Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Бо як қарори миллӣ, тамоми қурбониҳои замони тоталитарӣ сафед карда шаванд”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ, бо ишора ба муборизоне, ки “босмачиаш” мехонанд, тасреҳ кард: “Яке аз вазифаҳои мо – ки ин пешниҳодро ба Паймони Миллӣ ҳам мекунам — ин хоҳад буд, ки номи он бузургворон сафед карда шавад. Инро ҳам илова мекунам, ки на танҳо ин қаҳрамонон сафед карда шаванд, балки пешниҳодам ин аст, ки мо бояд талаб кунем, мисли кишварҳои дигар, мисли кишварҳои Балтик, архивҳо боз шаванд ва тамоми касоне, ки аз дасти низоми диктаторӣ ва тоталитарӣ ё кушта шуданд ё бадраға (табъид) шуданд ё “тройка” шуданд, бо як қарор ва маҳкамаи миллӣ сафед карда шаванд.”

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон ҷумъашаб (18.01.2019) дар як гуфтугӯи онлойн ба пурсиши шаҳрвандони Тоҷикистон посух дод. Яке аз пурсишҳо марбут ба муборизоне буд, ки дар нимаи аввали қарни 20-ум алайҳи болшевикҳо дар сарзаминамон пайкор кардаанд.

Ӯ дар посух ба пурсише мабнӣ бар ин ки шумо “дар нахустин изҳоротатон баъд аз таъсиси ПМТ гуфта будед, ки яке аз вазифаҳои мо сафед кардани номи “босмачиҳо” хоҳад буд ва оё имрӯз ҳам дар ин ақида ҳастед ё на?” гуфт: “Бале, аввалан ин ки ман онҳоро “босмачӣ” намедонам, ин калимаи шумо аст, ман онҳоро муборизону муҷоҳидону озодандешоне медонам, ки барои ватану миллаташон, барои сарзаминашон мубориза карданд, шаҳид шуданд, ҳиҷрат карданд. Имрӯз ҳам агар ҳар касе барои ватан мубориза кунад ва шаҳид шавад ва ҳиҷрат кунад, ки карданд ва шаҳид шуданд ва муборизаро идома медиҳанд, мо онҳоро мубориз медонем, муҷоҳид медонем, як озодандеш медонем ва як ватанпарасти воқеӣ медонем.”

Кабирӣ афзуд: “Онҳо барои ватанашон, ки он вақт ба номи Бухорои Шариф шинохта мешуд, талош карданд. Он вақт тоҷик, ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз, ҳоло ҳар касе буд, барои кишвари муштаракашон, ки Бухорои Шариф буд ва забону фарҳангашон ҳам тоҷикӣ буд, мубориза бурданд, ба хотири динашон мубориза бурданд.”

Раиси ПМТ идома дод: “Агар имрӯз ҳам як кишвари бегона биёяд ва бихоҳад фарҳанги моро, нухбаҳои моро ва куллан кишвари моро аз байн бибирад ва моро ҷузъи як кишвари дигар карданӣ бошад ва эълон кунад, ки ман як ҳадафи нек дорам ва коре мекунам, ки шумо масалан қодир мешавед ба Моҳ ё Миррих мушак партоб кунед, ки ин нишонаи як давлати пешрафта аст, аммо ман алайҳи он кишвар мубориза мекунам, қатъи назар аз ин ки бо чӣ ҳадаф меояд. Дар ин сурат агар шумо моро боз “босмачӣ” бихонед, ин кори шумост.

Кабирӣ дар идома хитоб ба мақомот гуфт: “Агар имрӯз бегонае биёяд ва бароятон мақому мансаб ваъда кунад ва чизҳоеро ваъда диҳад, вале ба шарти ин ки бихоҳад ватани шуморо ва истиқлоли шуморо аз байн бибарад, бихоҳад фарҳанги шуморо аз байн бибарад, бихоҳад дини шуморо аз байн бибарад, шумо дар баробари ӯ чӣ мавзеъе мегиред? Аз фалсафаи шумо маълум мешавад, ки ҳатман тарафдори ин ғосибу истеъморгар хоҳед буд, ва ҳар касеро ҳам, ки алайҳи онҳо мубориза кунад, шумо бо “босмачӣ” хондани вай, бо “душман” хонадани вай, бо ӯ мубориза хоҳед кард.”

Раиси ПМТ афзуд: “Ман ҳамон рӯз ҳам (дар нишасти таъсисии ПМТ) гуфта будам ва ҳозир ҳам такрор мекунам, ки яке аз вазифаҳои мо – ки ин пешниҳодро ба Паймони Миллӣ ҳам мекунам — ин хоҳад буд, ки номи он бузургворон сафед карда шавад. Инро ҳам илова мекунам, ки на танҳо ин қаҳрамонон сафед карда шаванд, балки пешниҳодам ин аст, ки мо бояд талаб кунем, мисли кишварҳои дигар, мисли кишварҳои Балтик, архивҳо боз шаванд ва тамоми касоне, ки аз дасти низоми диктаторӣ ва тоталитарӣ ё кушта шуданд ё бадраға (табъид) шуданд ё “тройка” шуданд, бо як қарор ва маҳкамаи миллӣ сафед карда шаванд.”

Вай тасреҳ кард: “Онҳо қаҳрамон ва шаҳидон эълон карда шаванд. Онҳо ҳар кадомашон фарзанд доранд, набера доранд, абера доранд, ки имрӯз зинда ҳастанд, мо дар Тоҷикистон хонадонеро надорем, ки як нафараш ё ба унвони “душмани халқ” кушта нашуда бошад ва ё бадраға ё “тройка” нашуда бошад.”

Кабирӣ идоа дод: “Чаро литвониҳо ин корро мекунанд, аммо мо накунем, ҳатто бародарони ӯзбеки мо мекунанд, онҳоро сафед карданд, ҳатто русҳо ин корро карданд, казакҳо ва “белогвардейцҳо”-ро сафед карданд; “белогвардейцҳое”, ки бисёреҳо мисли шумо онҳоро “босмачӣ” мехонданд.”

Раиси ПМТ дар поёни ин бахш аз суханонаш тасреҳ кард: “Иншоаллоҳ яке аз барномаҳои Паймони Миллӣ ва тамоми миллатдӯстон ин сафед кардани он қаҳрамонон ва бузургон хоҳад буд.”

Навори гуфтугӯи онлойни Муҳиддин Кабирӣ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: