Перейти к содержимому

Бархезу бикуш: ривояте аз терурҳои Мусод

Дар акс, тасвири донишмандони атомии Эрон, ки ба дасти Мусод терур шудаанд

(Нигоҳе ба китоби “Бархезу бикуш: ривояте аз терурҳои Мусод”, таълифи Рунен Бергман (Ronen Bergman))

Ба қалами Йон Блек (Ian Black) дар нашрияи Guardian

Йон Блек (Ian Black)

Дар январи соли 2010, маъмурони исроилӣ аз чанд сӯ гирди як ҳутели бошукӯҳ дар Дубай ҷамъ шуданд: ҳадафашон Маҳмуд ал-Мабҳуҳ буд, ки барои Ҳамос аслиҳа дуруст мекард, яъне ҳамон ҷунбиши исломгарои фаластинӣ, ки контроли навори Ғаззаро дар ихтиёр дорад. Дар ин амалиёт, 27 маъмури махфии Мусоди Исроил ширкат доштанд, ки худро ҷаҳонгард ё бозикуни тенис нишон дода буданд. Ин гурӯҳ аз фурудгоҳҳои мухталифи Урупо бо гузарномаҳои ҷаълӣ ба Дубай омада буданд. Тамосҳои онҳо аз масири Утриш анҷом мегирифт, то расад нашаванд. Ал-Мабҳуҳ дар утоқаш бо як доруи фалаҷкунанда кушта шуд ва ҷасадаш ҳамонҷо раҳо шуд, то коркунони ҳутел фардои он рӯз пайдояш карданд.

Мушкил он буд, ки ин қатл боис гардид дунё бо амалиётҳои Мусод ошно шавад, ва як кишвари арабӣ, ки собиқаи ҳамкории бе сару садо бо Исроилро дошт, хашмгин шавад. Дурбинҳои мадорбаста тасвири ин маъмурони махфиро забт карданд, ки либосҳои худро иваз мекарданд ва дар таъқиби шикорашон буданд. Шикори онҳо гузинаи муваҷҷаҳе барои эъдоми бемуҳокима ба назар меомад, чун як сарбози исроилиро кушта буд, ва муҳимтар аз он, Ал-Мабҳуҳ ҳалқаи васли Ҳамос бо Эрон яъне душмани қасамхӯрдаи давлати яҳудӣ буд.

Ривояти Рунен Бергман аз одамкушиҳои ҳадафманди кишвараш, дарбардорандаи ҷузъиёти фаровоне перомуни ин маврид ва қатлҳои дигар аст. Фаластиниҳои каронаи Бохтарӣ ва навори Ғазза қурбониёни аслӣ будаанд, аммо Ҳизбуллоҳи Лубнон, мақомоти сурӣ ва донишмандони атомии Эрон (ки ҳамагӣ узви “Меҳвари муқовимат” ҳастанд) низ ба дасти Мусод терур шуда буданд.

Дар солҳои ахир, Исроил беш аз ҳар кишвари ғарбии дигаре даст ба одамкушӣ задааст. Муаллиф менависад: “Иштибоҳоти гоҳу бегоҳ, агар ҳам асаре доштаанд, далели шинохта шудани Мусод ба таҷовуз ва бераҳмӣ будааст; ки чизи баде ҳам нест вақте, ки ҳадаф ҷилавгирӣ аз иқдомҳои хасмонаи хосс бошад.”

Бергман яке аз рӯзноманигорони таҳқиқии барҷастаи Исроил аст, ки барои гузоришҳояш дар бораи мавзӯъоти пурибҳом машҳур аст ва ин рӯзҳо барои New York Times кор мекунад. Ӯ тавзеҳ медиҳад, ки дастрасии расмӣ ба асноди шохаи иттилоотии артиши Исроил — Мусод ё Шин Бет — вуҷуд надорад. Вале равшан аст, ки ӯ дастрасии қобили таваҷҷӯҳе дорад, чунонки аз амалиётҳои гуногун гузориш додааст ва низ чандин мусоҳиба бо устодҳои бузурги ҷосусӣ, робитҳои маъмурон ва одамкушҳое тартиб додаааст, ки муштоқанд достонашонро таъриф кунанд.

Ҳикоятҳои “қаҳрамониҳои бераҳмона”-и Мусод, ба рӯзҳои оғозини таъсиси давлати саҳюнистӣ дар Фаластин бармегардад, замоне, ки пулисҳои бритониёӣ ва нозиҳо дар Урупои пас аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, ба дасти Мусод ба қатл мерасиданд. Баъд, навбати терури донишмандони олмонӣ расид, ки дар мушаксозӣ ба Мисри даврони Ҷамол Абдунносир кӯмак мекарданд.

Сервиси иттилоотии Исроил (Мусод) созмони тозатаъсиси озодибахши Фаластин (Фатҳ)-ро низ таҳти назар дошт ва пас аз ҷанги таърихсози соли 1967 онро ҷиддитар гирифт. Ҳарфҳое ҳам аз “ҷанги ҷосусҳо” дар даҳаи 1970 зада мешавад, аз ҷумла қатли омм дар олимпиёди Муних (Мюнхен) ва ҳазфи фаластиниҳо, ки бархе дар кори “теруризм” буданд ва бархе дигар, мисли Ғассон Канфонии нависанда, коре ба терур надоштанд. Аз ҳамон ибтидо, онҳое, ки арабӣ забони модариашон буд (исроилиҳои асолатан ироқӣ ё мисрӣ) навъе дороии иттилоотии гаронбаҳо ҳисоб мешуданд. Тазоҳур ба истихдоми ҷосус барои фиреби сервисҳои иттилоотии муқобил низ роиҷ буд.

Шояд ин маълумот равшан бошанд, аммо ифшогариҳои ҷолибе ҳам дар ин китоб омадааст: яке, нақшаи соқит кардани ҳавопаймои Ёсир Арафот рӯи Медитарона (Миёназамин) дар замони ҷанги Лубнон дар соли 1982 аст. Ин нақша дар дақиқаи охир лағв шуд, чун фаҳмиданд мусофири олирутбаи он ҳавопаймо, на Ёсир Арафот, балки  бародари ӯ буд; пизишке, ки кӯдакони маҷрӯҳи фаластиниро ҳамроҳӣ мекард. Дар Мусод, бархе аз афсарон аз иттиҳодашон бо шибҳинизомиёни морунии Фолонж (Maronite Phalange militia) нохурсанд буданд; ҳамонҳое, ки он сол муртакиби қатли омми Сабро ва Шатило дар Лубнон шуданд.

Исроил бо куштани яке аз раҳбарони Ҳизбуллоҳ дар соли 1992, пештози истифодаи маргбор аз паҳподҳо (ҳавопаймои бидуни сарнишин) буд. Ин “миллати сторт-упӣ (start-up nation) қобилиятҳои фанноваронаи пешрафтае дорад ва баъид нест ҳамин коршиносони исроилӣ, он системи назоратиеро тарроҳӣ карда бошанд, ки тасовири тими Мусодро дар Дубай сабт кард. Аз қазо қотилони Ал-Мабҳуҳ тавонистанд, пеш аз фирорашон, дари утоқи ӯро аз дохил қуфл кунанд.

Аммо Яҳё Айёш, ки бомбгузорони фаластиниро тарбият мекард, бо як дастгоҳи инфиҷорие, ки дар мубойлаш ҷосозӣ шуда буд кушта шуд.

Вале чунонки муаллиф нишон медиҳад, ҳазфи душманон гоҳе айбҳое ҳам дорад. Қатли Абӯҷиҳод (раиси низомии Фатҳ) дар соли 1988 дар Тунис — дуруст замоне, ки ин созмон амалан мерафт то Исроилро ба расмият бишносад — мӯҷиби таъассуфи амниятиҳои Исроил шуд. Дар бораи қатли раҳбари Ҳамос, Шайх Аҳмад Ёсин ҳам шакку тардидҳое вуҷуд дошт, чун нақши Эронро пуррангтар кард. Марги Арафот дар соли 2004, дар ҷараёни интифозаи дуввум, пурсишҳои ҷолиберо пеш мекашад. Бергман мегӯяд, ки ҳатто агар посухи ин пурсишҳоро ҳам дошт, дастгоҳи сонсури низомӣ иҷоза намедод дар бораашон бинависад.

Бергман ифшо мекунад, ки шаш донишманди атомии Эрон тавассути гурӯҳҳои мухолифи эронӣ, ки барои Мусод кор мекарданд кушта шуданд. Бо ин ҳол, Томир Порду (Tamir Pardo, раиси собиқи Мусод) аланан аз Бенёмин Натонёҳу интиқод кард, ки зеҳнаш Ҷумҳурии Исломии Эронро вел намекунад, ва гуфт, таҳдиди ҳақиқӣ алайҳи мавҷудияти Исроил камокон масъалаи ҳалнашудаи Фаластин аст.

Нависандагии Бергман ба самти сабки шӯрангез ва эҳсосотӣ меравад, аммо ҷилави мавзеъи интиқодии ӯро намегирад: ӯ мепурсад, ки оё рӯйкарди Исроил дар робита бо таъомулаш бо душмани ҳамсоя (яъне фаластиниҳо) ахлоқӣ аст? Ва натиҷа мегирад, ки муваффақиятҳои Исроил дар амалиётҳои махфиёна сирфан муваффақияти амалиётӣ будаанду бас, бе он ки муваффақият дар ҷангро тазмин кунанд, “ингор, ки таърих мутаваққиф шудааст ва ниёзе нест, ки ба масъалаи Фаластин пардохта шавад.”

Guardian

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: