Перейти к содержимому

Чаро касе ҳозир нест дар фазои маҷозӣ аз сиёсатҳои ин режим ҳимоят кунад?

(Нигоҳе ба “ҳузур”-и ҳукумати Тоҷикистон дар фазои маҷозӣ ва яке-ду мулоҳиза ба ёддошти Сайёфи Мизроб ба унвони “Вакуум”)

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бешак, имрӯз, шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Фейсбук, Твиттер, Ютюб ва ғайра, ба майдоне берақиб барои интишори ахбору гузоришҳо ва таҳлилу изҳори назарҳо табдил ёфта ва ҷойи рӯзномаҳо ва ҳатто расонаҳои тасвирӣ мисли телевизиюнро гирифта ва балки болотар аз ин, сиёсатмадорон ва мақомоти давлатӣ — аз раисиҷумҳуру нахуствазиру ғайра – вақте бихоҳанд паёме ба мардумашон бирасонанд, ба ҷойи ин ки бо даъват аз рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор кунанд, ба ҷойи он, паёми худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд ва расонаҳо низ ин паёмҳоро аз сафаҳоти онҳо дарёфт ва мунташир мекунанд.

Ба илова, бартарии шабакаҳои иҷтимоӣ яке ҳам дар ин аст, ки ҳамагонӣ аст, ба ин маъно, ки ҳама, бидуни истисно, ба онҳо дастрасӣ доранд, ва на танҳо дастрасӣ, балки қодир ба изҳори назар ва ба чолиш кашидани ҳар касеро, ки бихоҳанд – аз раисиҷумҳуру раиси ҳизбу вазиру ғайраро — доранд ва касе ҳам қодир ба эҷоди мумониат барои онҳо нест.

Ва болотар аз ҳамаи инҳо, дар гузашта агар муборизаҳои интихоботӣ дар фазои ҳақиқӣ сурат мегирифт ва номзадҳо бо баргузории ҷаласот дар бошгоҳу толорҳо ва даъвати мардум ва ё аз тариқи рӯзномаҳо ва телевизиюн ба муаррифии худ ва барномаҳояшон мепардохтанд, аммо имрӯз ин муборизаҳо бештар дар фазои маҷозӣ бо роҳ андохтани кампинҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегиранд. Ба тасреҳи коршиносон, дар чанд соли ахир, ин шабакаҳои иҷтимоӣ будаанд, ки сарнавишти интихоботҳо дар кишварҳои урупоӣ ва ҳатто Омрико ва Омрикои Лотинро рақам задаанд. (Феълан, аз нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ба роҳ андохтани инқилобҳо дар чанд кишвари дунё ба хусус чанд кишвари арабӣ, чизе намегӯям, ки худаш як мавзӯи дар хӯри таваҷҷӯҳ аст.)

Ба ҳамин далел аст, ки имрӯза, ҳам ҳукуматҳо ва ҳам мухолифонашон, барои пешбурди аҳдоф ва тақвияти робитаи худ бо мардум, ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯй овардаанд, то васоили иртиботии дигар. Яъне, ҳарчи ҳузури онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ва пуррангтар бошад, иртиботашон бо мардум ҳам қавитар ва бештар будааст.

* * *

Аммо инҷо нуктае ҳаст, ки бояд ёдовар шуд, ва он ин ки: ҳар “ҳузуре”-ро наметавон “ҳузур” унвон кард. Масалан, вақте ҳукумат (ё ҳатто як ҳизб) бо дарки ин зарурат, ки дар фазои маҷозӣ бояд ҳузури пурранг дошта бошад, дору дастае роҳ андозад ва афродеро барои ин муҳим бигуморад, ки корашон “ҳузур” дар фазои маҷозӣ буда ва дар изои ин “ҳузур” чи басо пуле ҳам гирашон ояд, ва ба сухани дигар, “ҳузур” барои онҳо ба унвони як “шуғл” талаққӣ шавад, инро дигар наметавон “ҳузур” донист, балки ин гуна “ҳузур”, як “ҳузури иҷборӣ” аст ва натиҷадеҳ нест.

Барҷастатарин намунаи “ҳузури иҷборӣ”, ҳузури “лашкаре” аст, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон барои муқобила бо опозисиюн дар фазои маҷозӣ роҳ андохта шудааст. Дар як нигоҳ, метавон ин “лашкар”-ро ба се даста тақсим кард:

1) Дастаи аввал, афроди бе ному нишон ва ба истилоҳ “фейк”-ҳое, ки ба номҳои мустаор дар шабакаҳои иҷтимоӣ махсусан дар Фейсбук, машғули фаъолият ҳастанд;

2) Дастаи дуввум, имом-хатибҳои масоҷид ва ё устодон ва донишҷӯёни донишгоҳи исломӣ ва ё кормандони Кумитаи динӣ ва ё аъзои Шӯрои уламо, ки мақолоташон бештар дар сойтҳои вобаста ба Кумитаи динӣ ё Маркази Шӯрои уламо мунташир мешавад;

3) Дастаи севвум, кормандони Окодемии улум ва ё устодони донишгоҳҳо, ки мақолот ва мусоҳибаи онҳо бештар дар сойтҳои давлатӣ мисли “Ховар” ва ҳатто баъзе расонаҳои ба зоҳир мустақил мисли “Фараж” мунташир ва сипас лашкари “фейк”-ҳо он мақолоту мусоҳибаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мекунанд.

Касе, ки ба ҳунари рӯзноманигорӣ ва ба хусус равоншиносии рӯзноманигорӣ андак огоҳие дошта бошад, як мурури кӯтоҳ барояш кофист, то мутаваҷҷеҳ бишавад, ки тамоми ин мақолот ва навиштаҳо ва мусоҳибаҳо, “суфоришӣ” ва муаллифонаш дар навиштани онҳо маҷбур будаанд.

Бинобар ин, ин гуна “ҳузур”, фармонравоёнашро на танҳо ба ҳадафе, ки пеши рӯй гузоштаанд намерасонад, балки гоҳе ба зарару зиёнашон меанҷомад, ба хусус “ҳузур”-и фейкҳо. Зеро, ин лашкари бе ному нишон чун шуғлашон “ҳузур” аст ва ба онҳо дастур шуда, ки алайҳи опозисиюн ва раҳбаронаш бояд “чизе” бинависанд, аз ин рӯ, шумо мебинед ин лашкар бе он ки бифаҳмад “чизе”, ки менависад оё барои фармонравоёнаш судманд ё ба зарару зиёни онҳост, ҳарчи ба зеҳнаш расид, менависад; аз фуҳшу дашному таҳқиру тавҳин бигир то тарсими корикотурҳое, ки барои ҳар бинандае ишмиъзозкунанда аст.

Ва аз сӯе ҳам, ба далели ин ки “фейк”, ба худии худ қатъи назар аз муҳтавои коридааш, дар фазои маҷозӣ харидор надорад ва хонанда навиштаҳо ва коридаҳои ӯро ҷиддӣ намегирад, аз ин рӯ ҳаргиз навиштаҳо ва мақолоти онҳо муассир воқеъ нашуда ва ба онҳо ҳеч вокунише ҳам намешавад.

Ва дуруст ба ҳамин далел будааст, ки рӯзноманигор Сайёфи Мизроб (ки ба назари ман, яке аз содиқтарин ҳомии режими кунунист ва дар кори худаш ихлос дорад), дар ёддоште таҳти унвони “Вакуум”, хитоб ба “идеологҳои давлатӣ” менависад: “Ман матлабҳои хубу хонданиеро, ки бо имзои мустаор дар ВАО бар алайҳи душманони дохиливу беруна нашр мешаванд мехонаму мегӯям, “ҳайфи мақола!”. Зеро имзои мустаор дар ҳама давру замон рекламаи визавист. Чунки мардум фикр мекунад, “а-ҳа, раз муаллиф метарсад имзояшро гузораду аксашро фош созад, пас танқидшаванда қувва аст, қудрат аст…” Ӯ идома медиҳад: “Фейкҳои давлатӣ ҷои 1 имзои душмани дохилиро гирифта наметавонанд, чӣ расад бар душмани хориҷӣ, ки дову дастгоҳи мӯҳташам дорад…

Ҷаноби Сайёфи Мизроб дар ин ёддошт ба “идеологҳои давлатӣ” пешниҳод мекунад, ки ба ҷойи лашкари “фейк”, бояд рӯй ба “шахсиятҳо” биёваранд ва аз онҳо дар пешбурди аҳдофи худ кӯмак бигиранд. Дар ҳамин росто, ӯ аз як силсила “шахсиятҳои рус” мисли Брилёв, Киселёв, Соловёв, Михалков ва Познер ном мебарад ва муддаист, ки “Русияро ҳаминҳо сохтаанд, месозанд ва аз таҳоҷуми фарҳангиву иттилоотӣ ҳифз медоранд.”

Лубби матлаб дар ёддошти ҷаноби Сайёфи Мизроб ин аст, ки ӯ пешниҳод мекунад, “ҳузур”-и ҳукумат дар расона ва фазои маҷозӣ сохтагӣ ва ҷаълӣ набошад, балки ҳукумат бо истифода аз шахсиятҳои матраҳ, ҳузури худ дар онҳоро воқеӣ ва муассир намояд.

* * *

Пешниҳоди ҷаноби Сайёфи Мизроб, усулан пешниҳоди дурусте аст, аммо ҷаноби Мизроб аз яке-ду воқеияти бисёр талх барои ӯ ва куллан барои мақомоти тоҷик, ё ғафлат дорад ва ё худро ба ғафлат мезанад; бад-ин қарор:

1) Аввалан: шахсиятҳои мавриди назари шумо, барои “ҳузур” чандон ниёз ба ин надоранд, ки расман аз онҳо даъват бишавад, то дар расонаҳои давлатӣ (масалан, телевизиюн) барнома иҷро кунанд. Балки агар онҳо сиёсатҳои режимро воқеан “шоистаи ҳимоят” медонистанд, дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин корро мекарданд;

2) Сониян: ман муддаӣ нестам, ки ин афрод “ҳомии режим” нестанд, на, онҳо ба назарам аз ҳомиён ва пуштибонҳои ин режиманд, вале ҳимояташон на аз боби “ҳубб”, балки аз ин боб аст, ки феълан ҷойгузини муносибе барои он суроғ надоранд ва опозисиюнро алтернатив намешуморанд (ҳоло ба ҳар далел) ва ё чи басо аз ин боб аст, ки “тинҷиву оромӣ” беҳтар аз ҳарҷу марҷ аст ва бо вуҷуди режими Раҳмон, тинҷиву оромӣ (ҳарчанд ба сурати нисбӣ) барқарор аст. Инҳост далели ҳимояти онҳо аз ин режим, на ин ки воқеан сиёсатҳои тахрибии режимро “шоистаи ҳимоят” бидонанд;

3) Аммо чаро онҳо сиёсатҳои ин режимро “шоистаи ҳимоят” намедонанд? Посух ин аст, ки: фарз кунед, онҳо ҳозир шуданд камар барои ҳимоят бибанданд, вале оё ин ҷояшро фикр кардед, ки чӣ бигӯянд? Оё бигӯянд: айюҳаннос! Сиёсатҳои режими ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон воқеан шоистаи ҳимоят аст, чун:

— Ӯ дар ҳоли интиқоли қудрат ба яке аз фарзандони худ аст, ва ба иборати дигар, дар ҳоли табдил додани Тоҷикистони азизамон ба як подшоҳӣ ва салтанати маврусӣ аст! Оё ин сиёсат қобили дастгирист?

— Вазоратхонаҳо ва постҳои калидии кишварро ба дасти фарзандон, қудоҳо, домодҳо ва наздикону бастагонаш супурда! Оё ин сиёсат шоистаи ҳимоят аст?

— Мухолифони сиёсии худро ба унвони “душманони миллат”, “хоинон” ва “ватанфурӯшон” эълом карда; фақат ба ин далел, ки онҳо бо сиёсатҳои Раҳмон ва дору дастааш мувофиқ нестанд! Оё ин сиёсат қобили дастгирист?

— Расонаҳо шадидан таҳти контрол ва назорат қарор гирифтаанд ва рӯзноманигорон аз озодии лозим барои баёни он чи мехоҳанд бархӯрдор нестанд. Оё ин сиёсат шоистаи пуштибонӣ аст?

Дар ҳамин Русияе, ки шумо мисол мезанед, ҳарчанд идеол нест, аммо ҳаддиақалли озодӣ дар он вуҷуд дорад ва ҳамин шахсиятҳои рус, ки ном мебаред, дар барномаҳои худ аз мухолифони сиёсатҳои Путин даъват мекунанд ва ба онҳо маҷоли сухан гуфтан дода мешавад. (Мегӯям, ҳаддиақалли озодӣ, вагарна Русия ҳаргиз улгу набуда ва нест.)

— Чоплусӣ ва тамаллуқ дар ҷомеаи мо ба ҳадде шуюъ пайдо карда, ки мадҳу ситоиши “Пешво” (ва ҳоло писараш) ба шуғли шоғили шоирон, нависандаҳо ва ҳатто устодони донишгоҳҳо табдил гардида ва касе ҳам нест, ки бигӯяд, дигар бас аст! Оё ин сиёсат қобили дастгирист?

… ва даҳҳо мисолҳои дигар, ки маҷоли зикри так-таки онҳо нест.

* * *

Ин аст, ки мегӯям: касе ҳозир нест аз сиёсатҳои режими ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон содиқона ва аз самими дил ҳимоят ва пуштибонӣ кунад. Ва аммо ин ки мегӯед: “Дуруст аст, бархе аз онҳое, ки мо Шахсият мепиндорем, метарсанд бо имзои худ сухан гӯянд. Дар ин маврид онҳо Шахсият нестанд. Зеро Шахсият ҷасорат дорад ва ҳар нафаре тарсуст Шахсият нест.” — Оё медонед чаро ҳозир нестанд “бо имзои худ” сухан гӯянд? Далелаш, на тарс аст ва на чизе дигар, балки далели он, дақиқан ҳамин мавориде аст, ки дар боло ёдовар шудам. Онҳо ҳозир нестанд аз ин сиёсатҳои комилан тахрибӣ ва хатарнок барои ояндаи кишвари азизамон, Тоҷикистон, ҳимоят ба амал оваранд.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: