Перейти к содержимому

Муаммое ба исми Нуом Чомски

Ба қалами Том Бортлет (Tom Bartlett)

Метавонед муҷассамаи кучаки Нуом Чомски (Noam Chomsky)-ро барои боғчаатон ба қимати 195 дулор (бо ҳазинаи ҳамлу нақл) харидорӣ кунед. 15 дулор ҳам бидиҳед, то финҷони қаҳвахӯрии “Нуом чӣ мекард?” бигиред. “Идеяҳои сабзи беранг асабонӣ мехобанд” (Colorless green ideas sleep furiously) — мисоли маъруфи Нуом аз ин ки калимот метавонанд аз лиҳози дастури забонӣ саҳеҳ, аммо бемаъно бошанд, дар қолаби барчасп пушти мошин ва ё қоби iPhone-и худ қарор бидиҳед.

Том Бортлет (Tom Bartlett)

Нуом Чомски он қадр маъруф шуда, ки рӯи ёдгориҳо ҳак мешавад.

Муаррихи Донишгоҳи Stanford, Пул Робинсун (Paul Robinson), дар бораи “масъалаи Чомски” мегӯяд: “Масъала ин ки муаррихе худраъй ҳамроҳи забоншиносе дурахшону зирак, дар як бадан ҷой гирифтааст.” Яъне ду Нуом Чомски: яке, Нуом Чомски ба унвони падари забоншиносии мудерн, ки назарияи “дастури забони ҳамагонӣ”-и ӯ ба дунболи табйини забони инсон аст, ва дигаре, Нуом Чомски ба унвони мунтақиди сиёсӣ, ки ҳамчунон дар зумраи ашаддитарин мунтақидони иқдомоти низомии Омрикост.

Саъйи Том Вулф (Tom Wolfe) дар китоби ҷадидаш он аст, ки ин шахсияти дуҷонибаро табйин кунад. (Бале, ҳамон Том Вулф, ки “Оташбозии худписандиҳо”-ро навиштааст.) Ӯ ин шикофро бо ҳамон нашоти хосси худаш шарҳ медиҳад: “Сиёсатварзии Чомски эътибори ӯ дар мақоми забоншиноси бузургро беҳбуд бахшид. Ва эътибори ӯ дар мақоми забоншинос эътибораш ба унвони мунтақиди сиёсиро беҳбуд бахшид. Ва эътибораш ба унвони мунтақиди сиёсӣ эътибори ӯро аз забоншиноси бузург то нобиғае ҳамаҷониба бузург кард. Ва он нубуғ ҳам мунтақиди сиёсиро ба як Волтери ҷиддӣ табдил кард. Ва Волтери ҷиддӣ низ аз нобиғаи ҳамаи нобиғаҳо, ғуле фалсафӣ сохт…

Ҳамин ки Чомски хуб бузург шуд, Вулф сӯзане ба бодкунакаш мезанад. “Подшоҳии сухан” (The Kingdom of Speech) яке аз ду китоби ҷадидест, ки чеҳрае нохушоянд аз ин устоди бознишастаи нармсухан ҳарчанд на ҳамеша мулоими забоншиносӣ дар Донишгоҳи Мосочусет (Massachusetts Institute) тасвир мекунад. Таълифи китоби дигар, “Рамзгушоиии Чомски; илму сиёсатварзии инқилобӣ” (Decoding Chomsky: Science and Revolutionary Politics) ба қалами  Крис Нойт (Chris Knight), як даҳа тӯл кашидааст ва шояд амиқтарин таъаммул дар бораи “масъалаи Чомски” бошад, ки то кунун мунташир шудааст. Нойт низ монанди Вулф, Чомскиро тақдис мекунад ва мегӯяд, ки ӯ ҳаштумин андешаманди улуми инсонӣ аз ҷиҳати шумори муроҷекунандагон ба осораш аст (яъне ҳампои номдороне монанди Фрейд ва Афлотун) ва сипас муаллифи китоб якдафъа хонаи ӯро оташ мезанад.

Оё ин шеваи дурусти бархӯрд бо касе аст, ки метавон гуфт муҳимтарин мутафаккири зиндаи имрӯз аст?

Ҳаддиақал Чомски ба ин бархӯрдҳо одат кардааст. Чомски, ки дар синни 87-солагӣ ҳанӯз ҳам бо суръати шигифтоваре китоб тавлид мекунад (ӯ беш аз 100 китоб навишта, ки чандтояш ҳамин порсол будааст), дар мувоҷеҳа бо мухолифони сиёсӣ ва илмиаш, чандин даҳа собиқа дорад. Рудулф Буто (Rudolf P. Botha) дар китоби “Ба мубориза талабидани Чомски” (Challenging Chomsky) собиқаи ӯро мустанадсозӣ кард ва ба муддаиёни эҳтимолӣ ҳушдор дод мабодо саранҷоми онҳо низ талх бошад: “Бисёре аз табақаи мутафаккирин ба набарди идеяҳои ин устод дар бораи забон ва зеҳн рафтаанд, ки мутаассифона барояшон паёмадҳои асафноке доштааст.”

Денил Эверет (Daniel Everett) ба ин ҳушдор таваҷҷӯҳ накард. Ин инсоншинос, забоншинос ва ҳаводори собиқи Чомски, ба ин бовар расида буд, ки бархе вежагиҳои забони яке аз қабоили бадавии Омозун (Амазонка) ба номи Пироҳо (Pirahã), назарияи “дастури забони ҳамагонӣ”-и Чомскиро рад мекунад. Ӯ истидлолашро дар китоби “Нахоб, мор ҳаст; зиндагӣ ва забон дар ҷангали Омозун” (Don’t Sleep, There Are Snakes: Life and Language in the Amazonian Jungle) тарҳ кард, ки таркиби моҷароҷӯёна аз хотирот ва забоншиносӣ буд. Ривояти ҷаззоби Эверет тавонист ҷараёни аслии таваҷҷӯҳотро ба идеяҳое ҷалб кунад, ки маъмулан маҳдуд ба журнолҳо ва ҳамоишҳои камтеъдоди илмианд. Ҷон Кулопинту (John Colapinto) барои навиштани ёддошташ дар бораи Эверет ва Пироҳо дар New Yorker, ба Омозун сафар кард. Бо интишори китоби баъдии Эверет бо унвони “Забон; абзори фарҳангӣ” (Language: The Culturl Tool), ман ҳам ёддоште дар бораи низоъи Эверет ва Чомски навиштам.

Том Вулф ҳам тоби муқовимат надошт. Ӯ бар пояи он ёддоштҳо, мақолоти донишгоҳӣ ва мусоҳибаҳо бо Эверет, як шахсияти “мӯхурмоӣ, ришхурмоӣ” тарсим кард, ки ибое аз муқобила бо морҳои (анакондаҳои) бузург надорад. Пружаи “Подшоҳии сухан” чандон ба сиёқи устураи адабӣ намеояд, ки рӯзе рӯзгоре бо Кен Киз мегашта ва баъдан румонҳои пурфурӯше дар жонри реолизми иҷтимоӣ навиштааст. Вале бо ду китоби дигар аз маҷмӯаи осори Вулф хуб ҷур дармеояд: “Наққошии калимот” (The Painted Word) ва “Аз Боуҳус то хонаамон” (From Bauhaus to Our House), ки рисолаҳое дароз аз фахрфурӯшӣ дар ду дунёи ҳунар ва меъморӣ аст. Рӯи ҷилди нусхаи коғазиам аз “Наққошии калимот” чунин тақриз шудааст: “Зарбае дигар ба ҳуққабозҳо.”

Вулф инҷо низ ба шикори ҳуққабозҳо омадааст. Дар нимаи аввали китоб, даврони пас аз авҷи Чорлз Дорвинро ҳадаф мегирад, ки “60-сола ва беш аз ҳамеша фарде ноумеду бадхулқ ё савдозада буд. Се чаҳор бор истифроғ дар рӯз барояш оддӣ шуда буд. Об аз чашмҳояш ба рӯи он сибилҳои файласуфӣ ҷорӣ мешуд.” Вулф Дорвинро тамасхур мекунад; чун фикр мекард забон шояд то ҳадде ношӣ аз тақлиди инсонҳо аз овози парандагон бошад ва ин гумоназаниро бо ривоятҳои Рудёрд Киплинг (Rudyard Kipling) дар китоби маъруфи “Қиссаҳое аз ин қарор” (Just So Stories) мисли “Чӣ тавр паланг холдор шуд” баробар медонад. (Сирфан ҷиҳати иттилоъ: як шикорчӣ холҳоро рӯи паланг кашид, то дар маҳфили бақияи ҳайвонҳо мисли заррофа ва гӯрхар ҷо дошта бошад.)

Ба гуфтаи Вулф: “Ҳадафи Киплинг аз аввал он буд, ки баччаҳоро саргарм кунад, вале Дорвин зайли парчами илму кайҳоншиносиаш ҷиддӣ ва комилан содиқ буд. Ҳеч кадом ҳам шавоҳиде барои дифоъ аз қиссаашон надоштанд.” (Хуб, шояд. Дар моҷарои парандагон шояд ҳақ бо Дорвин бошад: дар соли 2013, муҳаққиқон натиҷа гирифтанд, ки “дар ёдгирии ово тавассути парандагон ва инсон, монандиҳои шигифтоваре вуҷуд дорад.”)

Вулф пас аз фароғат аз Дорвин, суроғи Чомски меравад. Ӯ асолати он чеҳраи пурмӯ ва шибҳиҷангалии Эверетро бо Чомски ва дастёрони риштарошидааш муқоиса мекунад: “забоншиносҳои нишаста рӯи сандалиҳои дастадор, бо нури камранге, ки аз намоишгари обиранги роёна рӯи сураташон афтода ва пероҳанҳои яқабози шибҳимардона.” Дар ривояти Вулф, Чомски на танҳо шибҳимардона, ки азхудрозӣ ва бетафовут аст: “он хурдазабонҳои ночиз, ки заррабинҳои азмӯдафтодае мисли Эверет аз ҳошия меёбанд ва ба майдон меоваранд, ҳавсалаи зеҳни Чомскиро сар мебаранд.”

Вулф қадре ба ҷавҳараи ҳарфи Эверет мепардозад, ки тақрибан аз ин қарор аст: Нуом Чомски мӯътақид аст ҳамаи забонҳо вежагиҳои муайяне доранд (ки ҳамон “ҳамагонӣ” дар “дастури забони ҳамагонӣ” аст) ва вежагии бе чуну чарои он “бозгаштпазирӣ” (Recursion) аст, яъне тавоноии дарҷи номутаноҳии иборот, масалан “Дан мореро кушт” баёни соддаи рӯйдоде муҷаззост, аммо “Дан, инсоншиноси аҳли Иёлоти Муттаҳида, покдини собиқ, ки риши қирмиз ҳам дорад, мореро кушт” нишон медиҳад метавон идеяҳои мутаъаддидро дар иборате аслӣ ва содда гунҷонд.

Мардуми Пироҳо — онҳое, ки Эверет чанд даҳа дар мавридашон мутолеа кардааст — гӯё аҳли дарҷи иборот дар миёни ҳам нестанд; ингор, ки бадуни ин қобилият ҳам умуроташон мегузарад. Пас бозгаштпазирӣ, унсуре ҳамагонӣ нест. Аз ин рӯ, Чомски иштибоҳ мекунад. Пас ба таъбири Вулф, Эверет “назарияи Чомскиро зарбаи фаннӣ кардааст.”

Тақрибан ҳамаи муҳтавои ду порогрофи пешин, ба ҷуз риши қирмизи Эверет, асосан маҳалли муноқиша аст. Ҷиҳати иттилоъи мубтадиён, иддаои “нақши меҳварии дарҷи иборот” дар назарияи Чомски, бар пояи хониши маҳдуд аз мақолае дар маҷаллаи Science ба қалами Чомски ва ҳамкораш аст. Чомски ва муттаҳидони сарсахташ ин хонишро рад мекунанд; ҳамон касоне, ки Вулф ба таъна “ҷӯхаи ҳақиқатёб” меномад. Мақолае мунташиршуда дар соли 2014 ба қалами Чомски ва фарде дигар, ин тафсирро рад мекунад ё чунин ба назар мерасад; чун талош барои рамзгушоӣ аз ҳарфҳои Чомски кам аз дарди сар надорад. Фориғ аз ин, Чомски дар емайле ба ман гуфт, аҳаммияте надорад, ки забоне хосс фоқиди баргаштпазирӣ бошад: “Ҷиҳати қиёс, агар қабилае пайдо кунем, ки мардумаш намеистанд, ҳарчанд қодир ба истодан ҳастанд, ин ёфта ҳеч чизе дар бораи дупо будани инсон ба мо намегӯяд.”

Ҳамон тавр, ки интизор мерафт, забоншиносон ба гузидае аз китоби Вулф, ки дар муҷаллаи Harper мунташир шуд, вокуниши тунду тезе нишон доданд. Нурберт Ҳурнштойн (Norbert Hornstein), яке аз мудофеъони доимии Чомски ва устоди забоншиносии донишгоҳи Мэриланд, он мақоларо “лаҷани таҳи бушка” номид. Яке дигар дар Твиттер гуфт, ки Вулф “Дунолд Тромпи арсаи забоншиносӣ аст.” Фридрик диБуер (Fredrik deBoer), забоншиноси мустақил ва веблогнавис, гуфт: “Шояд дунболи таҷдиди назар дар идеяҳои Чомски бошам, вале Том Вулф одами ин кор нест.”

Фориғ аз ташбеҳ ба лаҷан ва Тромп, Вулф дар ривояти аризу тавили худ менависад, ки мардумони Пироҳо “пешомафҳумсоз” ва “нотавон аз тафаккури интизоъӣ” ҳастанд. Ҳарфи ӯ дуруст аст, ки забон ва фарҳанги Пироҳо акидан дар замони ҳол реша дорад ва аз шумориши пояи як-ду-се ҳам парҳез доранд, аммо ин ки бигӯем “нотавон” аз тафаккури интизоъианд, ҳарфи дигаре аст. Ҳатто Эверет, ки каму беш қаҳрамони китоби Вулф аст ва муаллифашро ба хотири “дарки дуруст”-и забоншиносӣ меситояд, аз ин ҳарф ҷо хӯрдааст. Ӯ иддаои нотавонии Пироҳо дар тафаккури интизоъиро “бениҳоят хато” номид.

Ба илова, хонандаи китоби Вулф шояд гумон кунад, ки посухи ниҳоӣ барои масъалаи бозгаштпазирӣ дар забони Пироҳо мушаххас аст, вале ин тавр нест. Дар мақолае, ки соли гузашта мунташир шуд, Эверет ва ҳамқаламони ӯ пазируфтанд, ки пас аз солҳои таҳқиқ, ҳеч кас наметавонад бигӯяд Пироҳо ҳаргиз иборотро дар ҳам дарҷ намекунанд, яъне ҳамон чизе, ки сутуни аслии чолиши Эверет барои назарияи Чомски буд, маҳалли суол аст. Эдворд Гибсун (Edward Gibson), забоншиноси компютерӣ (computational) дар Донишгоҳи Мосочусет ва яке аз ҳамқаламони Эверет, ахиран ба ман гуфт: “Додаҳои кофӣ надорем, ки ба посухе ҷомеъ ва қотеъ бирасем.”

Вулф дар шарҳи интиқодҳои сиёсии Чомски ҳам чандон лаҳни тамҷидомезе надорад. Ӯ Чомскиро “шикродикол” (Radical Chic) меномад; вожае, ки Вулф барои одамҳои машҳуре сохтааст, ки ормонҳои иҷтимоиро пай мегиранд, то барҳақу бадардбахӯр ҷилва кунанд. Бино ба ривояти Вулф, Чомски таҳти “фишор” буд, ки дар зумраи “мутафаккирини шуҷоъ”-и мӯътариз ба ҷанги Ветном бошад. Вулф менависад, дар он даврон мутафаккир “чеҳрае” буд, ки “чизҳое аз сиёсатварзии чапгаро ва як ҷур азхудбегонагиро нишон диҳад.” Ин яъне Чомски медонист чӣ тавр аз ҷанги Ветном барои иртиқои ҷойгоҳ ва тарвиҷи идеяҳояш “баҳра бибарад.”

Пас ҷойгоҳи барҷастаи Чомски ба унвони кунишгар ва дастовардҳои ӯ дар мақоми забоншинос, аз ӯ тимсоле айнакбачашм аз хушфикрӣ сохтанд. Вулф менависад: “Ҳатто дар донишгоҳ ҳам мувофиқат ё мухолифат бо назароти пажӯҳишӣ ё сиёсии Чомски аҳаммияте надошт; чун шӯҳрат монанди зиреҳи тилоӣ ӯро иҳота карда буд.”

Дар китоби “Рамзгушоии Чомски” низ Крис Нойт зуҳури чашмгири ду чеҳраи ба зоҳир муҷаззоро ҳикоят мекунад, ки “ҳар як ба қадри дигаре фавқулъода аст.” Нойт, инсоншинос ва пажӯҳишгари аршади Колеҷи Донишгоҳи Ландан, радди пулро мегирад ва бар будҷае тамаркуз мекунад, ки ҳомии таҳқиқоти оғозини Чомски дар Донишгоҳи Мосочусет буд. Танзи моҷаро он ҷост, ки ин будҷаро артиши Иёлоти Муттаҳида таъмин мекард; ҳамон ниҳоде, ки Чомски дар китобҳояш яке пас аз дигар нақд кардааст. Дар пешгуфтори “Сохтҳои наҳвӣ” (Syntactic Structures) — рисолае, ки номи Чомскии бисту чандсоларо сари забони донишгоҳиён андохт — худаш гуфтааст, ки бахше аз ҳазинаи кори ӯро артиш, нерӯи дарёӣ ва нерӯи ҳавоии Иёлоти Муттаҳида додааст.

Чаро Пентагун бояд аз тааммулоти назарии забоншиносӣ ҳимоят кунад? Нойт чунин тавзеҳ медиҳад: афсарони артиш умедвор буданд, ки битавон “фаҳми” англисии соддаро ба роёнаҳои он даврон омӯхт, то барои барномарезии амалиётҳо муфидтар бошанд. Пажӯҳиши Чомски дар ростои ҳамон ҳадаф ба назар меомад; ҳарчанд шоҳиде дар даст нест, ки корҳои Чомски дар он замон ё пас аз он ҳатто ба тасодуф ба дарди артиш хӯрда бошанд.

Нойт ҳам хилофи ин намегӯяд, вале ба назари ӯ ҳамин кӯмаки оғозин калиди дарки ба истилоҳ “масъалаи Чомски” аст: “Чомски барои он ки ҳирфаи илмиаш ҳамсӯи виҷдони сиёсиаш бошад, аз ҳамон ибтидо мусаммам ба парҳез аз мувофиқати сиёсӣ ё амалӣ” бо аҳдофи ҳокимият буд. Ба гуфтаи Нойт, ин нукта шикофи доимӣ дар андешаи ӯ падид овард. Ӯ Чомскиро ба дурӯягӣ муттаҳам намекунад, балки дар садади айбёбии равоншинохтӣ аз маъмуриятҳои дугонае аст, ки ӯ барои худ қоил буд.

Хоҳ роҳи ҳалли Нойт барои масъалаи Чомскиро бипазиред ё хайр, мутолеаи китобаш ҷаззоб аст. Дар воқеъ, ҳадафи дигари Нойт он аст, ки ба шеваи худаш, эътибори илмии Чомскиро бомбборон кунад. Тасвири наҷибона ва фарҳехтаи Чомски рӯи ҷилди китоб ва унвони куллии илму сиёсатварзии инқилобӣ, ба ғалат тасаввуре хуб аз муҳтаво эҷод мекунад. Нойт барои дафни Чомски омадааст, на тақдир аз ӯ.

Нойт аз моҷарои бозгаштпазирӣ (ҳамон баҳсе, ки меҳвари китоби Вулф буд) мегузарад. Дар иваз, Чомскиро муттаҳам ба халқи навъе забоншиносии мудерн мекунад, ки ботлоқе аз “нақбҳои муташаккил аз печидагии назарӣ ва фаҳмнопазирӣ, ва хашму адоватҳо” аст, ки “дар ҳеч ҳавзаи илмии дигаре назир надорад.” Ӯ идеяҳои калидии Чомскиро ғайримустадал медонад ва рад мекунад. Ҳамчунин истидлол мекунад, ки пешрафтҳо дар ҳавзаи равоншиносии такомулӣ ва забоншиносии интернетӣ муддатҳост назарияҳои ӯро мансух кардаанд. Маҷмӯаи корҳои Чомски “на донишпажӯҳии бовиҷдон, ки ҳуққаҳои инҳирофӣ ва мокиавелистӣ аст, ки бино ба навъм тарроҳиашон, бо ҷобаҷо кардани тирҳои дарвоза, тазмини пирӯзианд ё ба баёни дигар, мисдоқи бозии ноҷавонмпрдонаанд.”

Нигоҳи таҳқиромези Нойт ба Чомскии донишманд ҳамон қадр дурушт аст, ки тамҷиди ӯ аз Чомскии кунишгар. Ӯ менависад: “Ба сахтӣ метавон чеҳраи донишгоҳии барҷастаи дигареро ёфт, ки ин қадр барои кашондани мардум ба хиёбонҳо талош карда бошад, хатари дастгириро ба ҷон бихарад, по ба пои рӯйдодҳои рӯз пеш биёяд, ҳақиқатро чашм дар рӯи соҳибони қудрат бигӯяд ва дар тайи ин фароянд, хусумати сиёсии ваҳшиёнае, ки ба ҷон харидааст, ҳамтои ҳимояти муштоқонаи мардумӣ аз ӯ бошад.” Ин тасвири “қаҳрамони мардум” мутазодди он ҳакими ворастае аст, ки Вулф тарсим мекунад: аз он ҷинс одамҳое, ки ба гуфтаи Вулф “фақат замоне иқоматгоҳашонро тарк мекунанд, ки бояд ба фурудгоҳ бираванд, то ба донишгоҳи дигар парвоз кунанд, то мадраки ифтихории дигаре бигиранд.”

Вулф кунишгарии Чомскиро хор медорад, аммо Нойт ӯро меситояд.

Агар ба Чомски емайл бизанед, ҷавобатонро медиҳад. Ҳама ин вежагиашро мешиносанд… Ҳатто агар ғарибае бошед бо саволи беҳадаф, ҳатто агар рӯзноманигоре бошед, ки назарашро дар бораи ду китобе бипурсед, ки самараи зиндагиашро бадном мекунанд ва хулуси ангезаҳояшро зери суол мебаранд.

Чомски ҳанӯз китоби Вулфро нахонда буд ва баъид медонист онро бихонад. Гузидаи муҷаллаи Harper-ро хонда буд ва онро “расвоии ахлоқӣ ва фикрӣ” медонист. Ӯ фаҳми Вулф аз ин ҳавзаро зери суол мебурд ва мегуфт: “Хатоҳои ӯ чунон шигифтоваранд, ки барои мурурашон бояд як рисола навишт.”

Ба гуфтаи Чомски, яке аз он хатоҳо ин иддаост, ки ӯ ба забонҳои номашҳур монанди Пироҳо беалоқа аст (ё ба таъбири Вулф “ҳавсалаи зеҳнашро сар мебаранд.”) Чомски менависад: “50 сол аст Донишгоҳи Мосочусет яке аз марокизи бузурги ҷаҳон дар заминаи пажӯҳиш дар бораи забонҳои бумӣ будааст… Ман ва дигарон дар талош барои табйин ва фаҳми доманаи падидаҳои шиносоишуда, доиман аз ин кашфиёт баҳра бурдаем.”

Назари ӯ дар бораи китоби Нойт ҳам ҳамин қадр бад буд, ҳарчанд фақат чанд сафҳаи оғозини онро хонда буд. Лобуд ҳамин қадр бас будааст. Чомски гуфт, ба маҳзи ин ки як нусхаи пеш аз интишори китоб ба дасташ расид, мутаваҷҷеҳи “хатоҳои фоҳиш” шуд ва ба Нойт иттилоъ дод, аммо, ба гуфтаи Чомски, ӯ сарсахтона аз ислоҳи онҳо худдорӣ кард. Чомски менависад: “Онҷо буд, ки мукотибаро раҳо кардам.”

Нойт ҳам ривояти худро аз ин таъомул дорад. Онҳо ба раду бадали емайл идома доданд, вале он чи Чомски хостори тасҳеҳаш буд, ба назари Нойт фақат як хато набуд: Чомски каму беш бо кулли китоб мухолиф буд ва ҳар гуна “тасҳеҳ” ба маънои ҳазфи ҳама чиз ҷуз ҷилди китоб буд. Нойт мегӯяд: “Табъан моил ба анҷоми коре набудам, ки ӯ мехост.”

Чомски ин назари Нойтро, ки сармоягузории ҳукумат бар андеша ё рафтораш таъсире доштааст, ба куллӣ рад мекунад. Чомски менависад: “Нуктаи аслии мадди назари ӯ бар пояи суитафоҳми куллӣ дар бораи сармоягузории давлатӣ дар таҳқиқот аст. Дар он солҳо, навад дар сади будҷаи донишгоҳро Пентогун медод. Фишори онҳо тақрибан сифр буд.”

Гӯё он чи воқеан мояи дилхӯрии Чомски аст (ва онро “ифтироомез” медонад) он аст, ки “Подшоҳии сухан” талқин мекунад, ки кунишгарии сиёсии Чомски сирфан барои зоҳирсозӣ ё ба хотири майл ба ангуштнамо шудан будааст. Чомски менависад: “Дар дунёи кӯдаконаи кучаки Вулф, ҳамаи инҳо жестҳои шикродикол аст. Албатта, ки бояд ҳамчунон ин луғатро ҷор бизанад; чун танҳо саҳми ӯ дар таҳлили мудерни иҷтимоӣ/сиёсӣ аст. Вале кунишҳои ман комилан ҷиддӣ буданд.”

Бо Том Вулф тамос гирифтам ва назароти як чеҳраи 80-соларо ба чеҳраи 80-солаи дигар мунтақил кардам (Вулф 85 сол дорад). Ӯ гуфт, аз ин ки сужаи китоб истиқболи гармтаре аз ин асар надошта, таъаҷҷуб кардааст. Ӯ як бор телефонӣ бо Чомски ҳарф зада буд ва ба назараш Чомски аҳли ҳамкорӣ ва таъомул буд. Вулф мегӯяд: “Агар ҷои ӯ будам, аз шахсияте, ки дар китобам матраҳ шудааст хушам меомад. Нуфузи ӯ густурда ва андешааш бузург аст. Ӯ мисдоқи забоншиноси барҷаста дар таърихи ин ҳавза аст.”

Вулф мегӯяд ба назараш мухолифати Чомски бо ҷанги Ветном намунае аз шикродиколбозӣ набудааст (ҳарчанд ин барчасбро комилан муносиби ҳоли Нурмон Мойлер (Norman Mailer) медонад, ки муддати кӯтоҳе ҳамзиндонии Чомски буд; ин ҳам аз он хӯрдадостонҳое аст, ки бояд филмномаашро навишт). Вулф мегӯяд: “Ба назарам он таъбирро комилан дуруст гуфтаам: инки ҳар чи қадр ба хотири мухолифаташ бо ҷанги Ветном машҳуртар шуд, аҳаммияти назарияҳои забоншиносиаш дар нигоҳи бисёре аз мутафаккирон афзоиш ёфт… Рутбаи ӯ дар ҳар ду ҳавза, дар таркиб бо ҳам, ҷойгоҳашро боло бурд.”

Вулф мепазирад коршинос нест, ки бигӯяд кадом назарияҳои забоншинохтии Чомски аз беху бун махдушанд. Вале нозире буда ва ҳаст, ки гоҳ малеҳ ва гоҳ танноз аст: “Ман дар ҷойгоҳи тамошочиён нишастаам. Он қадр аз забоншиносӣ сар дарнамеёварам, ки худам қазовате бикунам ва муддаии эътибори ҳарфам шавам.”

Шояд Чомски ба назари Вулф, аз масодиқи шикродикол набошад, вале муттаҳам ба ҷурми коризмост, ки аз “сулук”-и устод ва “қатъияти ӯ дар бораи гуфтаҳояш” ношӣ мешавад. Ин яке аз вежагиҳои назарияи Нойт низ ҳаст. Аз нигоҳи ӯ, забоншиносӣ зайли сояи Чомски беш аз он ки илми ҷиддӣ бошад, ба илоҳиёте бадал шуда, ки худойгонаш Чомски аст.

Шояд нусхаи аслии “масъалаи Чомски”-ро бояд масъалаи ҳавзаи илмӣ донист, ки шахсияти қудратманди бунёнгузори он ҳавза ва худи он ҳавза чунон по ба пои ҳам рушд карданд, ки дарҳам танида шуданд. Ба сахтӣ метавон гуфт оё ин вазъият тақсири Чомски аст ё натиҷаи ногузири ҳудуди ним қарн шӯҳрати ӯст. Шояд худи Чомски беҳтарин таъбирро аз қазия дошта бошад (ҳарчанд ишорааш дар ин таъбир на ба донишмандон, ки ба руасои ҷумҳур аст): “Мо набояд дунболи қаҳрамон бигардем. Бояд ба дунболи идеяҳои хуб бигардем.”

Chronicle

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: