Перейти к содержимому

Сухангӯӣ ҲНИТ: “Фахриддин мавқеъгириҳояш мунсифона ва дурандешона буд”

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зимни ибрози таассуфи амиқи фаъолон ва аъзои ҲНИТ аз даргузашти яке аз аъзои Раёсати олии он, Фахриддин Муҳаммадалиев, изҳор дошт: “Ахлоқи зебову чеҳраи хандонаш гувоҳӣ аз қалби пурмеҳраш медод. Ҳамеша дар масоил мавқеъгириҳояш мунсифона ва дурандешона буд. Ӯ донандаи хуби улуми исломӣ ва шахси бофарҳанг буд.”

Фахриддин Муҳаммадалиев, узви Раёсати олӣ ва собиқ муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Хатлон, дар синни 38-солагӣ чашм аз дунё баст.

Раёсати олии ҲНИТ, бо интишори баёнияе, зимни изҳори таслият ва ҳамдарии худ ба наздикону пайвандони марҳум, тасреҳ кардааст: “Муҳаммадалииев Фахриддин соли 2015 дар қатори дигар аъзоёни РО аз тарафи мақомоти қудратии кишвар боздошт шуда, мавриди фишор ва шиканҷа қарор гирифта буд ва бино бар сабаби беморӣ баъди як муддат озод гардид. Ҷанозаи марҳум имрӯз баъди намози ҷумъа дар зодгоҳаш баргузор мегардад. Аз даргоҳи Худои Мутаъол барои бародари азиз Фахриддин ҷаннатул фирдавсро хоҳонем.”

Фахриддин Муҳаммадалиев 8 феврали соли 1981 дар вилояти Хатлон (Қурғонтеппаи собиқ) ба дунё омадааст, оиладор ва соҳиби се фарзанд мебошад.

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ, дар як гуфтугӯӣ кӯтоҳ бо Кимиёи саодат баён дошт: “Муҳаммадалиев Фахриддин узви раёсати олии ҲНИТ ва собиқ муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Хатлон, воқеан яке аз ҷавонтарин аъзоёни РО буд, ки нисбат ба ояндаи миллату кишвараш бетараф набуд.”

Вай афзуд: “Ахлоқи зебову чеҳраи хандонаш гувоҳӣ аз қалби пурмеҳраш медод. Ҳамеша дар масоил мавқеъгириҳояш мунсифона ва дурандешона буд. Ӯ донандаи хуби улуми исломӣ ва шахси бофарҳанг буд.”

Бобоҷон Қаюмов ёдовар шуд: “Агарчи ҳукумат ҳанӯз дар авоили соли 2015 зери фишору шиканҷа аз ӯ навореро сабт кард ва ӯ хуруҷаш аз наҳзатро эълон карда буд, аммо бо вуҷуди он, боз ҳам пас аз баста шудани ҳизб ӯро боздошт ва зиндонӣ карданд. Дар зиндон аз сабаби бад будани саломатиаш пас аз яку ним сол озод шуда буд.”

Сухангӯи ҲНИТ афзуд: “Аммо ба гуфтаи яке аз хешони дури Фахриддин, дар ин охир боз ҳам ӯро мавриди бозҷӯӣ қарор дода фишор овардаанд. Фахриддин, ки аз бемории қанд (диабет) ранҷ мебурд, ба ин фишорҳо тоб наоварда, ҷони худро аз даст додааст.”

Ҷаннатуллоҳи Комил, узви Риёсати олии ҲНИТ

Ҷаннатуллоҳи Комил, узви Риёсати олии ҲНИТ ва яке аз дӯстони наздики марҳум низ, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук навиштааст: “Муҳаммадалиев Фахриддин, яке аз беҳтарин ҷавонони соҳибилм ва ботақво ба шумор мерафт, ки банда ӯро мешиносад. Ӯ бароям беҳтарин дӯст ва беҳтарин бародари имонӣ маҳсуб мешуд. Аз забонаш нисбати касе сухани баде садо намедод. Бо оне ки зиндагии фақирона дошт, аммо боре ҳам нашунида ва надидаам, ки аз зиндагӣ ба касе шикоят кунад ё кӯмаке талаб намояд. Аз бемории қанд сахт ранҷ мебурд, аммо ҳамеша хандон буду Аллоҳро шукургузорӣ мекард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: