Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (354)

Омадани меҳмон пеши Юсуф алайҳиссалом ва тақозо кардани Юсуф алайҳиссалом аз ӯ тӯҳфаву арғумон (2)

* * *

Гуфт: чун будӣ зи зиндону зи чоҳ?

Гуфт: ҳамчун дар муҳоқу кост моҳ.

Он дӯст ба ҳазрати Юсуф (а) гуфт: бо зиндону чоҳ чӣ кор кардӣ? Яъне аҳволат дар зиндону чоҳ чӣ сон буд? Юсуф (а) гуфт: монанди моҳ, дар муҳоқу нуқсон ба сар мебурдам.

Нукта: Муҳоқ, охири моҳ ва се шаби охир аз ҳар моҳ, ки қамар дар он пинҳон бошад. (Фарҳанги Нафисӣ, ҷ.5, с.3156)

Дар муҳоқ ар моҳи нав гардад дуто,

Не ба охир бадр гардад бар само?

Дар ҳолати муҳоқ агарчи моҳи нав хамида мешавад, вале оё саранҷом бар паҳнаи осмон ба ҳолати қурси комил ва бадри тамом дарнамеояд?

Нукта: Бадр: моҳи тамом, моҳи пур, моҳи чаҳордаҳ, ва ин ҳолат натиҷаи тобиши мустақими офтоб ба моҳ аст. Ва айёми бадр ё рӯзҳои пурии моҳ, аз сездаҳум то понздаҳуми моҳ аст. (Фарҳанги истилоҳоти нуҷумӣ, с.78)

Гарчи дурдона ба ҳован кӯфтанд,

Нури чашму дил шуду бинад баланд.

Агарчи донаҳои марворидро дар ҳован мекӯбанду месоянду нарм мекунанд, вале ин соидани марворид ва хурдшудаи он мояи тақвияти нури чашму дил мешавад, ва чашм баландтарин ва дуртарин нуқтаро мебинад.

Нукта: Дар тибби қадим, барои марворид хоссиятҳое қоил будаанд, аз ҷумла ин ки марворидро мӯҷиби тақвияти қалб ва зоилкунандаи хафақону бим донистаанд. Низ биноии чашмро тақвият мекунад ва обиларо дафъ менамояд. Куллан марворидҳоро бо гузарондан аз чанд ғирбол дараҷабандӣ мекарданд ва ниҳоятан марворидҳое, ки аз резтарин шабакаи ғирбол дармегузашт мекӯфтанд ва аз он марҳаму даво ба даст меоварданд. (Тансухномаи Илхонӣ, с.105)

Гандумеро зери хок андохтанд,

Пас зи хокаш хӯшаҳо барсохтанд.

Масалан, миқдори зиёде гандум зери хок мерезанд. Зоҳиран онро мавриди таҳқир қарор медиҳанд, вале пас аз муддате, он донаҳо ба сурати хӯшаи гандум аз хок сар берун меоварад.

Бори дигар кӯфтандаш з-осиё,

Қиматаш афзуду нон шуд ҷонфизо.

Бори дигар он гандумҳоро дар осиё мебаранд ва мекӯбанд ва ордаш мекунанд. Дар ин ҳолат қиматаш зиёдтар мешавад, зеро нон мӯҷиби фузунии ҷон мешавад.

Боз нонро зери дандон кӯфтанд,

Гашт ақлу ҷону фаҳми ҳушманд.

Бори дигар нонро зери дандон хурд мекунанд ва ба ақлу ҷону фаҳми ҳушманд табдил мешавад. Пас, он донаҳои гандум маҳву фонӣ мегардад ва ба ин маротиби олӣ мерасад.

Боз он ҷон, чунки маҳви ишқ гашт,

“Юъҷибуз-зурроъ” омад баъди кашт.

Боз вақте, ки он ҷон маҳву фонии ишқи илоҳӣ шавад пас аз кишту сарсабз шудан, мӯҷиби шигифтии кишоварзон мешавад.

Нукта: Дар мисолҳои фавқ, ин матлаб равшан шуд, ки инсон дар масири камолёбӣ ва такомули маънавӣ, ногузир аст, ки аз гарданаҳое бигзарад ва вуҷуди мавҳуми худро дар кӯраи риёзату ибодат завб кунад, то софу беғаш шавад ва он гоҳ шоистагии шуҳуди ҳақиқатро ба даст оварад. Ин тариқ ба зоҳир тариқи фанову бохтан аст, вале бар ҳасби ботин, тариқи бақову бурдан аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.919)

Мисроъи дуввум ишора дорад ба қисмате аз ояти 29 сураи Фатҳ:

كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ

Ҳамчун донае аст, ки чун нахуст сар аз хок барорад, шохае нозук бошад. Пас аз он, қувват гирад, то он ки нерӯманд гардад ва бар соқи худ рост истад, ки деҳқононро аз наззораи он ба таҳсину ҳайрат орад…”

Ин сухан поён надорад, бозгард,

То ки бо Юсуф чӣ гуфт он некмард?

Ин суханони асроромезро поёне нест, баргард бар сари достони ҳазрати Юсуф (а) ва он ёри деринаш ва ин ки он некмард ба ҳазрати Юсуф (а) сӣ гуфт, онро баён кун!

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: