Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (353)

Омадани меҳмон пеши Юсуф алайҳиссалом ва тақозо кардани Юсуф алайҳиссалом аз ӯ тӯҳфаву арғумон (1)

* * *

Хулосаи достон

Яке аз дӯстони дерини ҳазрати Юсуф (а) ба дидани ӯ рафт, он ҳазрат аз бародаронаш достонҳо гуфт ва баён дошт, ки чи сон ӯро бастанд ва ба чоҳ афканданд… Хулоса ин ки ҳазрати Юсуф (а) аз дӯсти дерини худ мепурсад: бигӯ бибинам, барои ман чӣ армуғоне овардаӣ? Дӯст мегӯяд, муддатҳо дар фикр ин будам, ки чӣ ҳадяи лоиқе барои ту биёварам, саранҷом ба фикр афтодам, ки беҳтарин армуғон барои ту “ойина” аст. Пас, даст дар ҷиб кард ва ойинае ба ҳазрати Юсуф (а) тақдим намуд ва аз ӯ хост, ки чеҳраи зебои худро дар он мушоҳида кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.915)

* * *

Манбаи ин ҳикоят китоби “Алмустаҷод мин фиълотил-аҷвод”, таълифи Абӯалӣ Муҳассин ибни Алии Таннухӣ аст, ва Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Алии Ҳусарӣ дар зайли “Заҳрул-одоб” он ҳикоятро нақл кардааст. Аммо асли достон:

Овардаанд, ки дар он вақт, ки Амирулмуъмин Муътазз ба хилофат нишаст, ҳар кас аз умарои атроф ба хидмати ӯ ҳадяҳо фиристоданд. Абӯалӣ Айюб, ки амири Форс буд, дар миёни ҳадяҳои хеш ойинаи чинӣ фиристод, ки онро ҳамтое набуд дар ғояти сафо. Аҳмад Исроил, ки вазир буд, бар вай эътироз кард ва гуфт: банда ба назди хулафо ҳадяҳо фиристад чун асби қиматӣ ё ғуломони хуб ё канизаке соҳибҷамол ё силоҳе гаронмоя ё ҷомае муртафаъ чунонки кисвати мулукро шояд, ва агар ин набошад, боз чарх ё юз ё амсоли инҳо. Туро чӣ бар он дошт, ки ба хидмати ӯ ойина фиристодӣ? Аҳмад (Абӯалӣ) Айюб ҷавоб навишт, ки маро боис бар фиристодани ойина ду чиз буд: аввал он ки сахт хуб буд, ва дигар он ки рӯйи Амирулмуъминин азим хуб аст, хостам, ки чун Амирулмуъминин дар ойина бингарад ва ҷамоли сурати худ бинад, аз бандаи худ ёд кунад. (Маъохизи қисас ва тамсилоти Маснавӣ, с.31-32)

* * *

Дар абёти пешин гуфта омад, ки сӯфияи софия (инсонҳои комил) ойинаи одамиёнанд, ва ҳар кас метавонад худро дар онон бинад. Ба иборате дигар, инсони комил меъёри ҳамагон аст, чунонки гуфтаанд:

الانسان يكيل كلّ شيء

Солеҳон (некон) толиби инсони комил ҳастанд ва толеҳон (бадон) аз ӯ дармераманд. Мавлоно аз ин ҳикоят натиҷа мегирад, ки ойинаи тамонумои ҳастии мутлақ, фанои солик аст. То вақте, ки солик аз мани козиби худ фонӣ нашуда, қалбаш ба мақоми ойинагӣ нарасидааст. Ва чун аз худбинӣ раҳид, қалбаш ойинаӣ шавад ва ҳастии мутлақро бибинад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.916)

* * *

Омад аз офоқ ёри меҳрубон,

Юсуфи Сиддиқро шуд меҳмон.

Яке аз дӯстони меҳрубони ҳазрати Юсуф (а) аз ҷойе бас дур ба дидори ӯ омад.

Нукта: “Сиддиқ” (бисёр ростгӯ), лақаби ҳазрати Юсуф (а) аст. Ин лақабро яке аз он ду нафар зиндонӣ, ки бо ҳазрати Юсуф (а) дар зиндон ба сар мебуранд ва сипас аз банди асорат раҳо шуд, ба он ҷаноб додааст; чунонки дар сураи Юсуф, ояти 46, он шахс назди эшон меояд ва мехоҳад, ки хоби шоҳро таъбир кунад:

يُوسُفُ أَيُّهَا الصِّدِّيقُ أَفْتِنَا فِي سَبْعِ بَقَرَاتٍ سِمَانٍ

Эй Юсуфи ростгӯй! Дар бораи он ҳафт гови фарбеҳу самин моро биогоҳон!…” Ин шахс, ки ба истилоҳ ҳамбанди ҳазрати Юсуф (а) буда, медонист, ки эшон дар таъбири хоб ва рафтору кирдор содиқ аст, пас лақаби Сиддиқро бар эшон баргузид ва ҳазрати Ҳақ Таъоло низ ҳамин лақабро аз забони ӯ нақл кардааст. (Тафсири Алмизон, ҷ.11, с.188)

К-ошно буданд вақти кӯдакӣ,

Бар висодай ошноӣ муттакӣ.

Иллати ин дидор он буд, ки он ду нафар аз даврони кӯдакӣ бо якдигар ошно буданд ва бар болини ошноӣ такя зада буданд. Яъне хулоса бо ҳам дӯстии деринае доштанд.

Висода: болиш, болин. Муттакӣ: такязананда.

Ёд додаш ҷаври ихвону ҳасад,

Гуфт, к-он занҷир буду мо асад.

Ҳазрати Юсуф (а) ҷавру ҳасодати бародаронашро ба дӯсташ ёдовар шуд ва гуфт: он ҷавру ҳасодат басон занҷире буд ва мо низ ҳамчун шер.

Асад: шер.

Нукта: Дар инҷо Юсуф (а) худро ба шер ва ситами бародаронашро ба занҷир ташбеҳ кардааст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.235)

Ор набвад шерро аз силсила,

Нест моро аз қазои Ҳақ гила.

Занҷиру қаллода барои шер нанговар нест ва мо набояд аз қазову ҳукми Ҳақ Таъоло гилаву шикояте дошта бошем, чаро ки аз қази илоҳӣ ба мо ранҷе нарасад.

Силсила: занҷир.

Шерро бар гардан ар занҷир буд,

Бар ҳама занҷирсозон мир буд.

Масалан, агар гардани шер бо занҷир баста шавад, боз он шер бар ҳамаи занҷирсозон амиру раис аст. (Зеро боз аз ҳайбату маҳобати шер метарсанд.)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: