Перейти к содержимому

Толибон ва паштунизм

Ба қалами профессор Муҳаммад Аюб дар нашрияи National Interest

Профессор Муҳаммад Айюб, устоди бознишастаи равобити байналмилали Донишгоҳи Мишиган ва узви аршад дар Маркази мутолеоти сиёсати ҷаҳонӣ аст. Аз ҷумлаи китобҳои ӯ метавон ба “Чеҳраҳои чандгонаи исломи сиёсӣ” ва ҷадидтарини онҳо “Ховари Миёна аз фурӯпошӣ то назмёбӣ” ишора кард.

Бо хуруҷи Омрико аз Афғонистон, он чи ба равшанӣ эҳсос мешавад, зарурати арзёбии ояндаи Афғонистон бо дар назар гирифтани носиюнолизми паштун аст, ки дар ҳоли ҳозир намоянда аслии он — бо вуҷуди шеваи нодурусташ — Толибон аст.

Он чи Толибонро барои расидан ба қудрат дар Афғонистон тавоно сохтааст, истифода аз ҷаззобияти адабиёти динӣ ва ҳамчунин нафрати қавмӣ нисбат ба дахолати омили хориҷӣ дар сарзаминашон аст. Ҳар дуи ин омил, омили ҳамешагии сиёсатмадорони афғонӣ аст, ки дастикам ба қарни 19 бармегарданд. Эҳтимолан онҳо пас аз хуруҷи Омрико низ худро бо қудрати боло нишон хоҳанд дод.

Бештари паштунҳо, ки беш аз 40 дарсади ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд, бар ин боваранд, ки бар асоси таърихи 300 соли гузашта, ки дар бештари давраҳо силсилаҳои паштун фармонравоӣ мекарданд, онҳо фармонравоёни барҳақи Афғонистон ҳастанд. Дар ҳоле, ки тоҷикҳои форсизабон, ки ҳудуди як чаҳоруми ҷамъияти Афғонистонро ташкил медиҳанд, мутамаддинтар ва таҳсилкардатар аз ақвоми паштун ҳастанд ва теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз онон, дар девони силсилаҳои гузашта, ки ҳамеша паштун буданд, машғул ба кор буданд.

Он чи, ки аз назари бештари паштунҳо, “назми табиии сиёсат дар Афғонистон” дастхуши тағйир гардид, аввалин бор дар соли 1979 бо ҳамлаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯраврӣ ва пас аз он дар соли 2001 бо ҳамлаи Омрико будааст, ки ба шакле асоси тағйир кард. Ин иттифоқот боиси хашми қабоили паштун ва табақоти иҷтимоии болои ин қабоил шуд, ки намояндаи онҳо буданд ва то ҳадде масъулияти зуҳури Толибони паштун дар соли 1994-ро ба ӯҳда доштанд.

Далоили аслии зуҳури Толибон, нигаронӣ аз ба қудрат расидани тоҷикҳо ва ҳамчунин нигаронӣ аз “муҷоҳидин” буд, ки пас аз хуруҷи Иттиҳоди Ҷамоҳир Шӯравӣ барои ба даст овардани қудрат меҷангиданд.

Толибон байни солҳои 1996 то 2001 то ҳадде авзоъро сомон дод ва тақрибан бар се чаҳоруми Афғонистон ҳукумат кард. Онҳо муваффақ шуданд, то мақоми болое барои паштунҳое, ки бори дигар контроли кишварро ба даст оварда буданд, фароҳам кунанд.

Зуҳури паштунҳо дар баробари дахолати бегонагон, ки боиси мухолифати онон бо ҳамлаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ шуд ва имрӯз душманӣ нисбат ба ҳузури низомиёни Омрикоро боис шудааст, таърихи баланде дорад ва ба муқовимати онҳо дар баробари нерӯҳои англисӣ дар қарни 19 бармегардад. Ин муқовимат бо муваффақияти Англис дар тақсими сарзамини паштунҳо бо истифода аз хатти марзии “Девранд” ва тақсими Афғонистон шиддат гирифт ва бахшҳои зиёде аз қаламрави пурҷамъияти паштунҳо ба Ҳинди бритониёӣ яъне Покистони кунунӣ таъаллуқ гирифт. Ин масъала ҷойгоҳи паштунҳоро аз назари оморӣ ба шиддат тағйир дод. Мухолифат бо хатти марзии Девранд далели аслии мухолифати онҳо бо вуруди Покистон ба Созмони Милал дар соли 1947 аст.

Ба таври суннатӣ, носиюнолизм дар Афғонистон бар пояи қавмиятгароӣ, вафодориҳои қабилаӣ ва пойбандӣ ба ахлоқиёти қабилаӣ буд ва умдатан реша дар боварҳои динӣ надошт. Ин масъала, кинаи Афғонистон аз мусалмонҳои ҳамонанди худ дар Покистон дар се даҳаи аввали зуҳурашро тавҷеҳ мекунад. Пеш аз муваффақияти Муҳаммад Довудхон дар соли 1973, ки боиси барандозии ҳукумати салтанатӣ шуд, робитаи давлати Афғонистон бо Покистон хасмона буд ва умдатан ба рақобатҳои лафзӣ маҳдуд мешуд ва аҳзоби паштун монанди “Афғон миллат” дар робита бо Покистон бисёр камтар аз иборатҳои хасмона истифода мекарданд. Албатта, ду кишвар ба вежа пас аз Муҳаммад Довудхон борҳо то марзи даргирии низомӣ пеш рафтанд. Муҳаммад Довудхон дар соли 1973 дар Кобул ба қудрат расид ва як паштуни носиюнолист буд.

Ҳамлаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ба Афғонистон дар декабри соли 1979 ҳам, моҳияти носиюнолизми паштун ва ҳам моҳияти робитаи он бо Покистонро ба таври асосӣ тағйир дод ва боиси ҳимояти Омрико ва Арабистони Саудӣ аз хези афғонҳо шуд, ва дар ин миён, Покистон табдил ба маҷрое шуд, то кӯмаки артиши Омрико ба паштунҳоро интиқол диҳад ва кӯмакҳои молии Арабистонро ба қабоиле бирасонад, ки бо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ё давлате, ки дар Кобул намояндаи он буд, меҷангиданд.

Ҳамлаи Шӯравӣ ҳамчунин мунҷар ба вуруди идеулужии саудӣ-ваҳҳобӣ аз тариқи мадрасаҳое шуд, ки бо будҷаи саудиҳо барои кӯдакони паноҳҷӯ дар марзи Афғонистон ва Покистон барпо шуда буд. Толибон, ки аз назари луғавӣ ба маънии “Донишомӯзон” аст, дар воқеъ тарбиятшудагони ин мадрасаҳо ҳастанд. Ин мадрасаҳо фирқаи ваҳҳобиятро, ки ба он носиюнолизми паштун изофа шуда буд, омӯзиш медод, ки худ бо қироати тундрав аз ислом ва аҳдофи паштунҳо омехта шуда буд. Ин чизе буд, ки то ҳадди зиёде моҳияти носиюнолизми паштунро ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Покистон ба таври ғайримустақим таҳти таъсир қарор дода буд.

Ба таври ҳамзамон, ҳамлаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ боиси тағйири моҳияти робитаи носиюнолизми паштун ва Покистон шуд, ва Покистонро аз як душман ба як ҳомӣ ва пуштибон табдил кард. Пуштибонии Покистон аз хези қавмӣ дар баробари Шӯравӣ, Покистонро дар назари қавми паштун, аз як душман ба як дӯсти қобили эътимод табдил дод.

Покистон ҳарҷумарҷи ба вуҷуд омада дар Афғонистони пас аз хуруҷи Шӯравиро як фурсати истротежики бузург медонист ва Толибони паштунро, ки дар соли 1994 дар Қандаҳор ба вуҷуд омада буданд, аз назари низомӣ тақвият кард ва ба онҳо аз назари сиёсӣ кӯмак расонд, ки дар ниҳоят ин истротежӣ мунҷар ба ин шуд, ки Толибон бо кӯмаки низомии Покистон дар соли 1996 дар Кобул шакл бигирад.

Толибон, ки акнун ба қудрат расида буданд, аз назари истротежӣ Покистонро барои даргирӣ бо Ҳинд ҳимоят мекард. Толибон ҳамчунин ба Покистон пешниҳоди истифода аз нерӯи инсонӣ ва қаламрави афғонҳоро барои барпоӣ ва тарбияти як ниҳоди теруристӣ дод, то дар масъалаи Кашмир, ки аз соли 1990 ҷанҷолбарангез шуда буд, ба кор гирифта шавад. Ҳимояти Покистон аз ошкор шудани носиюнолизми паштун, ки заминаҳои динӣ низ дошт, боис шуд Исломобод ба ҷойи як саркӯбгари арзишҳои қавмии паштунҳо ба як муттаҳиди мусаллам барои расидан ба аҳдофи баланди сиёсии онҳо ба тасвир кашида шавад.

Ҳарчанд Покистон дар зоҳир таҳти фишори Вошингтун равияи худро тағйир дод ва ба тарҳи мубориза алайҳи теруризми Омрико пайваст — ва ба ин тартиб, бори дигар аз паштунҳо дур шуд — вале ба таври пинҳонӣ ба ҳимояти Толибон дар Афғонистон барои рӯ дар рӯӣ бо нерӯҳои омрикоӣ ва бегонагон идома дод, ва ба ин тартиб, тавонист аз осеб ба эътимоде, ки ба ин кишвар доштанд, ҷилавгирӣ кунад.

Покистон ҳамчунин ба раҳбари Толибон, ки шаҳри Квита дар Покистонро маркази ҷадиди худ қарор дода буд, паноҳандагӣ дод. Алорағми хашми Омрико аз чеҳраи дугонаи Покистон, ин истротежӣ манофеи хубе дар ихтиёри Покистон қарор дод, ки ба назар мерасад дар сурати хуруҷи пешбининашудаи Омрико густариш низ биёбад. Ба назар мерасад, Покистон дар сурати хуруҷи Омрико аз Афғонистон, барандаи аслии қудрат дар ин кишвар бошад.

Ҳарчанд назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки аксари афғонҳо аз Толибон ҳимоят нахоҳанд кард, вале парокандагӣ ва адами суботи тавзеъи қудрат, фасод ва нокоромадӣ, ба Толибон кӯмак карда, то дар байни бахше аз паштунҳо аз ҳимояти ҷиддие бархӯрдор шавад. Илова бар ин, эҳсоси ризоят ва бархӯрдорӣ аз дифоъе, ки бисёре аз паштунҳо дар сояи Толибон нисбат ба он чи аз ташкили як давлати омрикоӣ дар зеҳн доранд ҳис мекунанд низ ба ҳимоят аз Толибон меанҷомад, ва ин чизе аст, ки Толибонро ба як қудрати сиёсии пойдор табдил мекунад.

Танҳо бахше аз зуҳури муҷаддади Толибон дар Афғонистон, аз дин нашъат мегирад. Онҳо ба ҳамон андоза низ — агар на бештар — аз дастёбӣ ба ҷойгоҳи дархӯр барои паштунҳо ва интиқом ба нафъи онҳо ангеза мегиранд. Дар ҳоле, ки онҳо дар мавқеияте нестанд, ки идораи кулли кишвар ва ба таври қатъ идораи манотиқи шаҳриро ба даст бигиранд, вале рустоҳое, ки умдатан дар вилоятҳои паштуннишин дар шарқ ва ҷануби шарқии Афғонистон қарор доранд, таҳти контроли онҳост.

Ба баёни дигар, онҳо қасди идора кардан ва ба таври қатъ ҷанги дохилиро доранд, ба вежа ба иллати тиҷорати маводди мухаддир, ки манбаи молии фаъолиятҳои низомии онҳост. Хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ, ба Толибон фурсати беҳтаре барои густариши минтақаи лозим барои амалиёт медиҳад ва боис мешавад дар авзоъи шиканандаи сиёсии кунунӣ, қудрат ва нуфузи бештаре дар ихтиёри онҳо қарор бигирад.

Дар натиҷа, ширкат додани Толибон ва машварат бо он дар сохтори ҳар тавзеъи қудрате дар оянда ба шарти он ки бихоҳад пойдор бимонад муҳим аст. Дастгоҳи мудириятии Тромп ин масъаларо медонад, ки раҳоӣ аз дасти Толибон ғайримумкин аст ва сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо дар сурати мушорикати Толибон мумкин аст. Натиҷае, ки Вошингтун ба он расида бар пояи тавоноии собитшудаи Толибон дар мондан дар қудрат ва ҳамчунин бар пояи қобилияти Толибон дар барҳам задани ҳар гуна назми сиёсии ба вуҷуд омада ё дастикам дар мумониат аз дастёбӣ ба бархе аҳдофи он аст.

Дар натиҷа Залмай Халилзод, фиристодаи вежаи Вошингтун барои сулҳ дар Афғонистон, ду бор дар моҳи ҷорӣ дар Қатар бо намояндаи Толибон мулоқот кард. Ҳарчанд ҳама аз ба натиҷа расидани он ноумед ҳастанд, вале ин ки дар ниҳоят Вошингтун ба ин натиҷа расидааст, ки Толибон бахши ҷудоинопазири сарзамини сиёсии афғонҳо аст ва бояд дар шаклдиҳии ояндаи сиёсии кишвар гунҷонда шавад, нишонаи хубе аст. Ҳарчанд дастгоҳи мудириятии Омрико бояд аз эътироф ба ихлолгар будани Толибон фаротар биравад ва мутаваҷҷеҳ шавад, ки онҳо аҳдофи сиёсии бахши қобили мулоҳизае аз ҷамъияти паштунҳоро, ки бузургтарин ташаккули қавмии Афғонистон ҳастанд баён мекунанд, ҳамчунин Омрико бояд мутаваҷҷеҳи ин бишавад, ки Афғонистон бидуни он ки аҳдофи паштунҳоро ба шакле ризоятбахш бароварда кунад, наметавонад ба таври коромад идора шавад.

National Interest

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: