Перейти к содержимому

Шаккокият амре вокунишӣ аст

Ба  қалами профессор Питер Одомсун (Peter Adamson)

Шояд тасаввур кунед, ки маънои шаккокияти фалсафиро медонед. Маъмулан шаккокияти фалсафиро ба Декорт бармегардонанд, ки дар “Таъаммулот” (Meditations) ин пурсишро матраҳ кард, ки: оё аслан чизе ҳаст, ки битавонад дар мавридаш комилан яқин дошта бошад ё на?! Чунонки ҳама медонанд, ӯ гуфт чунин чизе вуҷуд дорад, ва он ин ки: ӯ наметавонад дар бораи вуҷуд доштани худаш ҳеч шакке дошта бошад.

Профессор Питер Одомсун (Peter Adamson)

Аммо Декорт ибтидо ба сенориюҳои шаккоконаи ифротӣ машғул шуд, махсусан ин ки дорад хоб мебинад, ё шояд “шайтони фиребкоре” боварҳои ғалатеро дар ӯ илқо мекунад, ки яқинӣ ба назар меоянд. Маъруфтарин шакли пазириши ин навъ аз шаккокият дар фарҳанги омма, филми “Мотрикс” (Matrix), сохтаи бародарон Вочувски (Wachowski) аст, ки ба шумо мегӯяд мумкин аст фақат мағзе дар як хумра бошед ё, ба иборати дақиқтар, Киану Ривз (Keanu Reeves) дар як хумра. Шаккокияти декортӣ боварҳои моро дар баробари озмуне сахт қарор медиҳад, бо ин умед, ки саранҷом битавонад боварҳоеро биёбад, ки битавонанд аз ин чолиш сарбаланд берун биёянд.

Аммо дар бораи ин тасвир ин қадр мутмаин набошед. Аз як тараф, ин навъ аз шаккокият пеш аз Декорт падидор шудааст. Барои намуна, онро назди Никулос Автрекурт (Nicholas of Autrecourt) мебинем, ки мутафаккире дар қарни 14-уми милодӣ буд ва қасд дошт дар он замон фалсафаи мадрасии арастуӣ (Aristotelian scholasticism)-ро ба чолиш бикашад. Ӯ мегуфт, метавон ба яқини мутлақ расид, аммо фақат дар бораи чизҳои бисёр ангуштшуморе. Сурати аълои яқинро метавон дар “асли адами таноқуз” дид, ки мегӯяд мумкин нест як гузора ва нақизи он ҳар ду содиқ бошанд. Никулос натиҷа мегирифт, ки ҳар шинохти асиле бояд ин ҳадд аз яқинӣ буданро дошта бошад. Аз ин рӯ, шумо танҳо чизҳоеро метавонед яқинан бидонед, ки кизби онҳо мусталзими навъе таноқуз бошад. Барои намуна, шумо метавонед яқинан бидонед, ки мураббаъ чаҳор зилъ дорад (ва ба истилоҳ, чоркунҷа чор тараф дорад) ва инсон як ҳайвон аст, аммо шумо наметавонед яқинан бидонед, ки ҳар мураббаъе ё ҳар инсоне, ки ба он нигоҳ мекунед, воқеӣ аст, чун таваҳҳумӣ будани он чи мебинед, мусталзими таноқуз нест. Никулос дар ниҳоят натиҷа мегирад, ки дар ағлаби маворид бештарин коре, ки аз дасти мо сохтааст расидан ба боварҳои заннӣ (гумоновар) аст, на яқинӣ.

Аз тарафи дигар, ҳатто суратҳои қадимитаре аз шаккокият низ вуҷуд дошта, ки бисёр мутафовит будаанд. Бузургтарин шаккоки асри килосики Юнон, Секстус Эмпирикус (Sextus Empiricus) аст, ки дар қарни дуввуми баъд аз милод мезист. Аз назари ӯ, ин гуфтаи Никулос, ки метавон ба “боварҳои заннӣ” расид, ба маънои фосила гирифтан аз шаккокияти асил аст, ва шаккокияти асил дар назари ӯ яъне “таълиқи ҳукм” (приостановление суждения) дар бораи ҳамаи боварҳоямон. Шеваи ӯ ин буд, ки ҳамаи истидлолҳо дар ҳар ду тарафи як масъалаи мавриди муноқишаро рӯи ҳам мерехт ва нишон медод, ки истидлолҳои ба нафъ ва алайҳи он масъала ба “такофуъ” (в балансе) мерасанд. Бо ин ҳол, Секстус ҳаргиз иддао намекард, ки ҳамаи масоил ҳалнашуданианд ё қатъан билотаклиф мемонанд, зеро намехост гирифтори ин иддаои мутаноқиз бишавад, ки “яқинан ҳеч чизе яқинӣ нест”. Дар воқеъ ӯ соири ба истилоҳ “шаккокон”-ро нақд мекард, чун мегуфтанд: “Медонанд, ки ҳеч чизро наметавон донист.” (Ва маълум аст, ки ин худ навъе яқин аст. С.И). Аз назари ӯ, инон ҳамон қадр аз шаккокияти ростин дур буданд, ки равоқиён. Файласуфони равоқӣ “ба наҳви ҷазмӣ” аз таълимоти эҷобӣ дифоъ мекарданд — барои намуна, аз ин ки фазилат хуб аст ё Худо вуҷуд дорад ва машияти хешро эъмол мекунад — ва ин шаккокон низ “ба наҳви ҷазмӣ” аз таълимоти салбӣ дифоъ мекарданд, яъне ин иддао, ки шинохт номумкин аст.

Дар ҳамон қарн, навъи севвуме аз шаккокият дар Ҳинд назди Ногорҷуно (Nagarjuna) — файласуфи будоӣ, дунбол мешуд. Ӯ мехост, бо нишон додани ин ки ҳеч чиз моҳияти мустақил надорад, “воқеияти зотӣ” (Svabhāva)-и ашёро инкор кунад. Дар маҷмӯае аз истидлолҳои дурахшон, ӯ нишон медиҳад, ки падидаҳое монанди иллият (сабабият), ҳаракат ва идрок, дарбардорандаи таноқузҳои дарунианд. Барои намуна, иллият бад-ин маъност, ки ҳар чизе ё худаш иллати худаш аст, ё чизи дигаре иллати он аст, ё ҳам худаш ва ҳам чизи дигаре иллати он аст, ё бидуни ҳеч иллате падидор шудааст. Аммо, бино ба истидлоли ӯ, ҳамаи ин гузинаҳо муҳмаланд (absurd ба истилоҳ).

Ҳадафи пружаи фалсафии Ногорҷуно, назди донишварон маҳалли баҳс аст. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ӯ, ҳамчун Витгенштойни будоӣ дар аҳди бостон, иддаоҳои фалсафиро нақд мекарда, то воқеияти мавҷуд дар зербинои таҷриба ва забони мутаъорафро бармало кунад. Баъзе дигар тасаввур мекунанд, ки ӯ то сарҳадди инкори “асли адами таноқуз” пеш мерафта, то моро ба пазириши “ирфон” ташвиқ кунад. Дар ҳар сурат, ба назар равшан аст, ки Секстус Ногорҷуноро ба ҷазмандешии салбӣ муттаҳам мекунад.

Вуҷуди ин ҳадд аз танаввӯъ дар шаккокият, бад-ин маъност, ки ҳеч ҷавоби воҳиде ба масъалаи шаккокият наметавонад дар муқобили ҳамаи шаккокон коромад бошад. Дар муқобили Никулос, Декорт ва бародарон Вочувски метавон гуфт, ки онҳо воқеан хостаи зиёде доранд: шинохтан мусталзими ин нест, ки ҳеч гуна эҳтимоли хатое вуҷуд надошта бошад ва танҳо ҳақоиқи худтаъйидкунанда қобили шинохт бошанд. Таҷрибаҳои рӯзмарраи шумо воқеан шинохт дар ихтиёри шумо қарор медиҳанд, чун дар воқеъ шумо на фиребхӯрдаи шайтоне ҳастед ва на ба як шабеҳсози компютерӣ (computer simulation) васл шудаед, ҳатто агар натавонед инҳоро бо қатъияти комил исбот кунед. Аммо ин вокуниш дар муқобили Секстус ё Ногорҷуно ҷавоб намедиҳад, чун ин ду талош намекунанд шаккокиятро аз тариқи чунин сенориюҳои шаккоконаи ифротие илқо кунанд. Секстус барои ин кор сирфан нишон медиҳад, ки ҳамаи боварҳои шумо дар маърази муноқиша қарор доранд ва далоиле, ки дар ҳар ду тарафи ҳар муноқишае матраҳ мешаванд, ба такофуъ (в балансе) мерасанд; Ногорҷуно низ барои ин кор сирфан мафоҳимеро нақд мекунад, ки шумо пештар онҳоро мусаллам фарз кардаед.

Ин шаклҳои мухталифи шаккокият, алорағми ҳамаи танаввӯъашон, як чизи муштарак доранд: ҳама дар вокуниш ба он чизе зуҳур кардаанд, ки Секстус ба он мегӯяд: мухолифони “ҷазмандеш”. Шаккокият навъан амре вокунишӣ аст, ва ағлаб барои расидан ба аҳдофаш, аз абзорҳои мухолифонаш истифода мекунад. Мафҳуми “таълиқи ҳукм” дар фалсафаи равоқӣ вуҷуд дошт, чун равоқиён мегуфтанд ҳакими комил метавонад бо таълиқи ҳукм, дар ҳар ҷое, ки шавоҳиди кофӣ вуҷуд надошта бошад, аз дарафтодан ба водии хато масун бимонад. (Достони машҳуре ҳаст, ки мегӯяд: як марди равоқӣ дошт чизеро, ки шабеҳ ба мева буд, аммо дар воқеъ мева набуд, мегазид ва дар тавҷеҳи худаш мегуфт бовар надорад, ки ин чиз мева аст, балки бовараш ин аст, ки ин чиз мушобеҳи мева аст.) Никулос низ дар воқеъ арастуиёни муосирашро нақд мекард. Ӯ “асли адами таноқуз”-ро мепазируфт, аммо баъд нишон медод, ки ҳеч як аз таълимоти дигари арастуиён ҳамсанги ин асли бунёдин нест. Ногорҷуно низ ба мутафаккирони суннати ведоӣ ҳамла мекард, ва ҳамчунин ба будоиҳои ҳамқатори худаш, ки ҳама аз мафҳуми Svabhāva баҳра мебурданд ва ӯ мехост ин мафҳумро зери суол бибарад. Ба назар мерасад бозии шаккокият вақте ба беҳтарин шакл иҷро мешавад, ки мухолифе вуҷуд дошта бошад.

Philosophy Now

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: