Перейти к содержимому

Меҳри аблаҳ, меҳри хирс омад яқин

Мавлоно дар Маснавӣ овардааст, аждаҳое хирсеро ба чанг овард ва хост ӯро бикушад ва бихӯрад. Хирс фарёд кард ва кӯмак хост. Паҳлавоне рафт ва хирсро аз чанги аждаҳо наҷот дод.

Хирс вақте меҳрубонии он паҳлавонро дид, ба пойи паҳлавон уфтод ва гуфт, ман хидматгузори ту мешавам ва ҳар ҷо биравӣ, бо ту меоям. Он ду бо ҳам рафтанд, то ин ки ба ҷойе расиданд. Паҳлавон хаста буд ва мехост бихобад. Хирс гуфт, ту осуда бихоб, ман нигаҳбони ту ҳастам.

Марде аз он ҷо мегузашт ва аз паҳлавон пурсид, ин хирс бо ту чӣ мекунад?

Паҳлавон гуфт: ман ӯро наҷот додам ва ӯ дӯсти ман шуд.

Мард гуфт: ба дӯстии хирс дил мадеҳ, ки аз ҳазор душман бадтар аст.

Паҳлавон гуфт: ин мард ҳасуд аст. Хирс дӯсти ман аст, ман ба ӯ кӯмак кардам, ӯ ба ман хиёнат намекунад.

Мард гуфт: дӯстӣ ва муҳаббати аблаҳон одамро мефиребад. Ӯро раҳо кун, зеро хатарнок аст.

Паҳлавон гуфт: эй мард! Маро раҳо кун, ту ҳасуд ҳастӣ.

Мард гуфт: дили ман мегӯяд, ки ин хирс ба ту зиёни бузурге мезанад.

Паҳлавон мардро дур ронд ва сухани ӯро гӯш накард ва мард рафт. Паҳлавон хобид, магасе бар сурати ӯ менишаст ва хирс магасро мезад, боз магас менишаст. Чанд бор хирс магасро зад, аммо магас намерафт. Хирс хашмнок шуд ва санги бузурге аз кӯҳ бардошт ва ҳамин ки магас рӯйи сурати паҳлавон нишаст, хирс он санги бузургро бар сурати паҳлавон зад ва сари мардро шикаст.

Меҳри одами нодон монанди дӯстии хирс аст. Душманӣ ва дӯстии ӯ якест.

* * *

Аждаҳое хирсро дармекашид,

Шермарде рафту фарёдаш расид…

Хирс чун фарёд кард аз аждаҳо,

Шермарде кард аз чангаш раҳо…

Хирс ҳам аз аждаҳо чун вораҳид,

В-он карам з-он мард мардона бидид.

Чун саги асҳоби Каҳф он хирси зор,

Шуд мулозим дар пайи он бурдбор.

Он мусулмон сар ниҳод аз хастагӣ,

Хирс ҳорис гашт аз дилбастагӣ.

Он яке бигзашту гуфташ: ҳол чист?

Эй бародар, мар туро ин хирс кист?

Қисса вогуфту ҳадиси аждаҳо,

Гуфт: бар хирсе манеҳ дил, аблаҳо!

Дӯстий аблаҳ батар аз душманист,

Ӯ ба ҳар ҳила, ки донӣ, ронданист.

Гуфт: валлоҳ, аз ҳасудӣ гуфт ин,

В-арна хирсе чӣ-нгарӣ? Ин меҳр бин.

Гуфт: меҳри аблаҳон ишвадеҳ аст,

Ин ҳасудии ман аз меҳраш беҳ аст.

Ҳай, биё бо ман, бирон ин хирсро,

Хирсро магзин, маҳил ҳамҷинсро.

Гуфт: рав, рав кори худ кун, эй ҳасуд!

Гуфт: корам ин буду ризқат набуд.

Ман кам аз хирсе набошам, эй шариф!

Тарки ӯ кун, то манат бошам ҳариф.

Бар ту дил меларзадам з-андешае,

Бо чунин хирсе марав дар бешае…

Ин ҳама гуфту ба гӯшаш дарнарафт,

Бадгумонӣ мардро саддест зафт.

Дасти ӯ бигрифту даст аз вай кашид,

Гуфт: рафтам, чун найӣ ёри рашид.

Гуфт: рав, бар ман ту ғамхора мабош,

Булфузуло! Маърифат камтар тарош.

Боз гуфташ: ман адувви ту наям,

Лутф бошад, гар биёӣ дар паям.

Гуфт: хобастам, маро бигзору рав,

Гуфт: охир ёрро мунқод шав…

Шахс хуфту хирс мерондаш магас

В-аз ситез омад магас з-ӯ бозпас.

Чанд бораш ронд аз рӯйи ҷавон,

Он магас з-ӯ боз меомад давон.

Хашмгин шуд бо магас хирсу бирафт,

Баргирифт аз кӯҳ санге сахт зафт

Санг оварду магасро дид боз,

Бар рухи хуфта гирифта ҷою соз.

Баргирифт он осиёсангу бизад,

Бар магас, то он магас вопас хазад.

Санг рӯйи хуфтаро хашхош кард,

Ин масал бар ҷумла олам фош кард:

Меҳри аблаҳ, меҳри хирс омад яқин,

Кини ӯ меҳр асту меҳри ӯст кин.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: