Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (36)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Назарияи ҷабри иқтисодии таърих ва баррасии он (1)

Далоили касонеро баррасӣ мекардем, ки мегуфтанд: қонунҳо ҷабран тағйир мекунад ва маҳкум ба тағйир аст. Фарзияи морксистҳоро тарҳ кардем ва оқои муҳандис Катироӣ як миқдор эрод ба баёни ман доштанд, ки сӯҳбат карданд ва мо аз эшон хоҳиш кардем, ки дар ҷаласае дар ин замина муфассал баҳс кунанд. Эшон гуфтанд, ки китобҳои лозимро ба даст наёвардам ва бинобар ин омодагӣ надорам. Ночор ман баҳси худамро дар ҳамин замина қарор медиҳам, вале бо истинод ба яке аз китобҳое, ки дар Эрон — ва зоҳиран дар ғайри Эрон ҳам — ин назар мӯътабар шинохта шудааст, яъне китоби маъруфи “Усули муқаддамотии фалсафа”-и Жорж Пулитсер (Georges Politzer).

Жорж Пулитсер устоди Донишкадаи коргарӣ дар Порис будааст, ки аз қароре, ки худи ҳамин китоб навиштааст, баъдҳо ба номи “Донишкадаи навин” маъруф шуд. Ин донишкада бештар ба василаи устодҳои морксист идора мешудааст ва ин китоб ҳам, ки дар ҳудуди 25- 30 сол пеш (давраи авҷи тӯдагарӣ дар Эрон) тарҷума шуд, аз китобҳое буд, ки лоақал Ҳизби тӯдаи Эрон онро ба расмият мешинохт ва зоҳиран ҳамаи морксистҳо ба расмият мешиносанд.

Фасли аввали ин китоб (аз қисмати панҷум) таҳти унвони “Қувваҳои муҳаррикаи таърих” баҳс мекунад. Мо қисматҳое аз онро нақл мекунем ва баъд таҷзияву таҳлиле рӯи ин гуфтаҳо ба амал меоварем, то бибинем оё мо ҳарфҳои инҳоро намефаҳмем ё ин ҳарфҳо хеле ҳарфҳои бепару поя ва лоақал бедалеле аст. Баҳсаш аз инҷо шурӯъ мешавад, ки мегӯяд:

Агар аз мо бипурсанд афкори инсон зодаи чист, ногузир мешавем дар мутолеоти худ зиёд дур биравем. Мо набояд он иштибоҳеро муртакиб шавем, ки материалистҳои қарни 18-ум мекарданд ва мегуфтанд: фикр аз мағз метаровад чунонки сафро аз ҷигар… Ва сирфан фикр ва шакли фикрро ношӣ аз хусусиятҳои моддии мағзи афрод бидонем.”

Мақсудаш ин аст, ки дуруст аст, ки мағз иллати моддии афкор аст, вале шакли афкор, бештар ба шароити иҷтимоии зиндагии ҳар кас бастагӣ дорад. Мегӯяд:

Ин ҳарф дуруст нест, ки бигӯем таърих сохтаи амали афроде аст, ки ба нерӯи майли худ кор мекунанд ва чун ин амалиёт ношӣ аз афкори онҳост, пас таърих маҳсули димоғи ин афрод аст… Ин тавҷеҳ, ки афкор ҳосили мағз аст, ба сурати зоҳир як таърифи моддӣ аст. Вақте аз мағзи Диберу (файласуфи фаронсавӣ) сӯҳбат мешавад, дар ҳақиқат манзур ҳамон афкоре аст, ки аз мағзи ӯ таровуш мекунад, на худи ӯ. Ин, теурии моддии махлут ва носавобе аст, ки тамоюлоти идеолистиро дар пардаи афкор мегунҷонад…” (с.193-194)

Баъд, ин ҷумларо аз Фейербох — ки як моддии маъруф аст — нақл мекунад, ки:

Ҳар он чи инсонро барангезад, ночор боисте ба мағз расида бошад. Мунтаҳо шакле, ки он амр дар мағз пайдо мекунад, беш аз ҳар чиз баста ба шароити зиндагӣ аст.” (с.195)

Фасле таҳти унвони “Мавҷуди иҷтимоӣ ва виҷдон” боз кардааст ва дар он, сухани маъруфи Морксро нақл мекунад, ки:

Виҷдони афрод, вуҷуди иҷтимоии онҳоро намесозад. Вуҷуди иҷтимоии афрод аст, ки виҷдони онҳоро месозад. (Ҳамон)

Мегӯяд:

Медонем, ки афкори мо инъикоси умур ва мавҷудот аст. Мақосиде ҳам, ки дар ниҳоди афкори мо вуҷуд дорад, инъикоси ҳамон умур аст. (Ҳамон манбаъ)

Мақосиду ҳадафҳо ва идеяҳои мо ҳам инъикоси ҳамон умур аст. Ин матлабе аст, ки мо бояд рӯи он таваҷҷӯҳ кунем, ки оё мақосиду ҳадафҳои башар ҳам инъикоси ҳамин умур аст ё чизи дигаре аст, мақосиди башар аз сохтмони дохилӣ ва сиришту ниҳоди башар сарчашма мегирад; оё ин ҷур аст ё мақосидро ҳам иҷтимоъ ба мо медиҳад? Ин суоле аст, ки барои мо боқӣ мемонад, ки баъдҳо бояд ҷавоб бидиҳем ва матлаби муҳимме аст. Боз такрор мекунам: оё мақосиду ҳадафҳои башар ҳам тобеъи шароити иҷтимоӣ аст ва ё ин ки на, инсон ба ҳар ҳол як силсила мақосид — лоақал як силсила мақосиди аслӣ — дорад, ки ношӣ аз сохтмони башар аст?

Мегӯяд:

Барои ҷавобгӯӣ ба ин суол, бояд дид инсон дар куҷост ва афкораш дар куҷо буруз мекунад? Имрӯз мушоҳида мешавад, ки инсон дар шароити иҷтимоии сармоядорӣ зист мекунад ва афкори инсонӣ ношӣ аз ҳамин ҷомеа аст.” (Ҳамон)

Баъд, ин ҷумларо аз Моркс нақл мекунад:

Ин виҷдони афрод нест, ки шохиси вуҷуди онҳост, балки вуҷуди иҷтимоии онҳост, ки ба вуҷудоварандаи виҷдони эшон аст.”

Масъалаи муҳим ҳамин хоҳад буд. Виҷдони инсон иборат аст аз афкор, идрокот, тамоюлот ва хостаҳои дарунии инсон. Оё инҳо шохиси вуҷуди инсон аст ва инсонро инҳо месозад ё вуҷуди иҷтимоӣ (яъне мавҷудияти иҷтимоӣ, вобастагиҳои ӯ ба иҷтимоъ) ва вобастагии табақотии ӯст, ки виҷдони ӯро месозад? Мегӯяд:

Дар ин таъриф, манзури Моркс аз вуҷуд, ҳамон инсон аст. Манзураш мо ҳастем. Виҷдон иборат аст аз чизе, ки мо фикр мекунем, чизе, ки мо мехоҳем. Маъмулан гуфта мешавад мо барои он орзуе, ки дар дилу ҷонамон нуҳуфтааст мубориза мекунем ва чунин натиҷа мегиранд, ки виҷдони мо боиси вуҷуди мост ва чун фикр мекунем, бинобар ин амал ва иқдом мекунем ва амале мекунем, ки мутаносиб бо хости мо бошад. Ин навъ истидлол комилан иштибоҳ аст, зеро дар ҳақиқат вуҷуди иҷтимоӣ аст, ки ба вуҷудоварандаи виҷдони мост. Як вуҷуди прулеторӣ дорои тафаккури коргарӣ аст ва як вуҷуди буржуо дорои тафаккури буржуозӣ.”

Вале чун баъзе мавориди истисноӣ дидаанд, мегӯяд:

Баъд хоҳем дид, ки чаро ин қонун умумият надорад.” (Ҳамон)

Чун баъдҳо Энгелс — на Моркс — ба ин матлаб расидааст, ки гоҳе чунин тахаллуфе ҳам ҳаст. Яъне мумкин аст афроде ҷузъи табақаи коргар бошанд ва виҷдони коргарӣ надошта бошанд, ва баръакс мумкин аст касе ҷузъи табақаи буржуо бошад ва афкори буржуозӣ надошта бошад. Албатта ин қисмати дуввумро зиёд баҳс намекунад. Қисмати аввалро, ки мумкин аст як фард ҷузъи табақаи коргар бошад ва виҷдони коргарӣ надошта бошад, эътироф мекунанд, вале исмашро “виҷдони козиб” мегузоранд. Баъд ин ҷумлаи маъруфро аз Фейербох нақл мекунад:

Тафаккур дар як кох ва дар як кулба тафовут пайдо мекунад.”

Бадеҳӣ аст, ки вақте виҷдон, тарзи тафаккур ва навъи хостаҳои инсон, ба табақаи инсон вобастагӣ дошта бошад, агар табақа тағйир кунад, фикр ҳам иваз мешавад, виҷдон ва хостаҳо ҳам иваз мешавад, ҷаҳонбинӣ ва меъёрҳои аввалияе ҳам, ки дар дасти инсон аст ва рӯи онҳо қазоват мекунад иваз мешавад. Масалан, инсоне, ки ҷузъи табақаи маҳкум, ҷузъи табақаи коргар, ҷузъи табақаи заҳматкаш аст, тарзи фикраш воқеан ин аст, ки ягона роҳи саҳеҳ ва одилона ин аст, ки ҳукумат, ҳукумати коргарӣ бошад, моликият илғо бишавад ва ғайра… Аслан ин виҷдон ин ҷур ҳукм мекунад, мегӯяд ягона роҳи саҳеҳу дуруст ҳамин аст ва ғайр аз ин нест.

Ҳол, агар ин шахсро якдафъа аз он табақа бардорем ва дар табақаи ҳокима қарор бидиҳем, аслан виҷдону фикраш иваз мешавад. На ин ки он вақт мефаҳмад, ки роҳи саҳеҳ ҳамон роҳи аввал аст, вале манфиати ман ин ҷур иқтизо мекунад, аслан ин ҷур фикр мекунад, ки саҳеҳ ҳамин аст. Инсон дар ҳар табақае, ки ҳаст, ҳар тавр, ки манфиаташ иқтизо мекунад, фикр мекунад, ки саҳеҳ ҳамин аст ва ҷури дигар наметавонад фикр кунад.

* * *

Шӯхии талабаҳо

Достоне байни талабаҳо маъруф аст. Дар солҳои аввале, ки мо Қум будем, се нафар аз оқоён буданд, ки шаҳрия медоданд: марҳум оқои Ҳуҷҷат, марҳум оқои Хонсорӣ ва марҳум оқои Садр. Як моҳ мумкин буд шаҳрияи ин оқо бештар бошад, як моҳ шаҳрияи он оқо. Қаҳран роҷеъ ба ин мавзӯъ баҳс буд, ки оё оқои Ҳуҷҷат аълам аст ва бояд марҷаъи тақлид бошад, ба намози эшон бояд рафт, ё оқои Хонсорӣ ва ё оқои Садр? Талабаҳо вақте мехостанд шӯхӣ бикунанд, ҳар моҳ, ки ин оқо бештар шаҳрия медод, мегуфтанд ин моҳ эшон аълам ва атқо ва аъдал ҳастанд, моҳи дигар он оқои дигар бештар шаҳрия медод, мегуфтанд ин моҳ эшон аълам ва аъдал ҳастанд.

Ё нақл мекарданд, ки дар Машҳад талабае ин ҷур мегуфта, ки ҳар кас ба ман пул бидиҳад, ман ӯро одил медонам ва меравам пушти сараш намоз мехонам ва намозам ҳам мшкол надорад, чун вақте, ки пул медиҳад, воқеан фикрам дар борааш иваз мешавад, ки одил аст. Шореъ беш аз ин аз ман нахоста, ки пушти сари имоме, ки мӯътақидам одил аст намоз бихонам, ва ман ин ҷур ҳастам: ҳар касе, ки ба ман пул медиҳад, ба дунболи пул додан воқеан эътиқод пайдо мекунам, ки ӯ одил аст. Бинобар ин, ҳеч монее надорад, ки ҳар касе, ки ба ман пул медиҳад, ба хотири пул додан ҳам, ки бошад, пушти сараш намоз бихонам.

Вале ин ҳарфҳо воқеан шӯхӣ аст. Оё воқеан виҷдони инсон ин андоза бозичаи манофеъ аст, ки ҳар кас ба одам пул бидиҳад, эътиқоди инсон ин бишавад, ки ӯ аълам аст, ӯ аъдал аст, ӯ одил аст?! Аз ҳар ҷо ва ҳар роҳ, ки манофеаш таъмин шуд, ҳаққу адолату дурустиро воқеан дар ҳамон ҷо ташхис медиҳад?

Ман аз ин ҳарфҳои оқоён (морксистҳо) ин ҷур мефаҳмам, ки инҳо воқеан инсониятро ба масхара гирифтаанд ва виҷдони инсонро ончунон беасосу береша медонанд, ки фақат тобеъи шикам аст. Саъдӣ мегӯяд:

Мояи айши одамӣ шикам аст,

То ба тадриҷ меравад чӣ ғам аст.

Бино бар ин ҳисоб (яъне бино бар эътиқоди морксистҳо), на танҳо мояи айши одамӣ шикам аст, мояи ҳама чизи одамӣ шикам аст, мояи виҷдони одамӣ ҳам шикам аст, мояи фикри одамӣ ҳам шикам аст.

Далел бар ин ки виҷдони инсонӣ якчунин сохтмоне дорад ин аст, ки барои золимтарини золимҳо ҳам лоақал лаҳазоте пеш меояд, ки дар он лаҳазот вақте, ки худаш менишинад ва фикр мекунад, инсоф медиҳад, ки зулм мекунад, яъне мефаҳмад, дарк мекунад ва аз ин рӯ нороҳат мешавад, азоби виҷдон мекашад. Мумкин аст аз равиши худаш даст барнадорад, вале азоб ивиҷдонро дорад.

Яке аз осори ин фикр ин аст, ки дигар муҷозот ба унвони як амали одилона, ғалат мешавад, чаро? Барои ин ки агар бино бишавад виҷдони инсон то ин ҳадд бозичаи манофеаш бошад ва ба қавли шӯхии он талаба вақте, ки ба ӯ пул медиҳанд виҷдонаш онан тағйир мекунад, пас ҳар кореро, ки бар асоси манофеаш мекунад, он вақт сад дар сад мӯътақид аст, ки дуруст мекунад, пас ҳеч гоҳ муқассир нест ва аслан дар дунё муқассир вуҷуд надорад. Башар касеро муқассир ва мустаҳиққи муҷозот медонад, ки кореро бикунад, ки ба эътирофи виҷдонаш набояд кард, вале манофеаш он тавр иқтизо мекунад, яъне манофеаш бар зидди виҷдонаш аст. Аммо одаме, ки виҷдонаш сад дар сад ҳамон тавр аст, ки корашро анҷом дода, кораш виҷдонӣ аст ва виҷдонаш як зарра бар хилофи он намегуфтааст, чӣ тавр мо метавонем ӯро муҷозот кунем?

Имом Ҳусайн аз ҳар касе, ки суол мекард, ки мардуми Куфа дар чӣ вазъе ҳастанд, мегуфт:

قلوبهم معك وسيوفهم عليك

Шамшерҳояшон алайҳи туст, дар айни ин ки дилашон бо туст.” (Яъне) виҷдонашон бо туст, аммо манофеашон дар ҷиҳати дигаре аст.

امّا رؤسائهم فقد مُلِئَتْ غرائبهم

Руасояшон ба далели ин ки ҷуволҳояшон аз ришва пур шудааст, ва ғайри руасояшон ҳам ба хотири он таъассуби аҳмақонаи арабӣ, ки аз раиси қабила пайравӣ мекунанд, вале дар айни ҳол раису маръус ҳама виҷдонашон бо туст, дилашон бо туст. Ва ин, ҳарфи дурусте аст.

Баъд, (оқои Жорж Пулитсер) мегӯяд:

Идеолистҳо мегӯянд, агар яке прулетор мешавад ва дигаре буржуо, иллаташ он аст, ки синхи тафаккури онҳо пайрави яке аз ин ду мебошад. Мо баръакс мӯътақидем, ки агар ин ду нафар дорои афкори мутафовит ҳастанд, аз ин ҷиҳат аст, ки ҳар як ба табақаи хоссе бастагӣ доранд. Прултор барои ин виҷдони табақотӣ дорад, ки ӯ прултор аст. Чизе, ки бояд таваҷҷӯҳ дошт ин аст, ки ин теуриии идеолистӣ мутазаммини як натиҷаи амалӣ аст. Мегӯянд, чун фалон шахс дорои тафаккури буржуозӣ аст, бинобар ин буржуо шудааст ва чунин натиҷа мегиранд, ки метавон ин сабки тафаккурро раҳо кард ва прултор шуд. Он вақт дигар судкашии буржуозӣ вар хоҳад афтод ва ҳар кас бо ризомандӣ ва эътимод барои соҳиби кор заҳмат мекашад. Ин теурӣ ҳамон аст, ки аз тарафи сусиёлистҳои масеҳӣ ва бониёни сусиёлизми тахайюлӣ дифоъ шудааст.”

Шакке нест, ки инсон бо як дарсади бахусусе тобеи манофеи худаш аст ва дунболи он меравад ва як силсила афкори худро бо меъёрҳое, ки манфиаташро таъмин мекунад месанҷад. Вале ин ба маънии он нест, ки манофеи инсон сад дар сад афкори инсонро месозад. Инсон воқеан дорои як виҷдони олии инсонӣ аст, ки метавонад бидуни он ки қаблан пояҳои манофеаш тағйир кунад (ва бар асоси он биандешад), виҷдонро дар хидмат бигирад ба тавре, ки худи виҷдон рӯи равобити иқтисодӣ ва манофеъ ва тавзеъи сарвату амсоли инҳо таъсир бигузорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: