Перейти к содержимому

Оё додгоҳҳои Тоҷикистон низ дар аҳкоми худ мисли додгоҳҳои Миср таҷдиди назар хоҳанд кард?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Се рӯз пеш (10 январ), яке аз додгоҳҳои ҷиноии Миср (додгоҳи ҷиноии Алҷиза), Муҳаммад Бадеъ, раҳбари Ихвонулмуслимин ва шуморе дигар аз аъзои ин гурӯҳро дар як парвандаи ҷанҷолӣ яъне ҳаводиси “Масҷидул-истиқома” табриа (сафед) ва дар аҳкоми содиркардаи пешини худ таҷдиди назар кард.

Шоёни зикр аст, ки дар соли 2012, дар пайи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар Миср – ки ба иттифоқи коршиносон ва таҳлилгарони ҷаҳонӣ, танҳо интихоботи озод ва шаффоф дар таърихи ин кишвар будааст – номзади Ихвонулмуслимин, Муҳаммад Мурсӣ, бо раъйи мустақими мардуми ин кишвар ба унвони раисиҷумҳур интихоб шуд. Аммо муддати риёсати ӯ дер давом наёвард, зеро як соли баъд, яъне дар июли 2013, низомиёни мисрӣ ба раҳбарии женерол Абдулфаттоҳ Ассисӣ (раисиҷумҳури кунунии Миср) ва пуштибонии кишварҳои муртаҷеъи арабӣ мисли Арабистони Саудӣ ва Аморот, алайҳи ҳукумати Мурсӣ кудето кард ва ӯро сарнагун сохт ва сипас ҳудуди 300 нафар аз аъзои Ихвон аз ҷумла раҳбараш Муҳаммад Бадеъ ва худи Мурсӣ боздошт ва беш аз ҳазор нафар аз ҳаводорони Ихвон дар майдони Робеъаи Қоҳира тавассути артиш ва ба дастури мустақими Ассисӣ ба рагбор баста шуда ва қатли омм шуданд.

Дар ҳоле, ки ҷаҳони ба истилоҳ “мутамаддин”, дар он рӯзҳо дар баробари ин фоҷеаи инсонӣ сукут ихтиёр карда ва кулӯх бар лаб ниҳода буданд, ҷамоати Ихвонулмуслимин – ки танҳо айбаш ва гуноҳаш ин буд, ки исломгарост ва мавриди писанди “мутамаддинҳо” нест – “теруристӣ” эълон шуд ва боздоштшудаҳои ихвонӣ ба иттиҳомоти сохтагӣ ва ҷаълӣ вориди зиндон гардиданд.

Бо ин ҳама, мардуми Миср билофосила шурӯъ ба барпоии тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо дар эътироз ба ин иқдоми ноҷавонмардонаи Ассисӣ ва пуштибонҳояш намуданд, ва ин эътирозҳо аз ҳамон лаҳза то ба имрӯз (яъне январи соли 2019) мутаваққиф нашудаанд ҳарчанд расонаҳои ҷаҳонӣ он эътирозҳоро пӯшиш намедиҳанд, ба истиснои шабакаи хабарии Алҷазира, яке ду расонаи туркӣ ва шабакаҳои вобаста ба ҷамоати Ихвон.

Аҷиб он ки, аз ҳамон ибтидои боздоштҳо, алайҳи ихвониҳо парвандаҳои дурӯғин тартиб дода буданд; аз иттиҳоми ҷосусӣ бигир то иттиҳомҳои қатлу кушторҳое, ки ба тасреҳи созмонҳои ҳуқуқии башарӣ, аслан ин қатлҳо воқеияти хориҷӣ надоштанд яъне сурат нагирифта будаанд. Ба ҳамин ҷиҳат, вакилони мудофеъи (адвокатҳои) боздоштшудаҳои ихвонӣ – ки бар хилофи Тоҷикистон, боздошт ва зиндонӣ нашуданд – мураттаб ба дифоъи худ идома дода ва дархости таҷдиди додгоҳ дар мавриди он парвандаҳо мекарданд. Ва чун ин дархостҳо, расонаӣ мешуданд ва созмонҳои ҳукуқӣ аз онҳо ҳимоят мекарданд, додгоҳҳои мисрӣ, алорағми майлашон, чорае ҷуз баргузории додгоҳҳои таҷдиди назар намедиданд ва дар ғайри он сурат, истиқлоли додгоҳҳо зери суол мерафт.

Саранҷом, талоши вакилони мудофеъ дар порае аз парвандаҳо (то ин лаҳза) натиҷа дод ва додгоҳ дар аҳкоми содиркардаи пешини худ таҷдиди назар намуда ва аз се рӯз пеш, яъне аз таърихи 10 январи 2019, шурӯъ ба табриаи (сафед кардани) ихвониҳо ва ин ки он аҳкоми пешин бе появу асос будаанд, намуданд.

Нахустин табриа, дар мавриди парвандаи ҷанҷолии маъруф ба ҳаводиси “Масҷидул-истиқома” буд. Дар ин парванда, додгоҳи Алҷизаи Қоҳира, ҳукми табриаи Муҳаммад Бадеъ, раҳбари ҷамоати Ихвонулмуслимин, ҳамчунин Муҳаммад Албилтоҷӣ, Усом Алъурён, Босим Авда (вазири собиқи рифоҳ), Сафват Ҳиҷозӣ ва чаҳор нафари дигарро содир кард.

Абдулмунъим Абдулмақсуд, раиси ҳайъати дифоъ аз Бадеъ ва аъзои Ихвонулмуслимин, дар ин бора ба Алҷазира гуфтааст, ки ин нахустин ҳукми табриаи гурӯҳии аъзои Ихвонулмуслимин аз соли 2013 будааст. Ӯ изҳор дошт, ки ҳайъати дифоъ ба кори худ идома хоҳад дод ва ибрози умедворӣ кард, ки дар ояндаи наздик, ихвониҳо ва раҳбаронаш, аз ҳамаи он иттиҳомоти ҷаълӣ ва сохтагӣ табриа хоҳанд шуд.

* * *

Касе, ки иттифоқоти соли 2015 дар кишвари худамон Тоҷикистонро ба диққат пайгирӣ карда бошад, ба равшанӣ мебинад, ки ин иттифоқот, шабоҳати зиёде дорад ба он балое, ки бар сари Ихвони Миср овардаанд; аз “теруристӣ” эълон кардани ҲНИТ бигир то боздошту зиндонӣ намудани раҳбарони ҲНИТ ба иттиҳомоти сохтагӣ ва ҷаълӣ ва ин ки гӯё ҲНИТ қасди кудето доштааст ва то сукути “мутамаддинҳо”-и худамон дар баробари ноҷавонмардиҳои ҳукумат дар робита бо ҲНИТ ва зиндонӣ шудани раҳбарону фаъолону аъзояш, ва он ҳам фақат ба ин далел, ки ҲНИТ “исломи сиёсӣ” аст ва ин “мутамаддинҳо” аз “исломи сиёсӣ” хушашон намеояд, ва зоҳиран агар аъзои ҲНИТ ҳатто дар зиндонҳо бипӯсанд ҳам, мижаи ин муддаиёни равшанфикрӣ намеҷунбад, зеро “исломгароҳо” ба назари онҳо, одам нестанд.

Аммо ба ҳар сурат, суннати Худо ва таърих ва қонуни ҳоким бар ҷаҳон ин аст, ки ҳақ боқист ва ботил рафтанист. (Касе ба ин ҳақиқат бовар надошта бошад, ин кори ӯст, аммо роқими сутур ба ин ҳақиқат бовар дорад.) Рӯзе фаро хоҳад расид, ки тамоми он иттиҳомот, дурӯғин ва ҷаълӣ буданашон бармало хоҳад шуд. Кучактарин тардиде надорам.

Бинобар ин, аз додгоҳҳои Тоҷикистон тақозо мешавад, пеш аз он ки шармандаи дунё ва охират шаванд, аз додгоҳҳои Миср дарси ибрат бигиранд. Бале, медонем, шумо ҳеч кора ҳастед, фақат дастури “боло”-ро анҷом медиҳед. Аммо ба ҳар сурат, вазифаам буд бароятон ёдвар шавам (лоақал барои таърих ин ёддошт мемонад), ки ҳанӯз дер нашуда даст ба кор шавед.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: