва падару модар ва инҳо ҳам ҷузъи масоили иқтисодӣ аст, қатъан ин тавр нест. Он вақте, ки зану шавҳар ҷузъи масоили иқтисодӣ қарор бигиранд, дигар руҳи хонаводагӣ вуҷуд надорад, яъне он вақте, ки мард занашро ба ҳисоби пул дар хона нигаҳ дорад ё зан шавҳарашро ба ҳисоби пул нигаҳдорӣ кунад, он вақт аст, ки ин хонавода бар асоси руҳи хонаводагӣ ташкил нашуда, бар асоси руҳи дигаре ташкил шудааст.

Ҷоҳу мақом чӣ тавр? Оё мо метавонем ҷоҳу мақомро ҷузъи масоили иқтисодӣ бишуморем? Дар сурате, ки инсон барои ҷоҳу мақом аз ҳамаи манофеи иқтисодии худаш мегузарад, яъне як умр зоҳидона зиндагӣ мекунад, ки мақомашро ҳифз кунад. Чӣ қадр аз ин афроди риёкор ва ҷоҳталаб дар дунё будаанд, ки барои ин ки осебе ба шахсияти иҷтимоияшон ворид наёяд, барои ин ки кучактарин таназзуле дар мақоме, ки дар иҷтимоъ доранд накунанд, як умр либоси жанда мепӯшанд, барои худашон аз ҳамаи неъматҳои дунё маҳрумият эҷод мекунанд, пиёда мераванд, нони ҷаву сирка мехӯранд, барои ин ки ҷоҳу мақом ва иззату эҳтироме, ки дар дилҳо доранд, ҳифз бишавад. Оё шумо инро ҷузъи масоили иқтисодӣ меоваред? Бале, ба як маъно моддӣ ҳаст, дар муқобили маънавиёт яъне умури худоӣ ва охиратӣ; инҳо худоӣ ва охиратӣ нест. Вале Моркс, ки намегӯяд “умури моддӣ”, мегӯяд “умури иқтисодӣ” ва инҳо қатъан ҷузъи масоили иқтисодӣ нест. На танҳо мо, дигарон — амсоли Росел — ҳам, ки ба Моркс эрод мегиранд, ба ҳамин ҷур чизҳо эрод мегиранд. Мафҳуми онҳо ҳам аз ҳарфи Моркс ин набуда, ки гуфта “манофеи моддӣ”, вагарна худи Росел ҳам башарро мавҷуде моддӣ медонад. Бо ин ки худаш ҳам башарро моддӣ медонад, вале дар айни ҳол назарияи Морксро қабул надорад, чун ӯ такяаш фақат рӯи масоили иқтисодӣ аст; масоиле, ки ҷузъи дороӣ қарор мегирад; масоиле, ки қобили мубодила бо ҷинс ва колои дигар аст; масоиле, ки мешавад бо пул онҳоро таҳия кард. Вале маҳбубият ва мурод буданро наметавон бо пул таҳия кард; инҳо дигар ҷузъи масоили иқтисодӣ нест. Яъне инҳоро намешавад бо пул мубодила кард. Мумкин аст инсон мақомеро бо пул ба даст биёварад, вале мубодила намешавад кард, қобили хариду фурӯш нест.

(Ишколкунанда:) — Шак нест, ки иқтисод ё умури моддӣ ва ин ки башар аввал мехоҳад зинда бошад, сарлавҳаи тамоми матолиби дигар аст. Ва боз шакке нест, ки танҳо модда муҳаррики башар нест. Аксарияти башар дар дараҷаи аввал ба дунболи моддиёт меравад ва мавзӯи “донишу озодагиву дину мурувват — ин ҳамаро бандаи дирам натавон кард” барои иддаи бисёр маъдуде матраҳ аст. Афроде мисли Алӣ (а) чанд то бештар набудаанд. Вале ҳадафи адён ин аст, ки ба мардум нишон бидиҳанд, ки агар фақат моддиёт сарлавҳа ва муҳаррик дар зиндагӣ бошад, натиҷааш ин накбату куштори мавҷуд аст, агар саодат мехоҳед роҳаш ин аст.

(Оқои Мутаҳҳарӣ:) Баён оқои муҳандис албатта баёни хубе аст, вале ҷои як “аммо” дар он ҳаст, ва он ин ки агар нерӯи аслии гардонандаи башар ва таърихи башар — ҳатто дар аксарият — умури моддӣ бошад, ба ақидаи инҳо башар ба ҳукми ҷабр кашида мешавад ва аз ин рӯ инҳо дар ин масоил, ҷабрӣ ҳам ҳастанд. Гӯ ин ки кӯшиш мекунанд, ки ихтиёри башарро ҳифз кунанд, вале мантиқашон ба гунае аст, ки ба ҷабр кашида мешавад.

Адён дар муқобили ин ҷабр чӣ метавонанд бигӯянд ва чӣ гуна метавонанд муассир воқеъ шаванд? Ин мисли он аст, ки адён ба башар бигӯянд: эй башар! Ҳар чӣ ба сарат меояд, аз ин шикам ва аз ин гуруснагӣ аст. Гурусна набош, роҳат мешавӣ. Оё одам метавонад гурусна набошад? Ба ҳукми ҷабри табиат, одам гурусна мешавад. Вақте ҳам гурусна шуд, ба ҳукми ҷабр дунболи нон меравад. Барои ин ки дунболи нон биравад, танозӯи бақо ҳам дармегирад. Ин як ҷабр аст.

Агар дар вуҷуди инсон ғароизи дигаре набошад, ки адён бихоҳанд бо гуфтаҳои худ ангушт рӯи онҳо бигузоранд, он ғароизро зинда ва контрол кунанд, гуфтаи адён бе асар ва бе фоида аст. Адён ҳам, ки нақши асосии худашонро иҷро карда ва ба қавли шумо гуфтаанд: “донишу озодагиву дину мурувват — ин ҳамаро бандаи дирам натавон кард” ва авоқибашро ҳам ба башар нишон додаанд, барои ин буда, ки — бар хилофи эътиқоди касоне, ки мегуфтанд башар тобеи манофеи онии худ аст ва дар муқобили манофеи онӣ коре намешавад кард — ҳиссе ҳам дар башар вуҷуд дорад, ки мегӯяд: рост мегӯяд, оё инсон ҳама чизро бояд фидои пул кунад? Якчунин ҳиссе ҳам дар башар ҳаст, ки анбиё мехоҳанд онро зинда кунанд, на ин ки ин ҳисс вуҷуд надорад магар дар чанд нафаре мисли Алӣ ибни Абӯтолиб, ва анбиё мехоҳанд аз ҳамон ғароизи моддии башар ба нафъи “донишу озодагиву дину мурувват” истифода кунанд. Дар ин сурат ба истилоҳ мушт ба синдон задан ва об дар ғирбол кардан аст ва фоида надорад.

(Ишколкунанда:) — Анбиё меоянд он нерӯеро, ки таҳтушшуъои ғароизи моддӣ қарор гирифта зинда кунанд.

(Оқои Мутаҳҳарӣ:) Дуруст аст, қабул дорам, он шак надорад. Анбиё омадаанд, ки ба таъбири Қуръон нуқоти хомӯшшудаи фитрати инсонро зинда кунанд, ва ба таъбири Амирулмӯъминин:

فبعث فيهم رسله وواتر اليهم أنبيائه ليستأدوهم ميثاق فطرته

Вафои ба он паймонҳоеро, ки дар фитрати башар ҳаст, бихоҳанд. Пас дар вуҷуди башар бояд чунин нерӯе бошад, ва воқеан ҳам ҳамин тавр аст.

Масалан, агар дар инсон ғаризаи шеъру зебоие, ки аз шеър эҳсос мекунад набуд, оё имкон дошт, ки чанд нафар мисли Саъдӣ ва Мавлавӣ ва Ҳофиз ва ғайра… ин қадр бар ҷомеа ҳукумат кунанд? Алорағми ҳамаи такфирҳо, тафсиқҳо, бо анбар гирифтани Маснавӣ ва ин ҳарфҳо, боз Маснавӣ шахсияти худашро ҳифз карда ва боқӣ монда, чаро? Барои ин ки як пайванде бо руҳи башар дорад, зебост, нағз аст ва башар наметавонад дар муқобили нағзу зебо ва андешаи олӣ бетафовут бошад. Маснавиро инсон ба хотири манофеи иқтисодӣ намехоҳад, ба хотири ҳамон ҳисс мехоҳад; ба хотири хузуъе, ки дар муқобили андешаҳои олӣ, андешаҳои нағз, андешаҳои зебо дорад. Ҳамон хузуъи фикрӣ сабаб мешавад, ки ин Маснавӣ ҳар сол чоп шавад ва доиман шарҳ бар он бинависанд.

Дин ҳам ҳамин тавр аст. Пайғамбари ислом як ятим бештар набуд; ятиме, ки хешовандони худаш ҳам дар дараҷаи аввал бо ӯ мухолиф буданд. Омилҳои замони Пайғамбарро ҳар чӣ тавҷеҳ бикунед, ин омилҳо дар зарфи чанд сол ба куллӣ дигаргун шуд, авзоъи замони халифаҳои садри аввал дигаргун шуд, авзоъи замони Банӣ Умайя дигаргун шуд, авзоъи замони Банӣ Аббос дигаргун шуд, ҳазорон ҷараёни дигар пайдо шуд, асабиятҳо аз байн рафт, табақае рафт, табақае дигар омад, миллате рӯ буд зер рафт, миллате зер буд рӯ омад, миллати севвуме омад… Вале дар тамоми ин ҷараёнҳо Қуръон ва ислом, худашро ҳифз карда, яъне ин киштӣ дар васати ин ҳама ҷазру маддҳои бузург худашро нигаҳ дошта, зеро асолат дорад, як пайванди хоссе бо руҳи башар дорад. Маънои

انّا نحن نزّلنا الذكر وانّا له لحافظون

(Сураи Ҳиҷр, ояти 9) ин нест, ки мо Қуръонро ба зӯри Ҷабраил меоварем ва ба зӯр нигаҳаш медорем; ҳей ҷомеа мехоҳад онро тард кунад, мо ба зӯр таъминаш мекунем, балки маънояш ин аст, ки мо Қуръонро ҳифз мекунем, чун суннати мо ӯро ҳифз мекунад. Суннати мо ин аст, ки ҳар чизе, ки бо ниёзу фитрати башар сару кор дошта бошад, худи фитрат ва ниёзи дарунии башар, зомини ҳифзу бақои он аст ва аз ин рӯ ин ҳама ҷазру маддҳо ва ин ҳама кӯҳнаву навҳое, ки дар таърих пайдо шуда, ин китоб худашро ҳифз карда ва ҷавонаҳои нав зада.

Шумо мебинед дар фалон гӯшаи Урупо ё Офриқо боз фалон мутафаккир пайдо шуд, роҷеъ ба Қуръон чунин гуфт, мусалмон шуд, чунин шуд, чунон шуд. Ин нишон медиҳад, ки як ҷозибаи хоссе миёни Қуръон ва руҳи башар вуҷуд дорад. Тадриҷан ҳам пай дар пай сайд мекунад. Агар як идда ба иллатҳои хоссе робитаашон бо он қатъ мешавад, боз як иддаи дигар аз ҷои дигар кашида мешаванд.

(Ишколкунанда:) — Фармудед: инсон ҷоҳталабиро барои худи ҷоҳталабӣ мехоҳад. Иттифоқан, инсон ҷоҳталабӣ ва мақомро барои имтиёзҳо ва аворизаш мехоҳад. Куҷо ҳастанд онҳое, ки мегӯед зоҳид буданд ва эътиқоде надоштанд ва риё карданд ва ҳамаи умрро ба нороҳатӣ гузаронданд? Хеле кам мебинед, ки касе ҳеч эътиқоде надошта бошад, баъд барои мақоме, ки ҳеч чиз надорад фаъолият кунад. Агар бидонад, ки аз мақоме, ки ба ӯ медиҳанд ҳеч истифодае наметавонад бикунад, мусаллам дунболаш намеравад. Агар афроде мисли Гондиро мебинед, наметавонед бигӯед, ки маънавият ва эътиқоде надоранд. Шумо пайдо кунед касеро, ки ҳеч эътиқоде надошт ва баъд дунболи мақом рафт ва ҳеч суистифода ҳам накард.

(Оқои Мутаҳҳарӣ:) Неҳру чӣ гуна аст? Ман Гондиро намегӯям, Неҳруро мегӯям. Оқои Неҳру агар дунболи кори дигаре мерафт, бештар пул дармеовард ё вақте, ки ин мақомро дошт? Ӯ мусаллам ин мақомро мехост, ба хотири ҳамин мақом ҳам мехост, чун ба Худо, ки эътиқод надошт ва барои охират кор намекард.

Яке аз ин ду амр дар кор аст: ё воқеан Неҳру одаме буд сулҳхоҳу инсондӯст ва ба хотири як отифаи инсонӣ фаъолият мекард, ки худаш далели дигаре аст бар радди назарияи морксистҳо. Мо мӯътақидем виҷдони инсонӣ ва авотифи олии инсонӣ гоҳе минҳои ҷоҳталабӣ, минҳои омили ҷинсӣ, минҳои иқтисод фаъолият дорад. Ва ё хоҳони ҷоҳу мақом буд. Ба иборати дигар, барои Неҳру яке аз ин ду тавҷеҳро бояд кард: ё омили муҳаррики ӯ фақат нерӯи отифаи инсониаш буд, асабият буд, воқеан одаме буд, ки Ҳиндро мепарастид, ҳиндиҳоро дӯст дошт ва ба сарнавишти мардуми Ҳинд алоқаманд буд, ки худаш амрест ғайри иқтисодӣ, ва ё одаме буд фардӣ ва ҷоҳу мақомро мехост, вагарна дар дунё кадом корро агар Неҳру мегирифт, пулаш бештар аз ин набуд? Як кори пурзаҳмату пурдарду ранҷе, ки қатъан ӯро аз танаъумҳои моддии дунё (ба он маънии иқтисодӣ) маҳрум мекард ва аз дунё ба ин розӣ буд, ки исмаш ин бошад, ки дар раъси як мамлакати чаҳорсад милюнӣ мисли Ҳинд қарор гирифта ва номаш барои ҳамеша дар таърих боқӣ мемонд. Ва амсоли ин дар таърих зиёд аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: