Перейти к содержимому

Иттиҳоди ҷадиди ифротиҳо дар Урупо дар ҳоли шаклгирӣ аст

Соймун Тисдол (Simon Tisdall), таҳлилгари рӯзномаи Guardian навишт, каффаи тарозуи қудрат дар Урупо дар ҳоли сангин шудан ба нафъи ифротгароён аст. Дар остонаи интихоботи порлумони Урупо, ду ҷабҳаи аслӣ — яке бо меҳварияти Фаронса ва Олмон, ва дигаре бо меҳварияти ифротгароёни урупоӣ назири Маҷористон (Венгрия) ва Итолиё ва Лаҳистон (Полша) дар ҳоли шаклгирӣ аст.

Соймун Тисдол (Simon Tisdall)

Тисдол дар навиштаи худ, бо зикри мисоле, шароити имрӯзи Бритониёро ба тасвир мекашад. Ӯ мегӯяд: “Ҳамзамон шудани ба намоиш гузошта шудани тоблуи “Фарёд” — маъруфтарин асари ҳунарии Эдворд Мунш (Edvard Munch) дар музейи British Museum дар шаҳри Ландан ва хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Урупо, метавонад иттифоқӣ бошад, аммо аз нигоҳе дигар, Эдворд Мунш, наққоши нурвежӣ, дар ин асар, дарди шадиди ҳамроҳ бо изтироби боло, бесуботии равонӣ, андӯҳ, танҳоӣ ва ҷудоафтодагиро ба тасвир кашидааст”, ки аз назари Тисдол, ҳоли ин рӯзҳои Бритониёро нишон медиҳад.

Аз диди ин таҳлилгар, дар ҳамин ҳангом, вазъияти парешони Урупо низ шаклу шамоили беҳтаре надорад. Дурнамо ва инсиҷоми Иттиҳодияи Урупо бо тамаркуз бар интихоботи порлумони Урупо дар 23 то 26 май бо таниши болое ҳамроҳ аст. Ин интихобот метавонад ҷидолҳои муҳимме дар хусуси ҷиҳатгирии Иттиҳодияи Урупо эҷод кунад. Ду пойгоҳи рақиб барои ин интихобот дар ҳоли шаклгирӣ ҳастанд. Дар як сӯ Олмону Фаронса истодаанд, ки мутури муҳаррики Иттиҳодияи Урупо аз замони ташкили он ҳастанд. Эмонуил Мокрун, раисиҷумҳури Фаронса ба дунболи Урупои муттаҳидтар аст. Онгело Меркел, садриаъзами Олмон, аз дидгоҳи куллии Мокрун ҳимоят мекунад, аммо дар хусуси мавориде хосс эҳтиёт мекунад. Ҳар ду кишвар хоҳони ин ҳастанд, ки Иттиҳодияи Урупо бар сари манофеъ ва арзишҳояш бимонад. Ҳамчунин ба дунболи тасреъи ҳамкорӣ дар бахши дифоӣ, амниятӣ ва диплумосӣ ва муқобила бо сохторшиканиҳои Тромп ҳастанд.

Тисдол навиштааст: “Бо қарор гирифтани Бритониё дар хориҷ аз таркиб, Порис ва Берлин дар ҳоли поягузории муҷаддади ҳежмунии (гегемонияи) Урупои тақрибан нодидагирифташуда ҳастанд.” Аммо ба ақидаи вай, бозгашти меҳвари ғолиби Фаронса-Олмон метавонад хабари баде барои муттаҳидони Бритониё дар Урупои марказӣ ва шарқӣ бошад.

Ба навиштаи ӯ, аз сӯи дигар ҳафтаи гузашта аҳзоби рости авомгаро, миллигаро, зиддимуҳоҷират ва бегонаситез ба ҳам пайвастанд. Мотеу Солвинӣ, муовини нахуствазири Итолиё ва раҳбари иттиҳоди рости ифротӣ дар Варшав, пас аз дидор бо сарони давлати муҳофизакори Лаҳистон (Полша), хоҳони иттиҳоди қорраӣ барои “навзоии арзишҳои урупоӣ”, зиддимуҳоҷиратӣ ва поён додан ба “идора шудани Урупо тавассути брукротҳо” яъне Кумисиюни Урупо, Фаронса, Олмон, Белжик, Ҳуланд (Нидерланд) ва Луксембург шуд. Виктур Урбон, нахуствазири Маҷористон (Венгрия), ки зиддимуҳоҷиртарин ва зиддимусалмонтарин мақоми урупоӣ аст, сареъан аз суханони Солвинӣ истиқбол кард.

Аз диди ин таҳлилгар, “марзҳои набард дар ҳоли густариш ва парчамҳо дар ҳоли афрошта шудан ҳастанд. Ғанимати он кулли Урупост.” Солвинӣ қотеъона “баҳори урупоӣ”-ро пешбинӣ кардааст, ки дар нигоҳи аввал шайтонӣ ба назар мерасад.

Ҷамъбандии Тисдол дар хусуси тағйироти сиёсии ахири Урупо ҳокӣ аз ин аст, ки “таъодули қудрати сиёсӣ дар Урупо шояд ба нафъи рости ифротӣ кашида шавад. Акнун як шашуми раъйдиҳандагони ғарби Урупо, ба таври муназзам аз аҳзоби авомгаро ҳимоят мекунанд.”

Ҳамчунин рӯзномаи Guardian рӯзи ҷумъа навишт, дар Олмон низ ҳизби рости ифротии ҷадиде ба номи “Ҳизби бедории меҳанпарастони Олмон” шакл гирифтааст, ки намоди он, мушобеҳи намоди махфии Ҳизби нозии Утриш дар соли 1930 аст. Яке аз раҳбарони маҳаллии ин ҳизб, соли гузашта туркҳоро “шутурсавор” ва муҳоҷирони думиллиятиро “авбошҳои бехонумоне, ки дигар намехоҳем” хонда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: