Перейти к содержимому

Вазъияти саломатии Махдуми Абдусаттор дар зиндон рӯ ба вахомат овардааст

Ба гузориши сойти Паём, вазъияти саломатии Каримов Саттор Самадович, маъруф ба Махдуми Абдусаттор, яке аз 14 узви зиндонии Раёсати олии ҲНИТ, дар зиндон бори чандум бад шуда, ба ӯ иҷозаи табобат дода намешавад.

Бар пояи ин гузориш, ӯ ба бемории варами тухмдон гирифтор шудааст ва тибқи иттилои манбаи Паём, ба Каримов иҷозаи табобат намедиҳанд. На танҳо ӯро ба беморхона интиқол намедиҳанд, балки дархости чандинборааш барои даъвати табибон низ аз тарафи зиндонбонҳо нодида гирифта шудааст.

Махдуми Абдусаттор аз дарди шадид ранҷ мебарад ва роҳ гаштан барояш мушкил шудааст.

Моҳи ноябри соли гузашта низ Махдуми Абдусаттор дар Муассисаи ислоҳи ҷазоии рақами 1 (кирпичный) вахим гардида, бино бар фишори баланди хун, як сактаи қалбиеро пушти сар карда буд. Он замон, вақте фишори хунаш аз ҳад зиёд баланд шуд, масъулони зиндон дар ибтидо ба вай таваҷҷӯҳ накарданд, вақте аз по афтод, табиби зиндонро даъват карданд, ки акнун дер шуда буд ва Махдуми Абдусаттор дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.

Баъдан маълум шуд сабаби сактаи эшон шиканҷае бо номи “Склонка” будааст. Ин шиканҷа, ҳамарӯза аз соати 6 субҳ то 9 шаб давом мекунад ва дар ин муддат ҳар ду соат зиндониёни сиёсӣ ва мазҳабиро дар саҳни зиндон фаро хонда зимистон дар болои бетон дар ҳавои сард зери барфу борон ва дар тобистон зери офтоби сӯзон нигаҳ медоранд ва маҳбусонро якто — якто садо мекунанд то рафта ба навбат имзо кунанд.

Гуфтанист, ки дар сабти яке аз мурофиаҳои маҳбусони сиёсии ҲНИТ, худи Махдуми Абдусаттор дар толори додгоҳ иқрор мекунад, ки ӯ ва ҳамсафонашро дар зиндон шиканҷа ва мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: