Перейти к содержимому

Миёни Худо ва мазлум пардае нест

Агар ба як инсон бидуни ҳеч ҷурму ҷинояте зулм шавад — масалан бо як тӯҳмати бепоя зиндонаш кунанд ё молу амволашро ба ғорат бибаранд ва ё ӯ бе ҳеч далеле мавриди озору азият қарор бигирад – ва ӯ даст ба дуо баланд кунад ва аз касоне, ки ба ӯ ситам кардаанд ба пешгоҳи Худо шикоят бибарад ва бар онҳо дуо кунад, тибқи омӯзаҳои исломӣ, дуо ва нафрини ӯ қатъан мавриди қабули Ҳақ воқеъ хоҳад шуд.

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) хитоб ба Маъоз ибни Ҷабал (р) фармудаанд:

اتق دعوة المظلوم، فإنها ليس بينها وبين الله حجاب

Бипарҳез аз дуо ва нафрини мазлум, зеро байни ӯ ва Худованд пардае вуҷуд надорад.” (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Яъне миёни вай ва Худованд пардаву ҳиҷобе нест, ки монеи пазируфта шудани дуояш шавад.

Шарт ҳам нест, ки ситамдида мусалмон аст ё кофир, ҳамин ки бе ҷиҳат ба ӯ зулм шуда, кофист оҳу нолааш мавриди қабули даргоҳи худовандӣ қарор бигирад. Бинобар ин, дар ривояте он ҳазрат (с) зайли ҳамин гуфтор, фармудаанд:

دعوة المظلوم وإن كان كافرا ليس دونها حجاب

“… ҳарчанд ки (ситамдида) кофир бошад, байни ӯ ва Худо пардае нест.” (Ривояти Аҳмад)

Дар ҳамин робита, Саъдӣ дар “Гулистон” ҳикояти пандомӯзеро меоварад; мегӯяд:

Золимеро ҳикоят кунанд, ки ҳезуми дарвешон харидӣ ба ҳайф ва тавонгаронро додӣ ба тарҳ. Яъне ба ситам ҳезум аз дарвешон мехарида бо маблағе бисёр ночиз ва бо зӯр аз онон ҳезум мехарида. Соҳибдиле бар ӯ гузар кард ва гуфт:

Морӣ ту, ки ҳар киро бибинӣ, бизанӣ?

Ё бум, ки ҳар куҷо нишинӣ, биканӣ?

* * *

Зӯрат ар беш меравад бо мо,

Бо Худованди ғайбдон наравад.

Зӯрмандӣ макун бар аҳли замин,

То дуое бар осмон наравад.

Саъдӣ дар идома мегӯяд: золим аз гуфтори соҳибдил биранҷид ва рӯй аз насиҳати ӯ дарҳам кашид ва бар ӯ илтифот накард, то шабе оташи матбах дар анбори ҳезумаш афтод ва соири амволаш бисӯхт ва аз бистари нармаш ба хокистари гарм нишонд. Иттифоқан соҳибдил бар ӯ бигузашт ва дидаш, ки бо ёрон ҳамегуфт: надонам, ин оташ аз куҷо дар сарои ман афтод?

Инҷо буд, ки соҳибдил рӯ ба ӯ кард ва гуфт:

— Аз дуди дили дарвешон.

Яъне, сарчашмаи ин оташ, оҳу нола ва дуову нафрини ҳамон дарвешоне аст, ки замоне бо зӯру ситам ҳезумҳояшонро меситондӣ, бо зӯр молу амволашонро ғорат мекардӣ, хешону наздиконат мағозаҳо ва бозорҳои он бечораҳоро бо зӯру иҷбор аз дасти онон мегирифтанд, он гоҳ касе набуд, ки ба додашон бирасад; на додгоҳе ба додашон расид ва на ниҳодҳои ба истилоҳ “мудофеи ҳуқуқи башар” ба оҳи онон посух гуфтанд.

Ҳазар кун зи дуди дарунҳои реш,

Ки реши дарун оқибат сар кунад.

Ба ҳам бармакун, то тавонӣ, диле,

Ки оҳе ҷаҳоне ба ҳам баркунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: