Перейти к содержимому

Яке ду нукта дар бораи “босмачигарӣ”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Намедонам, бо барангехтани баҳси “босмачигарӣ” дар ин рӯзҳо, мақомот ба дунболи ёфтану бофтани чӣ “шарри” дигаре барои мухолифони сиёсии худ ҳастанд, аммо ҳарчи ҳаст, лозим медонам чанд нуктаро дар робита бо “босмачиҳо” ва “босмачигарӣ” ба унвони ёдоварӣ барои насли ҷавонамон ва низ барои “идеологҳои давлатӣ” (таъбире, ки ҷаноби Сайёфи Мизроб ба кор бурдааст) мутазаккир шавам:

1) Аввалан, вожаи “босмачӣ” дар мавриди касоне ба кор бурда мешавад, ки дар оғозҳои қарни 20-ум, алайҳи таҷовузгарони болшевик ва дунболаравони маҳаллиашон дар Фарорӯд ҷангидаанд. (Дар он замон Тоҷикистони кунунӣ ҷузъе аз Аморати Бухоро буд ва аз он ба унвони “Бухорои шарқӣ” ёд мешуд.) Албатта онҳо худро “босмачӣ” намехонданд, балки ин вожаро душманонашон барои эшон ниҳодаанд. Онҳо дар воқеъ муборизон ва мудофеъони сарзамини худ буданд. Ба кор бурдани вожаи “босмачӣ” дар мавриди онҳо, дуруст мисли ба кор бурдани вожаи “Вовчик” аз сӯи “Фронти халқӣ” барои опозисиюн дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон аст. Касе фаромӯшаш нашудааст, ки “Фронти халқӣ” дар он замон, раҳбарони опозисиюн амсоли Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров, Давлат Худойназаров, Мирбобо Мирраҳимро дар канори Устод Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва ғайра, ба унвони “Вовчик” ном мебуранд.

2) Барои фаҳми саҳеҳи падидаи “босмачигарӣ”, ногузирам ба сурати мухтасар таърихчаи сарзаминамон дар он даврон ва камтар пеш аз онро ёдовар шавам. Аморати Бухоро, ки Тоҷикистон ҷузъе аз он ба шумор меомад, як давлати мустақил буд. Соли 1868 милодӣ дар даврони ҳукумати Амир Музаффар (ҷадди Амир Олимхон), ҷанге миёни Аморат ва Русияи подшоҳӣ ба вуқӯъ пайваст ва Аморат дар ин ҷанг бо шикасти сангине мувоҷеҳ шуд ва аз он замон ба баъд метавон гуфт Аморати Бухоро навъе вобастагӣ ба Русияи подшоҳӣ пайдо кард. Аммо ҳарчи буд, ҳанӯз ба унвони як давлати мустақил шинохта мешуд. То ин ки дар Русияи подшоҳӣ, болшевикҳо ба раҳбарии Ленин инқилоб карданд ва қудратро ба даст гирифтанд. Дар ибтидои инқилоби болшевикӣ, зимомдорони ҷадиди Русия яъне болшевикҳо, Аморати Бухороро ба унвони як давлати мустақил мешинохтанд, ва тибқи он чи дар “Хотироти Амир Олимхон” омадааст, байни Русияи болшевикӣ ва Аморат қарордод баста шуд, ки ба мӯҷиби он, болшевикҳо ӯҳдадор шуданд бо Аморати Бухоро ҳамон таъомулеро дошта бошанд, ки Русияи подшоҳӣ дошт. Аммо дере напоид зери қавли худ заданд ва шурӯъ ба харобкорӣ дар сарзаминҳои мутаъаллиқ ба Аморат намуданд, ки боризтарини он, ҳаводиси талхи Когон аст.

Ин нукта қобили таваҷҷӯҳ аст, ки давлати Аморати Бухоро – бо таваҷҷӯҳ ба сиёсатҳои нобихрадонаи Амир Олмихон ва беъурзагии ӯ дар идораи давлат — барои худаш дар дохил опозисиюни мӯҳтараме дошт, ки бо сиёсатҳои Амир мухолиф буданд ва ё ҳаддиақал ба дунболи иҷрои ислоҳот дар Аморат буданд, мисли “Маорифпарварон” — ки ҳаракати “Ҷадидия” аз миёни онҳо бархостааст – ки фақат ба дунболи иҷрои ислоҳот дар Аморат буданд, ки аз замона ақиб наафтад ва мӯътақид ба навъе “машрута” буданд, ва ҳамчунин гурӯҳе ҳам идеяҳои понтуркистӣ бар сар доштанд ва ғайра.

Ҳол, бо ба сари қудрат расидани болшевикҳо дар Русия, ҳаминон яъне гурӯҳҳои ба истилоҳ опозисиюни Аморат, ба ду гурӯҳ муншаъиб шуданд; баъзе, ба болшевикҳо пайвастанд ва дар воқеъ дастнишондаҳое гардиданд барои онҳо. (Баъдҳо ҳаминон ба унвони нахустин раҳбарони Тоҷикистон ё Ӯзбакистони вобаста ба Русияи кумунистӣ таъйин шуданд, афроде чун Абдулло Раҳимбоев ва амсолаш.) Ва аммо баъзе аз онҳо, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки сарзамини худро дар маърази таҳоҷуми бегона медиданд, маслиҳатро дар ин диданд, ки феълан мухолифати хеш бо Амирро канор зада ва алайҳи мутаҷовизон пайкор кунанд.

Хуб, “босмачӣ”, ки мегӯянд, дар воқеъ афроде буданд, ки ё вобаста ба Амир буда ва хоҳони баргардондани ӯ ба сари қудрат буданд мисли Иброҳимбек, ва ё афроде буданд бархоста аз миёни гурӯҳҳои мухолифи сиёсатҳои Амир Олимхон мисли “Ҷадидия”. Роқими ин сатрҳо мӯътақид аст, агар инқилоби болшевикҳо дар Русия ва сипас таҳоҷуми онҳо ба Аморат набуд, ҳаминон, ки аз онҳо ба унвони “босмачӣ” ёд мешавад, худашон Амирро сарнагун мекарданд ва он гоҳ ба дасти фарзандони миллат як давлати муносиб ва ҷойгузини “Аморат” дар сарзаминамон сохта мешуд, ва ё ҳаддиақал, Амирро водор ба иҷрои ислоҳоти решаӣ намуда ва як ҳукумати машрута таъсис медоданд.

Ин буд як таърихчаи бисёр кӯтоҳу мухтасар аз онҳо. Азизони алоқаманд, барои иттилои бештар, метавонанд ба мусоҳибаи шодравон Устод Шакурии Бухороӣ бо Родию Озодӣ ва низ китоби “Сад ранги сад сол”, таълифи рӯзноманигор ва нависанда Салими Аюбзод муроҷеа кунанд. Ин мақола гунҷоиши тафсили баҳс дар бораи онҳоро надорад.

3) Бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар болои зикр шуд, хонандаи азиз худаш доварӣ ва қазоват кунад, ки чӣ касоне сазовори “хоинони миллат” хонда шудан ҳастанд? “Босмачиҳо”, ки гуфтем муборизон алайҳи мутаҷовизон буданд? Ё дастнишондаҳои болшевикҳо, ки Аморатро тикка-пора намуда ва ба Ӯзбакистону Тоҷикистону “истон”-ҳои дигар тақсим намуданд?

Аз ин рӯ, ҳаракати “босмачигарӣ” як ҳаракати озодихоҳона аст, ва бисёр зишт аст, ки ҳанӯз ҳам аз онҳо ба унвони “душман” ё “хоин” ном бибаранд.

Оё мо, тоҷикон, ба ҳадде аз суқуту инҳитоти ахлоқӣ расидаем, ки озодихоҳонро сарзаниш ва мутаҷовизон ва хоинони воқеиро мавриди мадҳу ситоиш қарор биҳиҳем?!

4) Нуктаи ахир ва шоёни тазаккур ин аст, ки ҳаракати ба истилоҳ “босмачигарӣ” алайҳи болшевикҳо (ки саҳеҳаш ҳамон ҳаракати озодихоҳона аст) танҳо маҳдуд ба сарзамини мо набуд. Балки дар ибтидои инқилоби болшевикӣ, тамоми сарзаминҳои он рӯзи Шӯравӣ – аз худи Русия бигир то Укройн, Белорус, Гурҷистон, Озарбойҷон ва ғайра – шоҳиди пайкору муборизаи ҷавонмардоне будааст, ки сар хам кардан дар баробари як мушт авбошу мутаҷовизро нангу ор медонистанд ва то охирин қатраи хуни худ ҷангиданд; кушта шуданд, вале сар хам накарданд. (Болшевикҳо дар воқеъ авбошу дуздоне беш набуданд, ки дар як мақолаи ҷудо ба тафсил дар ин хусус баҳс хоҳам кард, масалан Истолин дар ҷавонӣ кораш дуздӣ буда.)

Бале, тамоми ин сарзаминҳо шоҳиди пайкори ҷавонмардоне ғайюр алайҳи мутаҷовизон будааст, на танҳо Фарорӯд. Аммо фарқе, ки мо бо дигарон дорем дар ин аст, ки имрӯз, миллатҳои дигар, дар ҳоли бозгӯ кардани ҳақоиқ дар бораи он ҷавонмардон ҳастанд ва аз онҳо ба унвони қаҳрамонони миллати худ ёд мекунанд, аммо мо, бо таваҷҷӯҳ ба султаи фикрии як мушт болшевикпарвар, ҳанӯз дар ҳоли сарзаниши озодмардони худ ва таърифу тамҷиди хоинони воқеӣ ҳастем.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: