Перейти к содержимому

Мантиқ чист?

Ба қалами Катрино Нувойс (Catarina Novaes)

Катрино Нувойс (Catarina Novaes), устоди фалсафа ва узви Донишкадаи фалсафаи назарии Донишгоҳи Хрунинден (Groningen)-и Ҳуланд

Барои ҳар касе, ки иштиёқе ба тафаккури дуруст ё ақаллан тафаккури маъқул дорад, таърихи мантиқ ҷолиби таваҷҷӯҳ хоҳад буд. Таъаммул дар бораи таърихи мантиқ, моро ба таъаммул дар ин бора вомедорад, ки тафаккури дуруст ба чӣ маъност. Оё ба маънои ворид шудан ба баҳсу ҷадал бо дигарон аст? Оё ба маънои андешидан назди худ аст? Оё ба маънои муҳосиба аст?

Имонуил Конт (Immanuel Kant) дар “Нақди ақли маҳз” баён кард, ки аз замони Арасту ҳеч пешрафте дар мантиқ рух надодааст. Аз ин рӯ натиҷа гирифт, ки мантиқи замони Арасту ба нуқтаи камоли худ расида ва ҳеч коре бар замин намонда буд. 200 сол баъд, пас аз таҳаввулоти шигифтовари садаҳои 19-ум ва 20-ум дар риёзисозии мантиқ ба дасти андешамандоне ҳамчун Ҷурҷ Бул (George Boole), Гутлуб Фреге (Gottlob Frege), Бертронд Росел (Bertrand Russell), Олфред Торскӣ (Alfred Tarski) ва Курт Гудел (Kurt Gödel) равшан шуд, ки Конт комилан дар иштибоҳ буд.

Ин андешаи ӯ низ иштибоҳ буд, ки аз давраи Арасту то замони ӯ ҳеч пешрафте дар мантиқ дар кор набудааст. Бар асоси “Таърихи мантиқи сурӣ” (A History of Formal Logic), асари Ҷ.М. Бухенскӣ (JM Bocheński), мантиқ се давраи тилоӣ доштааст: давраи Юнони бостон, давраи мадрасӣ (scholastic period)-и қуруни вусто ва давраи риёзии садаҳои 19 ва 20. Дар сар то сари ин мақола, тамаркуз бар суннатҳои мантиқие аст, ки дар муқобили пасзаминаи мантиқи Юнони бостон таквин ёфтаанд. Бинобар ин, мантиқи ҳиндӣ ва чинӣ машмули баҳси ҳозир нест, аммо мантиқи арабии (исломии) қуруни вусто мавзӯъи баҳс хоҳад буд.

Чаро Конт “суннати мадрасӣ”-ро нодида гирифт? Аз ин фаротар, чӣ чизе “завол”-и мантиқро пас аз давраи мадрасӣ тавзеҳ медиҳад? Агарчи мантиқ дар давраи ҷадид (мудерн) бахши муҳимме аз барномаи дарсӣ боқӣ монд, ҳеч ибтикори бунёдини қобили таваҷҷӯҳе вуҷуд надошт ғайр аз истисное муҳим дар порае пешрафтҳо дар қарни 17-ум ба дасти Гутфрид Вилҳелм Лойбнитс (Gottfried Wilhelm Leibniz). Дар воқеъ бисёре аз дастовардҳои мадрасӣ аз даст рафт. Мантиқи таълимӣ низ дар ин давра, ки Конт ба он ишора мекард, аксаран ибтидоӣ буд. Мутмаиннан заволи мантиқи мадрасӣ ба якбора рух надод ва дар баъзе минтақаҳо, масалан Испониё, намуду бурузи ибтикор дар суннати мадрасӣ дар қарни 16-ум ба хубӣ идома ёфт. Бо ин ҳол, ба баёни куллӣ, аҳаммияти мантиқи мадрасӣ пас аз поёни қуруни вусто ба тадриҷ каму камтар шуд, магар барои мақосиди омӯзишӣ дар донишгоҳҳо ва дар онҷо низ ба сурати бе ҷону бе рамақ идома ёфт.

Барои уфули мантиқи мадрасӣ (scholastic period) далоили бисёре вуҷуд дошт. Шояд машҳуртарин далел, нақди қотеъонаи нависандагони ренусонс ҳамчун Луренз Воло (Lorenzo Valla) буд. Ин андешамандон аз корбурд надоштани мантиқи мадрасӣ изҳори таассуф мекарданд. Масалан, Луренз Воло қиёсотро (истидлолҳои мураккаб аз ду муқаддима ва як натиҷа, ки ҳамагӣ дар қолаби “баъзе / ҳама / ҳеч А В аст (нест)” баён мешаванд ва муқаддамоти онҳо сидқи натиҷаро эҷоб мекунад) гунае тасаннӯъӣ аз таъаққул медонист, ки барои суханварон, ба далели тафовути фоҳиш бо шеваҳои табиии баёну истидлол, бефоида ва беасар аст. Онон забони лотинии малоловар, тасаннӯъӣ ва беш аз ҳадд фании нависандагони мадрасиро ба шиддат нақд мекарданд ва тарафдори бозгашт ба забони лотин ва килосики Сисерон ва Вержил буданд. Ин мунтақидин аксаран ба низоми донишгоҳӣ таъаллуқ надоштанд, ҷойе, ки мактаби мадрасӣ ҳанӯз дар қарни 15-ум ҳинҷор ба шумор мерафт. Онон дар муқобил ба машоғили давлатӣ тамоюл доштанд ва аз ин рӯ дилмашғули сиёсат, мудирияти иҷроӣ ва ба таври куллӣ зиндагии маданӣ буданд. Онон бештар ба балоғат ва “иқноъ” (қаноат кунондан) алоқа доштанд, то ба мантиқу истидлолу исбот.

Далели дигаре, ки мантиқ рафта-рафта бартариашро дар давраи мудерн аз даст дод, матрук шудани наҳваҳои ғолибан ҷадалии пажӯҳиши фикрӣ буд. Ибороте аз Рене Декорт — ҳамон ҷанобе, ки низоми комили фалсафиашро дар ҳоле дарандохт, ки дар танҳоӣ ва бо либоси хоб нишаста буд — ин тағйири масирро ба шакли бисёр таассурангезе нишон медиҳад. Ӯ дар “Усули фалсафа” (Principles of Philosophy), аз чигунагии пайгирии омӯзиш ба шогирди навомӯз сухан мегӯяд ва менависад:

Пас аз он, ӯ бояд мантиқ биёмӯзад. Мақсуди ман, мантиқи мадорис нест, чаро ки ин мантиқ, ба маънои дақиқи калима, чизе нест ҷуз фанни ҷадал яъне наҳваҳои шарҳу тафсили донистаҳои худ барои дигарон ё ҳатто доди сухан рондан бидуни қувваи тамйиз дар бораи чизе, ки худ намедонад. Чунин мантиқе, ба ҷойи он ки бар ақли салим биафзояд, онро ба табоҳӣ мекашад. Балки манзури ман, мантиқе аст, ки ба мо меомӯзад ақли хешро ба кашфи ҳақоиқе мутаваҷҷеҳ созем, ки нисбат ба онҳо ҷоҳилем.”

Он ҷо, ки Декорт иддао мекунад, ки мантиқи мадорис (мантиқи мадрасӣ = scholastic period) воқеан мантиқе барои кашф нест, дақиқан ба ҳадаф задааст. Ҳадафи аслии он мантиқ тавҷеҳу тафсир аст, ки — ба вежа дар муқобили пасзаминаи кунишҳои ҷадалӣ — маъқул менамояд, он ҳам дар ҷойе, ки тарафҳои баҳс ба табйину мунозира дар боби чизе мепардозанд, ки пешопеш медонанд. Дар воқеъ, дар бахши умдае аз таърихи мантиқ, ҳам дар Юнони бостон ва ҳам дар суннати қуруни вустои лотинӣ, “диалектик” (ҷадал) ва “мантиқ” мутародиф шумурда мешуданд.

То замони Декорт, корбурди аслии назарияҳои мантиқӣ, таълими шогирдон буд, то дар мунозираҳо ва мубоҳисаҳо муваффақ амал кунанд ва ба назарияпардозӣ дар ин боб бипардозанд, ки “чӣ чиз аз чӣ чиз натиҷа гирифта мешавад”, албатта то ҷойе, ки ин амр ҷузъи асосӣ аз чунон корбастҳои истидлолие бошад. Ин тавр набуд, ки ҳамагон чунин нигарише ба мантиқ дошта бошанд, масалан Тумос Окуинос (Thomas Aquinas) бар он буд, ки мантиқ дар бораи “маъқулоти сония” аст, тақрибан ҳамон чизе, ки мо “мафоҳими дарҷаи ду” ё “мафоҳими нозир ба мафоҳим” мехонем. Бо вуҷуди ин, дар охирҳои қарни 16-ум илоҳидони испониёӣ, Думингу де Суту (Domingo de Soto), он қадр итминон дошт, ки бинависад: “Ҷадал ҳунар ё дониши баҳсу мунозира аст.”

Робитаи танготанги мантиқи суннатӣ ва корбастҳои мунозира, бозмегардад ба давраи ҳеленистии килосик. Дар он замон, фаъолияти ақлонӣ асосан амре гуфтугӯмеҳвар буд, ҳамон гуна ки дар муҳовироти Афлотун сабт шудааст. Дар ин муҳовирот, Суқрот маъмулан ба кори радду ибтол (elenchus) мепардозад, ки дарбардорандаи табодули пурсишу посух аст ва тарафҳои гуфтугӯ, бар асоси посухҳояшон дар хилоли баҳс, ба ҷойе мерасанд, ки ба мавзеъи мухолифи баёноти оғозин эътироф мекунанд. Ду матни мантиқи Арасту, Ҷадал (Topics) ва Муғолатот (Sophistical Refutations), ба сароҳат дар бораи корбастҳои ҷадалианд ва муштамиланд бар созмондиҳии ин аъмол аз тариқи тавсифи интизоъӣ аз вежагиҳои сохториашон.

Таҳлилоти аввалӣ (Prior Analytics) интизоъитарин матни мантиқи Арасту аст, ки саршор аз вожагони ҷадалӣ ва ирҷоъот ба корбастҳои мунозира аст. Масалан, ӯ ба ёфтани муқаддамоти дуруст барои расидан ба натиҷаи дилхоҳ мепардозад, яъне гунае аз “муҳандисии маъкус”. Агар истидлолкунандае бихоҳад тарафҳои баҳси худро ба гузораи P мутақоъид кунад, ба ҷустуҷӯи гузораҳои дигаре мепардозад, ки бар P далолат кунанд ва тарафҳои баҳс низ мӯҳтамалан ба онҳо эътироф кунанд. Он гоҳ тарафи баҳс, бо эътироф ба T ва Q, ки бо ҳам P-ро эҷоб мекунанд, ба пазириши P водор хоҳад шуд. Равшан аст, ки ин шева – ҳамон гуна ки баъдҳо Декорт барои он изҳори таассуф мекунад — муносибтарин рӯйкард дар баҳсу ҷадал бо дигарон ва қонеъ сохтани онҳост ва на рӯйкарде барои кашфи ҳақоиқи ҷадид.

Бартарии ҷадал дар сар то сари даврони бостон идома ёфт. Дар давраи қуруни вустои лотинӣ, ҳангоме, ки мунозира дар сабки навзуҳури машҳур ба “мубоҳисаи мадрасӣ” (scholastic disputation) ниҳодина шуд, тамаркузу таъкид бар мунозира ҳатто чашмгиртар аз қабл шуд. “Мубоҳисаи мадрасӣ” фароянди мунозираи расмӣ ва мӯшикофона буд, ки бар қонунҳои тақрибан дақиқе устувор буд. Ин фароянд аз равишҳои баҳсу истидлоли Юнони бостон илҳом гирифта буд ва, дар савмаъаҳои қуруни вустои мутақаддим, басту тавсиъаи бештаре ёфт. Ин рухдод шояд ҷойи тааҷҷуб бошад, чун онҳо ба ҳаёти фикрӣ ва пур аз таъаммул машҳур буданд. Ин амр дар қарни 12-ум бо таъсис ва тавсиъаи донишгоҳҳо ба авҷи худ расид, ки дар онҳо мубоҳиса, дар канори шарҳу тафсири матнҳо, ба шеваи аслии омӯзиш табдил шуд. Таъсири ин мубоҳисот ба фаротар аз донишгоҳҳо кашида шуд ва дар ҳавзаҳои гуногуни ҳаёти фарҳангӣ густариш ёфт. Мубоҳисот яке аз рӯйкардҳои аслӣ барои пажӯҳиши фикрӣ дар Урупои қуруни вусто буд.

Як мубоҳиса бо як ҳукм оғоз мешавад ва он гоҳ ба баррасии истидлолҳои ба нафъ ё алайҳи он ҳукм мерасад. Ин фароянд ёдовари бозии пурсишу посухе аст, ки Арасту дар фанни ҷадал тавсиф кардааст ва, дар он, ҳукми аввалия метавонад ба сурати суоле хонда шавад: “X, оре ё хайр?” Ин шева асосан корбасти гуфтугӯмеҳвар аст, ки, дар он, нишон дода мешавад, ки ду тараф дар бораи ҳукми муайяне ихтилофи назар доранд ва истидлолҳое барои дифоъ аз мавзеъи худ иқома мекунанд, агарчи як шахси воҳид низ метавонад ҳар ду нақши муқобили ҳамро ифо кунад. Шояд ҳадаф сирфан қонеъ кардани тарафи баҳс ё мухотаби шумо бошад, аммо мадлули зимнӣ навъан дастёбӣ ба нуктаи амиқтаре аст, чизе ҳамчун наздиктар шудан ба ҳақиқати мавзӯъи мавриди назар бо баррасии он аз ҷанбаҳои мухталиф.

Мутафаккирони қуруни вусто даргири мубоҳисоти “зинда” мешуданд: чӣ ба сурати хусусӣ миёни устод ва шогирд ва чӣ дар рӯйдодҳои умумии бузург, ки умдатан дар ҳузури ҷамъҳои донишгоҳӣ буд. Аммо дар порае аз барҷастатарин навиштаҳои нависандагони қуруни вусто низ ин сохтори куллӣ ба таври густурда ба кор гирифта шудааст. (Порае аз онҳо дар воқеъ нусхаҳои мактуби мубоҳисоте ҳастанд, ки дар воқеият рух додаанд ва ба “Ҷузваҳо” (Reportatio) маъруфанд). Мутуни дарсии мантиқ омӯзиши лозимро барои бартарӣ ёфтан дар фанни мубоҳиса фароҳам меоварданд, ҳамроҳ бо фаслҳое дар боби муғолатот, натиҷагирӣ, сохтори мантиқӣ ва маънои гузораҳо, ва дар боби таколиф (мубоҳисаи бисёр сохтагӣ ва тасаннӯъӣ). Ҳамаи инҳо мустақиман ба фанни мубоҳиса марбут мешаванд, агарчи порае аз онҳо барои дигар мақосид ҳамчун тафсиру шарҳи мутун низ ба кор меоянд. Ин ҳузури густурдаи мубоҳисот ва анвоъи муртабити он ба “ниҳодинасозии таъоруз” (the institutionalisation of conflict) тавсиф шудааст.

“Мубоҳисот” умдатан бо фарҳанги донишгоҳии қуруни вустои мутааххир гиреҳ хӯрда буд. Дар ибороти ёдшуда, Декорт ба сароҳат аз “мантиқи мадорис” сухан мегӯяд ва бинобар ин кулли рӯйкарди омӯзишиеро нақд мекунад, ки бар мубоҳисот ва мантиқи нуҳуфта дар онҳо мубтанӣ буд. Андешамандони ренусонс мактаби мадрасиро ба далели напардохтан ба мавзӯъоте нақд мекарданд, ки воқеан барои ҷомеа аҳаммият дошт. Онон на ба аҳли баҳсу ҷадали мадрасӣ, балки ба суханварон, ба унвони равшанфикрони ормонӣ, авлавият медоданд. Кори суратгароии ифротии мубоҳисоти мадрасӣ ба бадномӣ ва ришханд кашида шуд, масалан дар намоишномаи “Бемори хаёлӣ” (Le Malade imaginaire), асари Мулер он ҷо, ки Тумос Диёфуируси фазлфурӯш ва балки аҳмақ ба вожагони мубоҳисаӣ мутавассил мешавад, то матлаберо дар бораи ишқ собит кунад:

Тасдиқ мекунам дӯшиза; он ҷо, ки баҳси тасоҳуби маъшуқ нест, эътироф мекунам бо он мувофиқам; аммо, он ҷо, ки баҳси он тасоҳуб аст, инкор мекунам.”

Бо ин ҳол, танҳо иллати заволи мантиқи мадрасӣ уфули фарҳанги мубоҳиса набуд. Мантиқи мадрасӣ, дуруст ё нодуруст, амре гиреҳхӯрда бо бардоштҳои иҷмолан арастуӣ аз забон ва мобаъдуттабиа (метафизика) лиҳоз мешуд, бардоштҳое, ки бо тулӯъи породойми илмии ҷадид дар асри мудерн, худро аз таваҷҷӯҳу илтифот бебаҳра медид. Ба рағми ҳамаи инҳо, корбасти мубоҳисот дар фазоҳои донишгоҳии хосс то муддате идома ёфт. Дар воқеъ, онҳо дар нақши ташрифотии марбут ба дифоъияҳои дуктурӣ ҳанӯз ҳам ҳузур доранд. Ба ҳар ҳол, нуктаи аслӣ ин аст, ки инқитоъи чашмгире дар сабки фалсафӣ дар давраи аввалияи мудерн вуҷуд дошт. Кофист ин ду матнро бо ҳам муқоиса кунед: як матни муҳим дар андешаи қуруни вусто, “Ҷомеи илоҳиёт” (Summa Theologica), асари Тумос Окуинос (Thomas Aquinas), ки тамоман мубоҳисаӣ аст, ва “Таъаммулоте дар фалсафаи уло” (Meditations on First Philosophy), асари Декорт, китобе, ки аз тариқи бандҳои тӯлонӣ ва аз манзари аввали шахси муфрад ба истидлол мепардозад. Бо уфули мубоҳиса, моҳияти пажӯҳиши фикрӣ тағйири ҷиҳат дод.

Ҳамчунин ин амр тасодуфӣ нест, ки заволи фарҳанги мубоҳисаӣ тақрибан бо ибдоъи фунуни чопии ҷадид дар Урупо ба дасти Юҳонс Гутенберг (Johannes Gutenberg), дар ҳудуди 1440, ҳамзамон буд. Пеш аз он, китоб колои камёб буд ва таълиму тарбият тақрибан ба иртиботи шифоҳӣ миёни устоду шогирд мунҳасир мешуд ва ба сурати хитобаҳои тафсирие анҷом мегирифт, ки дар онҳо кутуби дарсӣ, анвоъи гуногуни мубоҳисот ва озмунҳо, бо садои баланд қироат мешуд. Аз замони Декорт, тақрибан ду қарн баъд, ин андеша комилан тасбит шуда буд, ки худи фард метавонад аз тариқи китобҳо ба таълими хеш бипардозад, амре, ки пеш аз дастрасии густурда ба китобҳои чопӣ воқеан тасаввурнопазир будааст.

Илова бар ин, чунонки аз матни нақлшуда аз Декорт бармеояд, худи истилоҳи “мантиқ” дигар барои чизе ба кор мерафт ғайр аз он чи мадрасиён аз он қасд мекарданд. Дар иваз, нависандагони давраи аввалияи мудерн бар нақши навоварӣ ва кашфи фардӣ таъкид мекарданд, ҳамон гуна ки китоби дарсии таъсиргузори “Мантиқи Пурт-Руёл” (Port-Royal Logic) намунаи барҷастаи он буд ва асосан нусхае мантиқӣ аз мактаби декортӣ ва мубтанӣ бар мафҳуми Декорт аз амалкардҳои зеҳнӣ ва тақаддуми андеша бар забон буд. Бо ин ҳол, аз чашмандози қарни 21, шояд мантиқи мадрасии қуруни вусто, дар муқоиса бо осоре, ки таҳти ин унвон дар давраи аввалияи мудерн ба анҷом расидаанд, шоистагии бештаре барои унвони “мантиқ” дошта бошад, чаро ки мантиқи мадрасӣ қаробати бештаре бо сатҳи печидагии мӯшикофона ва сурие дорад, ки аз охирҳои қарни 19-ум ба ин сӯ дар мантиқ ривоҷ ёфтааст.

Дар давраи мудерн, шуморе аз файласуфон бар он шуданд, ки моҳияти мантиқро бар асоси қувваҳои зеҳн дарёбанд. Мутмаиннан ин амр низ дар андешаи мадрасии қуруни вусто ҳузур дошт, масалан дар асари нависандаи қарни 14-умӣ, Пере Дойлӣ (Pierre d’Ailly), аммо дар давраи аввалияи мудерн ин амр ба нигарише ғолиб табдил шуд. Ин нукта моро ба Конт бозмегардонад, ки мантиқ дар назди ӯ фаротар аз ҳар чиз, ба сохтори андеша, ба маънои дақиқи калима, ва амалкардҳои зеҳн вобаста аст, ҳамон гуна, ки дар тафсири вай аз мақулоти арастуӣ пайдост. Назди Конт, мафоҳими мантиқии аслӣ, ҳамонанд истинтоҷ аз муқаддамот ба натиҷа, бо амалкардҳои дарунии зеҳн ҳамбастаанд ва на ба ҳаракатҳо дар мавқеияти баҳсе ҷадалӣ.

Дар ҳоле ки дидгоҳҳои Конт дар бораи мантиқ таъсиргузор боқӣ монд, дар қарни 19-ум, боз ҳам мантиқ дучори чархиши мутафовит шуд: ин бор ба самти риёзиёт. Бул (Boole), риёзидони англисии бисёр мубтакир, бо таҳлили риёзии мантиқ (The Mathematical Analysis of Logic) барномаи пажӯҳишии комил ва ҷадиде ба роҳ андохт. Ин рӯйкард пешгомоне дар қарни 17-ум дошт, ба вежа, албатта на мунҳасиран, дар осори Лойбнитс. Тумос Ҳобз (Thomas Hobbes) низ мӯътақид буд, ки кулли тафаккур ҳавли муҳосиба мегардад. Бо ин ҳол, зоҳиран Бул умдатан ба ин пешрафтҳои қаблӣ воқиф набуд, ҳамон гуна, ки бахши умдаи тарбияти аввалияи ӯ, аз ҷумла дар риёзиёти пешрафта, худомӯхта буд.

Бул ба дунболи басти равише барои “муҳосибаи” дурустӣ ё нодурустии истидлолҳо буд, равише, ки бо рӯйкарди феҳристбунёди мантиқи суннатӣ таъорузи комил дошт. Кори Бул тарҳеро амалӣ кард, ки ба “ҷабри суннати мантиқӣ” (the algebra of logic tradition) маъруф аст. Ӯ идеяи истифода аз намодгароии риёзиро дар мантиқ матраҳ сохт. Бул ба алоқаи фазоянда ба мантиқ дар миёни риёзидонон вокуниш нишон медод ва дар андешаи хеш асосан контӣ боқӣ монд, аммо бешак кори ӯ нуқтаи атферо дар таърихи мантиқ нишон медиҳад: кори ӯ оғозгари давраи риёзиётие аст, ки Бухенскӣ онро яке аз пурбортарин давраҳои таърихи мантиқ донистааст.

Дигар чеҳраи барҷастаи мантиқи қарни 19-ум, Фреге (Frege) аст. Ин устоди риёзиёт дар шаҳри олмонии Йен, дар оғозин солҳои кориаш, дар бораи мавзӯъоти мутаорафи риёзӣ ҳамчун ҳандаса ва таҳлил кор мекард, аммо дар ниҳоят, ба рағми надоштани ҳеч гуна таълими фалсафии расмӣ, ба фалсафа алоқаманд шуд. Дар ҳоле, ки Бул, ки шадидан мавриди нақди Фреге буд, риёзиётро барои таҳлили мантиқ (қиёсот) ба кор мебурд, тарҳи Фреге истифода аз мантиқ барои таҳлили риёзиёт буд. Аз ин фаротар, Фреге мехост риёзиётро бо мабонии маҳзи мантиқӣ собит кунад, талоше, ки бо унвони “тарҳи мантиқмеҳвар” шӯҳрат ёфт. Ӯ қасд дошт ҳамаи ҳақоиқи илми ҳисобро, аз усули (усули мавзӯъаи) сирфан мантиқӣ ва истифодаи сирф аз қонунҳои мантиқӣ, истихроҷ кунад. Бо ин ҳол, Фреге барои ин мақсуд ночор буд ба “риёзисозӣ”-и мантиқ бипардозад, то онро барои тарҳи мантиқмеҳвар мутаносиб созад, ба вежа бо ахзи мафҳуми риёзиётии “тобеъ” ба унвони ҷузъи мафҳумии аслӣ дар низоми худ. Фреге, ки ба вузуҳ аз суннати қарни 17-умии забонҳои ҷаълӣ, ба вежа кори Лойбнитс, илҳом гирифта буд дастгоҳи намодини комилан ҷадиде барои низоми худ ибдоъ кард, ки онро мафҳумнигошт (ё мафҳумнигорӣ: begriffsschrift) номид. Ӯ дар дебочаи китоби “Мафҳумнигорӣ” тавсифе аз ангезаҳои худ барои тарҳи ин забони ҷадид ба даст медиҳад:

Гоми оғозини ман талош барои тақлили мафҳуми тартиб дар як дунбола ба мафҳуми паёмадҳои мантиқӣ буд, то аз онҷо ба мафҳуми адад бирасам. Ман, барои пешгирӣ аз вуруди пинҳонии ҳар чизи шуҳудие, ночор будам ҳар талошеро ба кор бибандам, то занҷираи истинтоҷотро аз ҳар халале ҳифз кунам. Дар талош барои риояти ин илтизом, ба дақиқтарин равиши мумкин, дарёфтам, ки норасоии забон монеъ аст. Муҳим набуд, ки омодаи пазириши чӣ истилоҳоти душворе бошам, чун ҳар чи равобит печидагии бештаре меёфт, камтар метавонистам ба диққате даст ёбам, ки ҳадафам иқтизо дошт. Ин норасоӣ маро ба идеяи “мафҳумнигошт”-и феълӣ савқ дод. Бад-ин тартиб, нахустин ҳадафи он ин аст, ки қобили эътимодтарин меъёрро дар ихтиёрамон бигузорад, то эътибори занҷираии истинтоҷҳоро бисанҷем ва ҳар пешфарзеро, ки мекӯшад дуздона ба онҳо роҳ ёбад, мушаххас ва дар натиҷа битавонем маншаи онро баррасӣ кунем.”

Ин идея, ки забони мутаораф аз манзари баёнӣ ва истилоҳӣ барои тавзеҳи таъаққули риёзӣ (ё ҳатто мантиқӣ) норасост, ба мазмуни мукарраре дар суннати баъдии мантиқи риёзӣ табдил шуд, то он ҷо ки истилоҳи “мантиқи намодин” (symbolic logic) мутародифе барои ин суннат шуд. Корбасти мантиқ истифодаи сирф аз намодҳои хосс талаққӣ мешуд ва на сару кор доштан бо вожагони мутадовал. Аз ин ҷиҳат, ёдоварии ин нукта шоиста аст, ки нависандагони умонист забони лотини мантиқдонони мадрасиро дақиқан бо унвони “бисёр тасаннӯъӣ” (too artificial) нақд мекарданд. Онҳо ҳатто забони юнониеро, ки Арасту дар мантиқи қиёсӣ ба он такя дорад, аз ин манзар нақд мекарданд, ки бисёр хушк ва фоқиди шеваҳои марсуми гуфтушунуд дар он замон будааст. Аз як ҷиҳат шояд дар ҳастаи мантиқ, дар сар то сари таърих, сатҳи мушаххасе аз “тасаннӯъ” дар кор бошад, чаро ки мантиқ дар сутуҳе аз интизоъ амал мекунад, ки бо корбурди забони мутаораф фарқ дорад.

Фреге танҳо касе набуд, ки бо абзори мантиқ дар бораи мабонии риёзиёт кор мекард. Дар воқеъ, аз охирҳои қарни 19-ум тарҳҳои бисёр барҷастае дар боби табдили бахшҳое аз риёзиёт ба усули мавзӯъа вуҷуд дошт, ки риёзидонони саршиносе ҳамчун Ричорд Дедекинд (Richard Dedekind), Ҷузепе Пиону (Giuseppe Peano), Усволд Веблен (Oswald Veblen) ва Дэвид Ҳилберт (David Hilbert) онҳоро пеш мебурданд. Аммо Фреге нахустин касе буд, ки дарёфт на танҳо усули мутаораф метавонад бо вожагони мантиқӣ баён шавад, худи қоъидаҳои истинтоҷӣ, ки аз усули мутаораф ба ҳақоиқи бештар мерасанд низ мусталзими расидагии дақиқанд.

Мутаассифона бинои назарии шукӯҳманди Фреге бар пояҳои ларзоне қарор дошт, ҳамон гуна, ки Росел бо кашфи породксе, ки ба номаш сабт шуда ин амрро нишон дод. Низоми мантиқмеҳвари Фреге ба вуҷуди маҷмӯае маҷол буруз медиҳад, ки ҳам узви худ ҳаст ва ҳам нест ва ин породкс аст. Нусхаи шуҳудии ин идеяи калидӣ дар породкси Росел породкси мавсум ба “породкси ороишгар” аст: ороишгареро тасаввур кунед, ки риши ҳамаи афрод ғайр аз худро метарошад, фақат ба ин шарт, ки онон худашон ришашонро натарошанд. Масъала ин аст, ки оё ороишгар риши худро метарошад ё хайр? Агар ӯ ришашро битарошад, он гоҳ наметавонад ришашро битарошад, ва агар натарошад, он гоҳ метавонад ришашро битарошад. Бо ҳадафи бозёбӣ ва басти бештари барномаи мантиқмеҳвар, Росел ва ҳамкораш, Олфред Нурс Войтеҳед (Alfred North Whitehead), дар садад баромаданд, ки ба басти низомии мондагор (ва то ҳудуде номураттаб) бипардозанд, ки дар “Усули риёзиёт” (Principia Mathematica) арза шудааст. Асосан ҳамаи таҳаввулоти бузург дар мантиқи қарни 20-ум, мустақим ё ғайримустақим, бар “Усули риёзиёт” мубтанӣ будааст.

Бо бозгашт ба тавсифи Бухинскӣ аз се давраи аслӣ дар таърихи мантиқ, ду давра, яъне давраи бостон ва давраи мадрасии қуруни вусто, иртиботи наздике бо ин андеша доштанд, ки коркарди аввалияи мантиқ, барои корбастҳои мунозира ҳамчун мубоҳисоти ҷадалӣ аст. Севвумин давра, баръакс, поя ва бунёди комилан мутафовит барои мантиқ нишон медиҳад, яъне мантиқ ба масобаи шохаи бунёдине аз риёзиёт, ки ба ҳеч ваҷҳ бо забонҳои мутаораф иртибот надошт, забонҳое, ки мушаххасан барои мунозираҳо ба кор меравад. Шикоф миёни ду давраи дуввум ва севвумро метавон бо уфули ҷаззобияти мубоҳисоти мадрасӣ ва, ба шакле куллитар, бо уфули арастугароӣ ба унвони як ҷаҳонбинии фарогир тавзеҳ дод.

Бо ин ҳол, радди пойи хостгоҳҳои гуфтугӯмеҳвари мантиқ дар таҳаввулоти ахир низ побарҷо мондааст ва ин нуктаро мерасонад, ки лиҳоз кардани манзари гуфтугӯмеҳвар ё ҷадалӣ, барои расидан ба фаҳми ҷомеъ аз моҳияти мантиқ, ҳатто дар шаклҳои ҷадидтар ва риёзиётӣ, асосӣ аст, ҳамчунин ба ин далел, ки худи риёзиёт амрест бисёр гуфтугӯмеҳвар. Зимнан таърихи мантиқ моро ба пурсиш аз фаҳми беш аз ҳадди фардгароёнаи маърифат савқ медиҳад, ки аз Декорт ва дигарон ба ирс бурдаем. Шояд ҳам моро ба ҷониби арзиш ниҳодан ба сиришти асосан иҷтимоии шинохти инсонӣ ҳидоят кунад.

Aeon

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: