Перейти к содержимому

На Эмомалӣ Раҳмон нотакрор аст ва на Рустам Эмомалӣ беназир

Ёддошти Зафари Сӯфӣ

Росташ ман ҳайрони гуфтаҳои бархе дӯстон ҳастам ва моҳияти ҳарфҳояшонро намефаҳмам. Мегӯянд, агар Рустами Эмомалӣ бошад, шаҳри Душанбе обод мешавад, ҳама бахшҳои зиндагӣ рушд мекунад, майдончаҳои варзишии зиёд сохта шуд, ҷинояткорӣ кам мешавад. Ҳатто яке менавишт, ки чун ин сер аст, чашмаш ба даромади мардум намешавад. Ҳоло ҳайронам, ки ин азизон содаанд, мо моро сода пиндоштаанд.

Аввалан, Рустам магар мӯъҷизакор аст, ё соҳир аст, ки бо буданаш ҳама норасоиҳо бартараф бишаванд? Агар тамоми вазоратхонаҳову ниҳодҳои ҳукуматӣ барои муваффақ нишон додани Рустами Эмомалӣ пинҳону ошкор талошу кор карданашон ва маблағҳои буҷаро барои ин амр харҷ карданашонро намебинед, фикр накунед дигарон ҳам намебинанд…

Мо ҷонибдори ободии пойтахти кишвар ва умуман ҳар як гӯшаву канори Тоҷикистони азиз будему ҳастем. Аммо ба ҳеч ваҷҳ намешавад пазируфт, ки ин пойтахти кишварро фақат Рустам ва Тоҷикистонро фақат Эмомалӣ Раҳмон метавонанд обод кунанду субот ва рифоҳро таъмин намоянд. Воқеан, бо камоли эҳтиром ба ин падару писар, агар Тоҷикистон ба ғайр аз онҳо даҳҳову садҳо шахсе, ки шоистаи шаҳрдор ва кишвардор буданро надошта бошад, пас фардои торику даҳшатнок дорад ва забонам лол, маҳкум ба завол аст.

Бунмояи ҳама рушду рифоҳ ва суботи як кишвар бояд низоми давлатдорӣ ва қонунҳои он кишвар бошад, ки новобаста аз кӣ будани шаҳрдору кишвардор идома дошта бошад. Ҳоло дар замони як мудири шоиста ва кордон бо муваффақият ва дар замони камсалоҳияте бо муваффақияти андак.

Ҳамакора ва марди бартарин (супермен) нишон додани як шахс оқибати даҳшатовар барои мардум ба бор меорад. Ин падидаи хатарзоро дар торихи мардуми ҷаҳон метавон фаровон мушоҳида кард ва ибрат гирифт.

Бовар кунед, на Эмомалӣ Раҳмон нотакрор аст ва на Рустам Эмомалӣ беназир! Ҳарду ҳам инсонҳои оддӣ ва мисли ҳар шаҳрванди дигари кишвар ҳастанд! Кори хуб аст, ки (ҳоло ба ҳар ҳадафе) таърифу тамҷидашон мекунед. Фақат як хоҳиш аз ҳад нагузаронед, ки Худой нахоста онҳо ба ин бовар кунанду худро нотакрору беназир напиндоранд. Ҳамеша як кам ба тавоноии худ шубҳа доштан, ба ҷоизулхато будани инсон бовар кардан ба манфиати ҳамагон будаву ҳаст…

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: