Перейти к содержимому

Дар Қирғизистон номгузории машрубот ва духониёт ба номи қаҳрамонони Монос манъ мешавад

Лоиҳае дар порлумони Қирғизистон пешниҳод шуда, ки номгузории машруботи алкулӣ ва духониёт ба исми қаҳрамонони ҳамосаи Моносро мамнӯъ эълом мекунад.

Ба гузориши 24.kg, лоиҳаи қонуни мамнӯияти номгузории машруботи алкулӣ ва духониёт ба номи қаҳрамонони афсонаи миллии Монос, ба порлумони Қирғизистон пешниҳод шудааст. Тозабек Икромов, яке аз намояндагони порлумони ин кишвар, лоиҳаи ин қонунро барои баҳс ироа кардааст.

Бар пояи ин гузориш, истифода аз номҳои қаҳрамонони миллӣ барои номгузории машруботи алкулӣ ва духониёт, як пӯшиш барои махфӣ кардани зарару зиёнҳои машруботи алкулӣ ва духониёт барои саломатӣ аст.

Дар ин санад омадааст: “Номгузории машруботи алкулӣ ва духониёт, фикри ҷавононро тағйир дода ва ҳеч ҳадафи омӯзандае дарбар надорад. Барои пешгирӣ аз чунин таъсири ғайриахлоқӣ ва ғайримунсифонае бар рӯи азҳони муштариён, пешниҳод мешавад, ки номгузории машруботи алкулӣ ва духониёт ба исми қаҳрамонони миллӣ, ба вежа шахсиятҳои мусбати афсонаи Монос, мамнӯъ шавад.”

Дар Қирғизистон бархе маҳсулоти алкулӣ бо номи қаҳрамонони ҳамосаи Монос ва ҳатто ба худи “Монос” мушоҳида мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: